Бузургмеҳри Луқмон: Ин баҳрро, ки баргирифта аз пешдаромади Гӯёии Арасту (бахши «Дар бораи равиш ва забони гардониш ва чироии ин») аст, аз ин рӯй бад-ин ҷой оварем, ки корҳои дигарро бо чунин нигарише ба порсӣ нивишта ё гузоридаем – бошад, ки посухе бувад ба пурсишҳои огоҳихосторон.
***
1) Забон, афзун бар пайванди миёни мардумон ва ҳамрасонии огоҳиҳо, барои андешакорон ва нивисандагон абзори андешидан ва офариниши пармоишҳо (идаҳо), бознамудан ва ҳамрасонии ин андешаҳост. Ба сухане дигар, забон баркашандаи жарфои ҳастии ҳар андешандаест ва танҳо як абзор нест ва гоҳ худи андеша, зоёнандаи фарҳанг ва зерсохти ҳар боландагӣ ва ҷунбишест.
2) То замоне ки занҷираи азҳамгусехташудаи гузашта ба акнун ва акнун ба оянда напайвандад, зисте сазовор шуданӣ набувад. Барои ин пайванд бозхонии осебшиносонаи гузашта ба кор ояд ва андар ин роҳ боиста бувад, ки тарододи (суннати) эроншаҳрӣ ба некӣ шинохта шавад ва барои шинохти ин тародод ҳам гузире нест, магар ёдгирии ҳамасӯяи фарҳанг ва забонҳои Эроншаҳр. Ҷаҳони пешрав низ аз роҳи шинохти осебшиносонаи гузашта раҳ ба кунунаш бурд ва ояндае аз баҳри фарзандон ва зеҳу зодагони хеш пай рехт. Онон юнонӣ ва лотинро фаро гирифтанд ва нивиштаҳои гузаштагонро бориксанҷона ковиданд ва аз пайи тарододҳои куҳани худ ҷону ҷаҳони тоза офариданд. Мо низ роҳе ҷуз ин надорем, ки агар ояндае ҳаст, бо бозхонии жарф ва санҷишгаронаи гузашта шуданист.
Андар ин роҳ на танҳо бо баҳра аз ганҷинаи вожагони порсӣ тавон гом андар пайвастагии фарҳанги эроншаҳрӣ бардошт ва имсолро ба порсол ва порро ба перор ва перорро ба даҳаҳо ва даҳаҳоро ба садаҳо ва садаҳоро ба ҳазораҳо пайвандонад, ки тавони огоҳии фурӯкӯфтаи эрониро низ бозсохт ва гом ба рӯзгори навзоӣ ниҳод. Чи, донем, ки пас аз тозиши тозиён ва аз миён рафтани дугонаи дину шаҳриёрӣ, забони порсӣ танҳо намудгоҳи эронӣ будан ва нигаҳдорандаи огоҳии дарҳамшикастаи эрониён гашт. Ин забон, ҳарчанд думболаи забони порсиг аст, аз онҷо, ки забони пасотозишист, забонест тозишзада, ки лояҳои вожагонӣ ва дастуриаш дар кашмакаши пайваста бо якдигаранд. Ҳам аз ин рӯст, ки пешзаминаи бозсозии он огоҳии дарҳамшикаста бозсозӣ ва ҳамоҳангсозии сохтори дастурӣ ва ганҷинаи вожагонии порсист.
3) Агар андар андешаварзӣ ба порсӣ гирифторӣ ҳаст, ки ҳаст, нотавонӣ аз забони порсӣ нест; нотавонӣ андар андешаи гӯишварони ин забон аст. Забон ва вожаҳоро тавони бознамуде аз андеша ва равиши чимоварӣ(истидлолӣ)-и андешакорон баршумурд ва санҷиши андешаи андешакорон низ аз роҳи ҳамин забон ва вожаҳо шуданист. Ба дигар сухан, забонеро, ки ҳар андешагаре ба кор гирад, намуде саррост аз жарфои андеша ва шеваи ӯст, ки Арасту низ дар ин замина нек гуфт: «Овоҳои гуфторӣ намодҳои кунишпазириҳои равонанд ва нишонҳои нивишторӣ намодҳои овоҳои гуфторӣ» .[1] Ё чунон, ки Повели Порси эдар гӯяд: «Нивишторҳо нишонаҳои чизҳоеанд, ки андар гуфтор буванд ва гуфторҳо нишонаҳои андешаҳоеанд, ки андар равон бошанд» .[2]
Андешаҳои нозои имрӯзии мо аз порсӣ, ки андар тавониш(қувва) ба забоне эзадӣ монад, забоне нозо сохтааст. Забони нозо низ андешаи нозо падид оварад ва ин чархаи бадҳинҷор ҳаминсон чархад ва пояд то он замон, ки гӯишварони ин забон худогоҳона ин фароравандро дигар кунанд ва андешаву забонро фарозбаранд, ё бо лахте пеша кардан ва зисти нишебвор ҳамаи ҳасту нести фарҳанги хешро дар азхудбегонагии фарҳангӣ-забонӣ бозанд. Ба ҳар рӯй, роҳи миёнае нест ва то аз миёни гӯишварони забонӣ андешаҳои жарфе пайдо набуванд, ки андар он забон андешанд ва корҳои бузург кунанд, забоне шукуфо нагардад.
4) Порсӣ, ки се рӯзгори бостон, миёна ва навро пушти сар ниҳода яке аз ангуштшумор забонҳои бостонии зиндаи ҷаҳон аст, ки пешинаи нивиштории он беш аз 2600 сол аст ва, афзӯн бар ин пешинаи дарозоҳанг, забоне ҳунарӣ, суханварона, хушоҳанг ва бегазофа андар ҷаҳон беҳамтост. В-онгаҳе, тавониши шигифтангезе барои фарзонагӣ (фалсафа) дорад, бавижа агар аз мояҳои хешони хеш (забонҳои эронӣ) низ суд ҷӯяд, ин тавониш куниш гардад ва агар андешае дархур дар он рехта шавад, афзӯн бар фарҳанг ва ҳунар, забони моявари фарзонагӣ низ гардад, ки ин ба ҳастӣ ёфтани тавонишҳои бунёдини забон ва пешбурди андеша анҷомад.
Ба ҳар рӯй, бар пояи ончи, ки гуфта шуд, бар он будаам, ки кори Повелро ба порсии ноб ва овижа ва сара бигузорам то онҷо, ки ҳамапорсӣ бошад ва ҳар ҷо низ, ки ниёз афтад, дасти ёри ба сӯи порса (порсии бостон) ва порсиг (порсии миёна), ки беш аз яку ним ҳазора забони андешаварзии эроншаҳриён будаанд, ва низ забони авестоӣ, ки нахустин андешаҳои оҳанҷидаи(интизоъии) гетӣ андар он сомон гирифта, ёзидаам. Ва ростиро, ки ҳеч пижӯҳишгаре натавонад бебаҳра аз фарҳанги пурбори чандҳазорсолаи порсӣ (дарӣ, порсиг ва порса)[3] ва авестоӣ ва дигар забонҳои эронӣ аз майдони душвориҳои навини забоншинохтӣ ва гузорашиносӣ (терминулужӣ, истилоҳшиносӣ) пирӯзмандона барояд.
5) Фарзонагӣ забонро андар хеш фурӯ мебарад ва сипас огоҳона онро аз хештани хеш бозмеустуворад ва бозмеорояд. Андешаи баҳинҷор нигориши баҳинҷор ва нигориши баҳинҷор андешаи баҳинҷор падид меоварад. Барои офариниши забоне чунин расо, вожаҳо ва гузораҳо(истилоҳот) бояд равшантарин чим(маънӣ)-ро дошта бошанд ва чи басо, ки дар ин роҳ ногузир бояд аз нав ба вимандсозии вожаҳо даст зад то забоне барои равшанандешӣ падид оварад. Ҳамчунин, шоиста бувад, ки ҳар вожа як пармона(мафҳум)-ро нишонгузорӣ кунад ва ҳар пармона низ як вожа барои нишонгаре дошта бошад. Ин гардониш низ кӯшида то аз чунин шевае ва аз ҳамхонии якбаяк пайравӣ кунад.
6) Шояд бархе ин кӯшишро душманӣ бо забонҳои анэр, бавижа арабӣ, баршумуранд, ки ҳаргиз чунин нест. Арабӣ забоне пурбор аст ва корномаи он ба равшанӣ намоёнад, ки эронитаборон андар погирӣ ва нозиш ва болиши он басе беш аз арабон кӯшидаанд ва ҳам рахти фарҳанг ва шаҳроинӣ бад-он пӯшондаанд ва ҳам бахше аз тарододи донишӣ ва адабии Эроншаҳрро бад-он нивиштаанд. Ба сони ҳамин “Тартибуссаъодот”-и Мушкавеҳ, ки андар ин нибег ба порсӣ гардонда шудааст. Забони арабиро натавон бе аз кӯшишҳои эронитаборон дарнигарид ва баррасид ва бахше аз кӯшишҳои фарҳангӣ ва донишии эрониёнро низ бе аз он. То он ҷой, ки эвоз вожагон арабист ва чимҳо ва пармонаҳо порсӣ чунон, ки Аттобӣ [4] (ба ҳангоми дидор аз нибегхонаи (китобхонаи) шоҳии Теспун, ки Яздгирд, вопасин шоҳи эронӣ, ба вопасин паноҳгоҳи хеш, Марв, бурда буд) хасту (муътариф) аст: «Оё донишҳо ва суханварӣ ҷуз дар нибегҳои порсиг аст?! Вожаҳо морост ва донишҳо эшонро». [5]
Дар инҷо, сухан бар сари ин бувад, ки порсии дарӣ, чунон порсиг, бояд бар бунёдҳои худ устуворад, бавижа дар майдони андешаварзӣ. Намезебад ин забони тавонманди куҳан, ки ҳунаритарин забони гетист аз фаршанҳои (масоили) донишии ҷаҳони имрӯз дур монад ва бар ганҷи саршор аз тавонишҳои забонӣ ва пешинае донишӣ нишаста бошад ва дасти дарюзагӣ фароз бурда бошад!
7) Пас, чунонки рафт, порсигардон бар он будааст, ки забони ин гардониш порсии устувор ва полуда аз порае вижагиҳои зудгузар ва имрӯзин ва низ наздик ба он рӯзгоре бошад, ки порсӣ аз порсиг чандон дур нашуда буд. Бошад, ки ин гардонш ҳам ба забонӣ ва замонаи Повел наздиктар бошад ва ҳам бо гузари рӯзгорон ранг набозад ва бидирангад ва дер зияд.
Пайнавиштҳо:
[1]. De Int., 16a 3-4.
[2]. Гӯёии Арасту, рӯяи 149.
[3]. Дар бораи ин номгузориҳо дарнигаред ба ёддошти нависанда бо номи «Порсигуёни бостон забони хешро чи меномиданд?».
[4]. Дабир ва чомасарои(шоири) шомӣ, даргузаштаи 835-и тарсоӣ.
[5]. «Ваҳл-ул-маъонӣ илло фи кутуб-ил-Аҷам вал-балоғаҳ-ул-луға лано вал-маъонӣ лаҳум.» Абуфазл Аҳмад ибни Абитоҳир ибни Тайфур, Китоби Бағдод, Ал-Қоҳира, Мактаб-ал-хонҷӣ, Ат-табаъ-ас-солиса, 1423, 87.
Баргирифта аз торнамои Бузургмеҳри Луқмон.
——————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист