Вожаҳои сара дар порсии тоҷикистонӣ

تاجیکАмирҳусейни Акбарии Шолчӣ

Бозёфтани вожаҳои сара дар гӯиши тоҷикӣ кори содае нест, чун сараҷӯ ҳангоми пажӯҳиши гуфтори тоҷикон ба ҷои шунидани вожагони сара садҳо ва ҳазорон вожаи русиеро мешунавад, ки бисёришон бе он ки ниёзе вижа ба онҳо бошад, ба гӯиши тоҷикӣ роҳ ёфтаанд ва дар он ҷо уфтодаанд.

Ба ҳар рӯй, ончи ман дар инҷо ба даст медиҳам, бархе аз вожаҳои сараест, ки дар гӯиши тоҷикӣ ба кор меравад ва метавон корбурди онҳоро ба дигар порсизабонон пешниҳод кард.

Одамият: одамгарӣ
Ибтол: бекоркунӣ
Утоқ: хонача/xāna-ča
Иттисол: пайванд
Иттифоқӣ: сарироҳӣ
Иҷро: анҷомёбӣ
Эҳтимоли қавӣ дода шудан: бовар рафтан
Ихтисос додан: ҷудо кардан, бахшидан
Ихроҷ кардан (аз маҳалли кор): аз кор рондан
Адо кардан (намоз): гузаронидан
Иртибот: бастагӣ
Иртифоъ: баландӣ
Иртиқоъ додан: баланд бардоштан
Аз қарори маълум: аз афташ
Озодии баён: озодии сухан
Издиёд: болоравӣ
Истеҳком: устуворӣ
Истирдод: баргардонӣ
Истифода кардан: баҳра бардоштан
Истифроғ кардан: партофтан
Искон: будубош
Исҳол: дилравӣ
Иттилоъ: огаҳӣ
Иттилоъ ҳосил кардан: огаҳӣ ёфтан
Эътиқод: боварӣ
Аъсоби касе хурд шудан (киноя): сар (-и касе) вайрон шудан
Эъмоли зур: зӯроварӣ
Ифтитоҳ: кушодашавӣ
Ифротигарӣ: тундгароӣ
Иқомат: будубош, бошиш
Иқоматгоҳ: бошишгоҳ
Имзо кардан: даст мондан
Имкони шуғлӣ: ҷойи кор
Амният: оромӣ
Умури хориҷа: корҳои беруна
Интишор ёфтан (чизе дар ҷое): доман паҳн кардан
Интишор ёфтан (-и вирус): паҳн шудан
Интиқол: гузариш
Интиқол додан: гузарондан
Инфиҷор: таркиш
Инфиҷорӣ: тарканда
Эҳтизоз (-и парчам): парафшонӣ
Аҳаммияти зиёд додан: баҳои арзишманд додан
Авосит: миёнаҳо
Ботил: бекор
Ба хотири: аз рӯи
Бидуни мушкил ва монеъ: озодона
Бидуни вақфа: беист
Баъдан: пас
Бакорат: духтарӣ
Билоъиваз (вом): бебозгашт
Ба эҳтизоз даровардан (-и парчам): афрохтан
Ба назари: аз биниши
Ба назар расидан: ба чашм расидан
Ба унвони: ҳамчун
Ба муносибати: бахшида ба
Беэътино: бепарво
Бетафовут: бепарво
Бетаваҷҷуҳ: бепарво
Беъурза: беҳунар
Беназму тартиб: бесаришта
Потинож (варзиш): яхбозӣ
Портибозӣ: ошнобозӣ
Плуролисм (сиёсат): чандандешӣ
Таъсис ёфтан: бунёд шудан
Таҷдиди назар (додгоҳ): бозбинӣ
Таҷассус: кофтуков
Таҷассус (пулис): пажӯҳиш
Таҳти таъсир: дар зери соя (киноя)
Таҳтулбаҳрӣ: зериобӣ
Таҳрик: барангезиш
Таҳаммул намудан: бардошт кардан, бардоштан
Таҳвил додан: супоридан
Тахсис ёфтан: ҷудо шудан
Тадорук: омодагӣ
Тадбиршуда: андешида
Тарҷеҳ додан: бартарӣ додан
Тарк кардан: партофтан
Таркиб (шимӣ): омехта
Терм (донишгоҳ): нимсола
Термуси чой: чойгирак
Тазйин намудан: оро додан
Тасҳил: осонкорӣ
Тасвия кардан (ҳисобро): баробар кардан
Ташвиш: парво
Тасоҳуб: азхудкунӣ
Тасоҳуб намудан: аз худ кардан
Тасфияшуда (об): пок
Тазоҳур: худнишондиҳӣ, худнамоӣ
Теъдод: шумор
Таъмир кардан: соз кардан
Тағйир додан: дигар кардан
Тафтиш: кофтуков
Тақотеъ (хиёбон): буриш
Тақдим шудан: пешкаш шудан
Талаққӣ шудан: номбар шудан
Талаққӣ кардан: нигаронидан
Илтимос намудан: зора кардан
Тамдид кардан (муҳлатро): дароз кардан
Таназзул: пойинравӣ
Таҳияшуда: омоданамуда
Таваҷҷуҳ кардан: нигоҳ кардан
Тавзеҳ додан: рӯшанӣ андохтан
Тавлид кардан: офаридан
Ҷоиз донистан: раво дидан
Ҷирм (-и дандон): санг
Ҷаълӣ: сохта
Ҷуфти ҷанин: ҳамраҳак / ham-rah-ak/
Ҷавониб: паҳлӯҳо
Касиф: чиркин
Чандтабақа (сохтмон): баландошёна
Ҳосил намудан: пайдо кардан
Ҳокӣ: бозгӯянда
Ҳаддиақал: камаш
Ҳаммол: боркаш
Ҳавсалаи касеро сар бурдан: безор кардан
Ҳайфи нон: намешуданӣ / na-mī-šud-an-ī/
Хориҷӣ: беруна
Хотирнишон кардан: ёдрас шудан
Холӣ аз сакана: беодам
Харҷӣ (зиндагӣ): пойдам
Доимулхамр: майзада
Дар идомаи: ба дунболаи
Дар эҳтизоз будан: болафшонӣ кардан (парчам)
Дар назар гирифта шудан: нигаронда шудан
Дараҷа: зина
Зуб шудан: обшавӣ
Роҳат бош! (низомӣ): озод
Раъй додан: овоз додан
Ришта (-и дарсӣ): фан
Ризоятбахш: хурсандиовар
Рутубат: намнокӣ
Равнақ пайдо кардан: авҷ ёфтан (киноя)
Риёсат: сарварӣ, роҳбарӣ
Раис (идора/ширкат): сардор
Раис: роҳбар
Зилзила: заминҷунбӣ
Завоё: паҳлӯҳо
Зинат: зеб
Зинат бахшидан: оро додан
Суръат бахшидан: тезондан
Сафинаи фазоӣ: киштии кайҳонӣ
Сукут: хомушӣ
Себуъдӣ: сеандоза
Сифун: оббурояк / āb-bor-āy-ak/
Сел: обхезӣ
Шоеъа: овоза
Шулуғ (роҳ): серодам
Шиллик: тирпаронӣ
Шиллик кардан: парондан
Шут (футбол): партофт
Шуюъ (-и беморӣ): паҳншавӣ
Шуюъёбанда (беморӣ): домангустар
Садо: овоз
Сареҳан: рӯирост
Саъбулъубур: душворгузар
Забт кардан (рӯи навор): ба навор бардоштан
Тибқ: аз рӯи
Табақа: ошёна
Талоқ: азҳамҷудошавӣ
Танобкашӣ: бандкашӣ
Тӯл: дарозӣ
Тӯлонӣ шудан: ба дарозо кашидан
Зарофат: нозукӣ
Зариф: нозук
Озим: рафтигор
Омил: барангезанда, ангеза
Убур: гузариш
Адами вузӯҳ: норавшанӣ
Арз: паҳно
Аланан: рӯирост
Амалӣ намудан: пиёда сохтан
Иваз кардан (коноли телевизиюн): тов додан
Иваз кардан: дигар кардан
Ғализ (чой): ғавс /γavs/
Ғайбгӯ: бинак
Ғайри қобили қабул: намешуданӣ /na-mī-šud-an-ī/
Ғаюр: бонанг
Фосилаи табақотӣ: шикофи иҷтимоъӣ
Фарқ доштан: дигар будан
Фазо: кайҳон
Фазонавард: кайҳоннавард
Филмбардор: наворгиранда
Қобили истифода: бакор
Қаблан: пеш
Қаблӣ: пештара
Қадимӣ (дӯст): дерина
Қатъ: буриш
Қитъа (мусиқӣ): порча
Қутур (китоб): ғавс /γavs/
Қалбан: аз дилу ҷон
Комилан: бапуррагӣ /ba pur-r-ag-ī/
Кетрии барқӣ: обгармкунак
Касб кардан: андӯзидан
Кашф кардан: дарёфт кардан
Латиф: маҳин
Лаҳҷа: шева
Муассис: бунёдгар
Модоме ки: то даме ки
Модда (-и дарсӣ): фан
Мубассир (клос): роҳбар
Мубҳам: норавшан
Муттаҳид шудан (-и мардум): баҳамоӣ
Муттаҳид намудан: бар ҳам овардан
Мутазаккир гаштан: ёдрас шудан
Мутарҷим: тарҷумон
Муттасил сохтан: пайвандидан
Муттасилкунанда (-и пул): пайвандгар
Муталошӣ кардан (мағзи касеро): пош додан
Мутаваққеъ: чашмдор
Мутаваққиф кардан: боздоштан
Мисол: намуна
Муҷрим: гунаҳкор
Муҷассама: пайкара
Маҷмӯъан: ҳамагӣ
Маҳдуда: чорчӯба
Маҳсул (-и кишоварзӣ): кишта
Муҳкам: устувор
Мудир (-и бонк): роҳбар
Музокира: гуфтушунид, гуфтугӯ
Муроқибат: нигоҳубин
Мустаъмара кардан: зери даст гирифтан
Масмум: заҳролуд
Муштаракулманофеъ (кишварҳо): кишварҳои пасошӯравӣ/ кишварҳои ҳамсуд
Маслиҳат донистан: раво дидан
Мазнун: гумонбар
Мутобиқ: баробар
Мутобиқ шудан: рост омадан
Муътақид: боваринок
Муътақид будан: бовар доштан
Маъдумуласар: беномунишон
Муъаррифӣ намудан: шинос кардан
Маърака: ҳангома
Маъзул гаштан: сабукдӯш шудан, озод карда шудан
Мафқудуласар: беномунишон
Муқорин шудан бо: рост омадан ба
Муқовим: тобовар
Муқовимат: истодагарӣ
Муқассир: гунаҳкор
Муқайяд: пойбанд
Мунофии иффат (филм): бешармӣ
Мунташир кардан (-и китоб): баровардан
Мунҳариф кардан: аз роҳ задан (киноя)
Маншаъ гирифтан аз: бархостан аз
Муҳоҷират кардан: кӯч бастан
Мавҷуд: ҷойдошта
Мавриди алоқа будан: писанд будан
Муяссар шудан: даст додан
Наҷот ёфтан: раҳидан
Наҷҷор: дурӯдгар
Назофат: поккорӣ
Нафх: дамиш
Наҳор: хуроки пешин
Навзуҳур: тозапайдо
Ҳеликуптер: чархбол
Воқеъан: аз ростӣ
Васл будан: пайваст будан
Вуслат: пайванд
Вилоӣ (хона): заминакӣ

Матни порсиро “инҷо” бихонед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*