Рӯдакихонӣ ба шеваи замони Рӯдакӣ

Порсӣ Анҷуман: Бозхонии сурудаҳое чанд аз Рӯдакӣ бо кӯшиш дар бозсозии гӯиши замони Рӯдакӣ, фарогӯии порсии ба шеваи 11 садаи пешро бо хониши Алекс Фурман, забоншиноси рӯсӣ-омрикоӣ, дар ин ҷой бибинед ва бишнавед

Бузургмеҳри Луқмон

«Порсинависӣ» пешзаминаи бозсозии огоҳии дарҳамшикастаи эроншаҳрӣ

Бузургмеҳри Луқмон: Пас аз тозиши тозиён ва аз миён рафтани дугонаи дин ва шаҳриёрӣ, забони порсӣ танҳо намудгоҳи эронӣ будан ва нигаҳдорандаи огоҳии дарҳамшикастаи эрониён гашт. Ин забон ҳарчанд дунболаи забони порсиг аст, аз онҷо, ки забони пасотозишист, забонест тозишзада, ки лояҳои вожагонӣ ва дастуриаш дар кашмакаше пайваста бо якдигаранд. Ҳам аз ин рӯст, ки пешзаминаи бозсозии огоҳии дарҳамшикастаи эроншаҳрӣ бозсозӣ ва ҳамоҳангсозии сохтори дастурӣ ва ганҷинаи вожагонии порсист.

Нигоҳе ба «Оғозгарони пижӯҳиши забони паҳлавӣ дар Эрон»

Куруши Ҷаннатӣ: «Оғозгарони пижӯҳиши забони паҳлавӣ дар Эрон» нивиштаи Аскари Баҳромӣ яке аз китобҳои тозамунташиршуда дар заминаи «забони паҳлавӣ»-ст. Мавзӯъи нибег чунонки аз номи он пайдост пижӯҳишест дар бораи касоне, ки дар Эрони ҳамрӯзгор (муъосир) нахустин гомҳоро дар заминаи омӯзиш ва ёдгирии забони порсии миёна/ порсиг бардоштаанд.

Дигаргуниҳои тоза дар забони форсӣ

Аббос Салимии Онгил: Дар Наврӯзи имсол замон даст дод то чанд рӯзе канори хонавода бошам. Дар чунин рӯзҳое, чунонки уфтаду донӣ, бозӣ бо варақ (ҳукму чорбарг ва …) яке аз саргармиҳои хонаводаҳои эронист. Баҳор буд ва ҳаво дилпазир, мо ҳам нишастем ва чанд дасте бозӣ кардем. Дар яке аз дастҳои нафасгир, хоҳарзодаи навҷавонам бо шодӣ гуфт: «Панҷро сар кун. Панҷи дилро сар кун… .»

Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (1401); Дастури хатти форсӣ; Осор.

Боргирии «Дастури хатти форсӣ»-и Фарҳангистон (вироиши тоза)

Порсӣ Анҷуман: Дабира чеҳраи нивиштории забон аст ва агар ҳар кас бар он бошад, ки дар ин замина сози худро бизанад, ошуфтагӣ ба кори забон роҳ хоҳад ёфт.
Дар ин росто, Порсӣ Анҷуман ҳарчанд бар «Дастури хатти форсӣ»-и Фарҳангистон хурдаҳое дорад, лек барои пешгирӣ аз ошуфтагӣ дар паҳнаи нивишторӣ ҳам аз ин шеваи Фарҳангистон пайравӣ мекунад ва ҳам пайравӣ аз онро ба ҳар он кас, ки ба порсӣ менависад, сифориш мекунад.

Фарҳангистони забони туркӣ?!

Ҷавод Ранҷбари Дурахшилур: Мабнои ақлию торихию сиёсӣ барои таъсиси Фарҳангистони забони туркӣ вуҷуд надорад. Ончи дар бораи вазоифи ин ниҳод гуфта мешавад, ҳама беэътибор ва аз сари нодонӣ ё ғаразварзист.