Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (1)

Сомони Ҳасанӣ: Ҳамаи забонҳо, камубеш, ниёзманди вом гирифтани вожаҳое аз дигар забонҳо ҳастанд. Албатта, вижакорони забон мекӯшанд нахуст баробарҳое барои он вожаҳо бисозанд, агар нашуд, вожаҳои бегонаро бар пояи рожмони овоии худ дигаргун мекунанд ва онгоҳ онҳоро мепазиранд.

Ҳангоме ки вожаҳои порсиро ба забони ъарабӣ бурдем, кӯшидем, ки вожаҳоро баробар бо рожмони овоии он забон дигардеса кунем ва, афзун бар он, барои забони ъарабӣ дастури забон нивиштем. Бо баргардони нибигҳои фаровон аз порсиг (паҳлавӣ) ва дигар забонҳо ва нивиштани нибигҳои донишик ба он забон, забони ъарабиро, ки забони қабилае чодарнишину биёбонгард буд, ба як забони ҷаҳонӣ дигаргун намудем.

Вале ҳангоме ки худамон вожаҳои ъарабиро, на бар пояи ниёз, ки барои фахрфурӯшӣ, пазируфтем, на танҳо ҳеч гуна дигардесӣ дар онҳо ба вуҷуд наёвардем, онҳоро бо ҳамон деса гирифтем ва, афзун бар он, ҳамаи ҷудомад (муштақ)-ҳову нишонаҳои он забонро пазируфтем ё, ба баёни дигар, дастури забони онро ҳам ба забони порсӣ бор кардем. Ҳатто ёдамон рафт, ки бисёре аз ин вожаҳо, дар бунёд, порсӣ ҳастанд ва десаи ъарабишудаашонро пазируфтем.

Дар ҷустори пешин – Забони порсии нав: шукуфоӣ, омехтагӣ ва полоиш – ба чигунагии ин омехтагӣ пардохтем. Дар ин ҷустор ва пас аз он ба паёмадҳои ин омехтагӣ мепардозем.

1. Фаромӯшидани вожаҳои порсӣ

Ҳангоме ки вожаҳои ъарабӣ вориди забони порсӣ шуданд, ором-ором вожаҳои порсӣ рӯ ба фаромӯшӣ ниҳоданд. Акнун шуморе аз вожаҳои порсӣ барои бисёре аз мо ноошно ҳастанд ва чами онҳоро намедонем. Барои намуна ба чанд вожаи зер бингаред:

Орвин – таҷруба
Омоҷ – ҳадаф
Басовидан – ламс кардан
Подофраҳ – муҷозот
Чалипо – салиб
Чатранг – шатранҷ
Гуҷастак – малъун
Вахш – илҳом
Варҷованд – муқаддас
Язиш – ниёиш ва қурбонӣ
Мазгит – намозхона, масҷид

Ба як намунаи дигар бингарем. Номҳои бурҷҳои дувоздаҳгона дар забони порсӣ бад-ин гунаанд: барра, гов, дупайкар, харчанг, шер, хӯша, тарозу, каждум, нимасб, буз, далв ва моҳӣ.

Акнун номи ин бурҷҳо ба десаи арабӣ равоӣ дорад, ки дар солномаи Афғонистон ҳам барои номгузории моҳҳои дувоздаҳгонаи сол аз онҳо баҳра мегиранд: ҳамал, савр, ҷавзо, саратон, асад, сунбула, мизон, ақраб, қавс, ҷадй, далв, ҳут.

Медонем, ки дар замони Фирдавсӣ номи порсии онҳо равоӣ доштааст. Барои намуна, ба сурудаҳои зер бингаред:

Битобид аз он сон зи бурҷи бара,
Ки гетӣ ҷавон гашт аз он яксара (Фирдавсӣ).

Чу омад ба бурҷи бара офтоб,
Ҷаҳон гашт бо фарру ойину об (Фирдавсӣ).

Бинмуд чун зи бурҷи бара офтоб рӯй,
Гулҳо шукуфт бар тани гулбун ба ҷои мӯй (Манучеҳрӣ).

Дар порае аз нусхаҳои “Шоҳнома” дар байти дувум ба ҷои “бурҷи бара” нивиштаанд “бурҷи ҳамал”, ки ба нигар меояд, ки онро дасткорӣ кардаанд, вале дар байти нахуст ба далели бофти суруда натавонистаанд ин корро анҷом диҳанд. Дар ҷоҳои дигари “Шоҳнома” низ вожаҳои ъарабиро ҷойгузини вожаҳои порсӣ кардаанд. Барои намуна, “ъафв”-ро ҷойгузини “бахшиш” ва “аҷдод”-ро ҷойгузини “ниёкон” намудаанд. Албатта, ин корро бо сурудаҳои дигар ҳам анҷом додаанд.

Саранҷоми ҷойгузинии вожаҳои ъарабӣ ба ҷои вожаҳои порсӣ ба ҷое расид, ки ночор шудем барои донистани чами вожаҳои порсӣ аз вожаҳои ъарабӣ ё ъарабишуда суд бибарем. Барои намуна, менигарем ба муқаддимаи “Шоҳномаи Абумансурӣ”, ки яке аз куҳантарин ва шевотарин нивиштаҳои порсии нав аст. Дар нибигҳои омӯзишӣ дар поёни ин нивишта бо фарноми “Калимаҳову таркибҳои тоза” вожаномае овардаанд, ки бисёре аз вожаҳои порсиро бо ёрии вожаҳои ъарабӣ рӯшан мекунад. Ба чанд намуна аз он менигарем:

Падидор кардан – зоҳир кардан
Бодафроҳ – муҷозот, мукофоти рӯзи ҷазо
Гардонидан – тарҷума кардан
Хешком – худрой, мустабид
Нишон – ъаломат, ҳисса, насиб, асар, ёдгор, фармон
Дастур – вазир
Ҳушёрон – рӯшанфикрон, мутанаввирин
Кору соз – кору лавозим
Ниҳоду рафтор – тарзи бардошт ва равишу расм
Озарм доштан – ҳаё доштан, шарм доштан
Бунёднома – мавзӯънома
Дарҳои сухан – бобҳои сухан
Коркард – ъамал, тарзи ъамал
Мағз – маънӣ, асл
Монандагон – амсоли ҳам
Дароз гардидан – тӯл кашидан, давом ёфтан
Ниҳод – асл
Фурӯдӣ – суқут, шеби суқут, пастӣ
Доварӣ – фармонравоӣ, қазо, мунозаъат ва ҷидол
Сутӯҳӣ – аҷз, шикаст
Борикандозӣ – тирандозии дақиқ
Пазира – истиқбол, пазироӣ

Фаромӯш накунем, ки аз Машрута то имрӯз кӯшишҳои фаровоне барои ба кор гирифтани вожаҳои порсӣ ва вожасозӣ шудааст. Дар ин кӯшишҳо фарҳангистони якуму дувум ва касоне чун Аҳмади Касравӣ, Маҳмуди Ҳисобӣ, Миршамсуддини Адибсултонӣ ва… даст доштаанд. Барои рӯшан шудани сухан менигарем ба бархе аз вожаҳое, ки фарҳангистон ба ҷои вожаҳои бегона сохтааст:

Иттифоия – оташнишонӣ
Соноториюм – осоишгоҳ
Эҳсоия – омор
Севилюр – олудагӣ
Вилюр – арзиш
Муҳаррики билфеъл – ангеза
Ъузв-ал-ҷисм – андом
Ъавдат ила-л-мабдаъ – бозгашт
Таъдия – пардохт
Прунустик – пешбинӣ
Шароит-ал-муъайян – пешниҳод
Ҷиҳоз – дастгоҳ
Тамом-ал-матоъ – сармоя
Ъузв-ал-идора – корманд
Мизон-ал-ҳарора – дамосанҷ
Зариби зовия – шеб
Касир-ал-азлоъ – чандзилъӣ
Касир-ал-ҷумла – чандҷумлаӣ
Мутавозӣ-ал-азлоъ – ҳамрӯбар
Ъокис – бозтобанда
Инфисол – нопайвастагӣ
Суъудии акид – якнавоафзоишӣ
Ъадлия – додгустарӣ
Вазорати молия – дороӣ
Тайёра – ҳавопаймо
Мутолаба – дархост

Мебинем, ки имрӯза бисёре аз ин вожаҳо барои мо бегона аст, ки худ баёнкунандаи корҳои фаровонест, ки дар ин замина анҷом шуда ва забони порсиро барои мо осонтару расотар намудааст. Вале ҳанӯз роҳи дарозе дар пеш дорем. Барои намуна, менигарем ба бархе аз забонзадҳои ъарабӣ, ки ҳанӯз дар гуфтору нивиштори аҳли адаб равоӣ дорад:

Азҳару мин-аш-шамс – ошкортар аз хуршед (Д*)
Камо фиссобиқ – монанди гузашта
Ва қисс ъало ҳозо – қиёс кун бар ин (Д)
Қиёси маъалфориқ – муқоисаи иштибоҳи ду чиз бо ҳам, муқоисаи ду чизи комилан мутафовит ва бешабоҳат (д)
Зирси қотеъ – аз рӯи яқин (Д)
Хориқулъода – амри ғайримаъмул, ноҳанҷор, фарохӯй (Д)
Фавқулъода – бисёр, фаротар аз ъодӣ (Д)
Самани бахс – баҳои андак, ночиз (Д)
Маъаҳазо – ба маънии бо ин, яъне бо вуҷуди ин маънӣ (Д)
Филбадоҳа – бедиранг, фаврӣ, вокуниш ба ҳарф ё коре дар ҳамон лаҳза (Д)
Ъанқариб – базудӣ (Д)
Ъиндаллузум – агар ниёз бошад, ҳар вақт ниёз бошад (Д)
Ъиндалмутолаба – дар ҳангоми хостан (Д)
Мин ҳайс-ил-маҷмӯъ – рӯиҳамрафта (Д)
Турфат-ул-ъайн – ба як чашм барҳам задан ( )
Ъаҷиб-ул-хилқа – офаридаи шигифт ( )
Аёбу заҳоб – рафтуомад ( )
Кона лам якун – ҳазф, мулғо гардид, сифр, беэътибор (Д)

*Нишонаи (д) баёнкунандаи он аст, ки ин забонзад дар фарҳанги Деҳхудо омадааст ва чаме, ки барои он нивишта шуда, баргирифта аз ин фарҳанг мебошад.

Дунбола дорад…

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

1 Trackbacks & Pingbacks

  1. Порсӣ анҷуман » Паёмадҳои омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона (4)

Бифирист

.


*