Чанд пешниҳод барои порсинивисон
Вожаҳоеро, ки дорои вокҳои вижаи забони арабӣ (ث، ح، ع، ق، ص، ض، ط و ظ) ҳастанд, метавон ба чандин десаи гуногун нивишт. Барои намуна, вожаи “амиқ” (عمیق)-ро ба чаҳор десаи гуногун (امیغ، امیق، عمیغ و عمیق), вожаи “аср” (عصر)-ро ба шаш десаи гуногун (اسر، اثر، اصر، عسر، عثر و عصر), вожаи “азм” (عزم)-ро ба ҳашт десаи гуногун ва ҳатто вожаи “эҳтизоз” (اهتزاز)-ро метавон ба 128 десаи гуногун нивишт. Чироии он ин аст ки овои вокҳои вижаи забони арабӣ дар рожмони овоии забони порсӣ вуҷуд надоранд ва ин сабаб шуда, ки шуморе аз вокҳо дар забони порсӣ хониши яксон дошта бошанд.