Аббос Салимии Онгил
Панҷро сар кун
Дар Наврӯзи имсол замон даст дод то чанд рӯзе канори хонавода бошам. Дар чунин рӯзҳое, чунонки уфтаду донӣ, бозӣ бо варақ (ҳукму чорбарг ва …) яке аз саргармиҳои хонаводаҳои эронист. Баҳор буд ва ҳаво дилпазир, мо ҳам нишастем ва чанд дасте бозӣ кардем. Дар яке аз дастҳои нафасгир, хоҳарзодаи навҷавонам бо шодӣ гуфт: «Панҷро сар кун. Панҷи дилро сар кун… .»
Ман, ки дар он лаҳза, ногузир, ба телефун посух медодм, аз ҷумлааш чунин дастгирам шуд, ки бояд коре кунам то панҷи дил сар шавад. Дар ҳоле, ки гӯшии телефун байн гӯшу шонаам буд, бо гардани каҷ, каме ба баргаҳо нигоҳ кардам ва чаҳори дилро берун кашидам ва гузоштам рӯйи се варақи дигар, ки дар миёна уфтода буд.
Бо бозии ман, оҳ аз ниҳоди хоҳарзодаам баланд шуд ва рақибон гулбонги шодӣ сар доданд. Ҳоҷу воҷ монда будам, ки чи шудааст! Ман, ки кӯшидам панҷи дил сар бошад! Онгоҳ дарёфтам, ки ҷумлаи «Панҷи дилро сар кун» ба маъное, ки ман дармеёбам, нест; яъне ба ин маънӣ нест, ки «коре кун, ки панҷи дил сар бошад», балки манзураш ин аст: «Бо баргае бозӣ кун, ки аз панҷ болотар бошад ва ба истилоҳ панҷро бибарад.»
Пас аз он, ки ман эътироз кардам ва достонро шарҳ додам, рақибон напазирфтанд ва гуфтанд: «Варақ хокӣ шуда. Ҷумларо ҳам ёри худат бар забон ронда ва дуруст ҳам гуфта ва роиҷ аст ва…!»
Хуб, биёед ба ин ҷумла бингарем. Оё ин ҷумла, бар пояи дастури забони форсӣ дуруст аст?
Ба назарам, танҳо дар сурате ин ҷумла дуруст аст, ки бипазирем дар байни навҷавонони ин насл ҳарфи «ро», ҳамчун дастури торихӣ, маънои «ба» ва «бар» гирифтааст. Пас ҷумлаи «Панҷро сар кун» ба маънои «Бар панҷ сар кун», «Бар панҷ биафзо» ва… аст. Албатта, ин тавҷеҳ замоне пазируфтанист, ки аз «бар чизе сар кардан» маънои «бар чизе афзудан» дарёбем.
Оё бо ҷумлаҳои дигаре аз ин даст рӯбарӯ шудаед?
Гуноҳӣ ва фишорӣ
Дар ҳамин рӯзҳо бо вожаҳо ва ҷумлаҳои дигар ошно шудам, ки пештар нашунида будам: вожаҳои «гуноҳӣ» ва «фишорӣ»-ро дар маъное тоза шунидам. Дар забони форсӣ, «фишорӣ» сифати чизест, ки бо фишор кор кунад. Дар оғози садаи чаҳордаҳуми хуршедӣ, дар хиёбонҳо ва маҳаллаҳои Теҳрон ширҳои обе кор гузошта буданд, ки бо фишурдани дукмае обашон равон мешуд. Аммо ин вожаро ин рӯзҳо ҳамчун сифате барои инсон ба кор мебаранд ва вақте мегӯянд «фулонӣ фишорист», манзурашон ин аст, ки фулонӣ одаме асабонист ва ё одамест, ки ба далеле ба ӯ фишор омада ва рафтораш пархошгарона ва аз сари фишорҳои равонист.
Ҳамчунин, сифати «гуноҳӣ»-ро ба маънои мазлум ва ситамдида ва… ба кор мебаранд. Ин вожа, ба эҳтимоли бисёр, аз феъли «гуноҳ доштан» («фулонӣ гуноҳ дорад» ) меояд. Ба дигар сухан, ҷумлаи «озурдани фулонӣ гуноҳ аст» ба ҷумлаи «фулонӣ гуноҳ дорад» дигаргун шуда ва сипас «гуноҳӣ будан» ба сифати инсон табдил шудааст.
Акнун, бар сари он нестам, ки ҳукм ба нодурустии ин вожаҳо ва сохтҳои наҳвии тоза бидиҳам. Дигаргаштҳои забонӣ ҳамешагианд ва бар ин муҳим огоҳам. Ҳаминро мегӯям, ки агар ин сохтҳои тоза дар фароянди иртибот ихтилол эҷод кунанд -чунонки дар мавриди мо чунин буд – бояд дарбораашон андешид.
Оё бо вожаҳо ва ҷумлаҳои аз ин даст рӯбарӯ шудаед? Агар орӣ, барои мо бинивиседаш.
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист