Фарҳангистон ва забони мардум: нигоҳе гузаро ба коркарди чанд коргурӯҳи Фарҳангистон

Аббос Салимии Онгил (дабири коргурӯҳи осебшиносии Порсӣ Анҷуман): Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аз муҳиммтарин ниҳодҳои фарҳангии як садаи ахир аст ва ба андозаи аҳаммияташ душманони огоҳу ноогоҳ, босаводу бесавод ва дилсӯзу ғаразварз доштааст. Аз сӯе, нивисандаи тавоное чун Содиқ Ҳидоят баробарёбиҳо ва вожагузиниҳои Фарҳангистонро даст андохт ва ё дастикам бо он мухолифат кард ва аз сӯи дигар, таҷзияталабон ва душманони забони форсӣ бар ин ниҳод ханҷар охтаанд.

На фақат тӯдаи мардум, ки нухбагони ҷомеъа низ Фарҳангистонро бо бахши «Вожагузинӣ»-и он мешиносанд. Дигар гурӯҳҳои пижӯҳишии Фарҳангистон дар сояи ин гурӯҳ ҷой доранд. Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ сездаҳ гурӯҳи пижӯҳишӣ дорад:

 Омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ, Адабиёти татбиқӣ, Донишномаи таҳқиқоти адабӣ, Дастури забони форсӣ ва расмулхат, Забон ва гӯйишҳои эронӣ, Мутолеъоти забон ва адаби форсӣ дар Осиёи Сағир, Адабиёти Инқилоби исломӣ, Адабиёти муъосир, Тасҳеҳи мутун, Донишномаи забон ва адаби форсӣ дар Шибҳиқорра, Забон ва роёна, Фарҳангнивисӣ, Вожагузинӣ (инҷо).

 Аз ин миён, ба чанд гурӯҳи пижӯҳишӣ нигоҳе гузаро меандозем ва дастовардҳояшонро бармерасем.

 Гурӯҳи пижӯҳишии забон ва адабиёти форсӣ:

 Яке аз аҳдофи ин гурӯҳ, «нақди ъилмӣ ва осебшиносонаи вазъияти омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ» аст (инҷо). Медонем, ки вазъияти омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ дар мадрасаҳо бисёр ногувор аст ва мофиёи тест ва нукта бар ҳамаҷо чанбара задааст ва ҳадаф аз омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ дар мадорис чизе ҷуз омодагӣ барои озмунҳои ҷомеъ ва кункур ва тестзанӣ нест (бингаред ба: инҷо). Ошкор аст, ки ин гурӯҳ то кунун пижӯҳиши дархӯре ироа надодааст ва низ равшан аст, ки агар ҳам пижӯҳише бикунад, гӯши шунавое дар омӯзиш ва парвариш вуҷуд надорад то онро бихонад ва ба кор бандад. Сад албатта, ки пижӯҳиши дархӯре ҳам дар кор набуда ва мо ҳеч садое аз Фарҳангистон нашунидаем, ки ибтизоли мавҷудро нақд карда бошад ва дастикам мавзеъи худро равшан карда бошад. Ин гурӯҳи пижӯҳишӣ бояд фикре ба ҳоли вазоифи худ кунад ва хулосае аз кӯшишҳо ва пижӯҳишҳои худро ба иттилоъи мардум бирасонад.

 Гурӯҳи пижӯҳишии дастури забони форсӣ ва расмулхат:

 «Дастури хатти форсӣ» ва «Фарҳанги имлои хатти форсӣ» ду асарест, ки Фарҳангистон мунташир кардааст ва қарор аст ин ду асар роҳнамои виросторон ва нивисандагон бошад. Афсӯс, ки ҳар ду ноқис ва пур аз костист, то ҷое ки имрӯза ҳар ношире барои худ дастурихатте даступо кардааст ва касоне ҳам ҳастанд, ки аз ин роҳ ризқурӯзӣ мехӯранд ва шигифт он ки ин касон барои ҳар ношире дастурихатте ҷудо менивисанд. Гӯӣ, ки бояд ва шояд, ки дастурихатти ҳар ношир бо дастурихатти ношири дигар фарқ кунад! Охир, ҳадаф аз дастури хатт чист? Ҷуз ин аст, ки ҳар кас сози худро назанад ва хонандаро ба саргиҷа наандозад?

 Агар Фарҳангистон дар ин замина вазифаи худро дуруст анҷом дода буд, ин балбалшу ва парокандакорӣ ба вуҷуд намеомад.

 Гурӯҳи пижӯҳишии забон ва роёна:

 Дар ҳоле ки забони форсӣ дар ин ҳавза бисёр осебпазир аст, ин гурӯҳ камкортарин гурӯҳи Фарҳангистон менамояд. Нахуст, нигоҳе биандозем ба аҳдофи Гурӯҳи пижӯҳишии забон ва роёна:

 «– Шиносоӣ ва баррасии имконот ва мушкилоти корбурди хатту забони форсӣ дар муҳитҳои роёнаӣ;

 – Пижӯҳиш дар шеваҳои густариш ва яксонсозии корбурди хатту забони форсӣ дар муҳитҳои роёнаӣ;

 – Ҳамоҳангсозӣ ва якпорчасозии фаъолиятҳо дар ҳавзаи хатту забони форсӣ дар муҳитҳои роёнаӣ ва назорат бар онҳо ва ҳимоят аз онҳо;

 – Эҷоди иртибот миёни ҳавзаи вазоиф ва фаъолиятҳои Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва ҳавзаи донишҳо ва пижӯҳишҳои роёнаӣ;

 – Муъаррифӣ ва тасбити Фарҳангистон ба ъунвони марҷаъи соҳибназар дар ҳавзаи бакоргирии хатту забони форсӣ дар муҳитҳои роёнаӣ дар интибоқ бо вазоифи мундариҷ дар асосномаи Фарҳангистон» (инҷо).

 Акнун, беҳтар аст нигоҳе биандозем ба мушкилоте, ки дар ин ҳавза вуҷуд дорад ва гурӯҳи пижӯҳишии забон ва роёна гоме барои ҳаллашон барнадоштааст:

 Забони форсӣ дар дунёи роёна бо дастандозҳои ҷиддӣ рӯбарӯст. Ҳанӯз нармафзоре кордуруст дар забони форсӣ сохта нашудааст, ки нодурустиҳои имлоиро ҳангоми нивиштан гӯшзад кунад.

 Ҳанӯз дар бисёре аз вебгоҳҳо, аъдоди тук нишон дода намешавад ва ирҷоъҳо ва истинодҳо ба ҳам мерезад.

 Ҳанӯз дар бисёре аз вебгоҳҳо ба ҷойи сарё (и-и кӯчак) бояд аз «ӣ» баҳра бурд, чун сарё ба «ҳ» табдил мешавад.

 Ҳанӯз қалами (фунт)-и бегиругирифт дар забони форсӣ вуҷуд надорад; яъне қаламе, ки ҳамагон бар чашмнавозӣ ва беэрод будани он ҳамдостон бошанд.

 Ҳанӯз сафҳакалиди дархӯри гӯшиҳои ҳамроҳ вуҷуд надорад, ки ҳамаи вижагиҳои хатти форсиро дарбар бигирад ва нишон диҳад.

 Ва ин гурӯҳи пижӯҳишӣ ҳеч гиреҳеро нагушуда ва ҳеч пижӯҳиши дархӯре ироа надодааст.

 Гурӯҳи пижӯҳишии фарҳангнивисӣ:

 Бо нигоҳ ба вебгоҳи Фарҳангистон, мебинем, ки ҳадафи гурӯҳи фарҳангнивисӣ (тадвини Фарҳанги ҷомеъи забони форсӣ) чунин баён шудааст: «Манзур аз тадвини ин Фарҳанг, ироаи тасвире ҳамаҷониба аз вожагони забони форсӣ, дар тӯли торихи таквини ин забон, ва эҷоди имкони дастёбӣ ба анвоъи иттилоъоти вожагонӣ, шомили талаффуз, ҳувийяти дастурӣ, маъонӣ, решаи торихӣ, ва ҷуз он аст» (инҷо).

 Аз онҷо, ки ноширони гуногуне дар ҳавзаи фарҳангнивисӣ фаъъоланд, мушаххас нест, ки зарурати вуруди Фарҳангистон ба ин ъарса чист. Оё фарҳангҳои дигар нокоромаданд? Барӯз нестанд? Оё будҷаи камубеш чашмгире, ки дар Фарҳангнивисӣ, дар муқоиса бо Вожагузинӣ, дар миён аст бар ин гароиш муассир буда?

 Гурӯҳи пижӯҳишии вожагузинӣ:

 Вожагузинӣ муҳиммтарин кори Фарҳангистон аст. На ба ин далел, ки тӯдаи мардум Фарҳангистонро бо вожагузинӣ мешиносанд, балки ба ин далел, ки хатари урдуӣ шудан (ҳамонанди забони урду шудан) забони форсиро таҳдид мекунад. Фарҳангистон дар ин замина бисёр камкор ва нокоромад аст. Вожагузиниҳои ин Фарҳангистон дар муқойиса бо Фарҳангистонҳои пешин (Фарҳангистонҳои якум ва дувум) ривоҷи чандоне наёфтааст; чи вожаҳои ъилмӣ ва чи вожаҳои забони рӯзмарра.

 Як даҳаест, ки забони гузоришгарони варзишӣ дар расонаи миллӣ (! ) дигаргун шудааст. Аз комбек ва котибек то сев ва ҳаттрек ва … дар ҳамин як даҳа вориди забони гузоришгарони варзишӣ шудааст. Забони ъилм ҳам таърифе надорад. Камтар устоде дар донишгоҳҳо ҳаст, ки ба муъодилгузориҳои Фарҳангистон вақъе биниҳад.

 Бар поя ончи рафт, метавон гуфт, ки Фарҳангистон бархе аз муҳиммтарин вазоифашро раҳо карда ва ё нисбат ба онҳо камтаваҷҷуҳ аст. Дар ъайни ҳол, бар пижӯҳишҳое по мефишорад, ки ноширони хусусӣ ҳам метавонанд онҳоро анҷом диҳанд ва то кунун ҳам анҷом додаанд. Аз онҷо ки будҷаи Фарҳангистон аз молиёти мардум таъмин мешавад, ҷо дорад ва боиста аст, ки ин ниҳод гузорише аз ъамалкарди худ, дастикам дар гурӯҳҳои пижӯҳишии ёдшуда, ба мардуми Эрон ироа диҳад.

——————————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*