Шаҳрбароз
Ҳамон гуна ки пештар ҳам гуфтаам ва ҳама медонем, Эронзамин аз назари гӯишӣ ва забон дорои гунагунӣ ва густардагии ҷолибест ва гӯишшиносӣ яке аз заминаҳои муҳим дар забоншиносии эронӣ аст.
Бавижа, акнун ки ба хотири густаришу нуфузи расонаҳо ва низ густариши саводомӯзӣ бисёре аз ин гӯишҳо зери нуфузи забони расмӣ меоянд ва бархе вижагиҳои аслии онон (монанди вижагиҳои дастурӣ ва вожагонии онон) бо забони расмӣ ҷойгузин мешаванд.
Имрӯз ба муъаррифии асари муҳимму бузурге дар заминаи яке аз гӯишҳои эронӣ мепардозем ба номи “Фарҳанги сангисарӣ”:
Номи китоб: Вожаномаи сангисарӣ бо муқаддимае аз дастури он забон
(Дар инглисӣ: A Dictionary of Sangesari with a Grammatical Outline)
Нивисанда: Чароғъалӣ Аъзамии Сангисарӣ ва Гернот Виндфуҳр (Gernot Windfuhr)
Ношир: Интишороти Китоби Ҷайбӣ
Сол: 1350-и хуршедӣ / 1971-и милодӣ
Сафҳа: 900
Сангисар дар устони Симнон қарор дорад ва бисёре аз сангисариҳо ба кори домдорӣ машғуланд. Аз онҷо ки дар Сангисар ҷамъияти баҳоии қобили таваҷҷуҳе вуҷуд дошта, дар солҳои ахир номи расмии он ба Меҳдишаҳр баргардонда шудааст. Аммо бештари мардум ҳамчунон онро ба ҳамон номи аслӣ мехонданд. Ду тан аз сангисариҳои номдор дар даврони пеш аз инқилоб иборатанд аз Ҳажири Яздонӣ ва Парвизи Собитӣ.
Забони сангисарӣ ба ҳамроҳи “сурхаӣ” ва “лосгардӣ” ва “афтарӣ” ва “шаҳмирзодӣ” гурӯҳеро ташкил медиҳад, ки бештар ба забони табарӣ наздиканд, то забони симнонӣ.
Зиндаёд дуктур Чароғъалии Аъзамии Сангисарӣ кори гирдоварии ин вожаномаро дар торихи 28 обонмоҳи 1333-и хуршедӣ, баробари 19 ноябри 1954-и милодӣ, оғоз кард. Вай наздики 17 сол рӯйи ин вожанома кор кард ва дастоварди вай вожаномае буд бо 181 сафҳа дар ду бахш: Бахши нахуст дар 93 сафҳа шомили панҷ сафҳа пешгуфтор, 10 сафҳа дар бораи сарфи феълҳо дар сангисарӣ, боқӣ сафҳаҳои бахши нахуст ва тамоми бахши дувум шомили вожаҳо буд.
Дар ҳар сафҳа 60 дароя буд ва дар кул 10 ҳазор дароя ё сарвожа гирд оварда шуда буд. Дар соли 1340-и хуршедӣ оқои дуктур Аъзамӣ бо Гернот Виндфуҳр ошно шуд, ки дар он даврон аз тарафи донишгоҳи Ҳомбурги Олмон дар донишгоҳи Теҳрон машғул ба таҳсил буд. Виндфуҳр мавзӯъи поённомаи дуктурои худро “Феълҳои забони сангисарӣ” баргузид.
Дар обонмоҳи 1347-и хуршедӣ (ноябри 1958-и милодӣ) дар ростои ҷашни бузургдошти ду ҳазору понсадумин солгарди шоҳаншоҳии Эрон, чоп-пахши ин вожаномаи сангисарӣ ҳам бахше аз барнома буд. Ин кор ба дуктур Виндфуҳр вогузор шуд, ки дар он замон дигар устоди Донишгоҳи Мишигони Омрико шуда буд.Виндфуҳр кори фароҳам овардани ин вожаномаро дар шакли кунунӣ ба ҳамроҳии оқои Аъзамӣ ба дӯш гирифт.
Феҳристи гунҷондаҳои Фарҳанги сангисарӣ чунин аст:
Пешгуфтор
Ҷойгоҳи сангисарӣ дар гӯишшиносии эронӣ
Дар бораи Сангисар ва мардумони он
Хонаводаи Аъзамӣ
Торихчаи фарҳанги сангисарӣ
Дастури забони сангисарӣ
Фарҳанги сангисарӣ шомили панҷ бахш
Сангисарӣ ба порсӣ ва инглисӣ
Порсӣ ба сангисарӣ
Инглисӣ ба сангисарӣ
Фарҳанги мавзӯъӣ
Масалҳо ва истилоҳҳо
Бахшбандии сафҳаҳои китоб чунин аст:
Пешгуфтор ва дастури забон: 220 сафҳа
Бахши сангисарӣ ба порсӣ ва инглисӣ: 345 сафҳа
Бахши порсӣ ба сангисарӣ: 65 сафҳа
Бахши инглисӣ ба сангисарӣ: 75 сафҳа
Фарҳанги мавзӯъӣ: 100 сафҳа
Ин китоб шояд нахустин китоб дар Эрон бошад, ки бо кумаки роёнгар (компютер) чоп шудааст. Аз онҷо ки аз роёнгари Донишгоҳи Мишигон барои ҳуруфчинӣ ва чопи ин китоб истифода шудааст, ва дар он замон ҳанӯз роёнгарҳо ҳарфҳои форсӣ надоштанд, бар хилофи майли ҳарду нивисанда вожаҳои форсӣ ҳам бо хатти инглисӣ нивишта шудаанд.
Шуҷоъуддини Шифо дар ёддоште, ки дар оғози китоб омадааст, чунин менивисад:
“Китоби “Вожаномаи сангисарӣ”, ки имрӯз мунташир мешавад, яке аз арзандатарин осори илмӣ ва таҳқиқӣ аст, ки то кунун дар риштаи забоншиносӣ тадвин шудааст. Ҷойи таъаҷҷуб нест, агар гирдоварии ин маҷмӯъа 18 соли тамом ба тӯл анҷомида бошад…”
Дар даврони кунунии пижӯҳишҳои илмӣ ва таҳқиқӣ дар Эрон интишори ин асарро мебояд то ҳадди зиёде сароғози фасли тозае дар мутолеъоти марбут ба лаҳҷашиносӣ ва забоншиносии эронӣ ба шумор овард, чун бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти иҷтимоъии асри ҳозир ва имкони аз миён рафтани бисёре аз ин лаҳҷаҳо аҳаммияти хос дорад.
Шояд ба хотири ҳаҷми бузурги китоб, дар он замон танҳо 500 нусха бештар аз он чоп нашуд ва ба гумонам пас аз он торих низ дигар ин китоб бозчоп нашудааст.
Матни порсиро “инҷо” бихонед
Бифирист