Куруши Ҷаннатӣ: Сарагароӣ дар Эрон бешу кам бо номи Аҳмади Касравии Табрезӣ гиреҳ хӯрдааст. Касравӣ дар китоби “Забони пок” ба баёни дидгоҳҳои худ дар бораи сарагароӣ пардохтааст.
Перомуни ҳафтод сол аз интишори ин наск (китоб) гузаштааст ва дар дарозои ин замон дониши забоншиносӣ ба баррасиҳои барӯзтар, донишитар ва жарфтар дар ин замина ёрӣ расондааст. Бо ин ҳама, ҳанӯз бахши бузурге аз андешаҳои Касравӣ дар ин замина дарнигиданӣ ва роймандона аст. Чунонки пояи андешагии бисёре аз сарагароёни кунунӣ бар ҳамон бунёде устувор аст, ки Касравӣ дар ин наск пай афкандааст.
Касравӣ дидгоҳи худро дар чаҳор бахш пеш меафканад:
Гуфтори якум: Ок (ъайб)-ҳои забон
Гуфтори дувум: Гунаҳои корвожа (феъл)
Гуфтори севум: Маъноҳои наздике, ки ба ҳам омехта
Гуфтори чаҳорум: Пешвандҳо ва пасвандҳо
Касравӣ дар бахши нахусти наски “Забони пок” даромехтагии вожаҳои форсӣ бо вожаҳои бегона, бавижа вожаҳои ъарабиро мепаржанад (нақд мекунад) ва дар радди дидгоҳе, ки далели ин омехтагиро чирагии аъроб бар Эрон ва дилбастагии эрониён ба ислом медонад, менивисад:
“Ин даромехтагӣ дар натиҷаи чирагии тозиён бар Эрон ё дар сояи дилбастагии эрониён ба ислом ё ба забони тозӣ набуда, зеро агар шумо ҷустуҷӯ кунед, дар қарнҳои нахуст, ки чирагии ъараб бештар ва дилбастагии эрониён ба ислом фузунтар мебуд, ин даромехтагӣ берун аз андоза рух надода ва ҳамоно аз қарнҳои панҷуму шишум аст, ки ин даромехтагӣ намудор гардида, шаванд (далел)-и он низ чунонки мо медонем, ҷуз ҳавасбозӣ ва худнамоии касоне набудааст.”
Касравӣ пас аз паржаниш (нақд)-и касоне, ки дар гузашта ба далели тафохур ба ъарабидонӣ роҳи андаргом (вуруд)-и вожаҳои ъарабиро ба забони форсӣ ҳамвор карданд, мекӯшад, то зиёнҳои ин омехтагиро тавзеҳ диҳад. Вай яке аз ин зиёнҳоро фосила гирифтани забони форсӣ аз як забони худисто ва новобаста бо ҳадду марзҳо ва вожаҳои мушаххас медонад. Касравӣ боварманд аст, ки омехтагии бисёри забони ъарабӣ бо форсӣ то ба он андоза будааст, ки мо гоҳ ба сахтӣ метавонем аз як забон сухан бигӯем ва сипас барои исботи муддаъои худ “Шоҳнома”-ро бо “Калила ва Димна” муқоиса мекунад. Касравӣ дар дунбола менивисад:
“Забон барои он аст, ки гӯянда ба дастёрии он хостаҳои худро ба шунаванда бифаҳмонад ва ин баста ба он аст, ки гӯянда ва шунаванда ҳар дуяшон калимаҳо ва ҷумлаҳоро бишносанд, ки дигар ниёзе ба андеша дар бораи онҳо наюфтад.”
Касравӣ вожапардозӣ ва саҷъсозӣ ва қофиябофиро аз ҷумлаи ҳанояндаҳое (ъавомиле) медонад, ки боъис шуда вожа бештар аз маъно фитоди (мавриди) пурнигарӣ қарор гирад ва инро гуноҳи чомасароён ва нивисандагоне медонад, ки ба ҷои расондани маъно дар пайи оростагии гуфтор будаанд.
Нуктаи дигаре, ки Касравӣ ба он ишора мекунад, сахт шудани омӯзиши забони форсӣ дар пайи ин омехтагӣ аст. Касравӣ боварманд аст, ки омехтагии беш аз андозаи забони форсӣ бо забони ъарабӣ боъис шудааст, то барои ёдгирии забони форсӣ ниёзманди ёдгирии сарфу наҳви ъарабӣ низ бишавем. Нуктае, ки пас аз Касравӣ Дориюши Ошурӣ онро бо фарохии бештар дар наски “Бозандешии забони форсӣ” матраҳ мекунад ва тавзеҳ медиҳад.
Касравӣ яке дигар аз паёмадҳои бади омехтагии забони ъарабӣ бо забони форсиро аз байн рафтани таронамоӣ (шаффофият)-и забонӣ медонад. Ба нигари ӯ, набуди таронамоии забонӣ мӯҷиб мешавад, ки эрониён бисёре аз вожаҳоро нафаҳмида ва дарнаёфта фарогиранд ва ба ёд биспоранд.
Вай сипас дар ҷойгоҳи посух додан ба касоне бармеояд, ки бар дидгоҳҳои сарагароёнаи ӯ хӯрда мегиранд. Ӯ дар посух ба касоне, ки бо сарагароӣ аз ҷойгоҳи падофанд аз забони ба кор гирифташуда аз сӯи Саъдию Ҳофиз подварзӣ (мухолифат) мекардаанд, менивисад:
“Саъдию Ҳофиз на дилашон барои мардум месӯхт, на дар пайи бузургиву нерумандии тӯда мебуданд. Онон хосте ҷуз суханбозӣ намедоштанд ва чандон бедард буданд, ки ба кору пешае низ намепардохтанд.” (ҳамон; 26)
Касравӣ дар дунбола аз ниёзҳои забонии дигарсон (мутафовит) аз давраи Ҳофизу Саъдӣ сухан мегӯяд ва ҳаводорони забони Ҳофизу Саъдиро муттаҳам мекунад, ки орзуяшон ин аст, ки эрониён, балки саросар шарқиён, ба ҳамон ҳоли замони Саъдию Ҳофиз боқӣ бимонанд ва қофилаи пешрафти забонӣ бозбимонанд.
Касравӣ ҳамчунин ба касоне, ки вуҷуди вожаҳои ъарабиро мояи густарда шудани парҳун (доира)-и вожагонии забони форсӣ медонанд, посух медиҳад ва тавоноии як забонро савои аз фузунии шумори вожаҳои он медонад. Касравӣ менивисад:
“Тавоноии як забон бо он мебошад, ки ба ҳангоми ниёз вожаҳои навине падид тавон овард ва ҳар маънои навинеро бо он тавон фаҳмонид.” (ҳамон; 27)
Касравӣ дар бахше аз посухи худ ба касоне, ки муддаъӣ буданд забонҳои урупоӣ низ бо вожаҳои лотин даромехтаанд, менивисад:
“Забонҳои урупоӣ аз лотин падид омадаанд, на он ки бо вожаҳои лотин дарҳам омехта бошанд.” (ҳамон; 28)
Вай сипас аз вомвожаҳое ном мебарад, ки ба бовари ӯ ниёзе ба баробарёбӣ надоранд, ва он номи афзорҳо ё чизҳоест, ки мо надоштаем ва аз дигарон бо номаш мегирем. Аз диди ӯ, вожаҳои “телегроф”, “телефун”, “громофун” ва “утумубил” аз ин дастаанд.
Нуктаи ҷолиб ва дархури нигариш инҷост, ки имрӯза вожаи “утумубил” аз сӯи фарҳангистоне, ки ҳамвора худро барканор аз гароишҳои сарагароёнаи тундравона медониста, бо “худрав” ҷойгузин мешавад. Вале Касравӣ, ки сарагарое тундрав шумурда мешавад, онро бениёз аз баробарёбӣ медонистааст. Ҳамчунин, имрӯза касоне, ки боистагона (лузуман) сарагаро низ шумурда намешаванд, барои бархе дигар аз вожаҳои омада дар боло баробарҳое пешниҳод кардаанд. Барои намуна, Фаридуни Ҷунайдӣ “дурвож”-ро ба ҷои “телефун” пешниҳод карда ва ба кор мебарад.
Касравӣ сипас бо бозбурд (ирҷоъ) ба далелҳое, ки ба шуморе аз онҳо дар боло ишора кардаем, менивисад, ки ангезаи ӯ аз ин кор душманӣ бо вожаҳои бегона нест. Ва аз ҳамин рӯ, агар вожаи бегонае дарбаргирифтаи яке аз ин далелҳо нашавад, ангезае ҳам барои ҷойгузинии он вожа нест. Ӯ барои намуна аз вожаҳои “ҷумла”, “китоб” ва “ҷилд” ном мебарад. Вожаҳое, ки аз сӯи сарагароёни имрӯзӣ баробарҳое бар ишон пешниҳод шудааст. Касравӣ нивиштааст:
“Ин кор ба номи душманӣ бо вожаҳои бегона намебуд, балки чунонки гуфтем, ангезаҳое барои худ дошт. Аз ин рӯ, вожаҳое, ки ангезае дар бораи он намебуд, боистӣ ба ҷои худ бимонад. Масалан, вожаҳои “ҷумла”, “китоб”, “ҷилд” ва монанди инҳо, ки номҳои дувум нест ва аз он сӯй ба ҷудошудае аз инҳо ниёз намедорем, ё вожаҳои “фаҳмидан”, “талабидан” ва “телегрофидан”, ки равияи форсӣ ба худ гирифта ва ҷудошудаҳо низ аз онҳо берун меояд, ба ҳоли худ бимонад. Рӯиҳамрафта, дар ҷое ки ангеза намебуд, набоистӣ вожаро берун гардонид.”
***
Касравӣ, Аҳмад (1379); Теҳрон: Интишороти Фирдавс.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.
متن فارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист