Фарҳангистони забони туркӣ?!

Ҷавод Ранҷбари Дурахшилур: Ҳар аз гоҳе сухан аз таъсиси Фарҳангистони забони туркӣ меравад. Ин сухан, эрондӯстонро нигарон ва бархе эронситезонро хушҳол мекунад ва рӯҳия мебахшад. Ҳамин худ нишонаи ошкоре аз нодурустии он аст, аммо чаро таъсиси фарҳангистони забони туркӣ коре комилан хатост? Пеш аз посух ба ин пурсиш бояд бигӯям, ки ҳеч инсони хирадманде ба ҷанги ҳеч забоне барнамехезад. Забонҳо дороии фарҳангӣ ҳастанд ва ҳар кадом дар ҷойи худ муҳимму муассир ва зебо ҳастанд. Бино бар ин, муттаҳам кардани мунтақидони таъсиси Фарҳангистони забони туркӣ ба нижодпарастӣ, фошисм ва нақзи ҳуқуқи башар ва марказгароӣ сахт нахнамо, беҳуда ва албатта беаҳамият аст.
Посух ба пурсиши боло ду ваҷҳ дорад. Нахуст бояд бидонем фарҳангистон чист. Чиро башар баъд аз чанд ҳазор сол, ки аз пайдоиши забон гузашта буд, ба фикри таъсиси фарҳангистон уфтод? Чиро дар давраҳои шукуфоии фарҳангӣ ҳамчун қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ дар Эрон ё ҳатто ренесонс дар Урупо, фарҳангистоне таъсис нашуд?
Фарҳангистон бар хилофи ному коркард ва аъзои фарҳангии он, ниҳоди сиёсист. Ин ниҳоди сиёсӣ дар давраи аҳамият ёфтани миллият дар қарни бистум барои нигаҳдорӣ аз дороӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ва забони миллӣ таъсис шудааст. Кори фарҳангистонҳо, илмӣ ва адабист, аммо коркарди онҳо сиёсист ва дар пайванд бо миллият. Пешфарзи таъсиси фарҳангистон ин аст, ки миллате вуҷуд дорад, ки забоне дорад ва бояд бузургони фарҳангиро гирд оварем то аз забони миллӣ нигаҳдорӣ кунем. Бино бар ин фарҳангистон мақулае истротежик ва дар пайванд бо манофеъи миллист. Коркарди ин ниҳод шабеҳи зарродхонаҳо бо селуҳои гандум ё дороиҳои гиёҳӣ ва ҷонварист.
Истротежик шудани фарҳанг, ҳосили афзоиши иртибототи ҷаҳонист. Вақте Ҳоливуд метавонад фарҳанг ва арзишҳои омрикоии суратбандишуда дар забони инглисиро ба роҳатӣ дар ҷаҳон густариш диҳад, дигар кишварҳо ва миллатҳо ниёз ба муқовамати фарҳангӣ доранд то ба тадриҷ дар фарҳанги омрикоӣ ҳал нашаванд. Ҳоливуд фақат як мисол аст. Даҳҳо намуна аз тавони болои таъсиргузории фарҳангӣ дар кишварҳои мухталиф вуҷуд дорад.
Ҳаргизи тавони нуфузи фарҳангии кишварҳо як амри фарҳангӣ набудааст; нуфузи фарҳангӣ бо қудрати низомӣ, қудрати иқтисодӣ ва қудрати сиёсӣ ҳамроҳ ва маъно мешавад. Забони инглисиро киштиҳои тиҷорӣ ва ҷангии бритониё, колоҳое, ки аз Инглис содир мешуд ва кашишҳои масеҳӣ бо ҳам ҷаҳонӣ карданд.
Интернет аҳаммияти истротежики фарҳангро болотар буд, чунонки ҳар кишваре бидуни муқовамати ҷиддӣ дар баробари фарҳангҳои ғолиб ба осонӣ аз байн меравад. Фарҳангистон дар муҳофизати истротек аз фарҳанги миллӣ ва муҳиммтарин сохтори он, яъне забон аст.
Ҳар миллат як забони миллӣ дорад. Умедворам нодонии афроде, ки суисиҳоро як миллат медонанд бо чаҳор забон ба ёд наёваред. Дар Эрон, Омрико, Фаронса, Чин, Инглис ва кишварҳое мушобеҳ, ки миллият муҳаққақ шудааст, забони миллӣ ҳам вуҷуд дорад ва ҷуз он наметавон мутасаввир буд.
Миллат бидуни забони миллӣ асосан вуҷуди хориҷӣ ва воқеъӣ надорад. Ториху фарҳанги ҳар миллат дар забони ӯ сурати воқеъӣ ва қобили фаҳм меёбад. Забони миллӣ аз тариқи фарҳанг ба амри қудрати миллӣ пайванд мехӯрад. Ба иборати дигар, заъф ё набудани забони миллӣ ба тазъифи қудрати миллӣ меанҷомад.
Бо ин муқаддимаҳо метавон пурсид, ки дар байни миллати Эрон бо забони миллии порсӣ таъсиси ниҳоди сиёсии Фарҳангистон барои забони туркӣ, ки яке аз забонҳои маҳаллист, чи маъное метавонад дошта бошад? Ҷуз кумак ба фароянди миллатсозии туркӣ? Афзун бар он оё барои забонҳои дигар ҳам Фарҳангистон сохта хоҳад шуд?
Мабнои ақлӣ, торихӣ ва сиёсӣ барои таъсиси Фарҳангистони забони туркӣ вуҷуд надорад. Ончи дар бораи вазоифи ин ниҳод гуфта мешавад, ҳама беэътибор ва аз сари нодонӣ ё ғаразварзист.
Фаъолияти фарҳангӣ ба забони туркӣ, ки ҳамакнун дар синемо, театр, телевизиюн, рӯзномаҳо, ҷаласаҳои шеъру адаб вуҷуд дорад ва гоҳ фаротар аз ҳавзаи фарҳанг ба сиёсат ҳам тасаррӣ меёбад, ниёзе ба фарҳангистон надорад ва метавонад ба шакли фарҳангӣ пеш равад.
Чаро таъсискунандагони фарҳангистон ба корҳои фарҳангӣ ба забони туркӣ ёрӣ намерасонанд? Магар Ҳайдарбобо, Сиҳандия ё марҳум устод Шаҳриёр, ки ҳар кадом шоҳкорӣ дар сатҳи адабиёти ҷаҳон аст, дар фарҳангистон суруда шудааст? Саволи бунёдитар ин аст, ки Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ бо ҳама коркардҳои мусбат дар вожагузинӣ кадом асари бузурги адабиро дар 100 соли гузашта офаридааст? Асосан кори фарҳангистон офариниши осори адабӣ нест.
Ваҷҳи дувуми посух ин аст, ки забони мавҷуде зинда аст. Забонҳо маълум нест кай ва чи гуна кашф шудаанд, аммо мушаххас аст, ки ҳар забон ҳосили шинохт ва табақабандии мардумоне дар ҷаҳон аст. Дар тӯли торих, забонҳо зиндагии табиъии худро кардаанд. Бар ин асос метавон истифода аз забони форсӣ дар дарбори шоҳони таркнижодро фаҳмид ё забони порсии Шоҳномаи Фирдавсиро бо забони арабии осори Абурайҳони Берунӣ ё Ибни Синоро ё забони арабии Тафсир-ул-мизони марҳум аллома Таботабоиро.
Забонҳоро на метавон кушт ва на метавон ба зарбу зӯр тақвият кард. Ҳар забоне ҷойгоҳи худро дар торих ёфта ва нақши мунҳасир ба фарде дорад. На Шоҳномаи Фирдавсӣ ба иҷбори ҳокиме суруда шуда ва на ҳокиме тавониста дар ҳазор соли гузашта онро саркӯб, мамнуъ ва нобуд кунад. Забон ба зиндагии худ идома медиҳад ва баста ба тавони фарҳангӣ ва қудрати андеша осоре меофаринад. Камийят ва кайфияти осори халқшуда дар ҳар забон ҳам, амре табиъист ва ба зӯр наметавон забонеро баркашид ё нобуд кард.
Нуктаи поёнӣ: Амри муассир хориҷ аз чорчӯбҳои фарҳангӣ ва илмии дар чунин пешниҳодҳои коркарди ниҳодҳои ба истилоҳ фарҳангист. Пешниҳоди таъсиси Фарҳангистони забони туркӣ ва пешниҳодҳои мушобеҳ аз ниҳодҳои фарҳангӣ бармехезад, бетардид бояд дар бораи коркарди ниҳодҳои фарҳангӣ андешид. Ниҳоди фарҳангии нисбатан ҷадид аст ва ба таври табиъӣ коркарди фарҳангӣ дорад. Нахустин пояи ниҳодҳои фарҳангӣ озодист. Бо фишору таҳдиду сонсур наметавон ниҳоди фарҳангиро шукуфо кард. Ниҳоди фарҳангии озод мубтанӣ бар фаҳми истротежик аз фарҳанг маъно дорад. Нахустин пурсиш дар бораи як ниҳоди фарҳангӣ ин аст, ки чи ҳадафи бунёдини миллӣ дар он муҳаққақ хоҳад шуд? Ниҳоди фарҳангиро бозӣ талаққӣ кардан бо онро барои ҷазбу сарфи будҷа бо ба кор гумордани афроди ошное бекор намесозанд. Агар бисозанд натиҷа ҳамин аст, ки мебинед. Бисёре аз ниҳодҳои фарҳангии мо ба андозаи қаҳвахонаҳои суннатии гузашта коркарди фарҳангӣ надоранд. Дар қаҳвахона иҷтимоъи озоди инсонӣ, наққолӣ, наққошии қаҳвахонаӣ мубтанӣ бар оинномае нонавишта дар канори ҳам ба як ниҳод маъно мебахшид. Имрӯз ниҳодҳои фарҳангӣ аз бистари фарҳангӣ, ки озодӣ ва ақлоният ду пояи муҳимми он аст, гоҳ дур мешаванд ва ба идороти давлатӣ бо шарҳи вазоифи рафъи таклифкунанда табдил мешаванд. Ба назар мерасад дар тарроҳии ниҳодҳои фарҳангӣ тахассус, алоқа ва собиқаи фарҳангӣ фидои эътимод ба бархе афроди хос мешавад. Бино бар ин ончи аз ин ниҳодҳо хориҷ мешавад дар мусалласи фаҳми истротежик, озодӣ ва ақлоният намегунҷад. Мисолҳои фаровоне дар зеҳн дорам, ки дар ҳамаи онҳо ниҳоди фарҳангӣ ба зидди худ табдил шудааст.
Ба назар мерасад барои беҳбуди авзоъ нахуст бояд дақиқтар ва амиқтар биандешем ва дувум ниҳодҳоро мутобиқ бо зоти ҳастии шинохти онҳо сомон диҳем, бори каҷ ба манзил намерасад.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*