Додихудо Саймуддинов барандаи ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ шуд

Ҷоизаи имсоли “Бунёди Манучеҳри фарҳангӣ” дар Тоҷикистон ба Додихудо Саймуддинов, пажӯҳишгар ва устоди донишгоҳ дар забону адаби Эрони бостон, ҳамванд (узв)-и Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва фарнишин (раис)-и бахши ҳамгунии вожаҳо дар Фарҳангистони улуми ҳукумати Тоҷикистон, дода шуд.

Ба гузориши “Порсӣ Анҷуман”, дар ойине, ки дар 27-уми моҳи майи соли 2014 дар толори бузурги Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар, баргузор шуд, ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ аз сӯи ин бунёд ба дасти фарнишини Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пруфессур Фарҳод Раҳимов, ба устод Додихудо Саймуддинов пешкаш шуд.

Ба ҳамроҳи ин ҷоиза сипосномаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз сӯи Анҷумани “Пайванд” ба дасти Субҳон Кошонов ба эшон супурда шуд. Дар ин барнома ҳамвандони фарҳангистон ва устодони донишгоҳ ба ҳамроҳи чеҳраҳои адабӣ, донишӣ ва фарҳангӣ аз Точикистон, Эрон ва Афғонистон бошандагӣ доштанд.

Ин чаҳорумин ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ аст, ки барои бузургдошти кору кӯшишҳои фарҳангии донишмандони Осиёи Миёна ба онон дода мешавад.

Дар ин барнома Масъуди Миршоҳӣ, устоди донишгоҳ ва ҳамванди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ки Бунёди Манучеҳри Фарҳангиро дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, перомуни зиндагии зиндаёд Манучеҳри Фарҳангӣ ва ҷоизаи ин бунёд сухан гуфт. Пруфессур Кароматулло Олимов, вазири пешини фарҳанг, низ ба ҳамроҳи фарнишини Фарҳангистон ва фарнишини Анҷумани “Пайванд” дар бораи арҷи ин ҷоиза дар Тоҷикистон сухан гуфтанд ва аз хонаводаи шодравон сипосгузорӣ карданд.

Бону Раънои Зоирдухт чакомаеро, ки барои ин ойин суруда буд, хонд ва пруфессур Парвона Ҷамшедӣ ва чандин тан аз бошандагон дар бораи зиндагӣ ва корномаи устод Саймуддинов суханронӣ карданд. Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ дар фарҷом аз бону Рамзия Фаридунова барои ҳамкорияшон сипосгузорӣ кард.

Дар бораи бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ

Манучеҳри Фарҳангӣ яке аз озодагони роҳи андеша, ҳунар, адабу фарҳанги эронӣ буд ва то даме ки зинда буд, ҳамаи кӯшишҳои худро барои пешбурду шукуфоии фарҳанги эронӣ ба кор мебурд ва танҳо орзуи ӯ сарбаландии ҳамаи эронитаборон буд. Пас аз даргузашти ӯ хонаводаи зиндаёд Фарҳангӣ бунёдеро ба номи ӯ роҳандозӣ карданд, то битавонад ҳамасола ҷоизае ба номи Ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангиро ба яке аз барҷастагони забон, адаб ва фарҳанги тоҷик биспоранд.

Додихудо Саймуддинов ва корномаи пажӯҳишияш

Додихудо Саймуддинов (зодаи 1949) донишомӯхтаи дуктурии забоншиносии торихӣ, ҳамванди вобастаи Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамванди пайвастаи Фарҳангистони Эрон аст, ки дар соли 1973 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба поён расонд ва ба супориши ҳамин донишгоҳ барои дунбол кардани пажӯҳишҳои худ ба Анституи забону адабиёти Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шиносонда шуд.

Солҳои 1974-1976 коромӯзи Анституи забоншиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ленингрод (Сан-Питерзбург) ва дар солҳои 1976-1979 коршинос дар ҳамин анститу буд. Пас аз поёни давраи коршиносӣ кӯшишҳои донишики хешро дар Анституи забон ва адабиёти Рӯдакӣ дар хешкориҳои гуногуни донишӣ дунбол кард. Солҳои 1995-2000 дастёри фарнишини Анститу ва солҳои 2000-2005 фарнишини анституи ёдшуда буд.

Солҳои 2005-2009 бо варном (унвон)-и намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарнишини Кумитеи дониш, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон баргузида шуд. Аз соли 2009 фарнишинии Кумитеи забон ва истилоҳоти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Дар соли 1982 аз поённомаи дуктурои худ бо варноми “Ташреҳи забоншинохтии мутуни форсии пиёна” ва ба соли 1999 аз поённомаи фавқи дуктурои хеш бо варноми “Вожашиносии забони форсии миёна” падофанд кард. Вай дар заминаҳои гуногуни забонҳои форсии миёна ва нав ва ҳамчунин забони порсӣ пажӯҳишҳои гуногуне анҷом додааст.

Беш аз 110 ҷустори донишик аз Саймуддинов ба чоп расидааст. Аз нивиштаҳои номбурда метавон ба китобҳои “Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ” (соли 1992), “Фарҳангномаҳои форсии миёна” (соли 1994), “Истилоҳоти идории замони Сосониён” (соли 1995), “Вожашиносии забони форсии миёна” (соли 2001), “Адабиёти паҳлавӣ” (соли 2003), “Форсии бостон” (соли 2008), “Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ” (соли 2007), “Пажӯҳишҳои забоншиносӣ” (2013) ва… ишора кард.

Ҷусторҳои донишики Саймуддинов дар берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Маскав, Сан-Питерзбург, Афғонистон, Эрон, Порис ва Суис чоп шудаанд. Додихудо Саймуддинов аз барои ду пажӯҳиш бо варноми “Фарҳангномаҳои форсии миёна” ва “Истилоҳоти идории замони Сосониён” ба дарёфти ҷоизаи Мавлавии Бунёди ҷаҳонии забони тоҷикӣ-форсӣ сазовор гардид.

Пажӯҳиши дигари ӯ “Вожашиносии забони форсии миёна” дар радифи пажӯҳишҳои эроншиносии хориҷӣ дар Эрон сазовори унвонии “Китоби сол” ва ҷойгоҳи нахуст шуд. Додихудо Саймуддинов яке аз ҳамкорон ва нивисандагони “Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ” низ будааст ва ҳамчунин даҳҳо донишҷӯ бо раҳбарии вай аз поённомаҳои дуктурӣ ва фавқидуктурии хеш падофанд кардаанд.

Нумоди Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ   Ойини супурдани ҷоизаи “Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ” дар толори Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, аз рост ба чап: Парвона Ҷамшедӣ (устоди донишгоҳ), Кароматуллоҳ Олимов (вазири пешини фарҳанг ва дастёри Фарҳангистон), Субҳон Кошонов (фарнишини Анҷумани “Пайванд”), Пруфесур Ҳусайни Содиқӣ (кордпизишк (ҷарроҳ)-и қалб), Фарҳод Раҳимов (фарнишини Фарҳангистон), Масъуди Миршоҳӣ ва Додихудо Саймуддинов.  Фарнишини Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов (рост) гувоҳиномаи Бунёди Фарҳангии 2013-ро ба Додихудо Саймуддинов (чап) месупорад.

Толори Фарҳангистон дар ҳангоми супурдани ҷоиза, аз чап ба рост дар радифи нахуст: пруфессур Нуралиев, пруфессур Акбар Турсунов ва Муъмин Қаноъат (чакомасаро ва адабдони номвар).  Додихудо Саймуддинов   Сипосномаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои Додихудо Саймуддинов фиристода шудааст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*