Ҳафт фарнуди меҳодин (далели аслӣ)-и носозгорон бо полойиши забони порсӣ

 Ориё Сарвар

 Пурсишҳои носозгорон:

 1- Забон, забон аст дигар чи ин, чи он, омоҷ (ҳадаф) танҳо пайванди миёни мардум аст.

 2- Забони пок ва сара ҳеч ҷойи ҷаҳон надорем ва доштани вомвожа чизе баҳанҷор аст.

 3- Ниме аз забони инглисӣ вомвожа ҳаст; вале забони инглисӣ бисёр комёб аст.

 4- Забони форсӣ ба ангезаи вожаҳои арабӣ, забоне фохир аст ва бе онҳо лухту бараҳна ва “алкан”(гунг)!

 5- Забони порсии сара хандадор ва ришхандист (масхара аст).

 6- Забон чун пӯёст, пас бигзорем, ки вожаҳо бо раванди “табиъӣ” биёянд ва бираванд.

 7- Забон дар пешрафт ё вопасмондагии гӯяндагони он забон, ҳануд (таъсир) надорад.

 Ва аммо посухҳо:

 1- Забон, забон аст дигар чи ин, чи он, омоҷ танҳо пайванди миёни мардум аст.

 Омоҷи як ҳоҷӣ, рафтан ба Макка аст. Ӯ ҳам метавонад аз ҳавопаймо ва ҳам аз шутур барои ин кор баҳра биҷӯяд. Ҳар дуи ин абзор, ӯро ба Макка мерасонанд. Пас оё он ду абзор яксон ва ҳамарзишанд? Посух, «на» ҳаст. Дар бораи забонҳо ҳам ҳамин сухан равост.

 Короӣ ва тавоноии расонаӣ ва пурмоягию осонӣ ё сахтӣ, зебоӣ ва … ҳар забоне баробари забони дигар нест. Пас ин гузора, ки ” забон забон аст, чи ин ва чи он” як сафсата беш нест; чиро ки вежагиҳои меҳанд забонҳоро ба фаромӯшӣ месупорад. Монанди ин ки бигӯем, ки муш ва наҳанг яксон ҳастанд; чун ҳар ду бачча мезоянд.

 2- Забони поку сара ҳеч ҷойи ҷаҳон надорем ва доштани вомвожа чизе баҳанҷор аст.

 Вомвожа, чунонки аз номаш пайдост, вожае буда, ки забоне надошта ва ночор онро вом гирифта, он ҳам аз роҳ доду ситади фарҳангӣ, донишик ва фандӣ. Монанди телевизиюн, комюн, самовар ва …

 Вожае, ки ҷойи як вожаи ҳамсонро гирифта бошад (монанди «ташаккур», ки ҷойи сипосро гирифта ва ин вожаро берун карда) вомвожа нест ва аз роҳи додуситади фарҳангӣ ҳам наомада, басо, ки зӯрвожа аст, ки бо шамшер омада ва бо забон ва калаки чоплусони бегонапараст густариш ёфта.

 Аз ин гузашта, 70 дарсади забони мо вожаҳои тозианд, пас ин дигар доду ситади фарҳангӣ набуда, юриши биёбонӣ будааст.

 Пас ин сухан ҳам сафсатаи санҷишнобаробар (қиёси маъалфориқ) аст.

 3- Ниме аз забони инглисӣ вомвожа ҳаст; вале забони инглисӣ бисёр комёб аст.

 Забони инглисӣ як забон бо решаи миёнаии жерманик ва аз решаи бунёдини ҳиндуурупоист. Вомвожаҳои забони инглисӣ низ камобеш аз ҳиндуурупоӣ (лотин) ҳастанд. Пас ин вом аз як забони ҳамсоз, ҳамсохтор ва наздику ҳамрешаи инглисӣ гирифта шуда ва на аз як забони саросар бегона ва ноҳамреша, монанди забони сомии арабӣ, ки ноҳамсохтор бошад ва носоз. Агар мо ҳам вомвожа аз ҳиндӣ ё курдӣ ва суғдии куҳан гирифта будем (ки гирифтем) ҳеч боке набуд; чун хор дар тани забони мо нестанд, басо ки бародарон ва хоҳарони забони порсианд.

Пас ин сухан ҳам боз сафсатаи санҷишнобаробар буд, ки “нобаробарӣ” дар он, ҳамон сомона ва сохтору ноҳамсозӣ ё ҳамсозии ин «вомвожа»-ҳост.

 4- Забони форсӣ ба ангезаи вожаҳои арабӣ, забоне фохир аст ва бе онҳо, лухту бараҳна ва “алкан”!

 Фирдавсӣ бо сурудани «Шоҳнома» посухе дархур ба ин сухани беҳуда додааст, бо камтарин корбурди вожаҳои тозӣ, болотарин шоҳкори забони порсиро офарида, ки саршор аз пиндора ва гавҳар аст.

 Рӯдакӣ ва Балъамӣ ва дигарон ҳам нивиштаҳои порсии камобеш сара доранд, ки гӯёии тавоноии забони порсӣ буда; вале гурӯҳе тозипараст ва шефтагон ба душманони пирӯзманд, ҷомаи бошукӯҳи худии забони порсиро аз танаш дароварданд ва ҷомаи бегонаи тозиро бар ӯ пӯшониданд (чиро ки аз диди равонӣ, мардуми шикастхӯрда, душмани пирӯзмандро дар равони нохудогоҳ худ бартар аз худ дониста ва мекӯшанд худро ба онон бибанданд, ки ин ҳам ҳамвора баҷо нест).

 Омоҷи мо ҳам берун кардани ин ҷомаи ноҷӯру нораво ва бадарднахӯри бегона аст, ки мо пас аз пӯшидани он, ҳеч дастоварди андешаву дониш ва фанд ва … надоштаем, ки шоёни ёдоварӣ бошад ва ҷуз офтоба ба ҷое нарасидаем, чунонки мебинед ва пӯшонидани дубораи ҷомаи худамон аст, ки бо он, бартарин андешаҳо аз “Маншури ҳуқуқи башар”-и Куруш ва хирадгароии Зартушт гирифта то сусиолисми Маздак ва андешаи Монӣ ва панди Бузургмеҳр ва донишгоҳи Гунди Шопур ва «Шоҳнома»-ро падид оварда ва ҳазор сол, ҳамвора яке аз ду кишвари нерӯманди ҷаҳон будем.

 Пас ин ҳам боз сухани беҳудаи касонест, ки шефтаи ин ҷомаи бегонаанд ва чунон менамоянд, ки мо пеш аз ин воми ҷомаи зӯрчапон, бараҳна ва безабон (аҷамӣ ва алкан!) будаем.

 4 б- Бо порсисозӣ Ҳофиз ва Хайёмро аз даст медиҳем!?

 Яке дигар аз сафсатаҳои душманони порсисозӣ ин аст, ки гӯё бо порсисозӣ, Ҳофиз ва Хайём (! ) ва Саъдӣ ва ..ро аз даст медиҳем; чун онҳо чанд дарсаде вожагони тозӣ ба кор бурдаанд, ки ёвае беш нест. Ҳамакнун ҳам барои хондани Саъдӣ ниёз ба вожанома аст. Порсисозӣ, канор ниҳодани вожагони тозӣ, дар гуфтори рӯзона ва дар донишу фарҳангу нивиштор аст ва на нораво (мамнӯъ) кардани он.

 Равшан аст, ки касе, ки фиқҳ мехоҳад бихонад ё чомаҳои пур аз вожагони арабӣ, метавонад ин вожагонро барои кори худаш ёд бигирад. На ин ки ба воруна ба ангезаи ин гуна корбурдҳои андак монанди фиқҳ ва чанд то девон, забони порсиро аз мудерн шудан ва зоё шудан боздорем. Дар кишварҳои урупоӣ ҳам адабсори “клосик”, ки вожаҳои куҳани лотин ва … дорад, ҷойи худашро дар наскхонаҳо ва музеҳо дорад ва касеро аз хондани онҳо бознадоштаанд.

 Равшан аст, ки агар андешаи дурахшоне дар девонҳо бошад, худ ба худ рӯ меояд ва бар сари забонҳост; ҳарчанд, ки вожагони тозӣ дар он ба кор рафта бошад; в-агарна наметавон мурдаро ба зӯр зинда нигаҳ дошт.

 5- Забони порсии сара хандадор ва ришхандист (масхара аст).

 Ҳар сухан ва вожаи ноошно, хандадор менамояд; вале мардум ду гурӯҳанд: гурӯҳи фарҳангида (фарҳехта), ки пеш аз ханда, каме ҳам андешашонро ба кор меандозанд, ки оё ба вожаҳои забони меҳодин ва худиам ва забони ниёконам бихандам ё на ва гурӯҳе бефарҳанг ва ноогоҳи ҳарзаханд, ки барои онон забону фарҳанг беарзиш буда ё арзише баробари як “sms” хандадор дорад.

 Дар гузашта ҳам гурӯҳе аз ин бефарҳангон ва тозипарастон ба вожаҳое чун “додгустари” ба ҷой “ъадилия” ва “шаҳрбонӣ” ба ҷойи “назмия” ва “бознишаста” ба ҷойи “мутақоъид”! ва “дабистон” ба ҷойи “мактаб” ва … инон механдиданд. Агар мо ба ришханди ингуна бефарҳангон ва душманпарастон баҳо медодем, ҳанӯз ҳам номи “Теҳрон”, “Дорулхилофаи Теҳрон” буд ва ҳанӯз ҳам дар дабистон (бибахшед мактабхона!) ба “дамосанҷ” мегуфтем “мизон-ул-ҳарора”.

 Пас ин сухан ҳам танҳо гӯёи бефарҳангӣ ё ноогоҳии гӯяндаи он аст.

 6- Забон чун пӯёст, пас бигзорем, ки вожаҳо бо раванди “табиъӣ” биёянд ва бираванд.

 Одамӣ ва созмонҳои ҳамбудин (иҷтимоъӣ) низ бахше аз “табиъат” ҳастанд. Имрӯз мо бо дасткории женҳо ва … гандум ва гуҷафарангии беҳтаре дуруст мекунем ё доруҳои корсозе фаромеоварем (тавлид мекунем) ва бо сохтани конолҳо, аз тундобҳои вайронгар пешгирӣ мекунем ва бо сохтани оббандҳо, энержӣ падид меоварем, ки ҳамаи инҳо, корёри беҳзистии мо ва дар ростои хушбахтии ҳарчи бештари мардумонанд. Агар мехостем, ки дар ҳар ҷое ба раванди “табиъӣ” майдон бидиҳем, боистӣ пизишконро аз кор бардорем, ки ҳар кӯдаке, ки бемор шуд ва худаш беҳбуд наёфт, ба гунаи “табиъӣ” бимирад ва ҳар, ки аз паси сармохӯрдагиаш барнаёмад, ба гунаи “табиъӣ” бимирад ва дигар боистӣ даст аз пинисилин, ки дастбурд дар кори “табиъат” аст, бармедоштем.

 Забони порсӣ ҳам як падидаи пӯё ва ҷондор монанди як кӯдак аст ва бар мост, ки аз огоҳиҳо ва абзори худ суд бибарем, ки ин забон “даймӣ” нашавад ва аз бемориҳо ва кажиҳо барканор бимонад. Дар пайи ҳамин андешаҳои хирадмандона буд, ки дар Эрон (ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон) Фарҳангистони забон падид омад, ки пизишк ва роҳнамое барои забон бошад (агар бузро боғбон накунем!).

 Худи Фарҳангистони кунунӣ ҳам дуруст дорад ҳамин кори полоишро анҷом медиҳад, вале хуб, ба ҷони вомвожаи фарангӣ уфтода, ки бештар ба ангезаи “таъаҳҳуд аст то тахассус”!

 Аз ин рӯ, ин сухани носозгорон бо полоиши забон низ, бархоста аз ноогоҳӣ ё агар аз рӯйи огоҳист, ҳамон забонзади “як бому ду ҳавост”.

 7- Забон дар пешрафт ё вопасмондагии гӯяндагони он забон, ҳануд (таъсир) надорад.

 Забон бахши бисёр бузурге аз фарҳанг аст ва пояи андеша ба шумор меравад. Забон ва андеша дар пайванди дусӯяи деолектикӣ бо ҳам ҳастанд. Вожаҳо ба андешаҳое пайкар медиҳанд ва боз ин андеша аст, ки ба пайдоии вожаҳои навин меанҷомад. Мағзи одамӣ метавонад бо омоиш (таркиб)-и пиндораҳо, пиндораҳои навине, ки ниёзашро бароварда мекунанд ё ба ангориши пару бол мебахшанд, падид биёварад. Мағз монанди як меҳроз (меъмор) аст, ки натанҳо аз оҷурҳо суд меҷӯяд, ки сохтмонеро бисозад, басо ки оҷурҳои навине низ падид меоварад. Ў “асб ва “бол”-ро бо ҳам омуда ва “пегосус” (асби болдор)-ро дар вири худ падид меоварад ва барои он достон мебофад ва аз рӯйи ин улгӯ, замоне ҳам ба андешаи сохтани ҳавопаймо меуфтад. Жул Верн тавонист пиндораи зердарёиҳои навини атумиро пеш аз падиди онҳо дар достони “20 ҳазор фарсанг зери дарё” падид биёварад чун мағз ва андешаи ӯ ба пиндораҳои зерсохтии фандӣ ва физикӣ ва … ошно буд. Равшан аст, ки агар Жул Верн дар Арабистон зода шуда ва забони ӯ дорои вожаҳо ва пиндораҳое монанди пайсутун, мутур, фишори об, парвонаи чархишӣ, нури фусфурӣ, корвожаҳои дарёнавардӣ ва новбарӣ ва даҳҳо ва садҳо вожаи боистаи дигар набуд, шутурчарони хубе аз об дармеомад ва шояд достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-ро менивишт; вале на “Пиромуни ҷаҳон дар 80 рӯз” ё  “Обхасти розомез”.

***

 Камобеш ҳамаи офаридаҳои фалсафии ҷаҳон ба забонҳои ҳиндуурупоӣ ҳастанд (он ҳам, ки Пури Сино ва … ба арабӣ нивишта, баргардон аз Эрони бостон, юнонӣ ва … буда ва тоза забони модарии худи Пури Сино ва Хайём ва Розӣ ва Форобӣ ва Абурайҳони Берунӣ ва … ҳама порсии камобеш сара будааст). Оё аз худ пурсидем, чиро? Чиро наметавон пиндораҳои сухани Ничеро ҳтто бо беҳтарин бозгардонҳо, ончунон дарёфт, ки бо забони меҳодини он, олмонӣ? Чун дар он забон вожаҳое ҳастанд, ки намоёнгари пиндораҳои вежа ҳаст, ки дар забонҳои дигар ҳамто надорад. Ё дар физики квонтум, ҳатто инглисиҳо ҳам вожаҳои монанд Eigenwert-ро аз олмонӣ гирифтаанд ва ҳамонгуна ба кор мебаранд; чун баробаре гӯё дар забони худ наёфтанд.*

Роёнае ба номи «мағз» аз кӯдакӣ бо равиш ва сомонаи забони модарии худ ошно мешавад ва он “олгуритм” ва “фарнудсор” (мантиқ), ки дар забон ниҳуфтааст дар мағзи ӯ ҷойгузин шуда ва монанди чӯбе, ки дар канори ниҳоли навнишонда фурӯ мекунанд, ки ба рӯиши ӯ росто бидиҳад, ростоӣ ва тавони андешаи зиндагӣ ӯро росто мебахшад. Мо эрониён монанди инглисиён “ба пойин намеафтем”, мо “замин мехӯрем”. Инглисиён “сарморо мегиранд”, олмониён “худро ба сармо медиҳанд” ва мо “сармо мехӯрем”.

 Андешаи кӯдаки араб, гирифтори ҳамон колбудҳои забонаш аст. Дар забони арабӣ решаҳо дар колбудҳо (қолаб)-ҳо рехта мешаванд ва касе наметавонад колбудшиканӣ карда ё колбуди тозае бисозад. Барои намуна решаи “к т б” дар колбуди коргирии “мафъул” рехта мешавад ва мешавад мактуб. Касе наметавонд барои намуна, вожаи катмаб бисозад; чун колбуди “фаъмал” надоранд.

 Барои намуна, онон барои номи ҷойгоҳ, як колбуд доранд. Барои намуна мустароҳ = ҷой истироҳат, мадраса = ҷой дарс. Дигар колбуди дигаре дар даст нест. Агар ин ҷойи омӯзиш бузург бошад, ҳамон мадраса аст ва кӯчак ҳам бошад ҳамчунин. Омӯзишгоҳ ва омӯзишкада ва омӯзишсарой ва … ҳама мадрасаанд.

 Барои ҳар кор ва пиндораи навин, ки дар ҷаҳон падид ояд, араб ночор аз гузоштани як чам (= маънӣ)-и фаротар бар як решаи дар дастрас ё ёфтани решае навин аст; чиро ки омоиш (таркиб) дар он забон раво нест ва ҷое надорад. Барои намуна, вожаи фурӯбор (донлуд) кардан, дар арабӣ нест ва боистӣ решае бисозанд ё бар решае куҳан, як чами дигар биафзоянд. Аз ҳамин рӯст, ки бисёре аз решаҳои забони арабӣ, дорои чандин бори пиндораӣ ҳастанд, ки танҳо дар бофтори сухан ё нивишта, метавон гумон бурд, ки кадом пиндора дар онҷо, ба кор рафтааст.

 Б. н. Корогоҳ ( детектив) як пеша ва як пиндораи навин аст. Мо аз вожаи паҳлавии корогоҳ (= устод дар кори худ), ки омудае аз кор ва огоҳӣ аст суд ҷустем; вале араб чун корвожае барои ин кор надорад, баробарҳои зерро ба кор бурда:

 Раҷул-ут-таҳаррӣ, ав-мабаҳис, мухбиру таҳаррин (Ал-қавомис)

 Ё мо барои корвожаҳои навини «донлуд» ва «оплуд» метавонем ба осонӣ бигӯем “фурӯбор” кардан ва “фаробор” кардан; вале араб гир мекунад; чун решае, ки ин корро бирасонад надорад ва бояд ё бисозад ё як решаи дигарро боз ҳам бо ин чами навин, сангинтар созад.

 Набудани шоянди омоиш (имкони таркиб) дар забони тозӣ, дасту пойи забон ва андешаи ононро баста ва мағз ба омоиши пиндораҳо хӯ нагирифта ва ончиро, ки мо бо як вожа менамоёнем, онон дар ду ё чанд вожа анҷом медиҳанд. Барои намуна, инглисӣ мегӯяд “айрмил”, ки мо дар порсӣ метавонем бигӯем “ҳавопуст” вале андешаи арабӣ танҳо метавонад бигӯяд “пуст ҳавоӣ” (афзоиши ду вожа ба ҳам) = ал-барид ҷаввӣ.

 Пас мебинем, ки дар ҷое, ки забонҳои ҳиндуурупоӣ дастикам ду гузина доранд: ҳавопуст ва пуст ҳавоӣ, арабӣ як гузина бештар надорад.

 Яке дигар аз костиҳои андешаи колбудӣ ин аст, ки агар пиндорае фарои колбудҳо ҳам бошад, боистӣ онро ба зӯр дар як колбуди наздиктар чапонд.

 Барои намуна, дар забонҳои ҳиндуурупоӣ, ба “мусаллас” мегӯянд “три ангал” секунҷ ё сегӯша, (сегӯш). Акнун ду кӯдаки тозадабистонӣ, яке арабӣ ва яке ҳиндуурупоиро бинигоред, ки ҳанӯз ҳандаса нахондаанд ва пиндораи ҳандасии “мусаллас” (Ал-қавомис)-ро намешиносанд. Кӯдаки араб ба колбудҳо ошност ва медонад, ки колбуд “муфаъъал” монанди мушаббак (шабака-шабака), ё мушаҷҷар (дарахтдор) чи бармеоварад. Ва решаи сулсро ҳам мешиносад (= се). Кӯдаки ҳиндуурупоӣ ҳам медонад, ки се, кадом пиндора аст ва кунҷ ва гӯша ҳам чист. Пас кӯдаки араб ду огоҳӣ дорад, яке чами реша ва дигаре кори колбуд ва бо шунидани номи мусаллас, медонад, ки ин як “чизе”ст, ки “сетоӣ” аст. Кӯдаки ҳиндуурупоӣ ҳам медонад, ки чами решаҳо чистанд. Акнун агар ба ин ду, ки ҳаргиз то кунун як мусалласи ҳандасӣ надидаанд, ҳар кадом як барг бидиҳем, ки дар он, нигораҳои гуногун, монанди гиёҳи себарг, нардабони сепилла ва … ва саранҷом як мусалласи ҳандасӣ ҳам дар он бошад, кӯдаки ҳиндуурупоӣ бо доштани огоҳии бештар, ки сегӯша, чизе аст, ки се то гӯша дорад, зудтар суроғи рехти ҳандасии сегӯш меравад, дар ҷое, ки кӯдаки араб, ки аз вожаи мусаллас танҳо медонад як чизи сетоиро бояд биёбад, гир мекунад чун намедонад се то чи? Се то пилла? Се то гӯша, се то поя?

 Б.н. Мо ба “трипуд” мегӯем сепоя (три = се+пуд = пой). Араб чун мусалласро барои ҳандаса ба кор бурда ва се ва поро наметавонад бо ҳам биёмояд, ночор аст рӯй ба ҳамтоҳои дигар оварда ва бар чами як ё чанд вожаи куҳан биафзояд:

 Ҳаммола, сиба, миҳаффа, маҳмал, маҳмил, минсаб, наққола (Ал-қавомис)

 Б.н. Мо ба осонӣ ба ҷой уктопус ҳамонгуна мегӯем ҳаштпо (укт = ҳашт + пус= по). Араб дар инҷо гир мекунад; чун ба содагӣ наметавонад ҳаштро бо по дар як вожа биёмояд. Ин аст, ки мегӯяд: ухтубут! (Ал-қавомис)

 Барои намуна дар забони олмонӣ корвожаи umdenken= um + denken ~ rethink (denken = андешидан) ҳаст, ки ба чами дигаргун сохтани андеша аст ва забони олудаи мо тавоноии ёфтани баробари гӯёе барои ин вожаро надорад ва шояд битавон бо чашмпушӣ, корвожаи наздики “бозандешидан”-ро ба ҷойи он ниҳод; вале дар арабӣ ҳамин андак ҳам шуданӣ нест; чун чунин решае дар забонашон ёфт намешавад ва боистӣ бигӯянд “тағйири тафаккур” ё чизе ҳамонанди ин ё яке аз решаҳои дигарашонро ба ҷойи ин ҳам ба гории шикастаи забони “комил”-и арабӣ бибанданд.

 Пас андешаи ҳиндуурупоӣ, ки ҳам колбудвораҳои озодро дорад [монанди решаи корвожа + анда = корвар (фоил), намунаи гӯянда = гӯй + анда = касе, ки мегӯяд] ва ҳам тавони омоишро дорад, роёнаи нерунии мағзро бо тавони омоишӣ бо роҳҳои пуршумори омоишик ( камбинотурик) парвариш медиҳад ва забони арабӣ, андешаро дар занҷири колбудҳо дар банд мекашад.

 Шояд гуфта шавад, ки мо дар забони кунунӣ, ҳар дуи ин “бартариҳо”! ро дорем, на чунин нест; чун ин ду, ду раванд дар ростоҳои ситезандаанд. Кори кӯдаки эронӣ аз араб ҳам сахттар аст ва миёни ду роҳ гир карда: нишастаам ба миёни ду дилбар ва дудилам. Як мағз монанди як роёна, тавони шуморгарии марзманд дорад ва агар тавони он дар чанд шоха ва барои чанд гумоштагӣ (таск) дар роҳ бошад, ҳаргиз тавони 100 дарсади худро дар росто ба кор намебарад ва ҳамин коҳиши тавон, барои шуморгари зуболаҳои тозӣ ба коҳиши тавони саросарӣ меанҷомад.

 Медонем, ки дигарсонӣ миёни як одам ва як маймун ҳам танҳо дар камтар аз як дарсади женҳои онҳост ва дар миёни одамҳо ҳам, касе, ки 100 дарсад тавони мағзиро дар як росто ба кор мебарад, ҳамвора пешравтар аз касест, ки ҳамон мағзро дорад; вале тавони онро барои чанд кор (тоск) бахш карда ва наметавонд дар як росто, тавони 100 дарспдро ба кор гирад.

 Ба гувоҳи торих ҳам мебинем, ки араб дар 2000 сол ҳеч навоварӣ, андешаи навин, ёфтаи навин, сохтаи навин ва чизе, ки боре аз дӯши мардумон ва ҷаҳониён бардорад, падид наёварда ва ҳамвора гусоранда (масрафкунанда) ё чаповулгар буда. Эрониён ҳам аз ҳазор соли пеш, ки олудаги забонашон оғозид чизи чандоне барои ҷаҳониён ё дастикам барои худашон ба даст наёвардаанд.

 Кӯдаки эронӣ, ки тоза пой дар клоси ҳандаса мениҳад бо вожаҳое чун “мусалласи мутасовиюлазлоъ”! рӯдаррӯ мешавад ва гурезон аз ҳандаса ва дастури забон (мозии илтизомӣ!) ва адабсор ё ҳамон “адабиёт” (таҷзия ва таҳлил, накара, муъаррифа, шибҳиҷумла!) ва маздоҳик ё ҳамон “риёзиёт” (муштаққи сонӣ мунҳании ҳазлулии мумос бар …) ва фалсафа ва мантиқ (илаҳ-ул-ъилал, воҷибулвуҷуд! қиёси маъалфориқ!) ва ман паймон мебандам, ки бештари хонандагон ҳатто донишомӯхта ҳам ҳанӯз намедонанд, ки “сафсатаи қиёси маъалфориқ” ба чи чамест ва аз бех ба чи мегӯянд!

 Ин гирифтории андеша дар колбудҳо ва рехтҳо чунон миёни мо бедод мекарда ва мекунад, ки дар гузашта, касоне ба номи “ъаризанавис”-ҳо бояд як номаи девонӣ ва дархости содаро дар колбудҳои пешсохта мерехтанд, ки девониён дастикам нигоҳе ба он биандозанд.

 Кӯтоҳсухан, замоне ки тавони омоишгарӣ ва пардозишгарии мағз костӣ меёбад, тавони навоварӣ ва тавони ингору пиндор ва навпиндор (иможиносиюн, фонтезӣ, аннувосиюн) аз миён меравад; ҳамон тавони навофаринӣ ва навоварӣ, ки пояи андешаҳои нав, сохтаҳои нав, фандҳои нав, донишҳои нав ва ҳунарҳои навин аст.

 Ин аст, ки ҳеч чизи наве “ба фикрамон” намерасад ва ҳамвора бо пайравӣ ва баргардонҳо ва тарзабонҳо аз бегона зиндаем ва дар “купӣ” кардан устод шудаем; он ҳам пас аз солҳо деркард. Аз рус ва куре ва инҷову онҷо, чизҳои мехарем ё медуздем ва номашро мегузорем “фанноварии шигифтангези донишмандони мутаъаҳҳиди кишвар”.

***

 Аз сӯи дигар, ҳамонгуна, ки гуфтем, фарнудсор (мантиқ) ва сохтори дарунии забон ҳам як коргузор (фоктур, ъомил)-и дигар аст, ки бо пешрафт ва навоварӣ ва андешапарварӣ сарукор дорад. Барои намуна, мо дар порсӣ корвожаи “пурсидан”-ро дорем ва ҳамчунин корвожаи “бозпрсидан” ва дар мағзи худ медонем ки “бозпурсидан”, як ҷӯре аз “пурсидан” аст ва агар ҳам то кунун вожаи “бозпурсӣ” ё “ҳамапурсӣ”-ро надониста бошем, боз ҳам мағзи мо ба осонӣ “ҳама”-ро бо “пурсидан” меомояд (таркиб мекунад) ва камобеш дармеёбем, ки ин як ҷавр пурсидан аст аз ҳама, ё ин ки ҳама чизеро мепурсанд ва саранҷом ба он чам мерасем; вале забони тозӣ барои ҳар кадом аз инҳо, як реша ниёз дорад, ки ҳеч гуна пайванди вожагонӣ ҳам бо ҳам надоранд; яке ҳаст савол ё истисфор! Яке ҳаст истақса ва дигаре мешавад истатлаъа раъя-ял-ҷумҳурӣ! (= ҳамапурсӣ). (Ал-қавомис)

 Пас дар инҷо як мағз, ки бо забони ҳиндуурупоӣ парвариш ёфта, миёни вожагон, ки чамҳои наздик доранд аз бахшҳои худи ҳамон вожа, пайванди миёни вожагонро барпо месозад ва ҳамвора як шабакаи вожагонӣ, ки ба ҳам пайвастаанд (линк шудаанд) дар вири ӯ омода аст. Ӯ метавонад дар гоҳи ниёз ба тундӣ як созаи дигарро падид биёварад ё дигаргун кунад. Барои намуна, корвожаи “ҳарзпурсӣ”-ро бисозад. Шумо ҳам то кунун ин вожаро нашунидаед чун ман ҳамин акнун сохтам; вале бедиранг медонед, ки ин ба чами пурсиши беҳуда ва пуч аст!

 Вале олудагӣ бо равиши андеша ва забони араб, бисёре аз моро ҳам аз инкори боздошта ва мағзамонро кунд кардааст ва ин ки акнун инҷӯр навовариҳо афзоиш ёфта, бештар дар пайи кӯшишҳои сарагӯён ва порсидӯстон аст ва гарна ҳанӯз бештаринаи мардум гирифтори ин зиндонанд.

 Дар пайи олудагӣ ҳарчи бештар ба вожаҳое ва андешори тозӣ, акнун мо бештар корвожаҳоро дар ду ё чанд бахш, бо “кардан” ба кор мебарем: тахриб кардан! (Он ҳам дар ҷое, ки тахриби худаш ҳамон “хароб кардан” аст!), ташвеқ кардан, тақозо кардан, тавзеъ кардан, таъсис кардан ва … кор ба ҷое расида, ки ба ҷойи “гиристан”-и порсӣ ҳам мегӯем “гиря кардан”!-и нивиштаҳо ва гуфтаҳои мо пур аз “кардан” ва “ба амал овардан” аст! Корвожаеро, ки ҳамчун забонҳои наёлудаи ҳиндуурупоии дигар, якпорча метавонистем бигӯем, монанди пурсидан (аск дар инглисӣ) мегӯем пурсиш кардан, савол кардан! Ин гуна боз ҳам, бору ранҷи шуморгари роёнаи мағзии худамонро афзоиш дода ва короии онро мекоҳем.

 Дарознивишт ва кӯтоҳсухан:

 * Забони тозӣ, гирифтори колбудҳост ва андешаро низ ногузир дар ҳамон марз гирифтор карда.

 * Созаҳои забони тозӣ, гӯёии созаҳои забонҳои ҳиндуурупоиро надоранд.

 * Вожагони тозӣ ба ангезаи набудани навоварӣ ҳар кадом бо чанд чам бор шудаанд, ки забонро гунг карда.

 * Забони тозӣ ҷойи омоиши пиндораҳоро дар вожагон надорад ва тавони омоишгарии андешаро аз миён мебарад.

 * Забони тозӣ, тавони навоварӣ ва колбудшиканиро аз миён мебарад.

 * Олудагии забони тозӣ, мағзи моро аз коркарди 100 дарсад дар як росто боздошта.

 * Олудагии забони тозӣ, тавони пайвандсозӣ миёни вожагон/корвожагонро аз мо гирифтааст. (То ҷое, ки Фарҳангистони мо ҳам намедонист, ки фарсоиш бо соиш дарпайванд аст!)

 *  Олудагии забони тозӣ, фурӯзаҳои равшангӯӣ ва кӯтоҳгӯии забони порсиро коста (= тақлил додааст!).

——————————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*