Баҳсе дар бораи сарфи феъл дар забони ъилмии форсӣ

HeydariMalayeriДуктур Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ

Баёни мафҳумҳои ъилмию фаннии Ғарб ба забони порсӣ ҳамвора бо масоили фаровоне рӯбарӯ будааст. Мақолаи ҳозир баҳсест дар бораи яке аз ҷанбаҳои ин душвориҳо.

Дар авоили қарни нуздаҳум эрониён бо фарҳангу тамаддуни урупоӣ тамоси бештаре ёфтанд. Рафтани бархе аз эрониён ба Урупо барои омӯхтани ъулуму фунун ва низ даъват аз урупоиён барои таълим дар Эрон сабаби ошноии ҳарчи бештари эрониён бо ъулуму фунуни навин шуд. Бавижа, баъд аз Машрута гароиши бисёр ба таълифу тарҷумаи китобҳои ъилмию фаннӣ падид омад ва ъулуми навин ба ҳавзаҳои дарсии Эрон ворид шуд.

Ин ъулуми навин мафҳумҳое доштанд, ки дар забони форсӣ бесобиқа буданд. Ва табъан форсӣ мебоист онҳоро дар худ ҷой диҳад. Ишкол танҳо дар надоштани истилоҳҳои нав набуд, зеро дар интиқолҳои фарҳангӣ ҳамеша ҳар забон мафҳумҳоеро, ки надорад, ба ҳар тартиб аз чанд роҳ фароҳам меоварад – масалан, аз вом гирифтани истилоҳоти бегона ва низ сохтани вожаҳои нав дар баробари он мафҳумҳо. Ишколи асосӣ яке ин буд, ки забони дарӣ чандон таҷрубае барои даровардани вожаҳои бегона ба қоъидаҳои дастурии худ надоштааст. Дигар он ки насри ъилмии форсӣ дар замони тамос бо фарҳанги урупоӣ тавоноии чандоне надошт ва ба гуфтаи Маликушшуъаро Баҳор, на ъарабӣ буд ва на порсӣ ва пур буд аз равобити беравия ва ҷумлаҳои бесарупой. (1)

Фарҳангистони Эрон, ки дар соли 1314 таъсис шуд, бисёре вожаҳои ъилмӣ дар риштаҳои пизишкӣ, ҷонваршиносӣ, заминшиносӣ, табиъӣ, гиёҳшиносӣ, физик ва шимӣ вазъ кард, ки аксари онҳо ҷойгир шудаанд ва ба кор мераванд. Ба ъунвони намуна метавон аз истилоҳҳои зер ном бурд:

Обфишон, озарсанҷ, озарин, ованд, ангал, бозтоб, боздонгон, боздам, бофтшиносӣ, бароянд, барча, бурдор, бузургсиёҳраги зерин, басомад, бандпоиён, бегонахор, падидорӣ, парчам, пайдозо, тоқдис, тухмак, чигол, даричаи дулахтӣ, росто, сурхраг, косбарг, гаштовар, наҳанҷ, вогароӣ ва бисёре дигар.

Забони форсӣ бо шеваи муназзам ва мунсаҷими истилоҳшиносӣ ё терминулужии ъилмии Урупо рӯбарӯ буд, ки пас аз Ренесонс ва инқилоби санъатӣ рафта-рафта равишдортар ва тавонотар шуда буд. Муаллифону мутарҷимони он давра теъдоде аз истилоҳҳои урупоӣ, бавижа фаронсавиро, дар гуфтаҳо ва нивиштаҳои худ ворид сохтанд ва низ аз забони ъарабӣ кумак гирифтанд, аммо дар ин корҳо зобитае (қоъидае) вуҷуд надошт. Баъилова, ъарабӣ низ бо ҳамин ишколот, мунтаҳо аз ҷанбаҳои дигаре рӯбарӯ буд. Бу ъунвони намуна, метавон аз истилоҳҳои зер, ки дар он айём ба кор мерафта, ном бурд:

Зағза, тар?иб, ҷарсақил, боруметр, таҳмис, қувои муъована, қувваи иттисолия, метлуид, мувозанат-ал-миёҳ, олати сибоҳа, мизоналсиқл, изумурфисм, арозии марсуба.

Баъдҳо бар асари фузунӣ гирифтани истилоҳҳои ғарбӣ ва “бетаҳаррукӣ”-и вожаҳои ъарабӣ дар бофти дастурии забони форсӣ ва низ ъалоқа ба Форсинивис гароише ба вожаҳои форсӣ пайдо омад.

Фарҳангистони Эрон, ки дар соли 1314 таъсис шуд, бисёре вожаҳои ъилмӣ дар риштаҳои пизишкӣ, ҷонваршиносӣ, заминшиносӣ, табиъӣ, гиёҳшиносӣ, физик ва шимӣ вазъ кард, ки аксари онҳо ҷойгир шудаанд ва ба кор мераванд. Ба ъунвони намуна метавон аз истилоҳҳои зер ном бурд:

Обфишон, озарсанҷ, озарин, ованд, ангал, бозтоб, боздонгон, боздам, бофтшиносӣ, бароянд, барча, бурдор, бузургсиёҳраги зерин, басомад, бандпоиён, бегонахор, падидорӣ, парчам, пайдозо, тоқдис, тухмак, чигол, даричаи дулахтӣ, росто, сурхраг, косбарг, гаштовар, наҳанҷ, вогароӣ ва бисёре дигар.

Аз диққат дар истилоҳҳои Фарҳангистон чунин бармеояд, ки кӯшишҳои он бештар дар заминаи “истилоҳшиносии вожагонӣ” будааст ва ба яке аз муҳиммтарин ҷанбаҳои истилоҳшиносии муназзами забонҳои урупоӣ, яъне “истилоҳшиносии мурфулужик”, чунонки бояд таваҷҷуҳ накардааст.

Яке аз хусусиятҳои умдаи истилоҳшиносии ъилмии забонҳои урупоӣ қудрати “сарфи феълӣ” (conjugation)-и онҳо дар сохтани муштаққҳои фаровон аз як мафҳуми воҳид аст. Ва ин аз ҷиҳате яке аз ҷанбаҳои заъифи забони форсӣ аст, яъне чизе ки дар гузашта бар асари ба кор нагирифтани улгӯҳои забонӣ ва баъд ба ъиллати набудани дарки “саҳеҳе” аз забон ҳамчун “тобу” худнамоӣ кардааст. Қудрати таҳарруки сарфи феълӣ ва шахсияти забонии сохтҳо ё улгӯҳои дастурӣ ин тавоноиро ба забонҳои урупоӣ дода, ки мафҳумҳои фаровону вобаста ба ҳамро бо истилоҳҳои кӯтоҳ баён доранд.

Вале дар забони форсӣ на танҳо бисёре аз муштаққҳои феълӣ “самоъӣ” (шунидорӣ) қаламдод шудаанд, балки як монеъи дигар бар сари роҳи вуҷуди ҳамаи муштаққҳои феълӣ дида мешавад ва он фаровонии “ҳамкард” аст, ки худ низ ҳамин ишколи ёдшударо дорад. Дар забони форсӣ се навъ масдар вуҷуд дорад: 1) масдари басит, монанди “буридан”, 2) масдари мураккаб, монанди “тоб хӯрдан”, ва 3) иборати феълӣ, монанди “ба кор бурдан.” Бино бар таъриф, масдаре, ки бо исм ё сифат таркиб мешавад ва феъли мураккаб месозад, “ҳамкард” номгузорӣ шудааст.

Аз онҷо, ки ҳар як аз улгӯҳои сарфии забон маънои хоссеро мерасонад ва дар истилоҳшиносии ъилмӣ низ ҳар як аз улгӯҳо метавонад дорои шахсияти бомаъное бошад, имконоти забони форсиро барои тарҷумаи як мафҳуми физикӣ меозмоем. Ин мафҳум падидаи “gravitation”, яъне он хоссияти аҷсоми моддӣ аст, ки бар асари нерӯи зоидаи ҷирми худ якдигарро ҷазб мекунанд. Ин вожа дар забони инглисӣ исми масдари “to gravitate” аст, ки аслан аз вожаи лотини “gravis” ба маънои “сангин” ё “гарон” гирифта шудааст. Чунонки ошкоро дида мешавад, дар зоти ин истилоҳ мафҳуми сангинӣ ё гаронӣ вуҷуд дорад. Дар форсӣ онро чи метавон гуфт? “Ҷазб кардан”, “ҷалб кардан”, “кашидан”, “сангинӣ кардан”? Ҳамаи инҳо нотавонанд. Метавон онро тарҷума кард: “нерӯи ношӣ аз ҷирм ворид кардан ба” ё “ҷазб кардан бар асари нерӯи ҷирм”. Дар ин ки ин ъиборатҳо тӯлонӣ ва ғайри қобили истифодаанд, шакке нест. “Ҷазб кардан”, “ҷалб кардан” ва “сангинӣ кардан” батанҳоӣ на фақат мафҳумро чунон ки бояд намерасонанд, зеро бисёр куллӣ ва дупаҳлу ҳастанд, балки чунон ки хоҳем дид, аз ҳайси сохтмони мурфулужик низ короии каме доранд.

Аз диққат дар истилоҳҳои Фарҳангистон чунин бармеояд, ки кӯшишҳои он бештар дар заминаи “истилоҳшиносии вожагонӣ” будааст ва ба яке аз муҳиммтарин ҷанбаҳои истилоҳшиносии муназзами забонҳои урупоӣ, яъне “истилоҳшиносии мурфулужик”, чунон ки бояд, таваҷҷуҳ накардааст.

Усулан, нуктае, ки бояд ҳамвора дар истилоҳшиносии ъилмӣ ва фаннӣ дар назар гирифта шавад, ин аст, ки истилоҳҳо ҳарчи дақиқтар ва мунҳасир ба фардтар интихоб шаванд, зеро ин лозимаи диққати ъилмӣ ва муносибтарин роҳи расондани он мафҳум аст.

Озмуни истилоҳшиносӣ

Бо таваҷҷуҳ ба решашиносии масдар, ба назари нивисанда, расотарин муъодил барои он “гаронидан”, яъне сохтани масдар аз сифати “гарон” аст. (Албатта, “гаронидан” дар фарҳангҳо вуҷуд дорад, вале на ба ин маънои хос.) Ҷадвали зер намояндаи чанд имкони гуногуни забони форсӣ барои тарҷумаи истилоҳи ёдшуда ва муштаққҳои он аст. Сутуни якум аз самти чап муҳиммтарин истилоҳҳое ҳастанд, ки дар физик ва риштаҳои вобастаи он ба кор мераванд, сутуни дувум истилоҳҳои норасоест, ки бештар то чанд сол пеш ба кор мерафтаанд, сутуни севум мутаъаллиқ ба улгӯи истилоҳсозӣ бо истифода аз масдари мураккаб аст ва сутуни чаҳорум ба улгӯи масдари басит таъаллуқ дорад, ки имрӯза дар бештари нивиштаҳои марбут ба он ба кор меравад.

Истилоҳи инглисӣ Истилоҳҳои қадим Улгӯи масдари мураккаб Улгуи масдари басит
gravitate, to Ҷазб кардан Гарон кардан гаронидан
gravitation Ҷозиба Гаронкуниш Гарониш
gravitational Ҷозиба, ҷозибаӣ Гаронкунишӣ Гаронишӣ
gravitating Ҷазбкунанда Гаронкунанда Гаронанда
gravitated Ҷазбшуда Гароншуда Гаронида
gravity Сиқл, сангинӣ Гаронӣ Гаронӣ
gravimetry Сиқлсанҷӣ, ҷозибасанҷӣ Гаронисанҷӣ
gravimeter Сиқлсанҷ, ҷозибасанҷ Гаронисанҷ
graviton Гаровитун
gravipause Гарониист
gravisphere Гаронисипеҳр, гароникурра

Дар инҷо бояд нуктаеро дар бораи ин ҷадвал тавзеҳ дод. Шаш истилоҳи аввали сутуни якум вожаҳои дорои мурфемҳои вобастаанд (bound morphemes) ва панҷ истилоҳи баъд, ба ҷуз graviton аз мурфемҳои озод (free morphemes) ташкил шудаанд, ки камобеш ба таври мустақил ҳам ба кор мераванд ва дар зимн метавонанд мурфемҳои вобаста дошта бошанд. Аз ин рӯ, панҷ истилоҳи охири сутуни чаҳорум метавонанд дар сутуни севум низ ҷой гиранд. Баҳси мо бештар дар бораи шаш истилоҳи аввал аст ва овардани бақия барои муъаррифии муштаққҳои дигари мафҳуми “гарониш” будааст.

Таъкид мешавад, ки пояи сутуни чаҳорум бар ин фарз ниҳода шуда, ки ҳар муштаққи масдарӣ маънои хоссе барои худ дошта бошад. Чунонки мулоҳиза мешавад, истилоҳҳои сутуни чаҳорум, ки аз он масдари баситанд, нисбат ба сутуни севум камҳиҷотаранд ва фардияти бештаре доранд. Албатта, ҳамкарде, ки дар инҷо ба кор рафта, “кардан” аст, ки ду ҳиҷо бештар надорад. Агар ҳамкарди мо масдари пурҳиҷотаре бошад, ихтилофи ҳиҷоҳои сутунҳои севуму чаҳорум бештар хоҳад шуд. Барои пай бурдан ба ин ки муштаққҳои масдари мураккаб то чи андоза метавонанд мутаввал (тӯлонӣ) бошанд, метавон муштаққҳои “олудан”-ро бо “олуда кардан” ё “гаронидан”-ро бо фарзан “гарон гардонидан” муқоиса кард.

Нуктае, ки бояд ҳамвора дар истилоҳшиносии ъилмӣ ва фаннӣ дар назар гирифта шавад, ин аст, ки истилоҳҳо ҳарчи дақиқтар ва мунҳасир ба фардтар интихоб шаванд, зеро ин лозимаи диққати ъилмӣ ва муносибтарин роҳи расондани он мафҳум аст.

Яке аз хусусиятҳои масдари мураккаб дар забони ъилмӣ ин аст, ки дар истилоҳи мурфулужик моҳияти перогӯӣ (periphrastic) дорад, ки шояд битавон онро ба “итноби мумилл” ё ба мисли “луқмаро даври сар гардондан” ташбеҳ кард.

Забон, ъилова бар сифатҳои дигараш, як василаи иртиботӣ аст ва метавон қонунҳои назарияи иртиботро дар бораи он содиқ донист. Дар ҳар системи иртиботӣ ъомили музоҳиме вуҷуд дорад, ки дар фиристодану гирифтани паёмҳо ишкол эҷод мекунад ва дар физик ва муҳандисӣ ба он “нӯфа” (noise) гӯянд. Фаровонии ҳамкард дар забони ъилмӣ яке аз нӯфаҳо ба шумор меравад.

Аҳаммияти масдари басит

Бо таваҷҷуҳ ба инҳо, пас аз мутаваққиф шудани кори фарҳангистони пешин ин ишколоти сарфӣ таваҷҷуҳи бисёре аз касонеро, ки дастандаркори таълифу тарҷумаи ъилмӣ буданд, ҷалб карданд ва онон барои аз миён бардоштани душвориҳои тарҷумаи рӯзафзун аз забонҳои урупоӣ ба форсӣ ба аҳаммияти улгӯи масдари басит пай бурданд. Бавижа, мафҳумҳоеро, ки ҷанбаи байналмилалӣ доранд, чунонки расми забонҳои фаъъол аст, монанди ҷузъе аз вожагони забони форсӣ донистанд ва машмули қоъидаҳои дастурии он қарор доданд. Барои тавзеҳи бештар, ба ҷадвали зер таваҷҷуҳ шавад. Сутуни дувум, ки қаблан ба кор мерафта ва ҳанӯз гоҳ ба кор меравад, улгӯи беқоъидаест, ки ояндаи забонро таҳдид мекунад. Сутуни севум, ки бар мабнои сарфи феълии забони форсӣ сохта шуда, акнун то андозаи нисбатан зиёде ҷойи худро дар нивиштаҳои ъилмии форсӣ боз кардааст.

Истилоҳ Улгӯи қадимтар Улгӯи масдари басит
ionize Юнизе кардан Юнидан
ionization Юнизосиюн Юниш
ionic Юнӣ Юнӣ
ionizing Юнизон, юнизекунанда Юнанда
ionizer Юнизон, юнизекунанда Юнгар
ionizable Қобили юнизе, юнизобл Юнишпазир
ionized юнизе юнида

Чунонки аз сутуни дувум бармеояд, масдари мураккаб дар ин ҷо низ роҳи ҳалли басандае ба даст намедиҳад.

Теъдоде аз масдарҳои басите, ки дар солҳои гузашта дар забони ъилмӣ ва фаннии форсӣ сохта шудаанд ва ҳар як маънои хоссе доранд, инҳо ҳастанд:

Обидан, уксидан, набзидан, сахтидан, ошкоридан, пасобидан, ҳисобидан, қутбидан, ҷуфтидан, ҳолуженидан, дигароҳангидан, феҳрастидан, ҳамнавоидан, юнидан, барқидан, фалсафидан, софидан, вулконидан, тунукидан, пажвокидан, бозовоидан, кувонтумидан.

Масдарсозӣ аз исм аз хусусиятҳои зотии забони форсӣ аст. Чунонки аҳли таҳқиқ муътақиданд, форсии дарӣ дунболаи паҳлавӣ ё форсии миёна аст. Забони паҳлавӣ тавоноии сарфии бисёре дошта ва дар он аз исму сифат ва қайду замир масдари басит месохтаанд. Албатта, феъли мураккаб ва ъиборатҳои феълӣ дар забони паҳлавӣ вуҷуд дошта ва ҳамчунонки дар бораи забони форсии дарӣ низ содиқ аст, яке аз имконоти ин забон будаанд, вале теъдодашон бо феълҳои басит муқоисапазир нест.

Ҳамчунин, теъдоде аз масдарҳои маҳҷур дубора ба кор гирифта шудаанд. Аз ҷумла метавон масдарҳои зерро ном бурд:

Тошидан, десидан, тунҷидан, дӯсидан, табоҳидан, ниҳиштан, виростан, гушнидан, ужнидан, парошидан, румбидан, омудан, ҳилидан, халидан, шевидан, навидан…

Ба ъилова, теъдоде исми масдар низ ба таври мустақил сохта шудааст:

Ҷарақиш, идружениш, воруниш, дурустиш, вошишиш, фармониш, навардиш, постурезиш, фарзониш.

Албатта, мумкин аст назди бархе касон сохтани масдари denominative ё ба забони ғайриъилмӣ, масдари “ҷаълӣ” аз решаи исм ё сифат тобу бошад. Баъзе низ онро намеписанданд ва бо кори тафаннунии Тарзии Афшор, шоъири давраи сафавӣ, яке шуморанд. Оре, нақзи равиши ъилмӣ ва чашм бастан бар воқеъиятҳои чун офтоб бар мабнои пешдовариҳо дар забон низ монанди ҳар ҷои дигар дур аз вусъати назар ва озодманишӣ ва воқеъбинӣ аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Ъайнулқуззоти Ҳамадонӣ (ҳудуди 492-525-и ҳиҷрии қамарӣ): “Пас ҳар қавме дар ъолам ба вузуҳи асомие чанд махсусанд, ки дигарон аз он мустағниянд. Адибро бисёр маъонӣ дар санъати хеш аст ва фақеҳро нест ва мутакаллим ва наҳвӣ ва мунаҷҷимро ҳамчунин, ва табибу муҳосибу котибу ъарӯзиро ҳамчунин, ва ҷӯлоҳу ҳаллоҷу канносро ҳамчунин. Ва дар миёни юздорону боздорон ва сагдорон истилоҳе ҳаст, ки ишон аз он мустағнӣ нестанд. Ва ъалалҷумла ҳеч қавме наёбӣ, то во дуздон ва тарророн расӣ, илло ҳар қавме, ки истилоҳе доранд, ки дигаронро он истилоҳот маълум нест. Зеро ки асомӣ бар маъонӣ тавон ниҳод. Ва ҳар қавмеро ҳоҷат аст ба назар кардан ба маъонӣ, ки дигаронро ҳоҷат нест.” (2)

Хусусияти зотӣ

Вонгаҳе, сохтани масдар аз решаи исм ё сифат дар забони форсӣ ҳеч чизи тоза ва ъаҷибе нест ва чун ба сайри таҳаввулии забон бингарем, мебинем, ки дар ҳар давра бино бар эҳтиёҷ масдарҳои ҷадиде сохта шудаанд. Аҳли фан муътақиданд, ки масдарҳои зер ҳама ҷаълиянд:

Оғозидан, омосидан, бӯсидан, тарсидан, туршидан, ҷангидан, ҷӯшидан, чархидан, хамидан, хесидан, дуздидан, ранҷидан, шӯридан, ғалтидан, гумонидан, лангидан ва инҳо фақат чанд намунае ҳастанд.

Баъд аз ҳамлаи аъроб ба Эрон улгӯҳои забонӣ бар асари ба кор нарафтан кам-кам фаромуш ё маҳҷур шуданд. Дар давраи аввали забони форсии дарӣ, ки аз оғози ҳамлаи аъроб то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ аст, улгӯҳои бозмонда аз паҳлавӣ, масалан пешвандҳо ва пасвандҳо ва масдарҳои басит бештаранд. Вале баъдҳо бар асари фузунӣ гирифтани вожаҳои ъарабӣ масдарҳои мураккаб фаровон мешаванд, зеро вожаҳои ъарабиро машмули қоъидаҳои дастурии форсӣ намекарданд. Аз қарни ҳафтум пешвандҳои феъл низ аз ривоҷ меуфтанд. Ҳатто бисёре аз феълҳои басит ҷои худро ба феълҳои мураккаб медиҳанд.

Усулан, тарҳи матлаб бад-ин сон саҳеҳ наменумояд, зеро масдарсозӣ аз исм аз хусусиятҳои зотии забони форсӣ аст. Чунонки аҳли таҳқиқ муътақиданд, форсии дарӣ дунболаи паҳлавӣ ё форсии миёна аст. Забони паҳлавӣ тавоноии сарфии бисёре дошта ва дар он аз исму сифат ва қайду замир масдари басит месохтаанд. Албатта, феъли мураккаб ва ъиборатҳои феълӣ дар забони паҳлавӣ вуҷуд дошта ва ҳамчунонки дар бораи забони форсии дарӣ низ содиқ аст, яке аз имконоти ин забон будаанд, вале теъдодашон бо феълҳои басит муқоисапазир нест. Барои пай бурдан ба нерумандии ин забон дар сохтани масдарҳои басит ба чанд намунаи зер таваҷҷуҳ шавад:

Гӯшитан (=гӯшидан: гӯш додан), ҳушитан (=ҳушидан: фаҳмидан), кинитан (=кинидан: кин доштан), хушнитан (=хешидан: ихтисос додан), вочитан (=вожидан: сухан гуфтан), фармӯшитан (=фаромӯшидан: фаромуш кардан), ичнитан (=ҳичидан: ҳич кардан), виноситан (=гуноҳидан: гуноҳ кардан), поспонитан (=посбонидан: посбонӣ кардан).

Баъд аз ҳамлаи аъроб ба Эрон улгӯҳои забонӣ бар асари ба кор нарафтан кам-кам фаромуш ё маҳҷур шуданд. Дар давраи аввали забони форсии дарӣ, ки аз оғози ҳамлаи аъроб то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ аст, улгӯҳои бозмонда аз паҳлавӣ, масалан пешвандҳо ва пасвандҳо ва масдарҳои басит бештаранд. Вале баъдҳо бар асари фузунӣ гирифтани вожаҳои ъарабӣ масдарҳои мураккаб фаровон мешаванд, зеро вожаҳои ъарабиро машмули қоъидаҳои дастурии форсӣ намекарданд. Аз қарни ҳафтум пешвандҳои феъл низ аз ривоҷ меуфтанд. Ҳатто бисёре аз феълҳои басит ҷои худро ба феълҳои мураккаб медиҳанд. Монанди:

Окандан –> пур кардан, осудан –> истироҳат кардан, олудан –> олуда кардан, андӯдан –> андуд кардан, шитофтан –> шитоб кардан, шоистан –> шоиста будан, ситадан –> пас гирифтан, бехтан –> элак кардан, баюсидан –> мунтазир будан.

Хушбахтона, забони ъилмии форсӣ дар гароиши ҷадиди худ ба сӯи тавоноӣ ва ғинои бештар … муъодили истилоҳҳои возеҳи ъилмиро месозад. Аз ин рӯ, танҳо маъное, ки масалан ба масдари “обидан” дар ъилм дода шудан, ин аст: “таркиб кардан бо об.”

Дар натиҷа, акнун аксари феълҳои форсӣ “кардан” ва “сохтан” ва “шудан” ва ғайра аст ва дар бисёре маворид метавон ҷои онҳоро бо ҳам ъиваз кард (ва ъиллати дигаргун шудани маънои аслии масдари “намудан” худдорӣ аз такрори фаровони “кардан” будааст).

Албатта, дар ин миён, теъдоде масдари ҷаълии дурага низ сохта шудаанд, ки инҳо ҳастанд:

Фаҳмидан, фаҳмондан, қабулондан, балъидан, талабидан, рақсидан, рақсондан, ғоратидан, шалидан, сарфидан (=фоида доштан).

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*