Бо балучӣ ошно шавем

Пешгуфтори Фарханги кӯчаки порсӣ-балучӣ ва балучӣ-порсӣ

Ғуломризо Озарлӣ: Сароғоз бо дуруд (дероҳу фаршотака). Барои дидори гаҳгоҳии фарзандам, ки дар ҷануб кор мекард, чандин бор ба шаҳрҳои Балучистони Эрон рафтам ва ҳар бор, ки онҷоро бедруд мегуфтаму бармегаштам, аз дидаҳо ва чигунагии обу ҳаво ва мардумони маҳруми он сарзамин хотироте начандон хушоянд бо худ меовардам ва барои наздикону ҷӯяндагон бозгӯ мекардам.

Ошноӣ бо он гӯшаи дуруфтодаи кишварамон маро водошт, ки дар ҳар сафар нишонаҳо ва намунаҳое аз фарҳанги бумиро баргузинам, ончиро гуфтанӣ буд, бигӯям ва шигифтиҳои он сарзаминро ба ёд биспорам ва донистаҳоеро аз бошандагони он, ки аз тираҳои гуногунеанд, рӯи коғаз биёварам.

Дар оғоз дарёфтам, ки бардоштани ёддоштхо барои ман кори осоне нест. Аз он рӯ, ки боистагияш шиносоии борикбинона бо вогӯии вожаҳо ва пуштикори бештар дар забони балучӣ аст.

Забони балучӣ агарчи бахше аз забонҳои эронист, монанди гӯишҳои дигари эронӣ, дар ҳазорон сол ва дар додуситади қавмӣ ва решаҳои забонӣ дучори дигаргуниҳое гашта ва имрӯза бо вожаҳои форсӣ, ки ин худ ҳамон сарнивиштро доштааст, дигаргуниҳое пайдо карда, бавижа он ки бунёдҳои дастурии  вижаи худро низ нигаҳ доштааст.

Дар мавриди дигаргунии забонҳо, афзун бар балучӣ, ҳамонандҳои дигаре ҳам дар ҷуғрофиёи имрӯзии Эрон мебинем. Аз он миён аст гӯишҳои курдӣ, толишиву тотӣ, лористонӣ ва дарии зартуштиён ва бахшҳои марказии Эрон ва…

Боре, хоставу нохоста ба сӯи забти вожаҳои балучӣ ва бархе додаҳо аз одобу забонзадҳо кашида шудам ва соле ду-се моҳро вижаи пурсишу пажӯҳиш дар ин бора кардам ва пас аз он бо фароҳам овардани анбӯҳе аз вожаҳо ва бозбинии чандбораи онҳо ба баргезабандиву (фишбандӣ) сомондиҳии боиста пардохтам.

Балучӣ аз диди забон ва ториху фарҳанг дар хонаводаи гӯишҳои эронӣ ҷо мегирад, лек ҳануз ангуштшуморе аз вожагони куҳантари худро бо гузашти ҳазорон сол нигаҳ дошта ва корбурди ҳамон вогӯиву ҳиҷоҳои авестоӣ ва сонскритро дар бар мегирад ва ҳамчунон наздикии ошное бо форсии имрӯзӣ дорад.

Дар бархӯрд ва гуфтугӯ бо мардуми балучизабон бардоштам ин буд, ки гӯишҳо дигаргун буда ва якдаст намондааст, балки дар бахшҳои гуногун  дигаргуниҳое дар вогӯӣ пайдо шуда ва низ вожаҳои вижаи маҳаллӣ ҳам ба кор меравад.

Омӯзиши забон дар хонаводаҳо на аз роҳи фарҳанги нивиштории ҳамагонӣ, балки ба гунаи суннатӣ ва сина ба сина анҷом мешавад. Аз ин рӯ, мояи парокандагиву бесомонии забон гашта ва имрӯза ночор бо дастёзӣ ба ҳамин заминаи мавҷуд ниёзҳои иртиботии худро бароварда месозанд.

Аз дигар сӯй, огоҳӣ ёфтам, ки дар рӯзгоре начандон наздик бахше аз мардуми балучизабон барои порае аз ниёзҳо ва нигаҳдошти бармондҳо (осор)-и фарҳангии худ бар он шудаанд, ки абзоре барои нивиштан фароҳам оваранд. Аз ҳамин рӯ, аз дигар бародарони эронӣ бадур намонда, хатте бар пояи хатти настаълиқ ва сохтори бунёдини он баргузидаанд. Ин хат ба ҷуз чанд ҳарф, ки бино ба боистагии вуҷуди овоҳои гӯишӣ аст ва афзуда шудааст, рӯиҳамрафта монанди хатти форсӣ аст.

Ҳарфҳо ва нишонаҳои вижаи хатти балучӣ, ки ба хатти настаълиқ афзуда шуда, ъиборатанд аз (ٹ، ڈ، ڑ ва ں), ки такя бар (ن) аст. Дар ин хат барои дуруст хондани вожагон зерузабаре (эъробе) барсохтаанд, ки ёдоварии он беҷо нест. Барои اَ – ءَ, اِ – ءِ , اُ – ءُ, ءِ ва اُ борикбинии вижае ба кор меравад ва бахубӣ корсоз аст.

Дигар аз вижагиҳои забон талаффузи “золи муъҷама (ذ)” аст, дар китобат “ی-и маъруф ва маҷҳул” риъоят мешавад ва “вови маъдула (و)” дар ҷойи худ адо мегардад.

Барои донистани чироии ба кор рафтани бархе вожагони вижа ва дигаргуниҳо ва ин ки дар чи ҷоҳое ва аз сӯи кудом тираҳои қавмӣ дида мешавад, ночор номи порае аз онҳоро, ки ба даст овардаам, дар инҷо ёдовар мешавам ва онҳо бад-ин гунаанд: норуӣ, далгонӣ, саровонӣ, даштёрӣ, ҷадголӣ, сарбозӣ, тафтонӣ ва низ яҳворӣ, тоҷикӣ ва броҳуӣ, ки ин як забони дигар аст ва ба забонҳои ориёӣ ҳамонандие надорад ва шояд интисоби он ба забони дровидиҳои ҷануби Ҳинд ва додани номи кӯч дар баробари балуч бар онҳо раво бошад.

Забони балучӣ хешовандии наздике бо курдӣ дошта ва, ҳамон гуна ки дар вожанома оварда шуда, бо авестоӣ ва сонскрит наздикӣ дорад ва аз ин рӯ низ нижодагии худро бештар нигаҳ доштааст. Бисёр хушнуд хоҳам шуд, агар ин кӯшиши ночиз дар шиносондани бахше аз фарҳанги ҳаммеҳаноне, ки дар дуртарин ва маҳрумтарин бахши Эрон ба сар мебаранд ва зери ситами табиъати сахту ногувор зиндагӣ мекунанд, судманд бошад.

Аз дигар сӯй, умеди он дорам, ки чунончи ҳаммеҳанони балуч мавориде аз забти нодуруст бибинанд ва ё ба носозворие дар маъниҳо бархӯрд кунанд ва ё лағзишеро дар сабт накардани зерузабар ва ҳамчунин ишора надоштан ба вогӯии вижа бибинанд, маро бибахшанд, зеро бо пӯзишхоҳӣ бояд бияфзоем, ки костиҳо на аз барои кӯтоҳӣ, ки бархоста аз балучизабон набудани ман аст ва агар даст ба чунин кори сутурге ёзидаам, аз барои ишқ ва дилбастагие аст, ки ба фарҳангҳои эронӣ ва меҳан дорам.

Шоистаи ин буд дар дунболаи пардохтан ба гӯиши мардумони бумӣ ва ишораҳо ба фарҳангу вижагиҳои забони балучӣ ба ёддоштҳои дархӯре низ бипардозам, ки ҳангоми такопӯ ва ҷустуҷӯ фароҳам шудааст, ки бештари онҳо дар рӯяҳое чанд барои шинохти бештари хонандагон ба пайвасти вожанома оварда мешавад.

Феҳристи Фарҳанги кӯчаки порсӣ-балучӣ/балучӣ-порсӣ

Алифбои балучӣ
Нишонаҳои масдар дар балучӣ
Ҳолоти масдарӣ дар замонҳои гуногун аз масдар
Порае аз масдарҳои балучӣ
Бахши нахуст: Фарҳанги форсӣ-балучӣ
Бахши дувум: Фарҳанги балучӣ-форсӣ
Бахши севум: Пайвастҳо

  • Номи хурмоҳои Балучистон
  • Моҳиҳои Балучистон (ҷонварони дарёӣ)
  • Номи гиёҳони Балучистон
  • Номи дарахтҳои Балучистон
  • Забонзадҳои балучӣ
  • Номгузории духтарону писарон дар Балучистон
  • Сарчашмаҳои балучии баҳрагирифташуда аз касон ва нивиштаҳо

Parsi&BalouchiФарҳанги кӯчаки порсӣ-балучӣ/балучӣ-порсӣ
Пажӯҳиш ва гирдоварии:
Ғуломризо Озарлӣ
Чопахш: Беҳҷат бо пуштибонии Порсӣ Анҷуман ва ҳамкории Китобсарои Балх
Чопи нахуст: 1394; Шуморгон: 500 пӯшина

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*