Сомони Ҳасанӣ*
Андар чироии порсигӯиву порсинивисӣ бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои осон кардани ин кор осон кардани нигориши забони порсӣ аст. Нигориши забони порсӣ бисёр осонтар аз дигар забонҳост. Ончи онро душвор карда, вомвожаҳо, вокаҳо ва нишонаҳои забони арабӣ аст, ки дар нигориши он роҳ ёфтааст. Дар ин ҷустор ин душвориҳоро баррасӣ мекунем ва мекӯшем барои он чорае биёбем. Нахуст ба вокаҳо мепардозем.
Вокҳои вижаи забони арабӣ
Вожаҳоеро, ки дорои вокҳои вижаи забони арабӣ (ث، ح، ع، ق، ص، ض، ط و ظ) ҳастанд, метавон ба чандин десаи гуногун нивишт. Барои намуна, вожаи “ъамик عمیق”-ро ба чаҳор десаи гуногун (امیغ، امیق، عمیغ و عمیق), вожаи “ъаср – عصر”-ро ба шаш десаи гуногун (اسر، اثر، اصر، عسر، عثر و عصر), вожаи “ъазм – عزم”-ро ба ҳашт десаи гуногун ва ҳатто вожаи “эҳтизоз – اهتزاز”-ро метавон ба 128 деса навишт. Чироии ин он аст, ки овои вокҳои вижаи забони арабӣ дар рожмони овоии забони порсӣ вуҷуд надоранд ва ин сабаб шуда, ки шуморе аз вокҳо дар забони порсӣ хониши яксон дошта бошанд. Монанди
Алиф ва ъайн (الف و ع)
Те ва то (ت و ط)
Се ва син ва сод (ث، س و ص)
Ғайн ва қоф (غ و ق)
Зол ва зе ва зод ва зо (ذ، ز، ض و ظ)
Вале агар ба ҷои вожаҳои арабӣ аз вожаҳои порсӣ суд биҷӯем, барои намуна, ба ҷои “ъаср” бинивисем “пасин”, ба ҷои “ъамиқ” бинивисем “жарф”, ба ҷои “ъазм” бинивисем “оҳанг” ва ба ҷои “эҳтизоз” бинивисем барафрошта, онгоҳ ҳар вожаро танҳо метавон ба як деса нивишт. Албатта, фаромуш накунем, ки вожаҳои порсиро танҳо бо вокҳои порсӣ менивисем.
Дар миёни вокҳои порсӣ танҳо ду намуна дорем, ки вокҳо овои яксон доранд ва мумкин аст онҳоро ба ҷои якдигар нивишт. Яке аз ин намунаҳо вокҳои “зол” (ذ) ва “зе”(ز) ҳастанд, ки дар гузашта хониши яксон надоштанд, вале акнун яксон хонда мешаванд. Барои намуна, ҳар кудом аз вожаҳои “озар” (آذر) ва “барзгар” (برزگر)-ро метавон танҳо ба ду деса нивишт (آذر و آزر، برزگر و برذگر). Намунаи дигар, вокҳои “се” (ث) ва “син” (س) ҳастанд, ки акнун хониши яксон доранд. Чун воки “ث”-и порсӣ овои худро аз даст дода ва ба монанди воки “син” (س) хонда мешавад. Барои намуна, воки “се” (ث) дар номҳое чун Тахмурас ва Каюмарс ба монанди воки “син” (س) Таҳмурас ва Каюмарс хонда мешавад. Имрӯз нигориши ин номҳо ба ҳарду деса равоӣ доранд ва метавон барои осонии нигориш онҳоро танҳо бо воки “син” (س) нивишт.
Бисёре аз вожаҳои забони порсӣ бо вокҳои вижаи забони арабӣ нивишта шудаанд. Пас барои осонии нигориш беҳтар аст ин вожаҳоро то ҷое ки ба расоии нигориш зиён намерасонад, бо вокҳои порсӣ бинвисем. Барои намуна, ҳангоме, ки “Тӯс” (طوس)-ро ба десаи “Тӯс” (توس) менивисем, барои хонанда гӯёст, вале агар вожаи “ъишқ” (عشق)-ро ба десаи “ишғ” (اشغ) бинвисем, мумкин аст хонандаро сардаргум кунем. (ниг.: Шинохти вожаҳои порсӣ аз вожаҳои ъарабӣ)
Дигар ин ки набояд вомвожаҳои фарангиро бо вокҳои вижаи арабӣ нивишт. Барои намуна, вожаҳои بلیط، بطری، باطری، امپراطور و اسطوره -ро бо десаҳои بلیت، بتری، باتری، امپراتور و استوره бинивисем, то нигоришамон осонтар шавад.
Дар ин замина рӯйкарде тундравона ҳам вуҷуд дорад, ки бар ин бовар аст, ки ба ҳеч рӯй набояд вокҳои забони ъарабиро ба кор бурд. Барои намуна, воки “ъайн” (ع) дар номҳои Соъидӣ, Масъуд ва Ъалавиро бад-ин гуна менивисанд: سایدی، مسوود و الوی. Шигифт ин ки вожаҳои ъарабиро баосонӣ ба кор мебаранд, бидуни ин ки бикӯшанд баробари порсии онҳоро бинивисанд. Барои намуна, вожаи ъарабии “муҳаққиқ”-ро ингуна менивисанд: “مهغغ”. Оё беҳтар нест баробари порсии онро, ки “пажӯҳишгар” аст, бинвисанд?
Вовҳои беово
Ду гуна “вов” ( و) дар забони порсӣ дорем, ки хонда намешавад. Яке вове, ки дар гузашта хонда мешуд, вале имрӯза хонда намешавад. Монанди “хвохар” (خواهر), ки хоҳар хонда мешавад. Дар гузашта “х” (خ) дар вожаи “хвоҳар” (خواهر) бо садои зер (اِ) хонда мешуда, бад-ин гуна: Ин намуна натиҷаи табиъии собида шудан ва кӯтоҳ шудани вожаҳост. Дар намунаҳое чун “хвор” (خوار) ва “хвон” (خوان) гуфта мешавад “вов” барои шинохти чами “хвор” (خوار) аз “хор” (خار) ва “хвон” (خوان) аз “хон” (خان) афзуда шудааст.
Танвин
Яке аз душвориҳои нигориши забони порсӣ вуҷуди танвин аст. Афзун бар вожаҳои ъарабӣ, ки бо танвин нивишта мешаванд, бисёре аз вожаҳои порсиро ҳам бо танвин менивисанд, монанди гоҳан (گاهاً), ночоран (ناچاراً), дувуман (دوماً) ва севуман (سوماً), ки ин кор зебанда нест. Барои намуна, беҳтар аст ба ҷои “гоҳан” нивишт “гоҳе”, ба ҷои “ночоран” нивишт “баночорӣ” ва ба ҷои “дувуман”-у “севуман” нивишт “дувум”-у “севум”.
Батозагӣ дар вожаҳои ъарабӣ, ки танвин доранд, ба ҷои танвин нун (ن) менивисанд. Ин кор нигоришро осон мекунад, вале беҳтар аст барои ин гуна вожаҳо ҷойгузини порсӣ биёбем.
Ҳамза
Дар ин ки забони порсӣ дорои ҳамза (ء) аст ё на, ду дидгоҳ вуҷуд дорад. Як гурӯҳ бар ин бовар аст, ки дар вожаҳои порсии сара ҳамза ҷое надорад. Гурӯҳи дигар мегӯянд ҳамза нахустин воки алифбои порсӣ аст ва танҳо дар оғози вожаҳо меояд, монанди ‘ахтар, ‘андоза , ‘анҷом ва ‘абр.
Дар нивиштаҳои садаҳои оғозини забони порсии дарӣ чандон нишоне аз нивиштани ҳамза нест. Вожаҳое чун пойиз (پاییز), ойин (آیین) ва пойин (پایین), ки гоҳе бо ҳамза ва ба десаи по’из (پائیز), о’ин (آئین) ва по’ин (پائین) нивишта мешаванд, дар оғоз бидуни ҳамза будаанд ва дар давраҳои пасинтар бо ҳамза нивишта шудаанд. Пас беҳтар аст ин гуна ҳамзаҳоро ҳамонанди гузашта ба десаи “ё” (ی) бинивисем.
Намунаи дигаре, ки нивиштани ҳамза дида мешавад, ҳамзаест, ки дар болои вожаҳое чун хона ва лона нивишта мешавад, то нисбат ё моликияти онро бирасонад. Ин ҳамза дар гузашта ба десаи “ё” (ی)-и кӯчак болои “ҳо”-и ҳавваз (ه) нивишта мешуда, ки сипас ба десаи “ء” нивишта шудааст. Беҳтар аст дар нивиштан ба ҷои он “ِی” бинивисем. Монанди: “خانهی سوسن” (хонаи савсан) ё “لانهی مورچه” (лонаи мӯрча).
Бо ончи гуфта шуд, вожаҳои порсӣ ниёзе ба нивиштани ҳамза надоранд ва зебанда нест бо нивиштани он нигориши забони порсиро душвортар кунем.
Ҳамзаи вожаҳои ъарабӣ душвориҳое барои нигориши забони порсӣ ба ҳамроҳ овардааст, чун ба десаҳои гуногун нивишта мешавад. Гоҳе ба десаи як вок танҳо монанди “رئوس” (ру’ус) ва “مسئله” (мас’ала), гоҳе болои вов (و), монанди “مؤمن” (мӯ’мин) ва “رؤیا” (рӯ’ё). Замоне рӯи алиф (ا), монанди “رأس” (ра’с) ва “مأخذ” (ма’хаз) ва гоҳе дар поёни вожа, монанди “ابتداء” (ибтидо’) ва “انشاء” (иншо’). Пас беҳтар аст барои ингуна вожаҳо нахуст ҷойгузини порсӣ биёбем, вагарна онҳоро бидуни ҳамза бинивисем, магар дар ҷое ки нигоришро норасо кунанд. Ҳамин корро беҳтар аст бо вожаҳое, ки аз дигар забонҳо гирифта шудаанд, анҷом диҳем. Барои намуна, беҳтар аст ба ҷои “سوئیس” (Су’ис) бинивисем “سوییس” (Суйис), вале Су’эд (سوئد), Ло’ус (لائوس), Су’эз (سوئز) ва Нопуле’ун (ناپلئون)-ро ночорем ба ҳамон десае, ки ҳастанд, бинивисем.
Чанд нишонаи дигар
Ба ҷои нивиштани “ی” (ё) дар поёни вожаҳо, ки ба овои “ا” (о) хонда мешаванд, худдорӣ кунем ва алифро ҷойгузини он намоем. Пас вожаҳои “حتی” (ҳатто), “موسی” (Мӯсо) ва “عیسی” (Ъисо)-ро ба десаи “حتا” (ҳатто), “موسا” (Мӯсо) ва “عیسا” (Ъисо) бинивисем.
Нишонаи шиносаи ъарабии “ال” (ал-) дар оғози номи вожаҳо ҳам душвориҳое барои нигориши забони порсӣ офаридааст, чун агар воки пас аз “ال” (ал-) шамсӣ бошад, “ال” (ал-) хонда намешавад. Монанди “سلیمالنفس” (салимуннафс), вале агар воки пас аз “ال” (ал-) қамарӣ бошад, танҳо “ل” (л)-и он хонда мешавад. Монанди “رسمالخط” (расмулхат). Пас, аз нивиштани вожаҳое, ки дорои нишонаи “ال” (ал-) ҳастанд, худдорӣ кунем ва ба ҷои он аз вожаҳои порсӣ суд биҷӯем. Барои намуна, ба ҷои “سلیمالنفس” (салимуннафс) бинивисем “پاکنهاد” (покниҳод) ва ба ҷои “رسمالخط” (расмулхат) бинивисем “آیین نگارش” (ойини нигориш), вале дар ҷое, ки бо номҳои вижа сарукор дорем, беҳтар аст онҳоро бидуни “ال” (ал-) бинивисем. Барои намуна, ба ҷои “ملکالشعرا” (Маликушшуъаро) ва “قائمالمقام” (Қоиммақом) бинивисем “ملکشعرا” (Маликшуъаро) ва “قائممقام” (Қоиммақом).
Аз нивиштани “ه” (ҳои ҳавваз) дар поёни вомвожаҳои ъарабӣ худдорӣ кунем ва онро бо воки “ت” (т) бинивисем. Пас, ба ҷои “زکاه” (закот) бинвисем “زکات” (закот).
Забонҳои урупоӣ ва хатти лотин
Дар забонҳои урупоӣ барои бисёре аз овоҳо, ки дар забони порсӣ танҳо бо як вок нивишта мешаванд, аз ду ӯ се вок суд меҷӯянд. Дар забони инглисӣ воки “ш”-ро ба 13 десаи гуногун менивисанд. Вокҳои бисёре дар оғоз ва поёни вожаҳо хонда намешаванд. Бисёре аз вокҳо ба ду ё чанд ово хонда мешаванд. Бимонд кишварҳое, ки вомвожаҳои инглисиро бо ҳамон нигориш вориди забони худ мекунанд. Акнун бингаред ва забоне, ки дар он вокҳои “چ” (ч) ва “ش” (ш) ба ҷои якдигар ва ба десаҳои гуногун нивишта мешаванд, вожаҳои инглисӣ, ки овои “ش” (ш) доранд, ҳам афзуда шаванд.
Барои он гурӯҳ аз эрониён ва порсизабононе, ки роҳи раҳоӣ аз душвории нигориш дар забони порсиро дар ба кор бурдани хатти лотин ба ҷои порсӣ медонанд, пешниҳод мекунам наски “Хат ва фарҳанг”, нивиштаи Забеҳи Беҳрӯзро бихонанд. (ниг.: “инҷо”).
Меваи сухан
Чунончи ҳангоми нигориш вожаҳои порсиро ба кор бибарем ва аз нивиштани вокҳо ва нишонаҳои забони ъарабӣ худдорӣ кунем, танҳо мемонанд ду воки “ذ” (зол) ва “ز” (зе), ки овои яксон доранд ва ду гунаи “و” (вов), ки хонда намешаванд. Оё нигориши забони порсӣ душвор аст?
*Мардумшинос, дабири пешини Адабиёт ва улуми инсонӣ
متن فارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист