2. Корвожаҳои сода ва омехта
Сомони Ҳасанӣ: Яке дигар аз осебҳое, ки дар пайи омехтагии забони порсӣ бо вожаҳои бегона ба ин забон расидааст, ҳамоно ба кор бурдани корвожаҳои омехта (феъли мураккаб) ба ҷои корвожаҳои сода (феъли басит) аст. Ҳарчанд дар оғоз шумори андаке корвожаҳои сода бо вожаҳои ъарабӣ сохта шуд (ҳамчун талабидан, балъидан, рақсидан ва фаҳмидан), ин равиш базудӣ фаромуш гардид ва вожаҳои бегона корвожаҳои омехтаро ба дунболи худ оварданд. Барои намуна, ҳангоме ки “суол” ҷойгузини “пурсиш” шуд, ба ҷои “пурсид” гуфта шуд “суол кард”. Ё ин ки замоне ки “ъафв” ҷойгузини “бахшиш” шуд, ба ҷои “бахшидан” гуфта шуд “ъафв кардан”. Вақте вожаи “фикр” ба ҷои “андеша” омад, ба ҷои “андешид” гуфта шуд “фикр кард”. Ё ҳангоме ки “имтиҳон” ба ҷои “озмун” нишаст, ба ҷои “озмудан” гуфта шуд “имтиҳон кардан” ва…
Паёмади ин равиш ин буд, ки бисёре аз корвожаҳои сода ҳам дар забони порсӣ ба десаи корвожаи омехта нивишта шаванд (монанди ‘пажӯҳидан‘, ки шуда ‘пажӯҳиш кардан‘,‘посидан‘, ки шуда ‘пос додан‘,‘фаромушидан‘, ки шуда ‘фаромӯш кардан‘,‘накӯҳидан‘, ки шуда ‘накӯҳиш кардан‘,‘раҳонидан‘ ва ‘раҳидан‘, ки шудаанд ‘раҳо кардан‘ ва ‘раҳо шудан‘,‘паноҳидан‘, ки шуда ‘паноҳ гирифтан‘,‘гиристан‘, ки шуда ‘гиря кардан‘,‘парешидан‘, ки шуда ‘парешон шудан‘,‘пурсидан‘, ки шуда ‘пурсон кардан‘ (дар порсии Афғонистон) ва…).
Ба кор бурдани корвожаҳои омехта забони порсиро нотавон сохтааст. Роҳи чора дар ин аст ки нахуст аз ба кор бурдани корвожаҳои омехта барои вожаҳои порсӣ худдорӣ кунем. Барои намуна, ба ҷои ‘оғоз кардан‘ бигӯем ‘оғозидан‘, ба ҷои ‘пажӯҳиш кардан‘ бигӯем ‘пажӯҳидан‘. Дигар ин ки ба ҷои вожаҳои бегона вожаҳои порсиро ба кор бибарем, то битавонем аз корвожаҳои сода баҳра бигирем. Барои намуна, ба ҷои ‘истироҳат кардан‘ бигӯем ‘осудан‘ ва ба ҷои ‘фикр кардан‘ бигӯем ‘андешидан‘. Дар дигар гӯишҳо, бавижа гӯишҳои рустоӣ, корвожаҳои содаи фаровоне вуҷуд дорад, ки метавон аз онҳо баҳра гирифт, монанди ‘чукидан‘ ба чами ‘дар гил фурӯ рафтан‘ ва ‘чоидан‘ ба чами ‘сармо хӯрдан‘. Дар поён, сохтани корвожаҳои сода мебошад, чунонки Ҳайдарии Малоирӣ вожаи ‘напоҳидан‘-ро ба ҷои ‘мушоҳида кардан‘ ва ‘луйидан‘-ро ба ҷои ‘ҳал кардан‘ сохтааст. Дар зер барои ҳар як аз гурӯҳҳои ёдшуда намунаҳое меоварем:
Намунаи нахуст: Аз ба кор бурдани корвожаҳои омехта барои вожаҳои порсӣ худдорӣ кунем ва ба ҷои он аз корвожаҳои сода баҳра бигирем. Ончунон ки дар гузашта будааст:
Озмудан ба ҷои озмоиш кардан
Оғозидан – оғоз кардан
Баррасидан – баррасӣ кардан
Пажӯҳидан – пажӯҳиш кардан
Фаромушидан- фаромуш кардан
Гирд овардан – гирдоварӣ кардан
Гиристан – гиря кардан
Ковидан – ковиш кардан
Шикебидан – шикебоӣ кардан
Шитофтан – шитоб кардан
Полоидан (полудан) – полоиш кардан
Парҳезидан – парҳез кардан
Кӯшидан – кӯшиш кардан
Костан – кам кардан, коҳиш додан
Намунаи дувум: Аз ба кор бурдани корвожаҳои омехта, ки бо вожаҳои бегона сохта шудаанд, худдорӣ кунем ва ба ҷои онҳо аз корвожаҳои ворсӣ баҳра бигирем:
Ба ҷои имтиҳон кардан бигӯем озмудан
Истироҳат кардан – осудан
Изофа кардан – афзудан
Таҳқиқ кардан – пажӯҳидан
Зӯб кардан – гудохтан
Нозил кардан – фурӯ фиристодан
Ламс кардан – бисовидан
Мутталеъ кардан – огоҳонидан
Рушд ва нумӯ кардан – болидан
Ҳазар кардан – парҳезидан
Маҳв кардан – сутурдан
Фарз кардан – ангоштан
Саъй кардан – кӯшидан
Мадҳ кардан – сутудан
Тулӯъ кардан – баромадан
Ъаҷала кардан – шитофтан
Ҷидол кардан – ситезидан
Намунаи севум: Дар гӯишҳои рустоӣ корвожаҳои сода бафаровонӣ ёфт мешавад ва метавон онҳоро ҷойгузини корвожаҳои омехта намуд. Дар зер аз чанд намуна аз ин корвожаҳо, ки аз гӯишҳои марказии Эрон гирифта шудааст, ёд мешавад:
Пирзондан – пирз кардан, хурд кардан. Пирз – рез, хурд
Палосидан – пажмурда шудан
Пукидан – мунфаҷир шудан
Пилкондан – олуда кардан
Пилкидан – олуда шудан
Тилидан – леҳ шудан
Тулидан – ҷӯшидан
Тилондан – леҳ кардан
Тумидан – фурӯ рафтан (монанди тӯ рафтани бахше аз зарфи филиззӣ, ҳамчун китрӣ ва коса)
Тифундан – ба ҳам рехтан
Чойидан – сармо хӯрдан
Чағидан – шикастани чизе бар асари сармо
Чиридан – ба чизе муҳкам часбидан
Чилосидан – пажмурда шудан
Чилондан – фишурдани чизе барои ин ки оби он гирифта шавад (монанди чилондани порчаи хис)
Чукидан – дар чизе фурӯ рафтан (монанди чукидан дар гил)
Дарондан – пора кардан
Диризгидан – пошидани чакаи об ба чизе
Дирумидан – ором гирифтан
Румидан – хароб шудан, фурӯ рехтан (монанди румидани чагор (сақф)-и хона ё тунел)
Гилидан – чархидани чизе бар рӯи замин
Гишигундан – боз кардани чизе аз ҳам, дарҳаму барҳам кардани чизе (монанди гишигундани пашм)
Гӯлидан – гулӯ хӯрдан, чархидани чизе бар рӯи замин
Ғирпидан – бурида шудани чизе (барои намуна, агар ҳангоми берун овардани ҳавич (сабзӣ) аз замин, аз нима канда шавад, мегӯем ғирпид)
Ғармидан – садои раъд (барои намуна, осмон ғармид)
Мосидан – часбидан
Воисодан – истодан
Варисодан – буланд шудан
Вилойидан – леҳ кардани чизе бо по (монанди вилойидани ангур барои дуруст кардани шира ва…)
Намунаи чаҳорум: Сохтани корвожаҳои сода. Дар зер ба чанд намуна аз корвожаҳои омехта, ки Ҳайдарии Малоирӣ сохтааст, менигарем:
Онулидан – лағв кардан
Бастоидан – зарб кардан
Пажонидан – изҳори назар кардан
Падворидан – кашф кардан
Паровидан – ихтироъ кардан
Разгидан – мураттаб кардан
Закордан – анҷом додан
Зӯйидан – иддиъо кардан
Фаржойидан – талаффуз кардан
Фаршойидан – ҳукумат кардан
Лӯйидан – ҳал кардан
Нипоҳидан – мушоҳида кардан
Дунбола дорад…
متن پارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист