Пурдовуд ва вожасозии донишики порсӣ

Шаҳрбароз: Барои вожасозии донишик ба коргирии забонҳои бостонии эронӣ (забонҳои авестоӣ, порсии бостон, паҳлавӣ ё порсии миёна ва низ забонҳо ва гӯишҳои гуногуни эронӣ) боиста аст. Устод Иброҳими Пурдовуд дар пешгуфторе бар китоби “Фарҳанги паҳлавӣ-форсӣ” нивиштаи дуктур Баҳроми Фаравашӣ ба торихи тирмоҳи 1346-и хуршедӣ / 1967-и милодӣ чунин нивиштааст:

“Дар оғози фарвардини соли 1308-и хуршедӣ дар гузориши Авестои худ, ҷилди якуми Яштҳо, нивиштаам: “Баҷост, ки дар мадориси ъолии мо тадриси фурс (порсии бостон) ва авесто ва паҳлавӣ маъмул гардад, ҳамон туре ки дар мадориси бузурги Урупо тадриси забонҳои юнонӣ ва лотинӣ, ки решаи алсинаи (забонҳои) мағрибӣ аст, маъмул аст. Умед аст базудӣ давлати мо чанд тан аз порсиёни донишманди авесто ва паҳлавидонро ба Теҳрон ҷалб намуда, таҳсили ин ду забонро барқарор созад ва ба миллияти мо рӯҳи тозае бидамад…”

Дигар бор дар Берлин дар дебочаи ҷилди дувуми Яштҳо дар торихи якуми якуми фарвардинмоҳи 1310 нивиштаам: “Сазовор аст давлати Эрон дар миёни шогирдоне, ки ҳарсола аз барои таҳсил ба Урупо мефиристад, чанд нафарро аз барои таҳсили авасто ва паҳлавӣ тахсис диҳад ё чанд тан аз донишмандони авесто ва паҳлавидони порсиро аз барои тадрис ба Теҳрон бихоҳад…”

Ниёзмандиҳои порсии нав бояд ба дастёрии порсии миёна (паҳлавӣ) барканор шавад, агар нашуд, ба порсии бостон рӯй оварем, ҳарчанд ки аз ин забон беш аз понсад-шашсад вожа дар сангнибиштаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ ба ҷой намондааст.

Аз ин ду забони бостонии гузашта забони авестоӣ, ки яке аз забонҳои дерини кишвари мост, бисёре аз ниёзмандиҳои моро барканор хоҳад кард. Агар аз ҳеч як аз ин забонҳо вожаеро, ки ҷӯё ҳастем, наёфтем, сонскрит, ки яке аз забонҳои куҳансоли бародарони ориёии мост, ба доди мо хоҳад расид. Сонскрит ба мо бегона нест, онро хоҳари забонҳои авестоӣ ва порсии бостон хондаанд. Шак нест, ки рӯзе эрониён ва ҳиндувон бо ҳам мезистанд ва аз як забон ва ойин бархурдор буданд.

Пеш аз ҳар чиз бояд ба забоне бипардозем, ки пеш аз порсии нав забони ниёкони мо буда ва он порсии миёна аст. Порсии нав фарзанди порсии миёна аст ва порсии миёна фарзанди порсии бостон аст…”

Ҷолиб аст, ки бо гузашти наздик ба 50 сол аз ин нивиштаи Пурдовуд ҳанӯз бояд ба бисёре ёдоварӣ кард, ки ҳамон тур ки урупоиён бо такя бар лотин ва юнонӣ тавонистанд дастгоҳи вожасозии худро нерӯманд кунанд, мо ҳам бояд бо такя бар доштаҳои забонии худ ба қавли маъруф “даст рӯи зонуи худ бигзорем ва аз ҷоямон буланд шавем.” Ба гуфтаи Саъдӣ:

Куҳан ҷомаи хеш перостан,
Беҳ аз ҷомаи ъорият хостан.

Дарвоқеъ, кори дуктур Миршамсуддини Адибсултонӣ ва дуктур Муҳаммади Ҳайдарии малоирӣ ҳаракатест дар ҳамин росто ва шоёни арҷдонӣ ва арҷгузорӣ.

Ҳамчунин, дар посух ба касоне, монанди дуктур Муҳаммадризо Ботинӣ, ки ин забонҳоро “мурда” мехонанд, бояд сухани устод Парвизи Нотили Хонларӣ (дар мақолаи “Забони сеҳазорсола”, мунташиршуда дар маҷаллаи Сухан)-ро ёдоварӣ кунам, ки нивишт: “Мурда донистани забонҳои порсии бостон ва миёна бакуллӣ нодуруст аст. Ин ду забон дар форсии имрӯзӣ ба зиндагии худ идома медиҳанд.”

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*