“Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ” нивиштаи зиндаёд Муҳаммадъалии Имом-Шуштарӣ (зодаи 1281 ва даргузаштаи 1351-и хуршедӣ) аст.
“Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”, ки дарбардорандаи ҳудуди 3000 вомвожа ва решаҳои он аст, дар тирмоҳи 1347 дар Теҳрон аз сӯйи Анҷумани осори миллӣ ба чоп расидааст.
Ҳамон гуна ки аз номи ин наск (китоб) бармеояд, гӯшае аз партавафканиҳои забону адаби порсӣ дар забони арабиро, он ҳам ба гунае донишӣ ва мустанад менамоёнад, ки аз нигари решаҳои бисёре аз вожаҳо дар ин ду забон арҷи фаровоне дорад.
“Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ” афзун бар арзиши адабӣ аз нигари рӯшан сохтани падидаҳое аз фарҳангу шаҳройинии (тамаддуни) инсонӣ, шоистаи нигариш ва барои дилбастагони ториху забон ва адаби саросари ончи Ховари Наздик ва Миёна номида мешавад, мавриди баҳра тавонад буд.
Бар пояи додаҳои Китобхонаи миллии Эрон, аз дигар нивиштаҳои зиндаёд Муҳаммадъалии Имом-Шуштарӣ, афзун бар “Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ” метавон ба наскҳои зер ишора кард:
Аҳди Ардашер (пижӯҳандаи арабӣ Эҳсон Аббос)
Торихи шаҳриёрӣ дар шоҳаншоҳии Эрон
Номномаи ҷуғрофиёии Эроншаҳр
Нақши эрониён дар пешрафтҳои нахустини ислом
Эрон гаҳвораи дониш ва ҳунар: Ҳунар ва мусиқии рӯзгори исломӣ
Сухане дар бораи Яъқуби Лайс ва оромгоҳи ӯ дар Хӯзистон
Торихи ҷуғрофиёии Хӯзистон (ба ҳамроҳи бародари зиндаёдаш Нуриддини Имом Шуштарӣ)
Пешинаи сон ва ража дар Эрон (ба ҳамроҳи Яҳё Зако ва Ҷаҳонгири Қоиммақомӣ)
Торихи миқёсот ва нуқуд дар ҳукумати исломӣ (пайвасти маҷаллаи “Баррасиҳои торихӣ”-и Ситоди Бузург Артишторон)
Дувоздаҳ мақолаи торихӣ (Пайвасти “Баррасиҳои торихӣ”)
Хонандагони арҷманди Порсӣ Анҷуман метавонанд “Фарҳанги вожаҳои форсӣ дар забони арабӣ”-ро аз “инҷо” (16 мегобойт) боргирӣ фармоянд.
Бештар бидонед:
Муҳаммадъалии Имом-Шуштарӣ дар википедиёи порсӣ
Гузидае аз зиндагии Муҳаммадъалии Имом-Шуштариро, ки зиндаёд Рукниддини Ҳумоюнфаррух ба ҳангоми даргузашти эшон дар маҷаллаи Ваҳид нивиштаанд, аз “инҷо” боргирӣ кунед.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист