Бо балучӣ ошно шавем

Забони балучӣ агарчи бахше аз забонҳои эронист, монанди гӯишҳои дигари эронӣ, дар ҳазорон сол ва дар додуситади қавмӣ ва решаҳои забонӣ дучори дигаргуниҳое гашта ва имрӯза бо вожаҳои форсӣ, ки ин худ ҳамон сарнивиштро доштааст, дигаргуниҳое пайдо карда, бавижа он ки бунёдҳои дастурии вижаи худро низ нигаҳ доштааст.

Чопи Фарҳанги дусӯяи порсӣ-балучӣ аз сӯи Порсӣ Анҷуман

Забонҳо ва гӯишҳои эронӣ ганҷинаи арзишманду пуштвонае сутург барои забони порсиянд, ки бо баррасии онҳо бисёре аз ношинохтаҳои забоншинохтӣ зудуда ва бо воковии ин конҳои пургавҳар бахшҳои ношинохтае аз фарҳанги Эроншаҳр бозшиносӣ мешавад.

Форсӣ шакар аст

Яке аз достонҳои кӯтоҳи зебои Муҳаммадъалии Ҷамолзода достонест ба номи “Форсӣ шакар аст”. Дар ин достон ду даста аз мардум бахубӣ нишон дода мешаванд: Яке, гурӯҳе тозизада, ки ҳамаи вожаҳои суханонашон тозӣ аст ва гумон мекунанд ин гуна сухан гуфтан нишонаи бартарӣ ва дониш аст. Ва гурӯҳи дувум фарангимаобҳои ғарбзада аст, ки ҳамаи суханонашон ғарбӣ (дар инҷо фаронса) аст.

Садруддини Айнӣ ва мухолифони имрӯзаш

Айнӣ то охири умр бо хатти форсӣ нивишт ва ҳиҷ гоҳ хатти сирилликро ҷиддӣ тамрин накард. Чун ҳамеша умед дошт, ки ин хат низ мисли хатти лотин муваққатӣ аст. Бале, хатти сириллик барои мо форсизабонони Осиёи Миёна муваққатӣ аст; часбидан ба хатти муваққатӣ ҳам фарҳанг, адабиёт ва ҳувияти муваққатӣ ба ҳамроҳ дорад­.