Садруддини Айнӣ ва мухолифони имрӯзаш

Шаст сол пеш дар торихи 15-и моҳи июл адибе бухороӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, даргузашт, ки ӯро ба шеваи раиси ҷумҳурони Шуравӣ бо шукӯҳ ва пурҷамоъат ба хок супурданд. Тамоми форсизабонони Осиёи Миёна дар сӯги ӯ доғдор шуданд. Марде, ки дар аҳди амири Бухоро ба хотири ҳамроҳӣ бо ҷунбиши “Ҷадидия” ба чӯб хӯрдан маҳкум шуд, вале баъд аз иҷрои ҳукми 75 зарбаи чӯб ҷон набохт ва ба бадтарин зиндони арги Бухоро андохта шуд. Сиёҳчоли зеризаминӣ, ки рӯйи захмҳои ӯ шапуш роҳ мерафт ва мадфӯъи ҳамбандонаш бар уфунатҳояш меафзуд. Аммо ӯ беҳушу нимҳуш зиндониёнро ба бовар ва умед даъват мекард, ки ин рӯзҳо базудӣ поён хоҳад ёфт; ирода ва умеди худро аз даст надиҳед.

Дар ин рӯзҳои сахти зиндагонӣ Садруддини Айнӣ ҳамчунон ислоҳталаб буд ва бовар дошт, ки бо роҳи ислоҳот мешавад вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоъии Иморати Бухороро беҳбуд бахшид. Айнӣ тоза ба ҷунбиши Ҷадидия пайваста, худро пойбанди назарияҳои Аҳмади Дониш ва Садри Зиё, аз рӯшанфикрони бонуфузи он даврон, медонист. Вай танҳо замоне аз ислоҳталабӣ даст кашид, ки танҳо бародари ӯ ба қатл расид. Он замон ӯ ба артиши рус пайваст.

Садруддини Айнӣ беш аз ин ки адиб ва шоъиру рӯзноманигор бошад, сиёсатмадор буд. Ӯ дар дохили кишвар ҳамроҳ бо мардуми худ буданро ба тарки кишвар тарҷеҳ дод ва тамоми умри худро дар роҳи босавод кардани мардуми нодор ва ситамдида сарф кард.

Айнӣ дар “Ёддошт”-ҳояш аз васияти падараш менависад, ки гуфта буд: Ба ҳиҷ ваҷҳ мулло нашав, охунд нашав, “мударрис” бишавӣ, майли худат. Васияте, ки Айнӣ то охири умр дунбол кард ва тамоми фаъъолияти худро ба омӯзиш ва фарҳангу маърифат ихтисос дод. Аммо дар даврони ӯ ҳамаи инҳо ҳамроҳ бо сиёсат буд ва ӯ низ ночор сиёсатмадорӣ мекард. Сиёсати ӯ яке ба наъл ва яке ба мех задан буд ва ё, ба қавли тоҷикон, тавре рафтор мекард, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Ёр, ки давлати Шӯравӣ буд, аммо борҳо аз ӯ ранҷид, гарчи ба хотири нуфуз ва эътибори ӯ байни мардум аз муҷозотҳои роиҷ, мисли табъид ва зиндон, дар ҳаққи ӯ худдорӣ мешуд.

Айнӣ то охири умр ба ин сиёсати худ идома дод. Муҳиммтарин нивиштаи ӯ “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки решаҳои адабиёти клосики тоҷикро ба шаффофтарин шева муъаррифӣ кардааст, борҳо мамнӯъ шуд, аммо Айнӣ бо ин ки маҷбур буд дар ихтироъи миллати ҷадиде ба номи тоҷик ва роҳандозии хатти сириллик бо сиёсати рӯз ҳамкорӣ кунад, бо навиштани ин китоб мехост бигӯяд “Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност”.

Шаст сол баъд дар соҳили ороми имрӯз

Баъд аз фурӯпошии Шуравӣ дигар на ҳамаи ин саргузаштҳои Садриддин Айнӣ ва ҳамроҳони ӯ дар ёдҳост ва на шароити он даврон; шароите, ки ин гурӯҳи рӯшанфикронро маҷбур ба гирифтани тасмимҳои душворе мекард, ки шояд дар шароити ором ва муътадил онҳоро ба зеҳни худ роҳ намедоданд. Айнӣ ҳарчанд чорчӯби шеърро шикаст ва ба наср рӯ овард, аммо дар шикастани чорчӯби давлати рӯз на тавонашро дошт ва на метавонист ҷонбозӣ кунад. Яке аз сиёсатҳои дигари ӯ ин буд, ки бояд зинда монд ва муфид буд на ин ки кушта шуд ва мардумро танҳо раҳо кард.

Аммо ҳоло ки беш аз бист сол мегузарад, ки Тоҷикистон дигар ҷумҳурии Шӯравӣ нест ва фарҳангистони мустақил ва замини мустақил дорад, бисёриҳо ӯро муқассир медонанд, ки гӯё ӯ боъиси маҳдуд шудани забони тоҷикии форсӣ ба сатҳи маҳаллӣ шуда ва қатъи робита бо форсии Эрон ва Афғонистонро замина чидааст.

Биёед баргардем ба замоне ки Садруддини Айнӣ ва гурӯҳи рӯшанфикрони тоҷик, ки худро дар авохири қарни нуздаҳ дарсомӯхтагони мактаби Аҳмади Дониш ва Садри Зиё медонистанд. Ин ду чеҳраи шинохташудаи он даврон бо истифода аз нуфузи худ байни мардум ва ҳам байни охундҳо ва ҳам арги Бухоро аввалин гомҳои ислоҳталабиро бармедоштанд.

Забон он аст, ки мардум бифаҳманд

Баҳсеро, ки Аҳмади Дониш дар бораи ба чолиш кашидани забони муғлақ ва пур аз муболиғаву мадҳсароёнаи он даврон шурӯъ кард, ба фаъъолиятҳои амалии Садруддини Айнӣ баъд аз ду даҳа анҷомид.

Забони нивиштории тоҷикони он даврон маҳдуд буд ба асноди расмии молию мулкӣ ва номанигориҳои давлатии иморати Бухоро ва шеъру тазкираҳое, ки мардуми одӣ наметавонистанд бихонанд.

Дар солҳое, ки Садруддини Айнӣ ва дигар ҷадидиҳо (ки дертар худро маъорифпарварони тоҷик номиданд) шабу рӯз барои босавод кардани мардуми одӣ ва роҳандозии мадориси сабки ҷадид талош мекарданд, забони халқро асос гирифтанд ва ба мардум нивиштану хондани забонеро омӯзонданд, ки қобили дарку фаҳми фаврии мардум бошад.

Дар замоне ки сарватмандон, атрофиёни амири Бухоро ва охундҳои замон мухолифи босавод шудани мардуми одӣ ва тавзеъи китобҳое ба ғайр аз Қуръон буданд, Садруддини Айнӣ ва ҳамроҳонаш рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» чоп мекарданд ва аз тариқи писарбачаҳои мадориси хонагии худ байни хонаводаҳо тавзеъ мекарданд. Писарбачаҳое, ки метавонистанд ин рӯзномаҳоро ҳам барои мардон ва ҳам барои занон бихонанду шарҳ диҳанд.

Садруддини Айнӣ ва ҳамроҳонаш барои ин мардум, ки аз онҳо бо ановини халқи ранҷбар ва ситамдида ёд мекарданд, мардуме, ки бархешон ҳанӯз “барда” буданд, аз озодӣ ва ҳаққи интихобу эътироз мегуфтанд.

Баҳсҳое, ки ин рӯзҳо доман гирифта, дар даврони Айнӣ низ шунида мешуд. Байни ҷадидиҳои он даврон ва маъорифпарварони баъдӣ ин баҳс вуҷуд дошт, ки дониши мардумро бояд иртиқо дод ё сатҳи нигориш ва баёни рӯшанфикронро пойин овард? Ин навъ баҳсҳо маъмулан ба ин натиҷа меанҷомид, ки бояд аввал аз мардум миллат сохт ва баъд барояшон илму дониш ва маърифат омӯхт.

Мардуме, ки наметавонад исми худро бинивисад, мардуме, ки ҳаққи интихоби замони хӯрду хоби худро надорад, чӣ гуна бояд Бедил бихонад, Аҳмади Дониш бихонад ё “Таҳзиб-ус-сибён”, “Заруриёти диния” ва “Тартил-ул-Қуръон” бихонад? Ин китобҳои дарсӣ буд, ки дар даҳаи аввали қарни нуздаҳ барои мадориси усули ҷадид нивишта шуда буд.

Ин таҳаввулоти давронро Муҳаммадҷони Шакурӣ, донишманди фақиди тоҷик, мутаассир аз инқилоби соли 1905-и Русия медонад ва ҳамин тур, мутаассир аз рӯзномаҳои нисбатан озоди рӯсӣ ва туркӣ, ки аз тариқи Озарбойҷон ба Бухоро мерасид.

Барномаҳои нотамоми маъорифпарварони тоҷик

Барномаи баъдии маъорифпарварони тоҷик дар ду даҳаи баъд иртиқои дониш ва сатҳи фарҳангу маъорифи мардуми одӣ буд, то ба таъсиси Тоҷикистон дар соли 1929 расид. Ҳоло, ки талошҳои онҳо самар дода буд ва баъди ҳудуди панҷ соли марзбандиҳои тоза дар Осиёи Миёна аз ҷониби русҳо кишвари ҷадид ва кӯчаке ба номи Тоҷикистон сар бардошта буд, замони идомаи беҳбуд додани сохтори омӯзишӣ буд, аммо ин барнома бо фаро расидани Ҷанги Ҷаҳонии Дувум базудӣ нотамом монд.

Нотамом мондани ин барномаи маъорифпарварони тоҷик боъис шуд, ки раванди рушди фарҳангӣ ва торихии тоҷикон мутаваққиф шавад, ки бешак агар идома пайдо мекард, ҳоло фосилае ба ин бузургӣ байни се шохаи аслии забони порсӣ мавҷуд набуд.

Агар он барнома идома пайдо мекард, мардуми одӣ дигар мисли қабл сода ва осонпараст намемонд ва табақаи мутавассите эҷод мешуд, ки ҷойи холии ашрофзодагон ва муҳаққиқони улуми динӣ ва дунявӣ бо мурури замон пур мешуд.

Тағйири фарҳанги мардум

Чунин ба назар мерасад, ки дар ҳоли ҳозир низ дар ҷомеъаи тоҷик рӯшанфикрон ҳанӯз барои мардуми одӣ ва бо ҳамон шеваи қадими қарни нуздаҳ менивисанд, вале робитаи ончунонӣ бо мардум надоранд. Чун мардуми имрӯзи тоҷик мисли қабл дигар бесавод нест ва бетаваҷҷуҳ ба сиёсати кишвар ва минтақа ҳам нест. Мардуми одӣ дар даврони Айнӣ ба унвони раъият ва ё “фуқаро” ёд мешуданд (дар Узбакистон ҳанӯз ҳам ба ҷойи шаҳрвандон фуқаро мегӯянд). Мардуми имрӯзии тоҷик, бахусус анбӯҳи муҳоҷирони кории он, ҷаҳонбинӣ ва таҷрубаҳои васеътаре аз рӯшанфикрони тоҷик доранд, ки дар ватан бо ними нони хушк қаноъат кардаанд. Имрӯз мардуми одӣ дигар фуқаро нестанд. Мардумони печида ва боъалоқа ва дониш ва орзуи баланд омодаи кашфи дунё ва ҷаҳонҳои дигар ҳастанд.

Рӯшанфикрони имрӯзи тоҷик, адибон ва шоъирони муҳтарами тоҷик, бояд раҳнамо ва ҳидоятгари ин мардум бошанд ва забони ин мардумро сайқал диҳанд ва барояшон адабиёт бинивисанд. Нивиштаҳои Садруддини Айнӣ ва дигар адибони он даврон бешак ниёзҳои мардуми имрӯзи тоҷикро бароварда наметавонад. Аммо онҳо ҳанӯз барои ҳамон Одинаву Дохундаву Гулнорҳое менивисанд, ки устод Айнӣ бо онҳо ҳамсоя буд.

Маъориф ва фарҳанги тоҷик имрӯз ҳам мисли даврони Айнӣ омехта бо сиёсат ва фурсатталабиҳои сиёсатмадорон аст. Ва ин аст ки адибон ва рӯшанфикрон ва шоъирони тоҷик гӯшагиру танҳо хор шудаанд. На нивиштаи худро мехоҳанд мунташир кунанд ва на дарёфтаи ҷадидеро мехоҳанд бо дигаре баҳс кунанд. Нерӯи зиёде надоранд, азбас кисаҳо холист. Ғами нон ҳаст ва гӯши муштоқе ҳам нест.

Айнӣ муқассир буд?

Бо ин ҳол, чунин ба назар мерасад, ки чашмҳои бисёре аз фарҳангиёни тоҷик ҳамчунон баъд аз як қарн ба дунболи нимаи холии пиёла аст. Ба дунболи нимаи кандашуда, ба дунболи нимаи резу пошхӯрда, нимае, ки дигар шояд ҳеҷ вақт ҷузъе аз Тоҷикистон нахоҳад шуд. Пурсиши аслӣ ин аст, ки ин фарҳангиён барои он нимае, ки ба таври расмӣ ва қонунӣ аз они тоҷикон аст, чӣ коре кардаанд ё қарор аст анҷом диҳанд, то вазъи забон ва фарҳанги тоҷикӣ рӯ ба беҳбуд оварад? Чӣ касоне метавонанд кумак кунанд, ки дур аз сиёсат ва қудрат мондаанд ва тавони талош ва имкони таъсиргузории худро дубора чун дар даврони Айнӣ ва ҳатто дар даврони Лоиқ Шеръалӣ ба даст оваранд?

Нуктаи дигар ин аст ки он рӯшанфикроне, ки имрӯз аз соданигории Айнӣ меноланд ва ӯро боъиси ақабмондагии имрӯзии тоҷикон медонанд, бояд худ ба ин суол посух диҳанд, ки чиро аз ҳамбастагӣ бо решаҳои худ, ки Эрон ва Афғонистон аст, метарсанд? Чиро аз вожаҳву таъбирҳои теҳронӣ ва кобулӣ ҳарос доранд?

Агар забони тоҷикӣ заъифу нокоромад аст, пас чӣ бояд кард? Русӣ нивиштанро идома дод, ё ҳамин забонро ҷуръа-ҷуръа бо пазируфтани вожаҳои роиҷи форсии Эрону Афғонистон боз дубора ғанӣ кард?

Ислоҳталабони ‘забони тоҷикии имрӯз’

Шаст сол аз марги Садруддини Айнӣ мегузарад. Шаст сол фурсат доштем, то барномаҳои маъорифпарварони тоҷики қарни нуздаҳро идома диҳем, ки надодем. Ҷанг, фақр, истибдоди Шӯравӣ, озори ҳамсояҳо ва нигарониҳои зиёде аз ислому исломгароҳо вуҷуд дорад, аммо баҳонаҳои мушобеҳе дар даврони Айнӣ ҳам вуҷуд дошт. Вале талошҳое, ки дар он даврон анҷом шуд, бо талошҳоии баъд аз фурӯпошии Шуравӣ қобили муқоиса нест.

Баъд аз марги Лоиқ Шеръалӣ, ки бо ҳамроҳонаш талош кард дубора ваҳдати миллии тоҷиконро мустаҳкам кунад, дигар чӣ иттифоқи ҷадид рух дода, ки тарҳи барномарезишуда ва дақиқе танҳо дар роҳи иртиқои забони тоҷикии форсӣ бошад?

Танҳо метавонам аз маҷаллаи «Забони порсӣ» дар ин солҳои охир ёд кунам, ки ба ҳиммати ҷамъи кӯчаке аз ҷавонони тоҷик мунташир мешавад. Ин маҷалла ҳамон кореро мекунад, ки рӯзномаҳои Айнӣ ва ҳамроҳонаш мекард: Босавод кардани мардум. Аммо ин бор на дар сириллик, балки порсӣ, ҳамон хатте, ки аз мо бо зӯр гирифтанд ва пайванди моро бо ҳамзабонон ва торихамон гусастанд.

Маҷаллаи “Забони порсӣ” маҷаллаи кӯчаке аст ва чанд шуморае аз он бештар мунташир нашуда, аммо оё медонед, ки чӣ қадр баҳсу таънаҳо пушти сари ин маҷалла ба по мехезад, ҳар вақт ки тавзеъ мешавад?

Ҷадидиён ва баъдан маъорифпарварони аввали қарни бист гурӯҳе аз рӯзноманигороне буданд, ки аз тариқи Туркияи Усмонӣ, имперотурии Рус ва Ҷумҳурии Озарбойҷон санъати рӯзноманигорӣ меомӯхтанд ва дар иморати Бухоро идеҳои ҷадид пиёда мекарданд. Имрӯз низ гурӯҳе аз рӯзноманигорони тоҷик‌анд, ки ин суннатро пай мегиранд. Аммо ин бор аз расонаҳои кишварҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон ба пурсишҳои худ посух меҷӯянд.

Хушбахтона, дар Тоҷикистони имрӯзӣ касеро ба хотири ислоҳталабӣ ва ё омӯзиши хатти форсӣ муҷозот намекунанд, аммо вазъият барои тоҷикони Узбакистон бешабоҳат ба даврони Айнӣ нест. Донистани хатти форсӣ ва иртибот бо кишварҳои форсизабон кофист, ки бо барчасби “исломгарои ифротӣ” сар аз зиндонҳое шабеҳи арги Бухоро дароваред. Аз ин ҷост ки бӯи ислоҳталабӣ дар байни онҳо шунида намешавад.

Аммо дар Тоҷикистон ҳам бо вуҷуди озодиҳои кӯчак ва шароити иртибот бо расонаҳои дигари форсизабон мухолифат бо омӯзиши хатти форсӣ ва баргаштан ба хатти ниёкон дар ин бист соли гузашта коҳиш наёфтааст. Талоши таку тӯки рӯзноманигорон ва адибон бидуни барномарезии Фарҳангистони Тоҷикистон ба ҷое нахоҳад расид.

Хатти муваққат ва фарҳанги муваққатӣ

Ба унвони касе, ки бо нивиштани ин мақола мумкин аст наздикони худро дар Узбакистон бо хатар мувоҷеҳ карда бошам, суолам аз онҳое, ки Садруддини Айниро муқассири носаломатии забони тоҷикӣ медонанд, ин аст ки беҳтар нест ба ҷойи ҳамла ба марде, ки шаст соли пеш ҷон ба ҷонофарин дода ва аммо дар чорчӯби бисёр маҳдуди замон тавониста барои мо форсизабонон исми ҷадид, хатти ҷадид, кишвари ҷадид ва адабиёти навин бисозад, ба Фарҳангистон ва давлати Тоҷикистон фишор биоваранд, ки коре барои беҳбуди вазъи забон ва адабиёти имрӯзии тоҷикон анҷом диҳад?

Айнӣ то охири умр бо хатти форсӣ нивишт ва ҳиҷ гоҳ хатти сирилликро ҷиддӣ тамрин накард. Чун ҳамеша умед дошт, ки ин хат низ мисли хатти лотин муваққатӣ аст. Бале, хатти сириллик барои мо форсизабонони Осиёи Миёна муваққатӣ аст; часбидан ба хатти муваққатӣ ҳам фарҳанг, адабиёт ва ҳувияти муваққатӣ ба ҳамроҳ дорад­.

То кай муваққатӣ ва иҷоранишини ақидаҳои Шуравӣ бошем? То кай бо гузаштагони худ аз дур бо фосила ифтихор кунем, аммо ҳиҷ гоҳ ба мероси онҳо барнагардем, истифода накунем? То кай ҳарф бизанем ва амал накунем? Аз кудом 75 зарбаи чӯб метарсем?

*Шаҳзодаи Самарқандӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Ҳулланд аст. Ин мақола бори аввал дар торнамои Би-би-сии Форсӣ ба торихи 16 жуиеи 2014 мунташир шудааст.

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*