Боргирии ройгони “Вожаномаи фалсафӣ”-и Суҳайли Муҳсини Афнон

واژه‌نامه‌ی فلسفیАфнон, Суҳайли Муҳсин (1969), Вожаномаи фалсафӣ (форсӣ, арабӣ, инглисӣ, фаронса, паҳлавӣ, юнонӣ ва лотин), Бейрут: Дорулмашриқ

“Вожаномаи фалсафӣ” (форсӣ, арабӣ, инглисӣ, фаронса, паҳлавӣ, юнонӣ ва лотин) нивиштаи зиндаёд дуктур Суҳайли Муҳсини Афнон аст, ки дар Бейрут чоп шуда ва инак “Порсӣ Анҷуман” шодмон аст, ки нусхае аз ин наски арзишмандро ба хонандагони худ пешкаш мекунад.

Пешгуфтори Суҳайли Муҳсини Афнон бар ин наск, ки ба порсии шево ва сара аст ва дар соли 1969-и тарсоӣ (милодӣ) нивишта шуда, чунин аст:

“Ин китоб шумораи чаҳорум аст аз силсилаи сарчашмаҳои фарҳанги Бохтарзамин, ки 20 сол бо тарҷумаи “Номаи шеър”-и Арасту оғоз шуд.

Дар пайи сайри андеша ногузир мебоистӣ бар Ховар ва Бохтар ҳарду рӯ бурд. Ҷуз он ки дар Эронзамин дониши ин ду бахши ҷаҳон бо пиндорҳои деринаи кишвар омехта шуд ва аз он омӯзише ба миён омад, ки то кунун пойдор аст.

Бино бар ин, фарҳанге таҳия шуд дорои вожаҳои фалсафӣ дар паҳлавию форсӣ ва арабӣ аз як сӯ ва юнонию инглисию фаронсавӣ аз сӯйи дигар, ба умеди он ки пижӯҳандагонро писанд ояд ва донишҷӯёнро судманд.

Ҳамчунонки ба гузашта ҳаргиз наметавон бозгашт, аз гузашта ҳаргиз наметавон бурид. Пас ночор бояд кӯшид бо чигунагии сухани гузаштагон ошно шуд ва истилоҳоти ховарӣ ва бохтариро баробар кард, то бар андешакорони оянда роҳ осон ва омода гардад.”

“Вожаномаи фалсафӣ” (10 мегобойт)-ро аз “инҷо” боргирӣ фармоед.

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*