Форсӣ шакар аст

جمالزادهШаҳрбароз: Муҳаммадъалии Ҷамолзода (1271-1376-и хуршедӣ / 1892-1992-и милодӣ) аз нивисандагони бузурги ҳамрӯзгори мост. Вай фарзанди Сайид Ҷамолиддини Воъизи Исфаҳонӣ, аз кунишагрони Машрута, буд (номи хонаводагии вай аз ҳамин ҷост). Бо он ки Ҷамолзода бештари зиндагии худро дар Суис ба сар бурд, вале як дам низ аз фазои фарҳангӣ ва забонии Эрон дур набуда ва балки бар он бисёр таъсир гузошт. Вай аз пешгомони достоннивисии навин дар забони порсӣ аст. Вай хидматҳои шоёне ба забони порсӣ кард, монанди гирдоварии забонзадҳо ва вожаҳои забони кӯчаву бозор, достоннивисӣ ва достонҳои кӯтоҳ.

Ба нигарам, яке аз достонҳои кӯтоҳи зебои ӯ достонест ба номи “Форсӣ шакар аст”. Дар ин достон ду даста аз мардум бахубӣ нишон дода мешаванд: Яке, гурӯҳе тозизада, ки ҳамаи вожаҳои суханонашон тозӣ аст ва гумон мекунанд ин гуна сухан гуфтан нишонаи бартарӣ ва дониш аст. Ва гурӯҳи дувум фарангимаобҳои ғарбзада аст, ки ҳамаи суханонашон ғарбӣ (дар инҷо фаронса) аст.

Ровии достон як эронӣ аст, ки аз Фаранг баргашта ва дар гумруки Анзалӣ боздошт мешавад. Дар зиндон ё ҳулфдунӣ ду нафари дигар низ ҳастанд, ки яке шайх аст ва дигарӣ

як нафар аз он фарангимаобҳои казоӣ…, ки дигар то қиёми қиёмат дар Эрон намуна ва муҷассамаи лусӣ ва луғавӣ ва бесаводӣ хоҳад монд ва яқинан сад соли дигар ҳам рафтору кирдорашон тамошохонаҳои Эронро (гӯши шайтон кар) аз ханда рӯдабур хоҳад кард.

Ҳамин ҳангом як марди ъодӣ ба номи Рамазон низ ба андаруни ҳулфдунӣ партоб мешавад. Вай ба самти шайх рафт ва

гуфт: Ҷаноби шайх! Туро ба ҳазрати Ъаббос, охир гуноҳи ман чист? Одам воллоҳ худашро бикушад аз дасти зулми мардум осуда шавад!”

Аммо вай

бо қироат ва тумаънайнаи (оромиши) тамоми калимоти зайл оҳиста ва шумурда масмӯъи самъи ҳуззор гардид: “Муъмин! Ъинони нафси ъосии қосирро ба дасти қаҳру ғазаб мадеҳ, ки “алкозимин алғайз валъофин ъаниннос…”

Кулоҳнамадӣ аз шунидани ин суханон ҳоҷувоҷ монда ва чун аз фармоишоти ҷаноби оқо шайх танҳо калимаи “козимӣ” дастгираш шуда буд, гуфт: “На, ҷаноб! Исми навкаратон Козим нест, Рамазон аст. Мақсудам ин буд, ки кош ақаллан мефаҳмидем барои чи моро инҷо зиндабагӯр кардаанд.”

Ин дафъа ҳам боз бо ҳамон матонату қироати тому тамом аз он ноҳияи қудс ин калимот содир шуд: “Ҷазокумуллоҳ муъмин! Манзури шумо мафҳуми зеҳни ин доъӣ гардид. Ас-сабру мифтоҳ-ал-фараҷ. Арҷӯка ъаммо қариб ваҷҳи ҳабс ба вузӯҳ пайвандад ва албатта алф албатта би аййи наҳвин кон, чи ъоҷилан ва чи оҷилан, ба масомеҳи мо хоҳад расид. Ъалалъуҷола дар ҳини интизори аҳсани шуқуқ ва анфаъи умур иштиғол ба зикри холиқ аст, ки ъало кулли ҳолин ниъмал-иштиғол аст…

Лаъалл, ки ъиллати тавқиф ли маслаҳатин ё аслан ло ъан қасд ба ъамал омада ва лиаҷли золик, раҷои восиқ ҳаст, ки лав лал бадоъ ъаммо қариб интиҳо пазирад ва лаъалла ҳам, ки аҳқарро ка-ан лам якун пиндошта ва билориъоят-ил-мартиба вал-мақом би асваи аҳвол маърази таҳлука дамори тадриҷӣ қарор диҳанд ва биноъан ъало ҳозо, бар мост, ки би аййи наҳвин кон маъал-восита ва било воситатил-ғайр, катбан ва шафоҳан, ъаланан ав хафоан, аз мақомоти ъолия истимдод намуда ва било шак ба мисдоқи “ман ҷадда ваҷада”, ба ҳусули масъули муваффақ ва муқтазиюл-маром мустахлас шуда ва бароати мобайн-ал-амосил вал-ақрон каш-шамс фӣ васатин-наҳор мубарҳан ва машҳуд хоҳад гардид…”

Рамазон паспасакӣ меравад, то ба фарангимаобе мехӯрад ва ҳамон достон аз гунаи дигар:

Гуфт: “Оқо шуморо ба худо бибахшед! Мо яхачиркинҳо чизе сарамон намешавад, оқо шайх ҳам, ки маълум аст ҷинниву ғашӣ аст ва аслан забони мо ҳам сараш намешавад, ъараб аст. Шуморо ба худо, Оё метавонед ба ман бифармоед барои чи моро тӯи ин зиндони марг андохтаанд?”

(Фарангимаоб)… бо лаҳҷае намакин гуфт: “Эй дӯст ва ҳамватани ъазиз! Чиро моро инҷо гузоштаанд? Ман ҳам соъатҳои тӯлонӣ ҳарчи каллаи худро ҳафр мекунам, обсулумон чизе намеёбам, на чизи пузитиф на чизи неготиф. Обсулумон оё хеле кумик нест, ки мани ҷавони диплуме аз беҳтарин фомилро барои як… як криминал бигиранд ва бо ман рафтор бикунанд мисли бо охирин омада? Вале аз деспутисми ҳазорсола ва беқононӣ ва орбитрар, ки меваҷоти он аст, ҳеч таъаҷҷубоваранда нест. Як мамлакат, ки худро ифтихор мекунад, ки худашро кунститусиюнол исм бидиҳад, бояд трибунолҳои қононӣ дошта бошад, ки ҳеч каси раъият ба зулм нашавад. Бародари ман дар бадбахтӣ! Оё шумо ин ҷӯр пайдо намекунед?…”

Мегуфт: “Рулусиюни бидуни улусиюн як чизе аст, ки хиёли он ҳам наметавонад дар калла дохил шавад! Мо ҷавонҳо бояд барои худ як таклифе бикунем дар ончи нигоҳ мекунад роҳнамоӣ ба миллат. Барои ончи маро нигоҳ мекунад, дар рӯи ин суже як ортикели дарозе нивиштаам ва бо рӯшании куркунандае собит намудаам , ки ҳеч кас ҷуръат намекунад рӯи дигарон ҳисоб кунад ва ҳар кас ба андозаи… ба андозаи пусибилитеаш бояд хидмат бикунад ватанро, ки ҳар кас бикунад таклифашро! Ин аст роҳи тараққӣ! Воло декодонс моро таҳдид мекунад.

Ҳангоме ки Рамазон дармеёбад, ки гӯянда эронӣ аст,

гуфт: “Эй дарду балот ба ҷони ин девонаҳо биюфтад! Ба Худо ҳеч намонда буд заҳраам битаракад. Дидӣ чи тур ин девонаҳо як калима ҳарф сарашон намешавад ва ҳамаааш забони ҷиннӣ ҳарф мезананд?”

Гуфтам: “Додошҷон! Инҳо на ҷиннианд, на девона. Балки эронӣ ва бародари ватанӣ ва динии мо ҳастанд!” Рамазон аз шунидани ин ҳарф мисли ин ки хиёл карда бошад ман ҳам як чизем мешавад, нигоҳе ба ман андохт ва қоҳқоҳ бинои хандаро гузошта ва гуфт “туро ба ҳазрати Ъаббос, оқо дигар шумо маро даст наяндозед. Агар инҳо эронӣ буданд, чиро аз ин забонҳо ҳарф мезананд, ки як калимааш шабеҳ ба забони одам нест?”

Шӯрбахтона, пешгӯии Ҷамолзода дар бораи фарангимаобон дуруст даромад ва ҳанӯз низ дар миёни эрониён аз ин ду гурӯҳ фаровонанд, ки ба забони равони мардум сухан намегӯянд ва дар пиндори худ фазлфурӯшӣ мекунанд.

“Форсӣ шакар аст”-ро метавонед аз “инҷо” бишнавед.

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*