Нигоҳе ба нақши Фирдавсӣ дар боландагии забони порсӣ

Аҳмади Козимии Мӯсавӣ:* Фирдавсӣ забони форсиро вориди марҳилаи тозае кард. Ин қавлест, ки ҷумлагӣ бар онанд. Мабнои ин гуфта шояд иддиъои баҳаққи худи Фирдавсӣ бошад, ки “Ъаҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.” Бо ин ҳама, ҳанӯз бисёр мондааст, ки бидонем Фирдавсӣ чигуна рӯҳи тозае дар забони форсӣ дамид. Шоҳнома чи чизе вориди забон кард, ки форсӣ пештар фоқиди он буд? Чигуна суханварӣ пас аз Фирдавсӣ мафҳуми ҷадиде ба худ гирифт. Ин нивишта ъуҳдадори кӯшишест барои посух ба ин пурсишҳо. Баҳсро аз “сухан” ва забоноварӣ ва халлоқияти он оғоз мекунем.

Мортин Ҳойдегер (1976м), файласуфи олмонӣ, рисолаи пурмағзе дар бораи “табиъати забон” нивишта, ки дар китоби “Дар роҳи расидан бо забон”[1] дарҷ шудааст. Ангезаи Ҳойдегер дар нивиштани ин рисола ин мисраъ аз шеъри Истефан Ҷурҷ (Stefan George) аст: “Ҷое, ки калом фурӯ мешиканад, дигар чизе боқӣ намемонад.[2] Ҳойдегер бо тафсири ҳазортӯи ин шеър натиҷа мегирад, ки “калом ба ашё ҳастӣ медиҳад” (саҳ 62), “забон хонаи вуҷуд аст” (саҳ 63). Ҷолиб ҷоест, ки Ҳойдегер шеъру андешаро ҷилваҳои сухан гуфтан мехонад:

“Шоъирӣ ва андешидан ҳолатҳое аз гуфтананд. Тақорубе, ки ин дуро ҳамдӯш мекунад, “сухан” (Saying) меномем. Ин ба заъми мо сиришти аслии забон аст. Сухан бо вожаи шимолии бостон[3] “сого” рабт дорад. Ин вожа ба маънои нишон додан ва ошкор кардан ва озод кардан аст, яъне пеш ниҳодан ва густардани он чизе, ки “ҷаҳон”-аш мехонем, онро бармеафрӯзем ва ниҳон месозем. Ин барафрӯхтан ва ниҳон кардани ъарзаи ҷаҳон ҳастии асосии сухан аст.[4]

Мебинем Ҳойдегер дар инҷо бинои корро бар шеъру сого мегузорад, ки ҳарду дар суннатҳои баёнии Ховарзамин ҷойгоҳи бузурге доранд. Сого ҳамон сухан аст, ки дар забонҳои жермоник (олмонӣ, искондиновӣ ва инглисии бостон) бо талаффузҳои мутафовит “сог” (sag), “сих” (sik) ва “сей” (say) роҳ ёфта ва дар забонҳои ҳиндуэронӣ низ ба мафҳуми каломи хуб ва ҷоуфтода омадааст. Ба нивиштаи Фарҳанги Низом дар паҳлавӣ “сухун” ва дар авесто “саҳ” ва “саховӣ” ва дар санскрит “шамсо” ба маънои сухан ва баён аст. Дар санскрит “суктӣ” ба маънои сухани хуб аст.[5]

Дар адаби форсӣ сухан ва сароиш ҳамеша ҷойгоҳи волое доштааст. Фирдавсӣ дар ҷойҷойи Шоҳнома аз сухан ва сухангустарӣ ёд мекунад. Вале он ҷаҳонафрӯзие, ки Ҳойдегер аз сого манзур мекунад, Фирдавсӣ бештар дар “пайванд” (назми шеър) меҷӯяд. Пеш аз ин пайванд ҷаҳони ном ва номдорон мурда буд. Ӯ бо сароиш ва пайванд ба он ҷон бахшид.

Чу Ъисо ман ин мурдагонро тамом,
Саросар ҳама зинда кардам ба ном.*

Фалсафаи забон дар ъасри ҳозир бозсозии ҷаҳонро дар забоноварии инсон мебинад. Ричорд Руртӣ иддиъо мекунад, ки ҷаҳон ҳарф намезанад, фақат инсон аст, ки сухан мегӯяд. Инсон вақте, ки худро дар қолаби як забон рехт, онгоҳ ҷаҳон ӯро ба пиндошту бовардошт вомедорад. Аммо ҷаҳон наметавонад забоне барои ҳарф задан ба мо пешниҳод кунад. Фақат инсонҳои дигар метавонанд чунин кунанд. Ин ба ҳар ҳол, ин маъниро намедиҳад, ки тасмим дар бораи ин ки чи забонро ба бозӣ бигирем, дилбихоҳист ё он ки “баёни” чизе аз аъмоқи дарун аст.

Руртӣ дар ҷои дигар мегӯяд: “Забонҳо сохта шудаанд, на он ки ёфта шуда бошанд. Ҳақиқат милки тилқи яккаҳои забоншинохтӣ, яъне ҷумлаҳо ва гузораҳост.” Ҳақиқат мустақил аз зеҳни башар наметавонад вуҷуд дошта бошад, зеро гузораҳои баёнӣ вуҷуд надоранд. Ҷаҳон вуҷуд дорад, вале вафсу баёни ҷаҳон мавҷуд нест. Фақат васфи ҷаҳон мумкин аст дуруст ё нодуруст бошад. Худи ҷаҳон бидуни васфу баёни башар наметавонад дар маърази доварӣ бошад.[6]

Низомии Ганҷавӣ (м 603), ки худ сахт мутаассир аз забони Фирдавсӣ аст, бо як диди мутафовит ба нақши бозофаринии сухан дар ҷаҳон ишора мекунад:

Чун қалам омад шудан оғоз кард,
Чашми ҷаҳонро ба сухан боз кард.
Бе сухан овозаи ъолам набуд,
Ин ҳама гуфтанду сухан кам набуд.
Дар луғати ъишқ сухан ҷони мост,
Мо суханем, ин тали девони мост.
Гар на сухан риштаи ҷон тофтӣ,
Ҷон сари ин ришта куҷо ёфтӣ*. (Махзан-ул-асрор, банди 13)

“Бе сухан овозаи ъолам набуд” рӯяи дигари ин гуфтаи Истефан Ҷурҷ аст, ки “онҷо, ки сухан фурӯ мешиканад, дигар чизе боқӣ намемонад.”

Инак бибинем Фирдавсӣ чигуна ба сухангӯӣ аз ҷаҳон мепардозад. Корро аз ниёз ба пайвастани достон ба шеър шурӯъ мекунем ва онгоҳ нақши Фирдавсиро дар пешбурди баёни форсӣ ва забоноварии вожаҳо меозмоем ва дар поён бозтоби таваллуди ҳамосаро вомерасем. Ёдоварии ин нукта зарурист, ки Фирдавсӣ агарчи мавзӯъи фалсафии ду мутафаккири пешгуфтаро надорад, вале онҷо ки кор ба сухангустарӣ мекашад, аз звоияи завқ ба дидгоҳи онон наздик мешавад.

Ниёз ба пайвастани достон ба шеър

Фирдавсӣ дар оғози Шоҳнома рӯи зарурати ба назм даровардани “номаи бостон” (манзур Шоҳномаи мансури Абӯмансурӣ аст)[7] таъкид вижае мекунад. Мансур будани достонро натиҷаи дур будани табоеъ аз “пайванди” он мебинад. Дур будани табоеъ фақат ҳаросидани гӯяндагон аз даст задан ба ин кори бузургро намерасонад, балки ба як норасоӣ дар сифати “мансур будан” низ ишора дорад, ки як табъи равон барои ба шеър пайвастани достон металабад. Бингарем ба лаҳни баёни Фирдавсӣ дар ин мақол:

Яке нома буд аз гаҳи бостон,
Суханҳои он бар маниш ростон.
Чу ҷоме гуҳар буду мансур буд,
Табоеъ зи пайванди ӯ дур буд.
Набурдӣ ба пайванди он кас гумон,
Пурандеша гашт ин дили шодмон.

Ин се байт худ гӯёи ин амр аст, ки шеър дар забони форсӣ дар дараҷаи болотаре аз баён нисбат ба наср қарор доштааст. Ин “марҳилаи баёнӣ”-ро фақат тараннуми вазн ва тадоъибахшии қофия ташкил намедод, балки корбурди баёнии бештареро шеър ба ҳамроҳ меовард, ки Фирдавсӣ аз он ба “пайваст” ва “пайванд” таъбир мекунад. Ин пайвастан албатта ба маънои ба шеър даровардани достонҳост. Вале муҳиммтар мафҳуми бозпарвардани нивиштаҳо ва шунидаҳоро низ дар бар дорад. Ин амрро Фирдавсӣ – ҳамон тур ки дидем – ба ъунвони “зинда кардан” ёд кардааст. Масъала инҷост, ки чиро Фирдавсӣ ин бозпарвардану зинда карданро дар пайвастан, яъне ба шеър гуфтани матолиб дида ва чигуна шеърро дар хидмати рушди забон даровардааст? Посух ба ин суол ниёз ба бознигарии ҷойгоҳ ва абзорҳои шеър дар замони Фирдавсӣ дорад.

Шеъри форсӣ дар ъасри Фирдавсӣ тоза муҷаҳҳаз ба авзони ъарӯзӣ ва қофия шуда буд. Ба кор гирифтани ин ду ъунсур дар адаби форсӣ, бо он ки бесобиқа набудааст, шӯру нишоти тозае дар баёни шоъиронаи мо барангехт, ки маалан ба рушди забон кумак кард. Вазну қофия дар шеъри забони паҳлавӣ ҳам ёфт мешудааст. Он тур ки шодравон Нотили Хонларӣ аз таҳқиқоти худ натиҷа гирифта, шеъри паҳлавӣ ҳиҷоии маҳз набуда, балки бинои вазн бар такяи калимот низ қарор дошта ва порае аз ин ашъор ба навъе дорои қофия будаанд[8]. Бо ин ҳама, ошноии эрониён бо авзони шеъри ъараб ва ҳамнавоиии ҳуруфи поёнӣ – қофия – ба тавре ки хоҳем дид, боби тозае дар сухансароии форсӣ гушуд.

Буҳури ъарӯзӣ зоидаи оҳанги иштиқоқии вожаҳои ъарабӣ ва кашу кӯтаҳ омаданҳои мутаносиби алфоз ба пайравӣ аз дарунаҳои зеҳнии шоъир аз зиндагӣ дар саҳрост. Буҳур ва ъарӯз ҳарду истилоҳотеанд, ки Халил бинни Аҳмади Фароҳидӣ (100-175ҳ) барои понздаҳ вазн аз ашъори ъараб дар китоби “Ал-ъайн” табақабандӣ кард[9]. Баъдҳо шогирдаш Ахфаш вазни дигаре бар онҳо афзуд ва ин авзон ба буҳури шонздаҳгона машҳур шуданд[10]. Бархе аз донишмандони қадим, чун Ибни Хурдодбеҳ ва Масъудӣ, гуфтаанд, ки порае аз авзони шеъри ъараб аз вазни асвоти табиъӣ гирифта шудаанд. Дар он миён вазни “Ҳудоъ” (овози сорбон), ки дар баҳри раҷаз аст, аз қадимтарин авзон дониста шуда ва муқтабас аз вазни қадамҳои шутур аст[11].

Асомии авзони ъараб худ гӯёи вом гирифтани шеър аз табиъат аст. “Рамал” беҳрест аз хок, ки дар саҳро мавҷ мезанад. На танҳо “рамл” ва “римол” маъонии аслии худро дар хоки биёбон доранд, балки “раммол” ҳам аз баракати нақшу нигор дар хок иртизоқ мекунад. “Раҷаз” вазнест, ки сарчашма дар қадамҳои шутур дорад. “Ҳараҷ” тараннумест, ки дар саҳро танин меандозад. Нивисандагони ъараб дар ин ъақидаанд, ки бештари истилоҳоти фаннии ъилми ъарӯз аз аҷзои хайма гирифта шудааст, монанди “ватад” (мех), сабаб (ресмон), зарб (барпо кардани хайма), мисроъ (як лингаи дар), рукн (тираки ъамудии хайма) ва ъарӯз (тираки уфуқии хайма). Ин охарӣ мӯҷиб шуд, ки бархе бар ин гумон раванд, ки ҳамин ҷузъ номи худро ба ъилми ъарӯз додааст[12]. Ин иқтибосоти луғавӣ – агар на ҳамаи онҳо, бисёре аз онҳо – нумоде ҳастанд аз мазмунҳое, ки зиндагӣ дар саҳро бар забони ъараб ҷорӣ сохтааст.

Аммо бар пояи таҳқиқи шодравон парвизи Нотили Хонларӣ фақат табиъати саҳро илҳомбахши Халил бинни Аҳмад набуда, балки вай ба гунае бо адабиёти ҳинд ва санскрит ошноӣ ёфта ва аз он баҳра гирифта буд. Нахустин донишманде, ки ба мушобиҳатҳои миёни ъарӯзи ъараб ва Ҳинд ишора кард, Абӯрайҳони Берунӣ (445ҳ) буд. Ин мушобеҳатҳо, аз назари Абӯрайҳон, шомили мавориди зер аст: чигунагии шумориши ҳуруфи сокин ва мутаҳаррик, қарор додани вазни шеър бар мабнои як вазни мафрӯз, яъне “афоъил”, тақсими шеър ба пояҳое, ки ъарабҳо онро ба василаи ъарӯз ва зарб анҷом дода ва ҳиндиён онро под номидаанд, мушобеҳати порае аз истилоҳоти луғавии санскрит бо ончи дар ъарӯзи ъарабӣ ба кор рафта, монанди калимаи “оре” бо лафзи “ъарӯз”, сабдо (Sabda) бо “сабаб”, верто (Verta) ба маънии мураккаб бо “ватад” ва таркиби “сабдо ваҳват” (Sabda Vahvat) бо “сабабватад” ва бархе калимоти дигар[13].

Берунӣ мегӯяд: “Ъиллати он ки дар ин боб чунин батафсил сухан рондам, он аст, ки… хонанда бидонад, ки Халил бинни Аҳмад дар ибдоъи қавоъиди авзон то чи ҳад тавфиқ ёфтааст. Агарчи мумкин аст, чунонки баъзе аз мардумон гумон бурдаанд, вай шунида бошад, ки ҳиндувон баъзе аз мавозинро дар шоъирӣ ба кор мебаранд[14].

Нотили Хонларӣ изофа мекунад: “Ончи ин ҳадсро таъйид мекунад, таваллуд ва иқомати ӯ (Халил бинни Аҳмад) аст дар Басра, ки бандари тиҷоратӣ буда ва бо Ҳинду ҳиндувон баночор робита доштааст. Дигар тартибе, ки ӯ нахустин бор дар ҳуруфи таҳаҷҷӣ иттихоз карда ва “Китоб-ул-ъайн”-ро бар он ваҷҳ мураттаб сохтааст ва ин ҳамон тартиби ҳуруф дар санскрит аст.”

Аъроб пеш аз Халил бинни Аҳмад ошноии фаннӣ ба авзон ва буҳури шеъри худ надоштанд. Чи басо лузуме барои ин кор ҳис намекарданд. Аммо ба як чиз ошноии комил, балки эътиқоди тамом доштанд ва он қадосати саҷъ буд. Саҷъ санги аввали бинои мусиқии каломро дар ъарабӣ поя гузошт. Саҷъ ҳамнавоии вожаҳо дар ҷумла аст. Ин кор дар наср оғоз шуд, вале базудӣ хушоҳангии худро ба шеър, бавижа дар қисмати қофия, вом дод. Муҳиммтар аз арзишҳои овоӣ ва мусиқоии саҷъ убуҳҳат ва гиромидоште буд, ки аз каломи мусаҷҷаъ бармехост. Коҳинони ъараб сухан аз ғайбро бидуни саҷъ намегуфтанд. Аҳкоми доварии онон низ ба забони саҷъ адо мешуд. Ъаррофон, ки корашон ёфтани ашёи гумшуда ва арвоҳи палид буд, низ аз вожагони оҳангин ва пуртанин баҳра меҷустанд[15].

Фаромуш набояд кард, ки ҳамнавоии вожаҳо дар он ъаср аҳаммияти ҳатто қадосатӣ дошт, ки парвариши маъонии тозаро аз роҳи истиъора ва тамсил металабид. Ҳамин кор мӯҷиби густариши буъди суханпарварӣ дар забон шуд, ки бо густариши буъди коркардии забони имрӯзи мо – ки аз қарни нуздаҳум ба баъд роиҷ шуда – набояд муқоиса шавад. Ъомиле, ки кори шоъиронро дар ин росто тасҳил кард, фароҳам шудани абзори кор, яъне дастрасӣ ба авзони ъарӯзӣ буд ва муҳимтар убуҳҳату буриши баёние, ки дар он ъаср тасаввур мерафт ин авзон дар даруни худ доранд.

Хоҷа Насири Тусӣ бештар аз дигар нивисандагон ба тафовути бардошти ъарабҳо нисбат ба авзони шеър таваҷҷуҳ кардааст. Хоҷа дар “Асос-ул-иқтибос” мегӯяд: “Қудамо шеърро каломи мухаййал гуфтаанд ва агарчи мавзуни ҳақиқӣ набудааст ва ашъори юнониён баъзе чунон будааст ва дар дигар луғоти қадим монанди ъибрӣ ва сурёнӣ ва фурс ҳам вазни ҳақиқиро эътибор накардаанд.” Хоҷа Насир онгоҳ муроди худро аз “эътибори вазни ҳақиқӣ” чунин тавзеҳ медиҳад: “Эътибори вазни ҳақиқӣ бад-он мемонад, ки аввал ҳам ъарабро будааст, монанди қофия, ва дигар умам мутобеъати ишон кардаанд ва агарчи ки баъзе бар он афзудаанд, монанди фурс”[16]. Мебинем, ки Хоҷа Насир барои “вазн” ҳақиқате эътибор мекунад, ки фақат ъарабҳо онро дарёфтаанд ва дигарон, бавижа юнониён ва аҳли мантиқ, “вазнро аз он ҷиҳат эътибор кунанд, ки ба ваҷҳе иқтизои тахайюл кунад”[17].

Бино бар ин, “тахайюл”-ро Хоҷа Насир – аз диди ъарабҳо – дар дараҷаи дувум нисбат ба ҳақиқати макнун дар вазн қарор медиҳад. Ин ҳақиқат чизе ҷуз қадосати “саҷъ” ва сипас “баҳр” наметавонад бошад, ки акнун дорад аҳаммият ва бурриши баёнии худро ба забони форсӣ вом медиҳад.

Бо ин ҳама, набояд пиндошт, ки форсинивисон ба ъадами таносуби саҷъ бо оҳанги таркибии вожаҳои форсӣ таваҷҷуҳ надоштаанд. Ъунсурулмаъолии Кайковус (462ҳ) дар қарни панҷум саҷъро дар насри форсӣ нохушоянд хонд: “…Дар номаи тозӣ саҷъ ҳунар аст ва сахт неку ва хуш ояд, лекин дар номаи форсӣ саҷъ нохуш ояд, агар нагӯӣ беҳтар бувад.”[18]. Бо вуҷуди ин, насрнивисони форсӣ аз қарни ҳафтум ба баъд дар корбурди саҷъ чунон ифрот карданд, ки бояд ҳамин саҷъро яке аз ъавомили номафҳумӣ ва норасоии насри расмӣ дар садаҳои нуҳум то дувоздаҳум донист. Ин нивисандагон то онҷо пеш рафтанд, ки гузоштанд саҷъ ба ҷои худи онҳо ҳарф бизанад ва маънӣ овезае шуд дар дасти навасоноти саҷъ. Вале дар забони шеър кор бад-ин гуна пеш нарафт ва эҳсоси шоъирона майдонро ба санъат вогузор накард. Саҷъ дар ҳадди ақал боқӣ монд ва вазну қофия санҷаҳои зебошинохтӣ дар баён шуданд ва маолан дар хидмати рушди забон даромаданд. Чигуна?

Посухи ин суолро бояд дар эҳсоси ниёзе, ки Фирдавсӣ барои пайвастани Шоҳнома нишон дод, ҷустҷӯ кард. Асоси Шоҳнома дар соли 345 (сӣ сол пеш аз оғози кори Фирдавсӣ) ба сарпарастии Абӯмансури Муҳаммад бинни Ъабдурраззоқ, ҳукмрони Тус, ба наср нивишта шуда буд. Фирдавсӣ бо “пайванди” худ мехост чи чизе ба он изофа кунад? Назму иттисоқи достон эй басо дар наср осонтар ва дастбозтар менамуд ва ин кор қаблан анҷом гирифта буд. Ҳақиқат ин аст, ки Фирдавсӣ мехост достонро дар домони вазну қофия бозпарварад. Яъне завқу тавони баёни худро бо шукӯҳу тантанаи вазн, ки меъёри зебошиносии шакли берунии шеър дар он замон буд, биёмезад. Номи ин корро пайвастани номаи бостон гузошт. Барои ин кор баҳри мутақорибро, ки зарби тундтаре нисбат ба буҳури дигар дошт, баргузид. Ин баҳрро шуъарои пешин чун Дақиқӣ озмуда буданд ва қолаби шинохташудае барои баёни саргузаштҳои хусравонӣ буд.

Баҳри мутақориб (мусаммани мақсур)-ро Нотили Хонларӣ гумон мебарад, ки асли эронӣ дошта бошад. “Чун кайфияти истеъмоли он дар забони ъарабӣ ё форсӣ бисёр фарқ дорад.”[19]. Ховаршиносоне чун Рӯкерт (Rukert) ва Нулдеке (Noldeke) ба ихтилофи истеъмоли баҳри мутақориб миёни форсӣ ва ъарабӣ ишора кардаанд.[20] Ба ҳар ҳол, баҳри мутақориб, гузашта аз рагу решаи шинохташудааш, дар қарни чаҳорум ба сурати як вазни мушаххас аз авзони шонздаҳгона ба гӯяндагони форсизабон ъарза шуд. Ин авзон на фақат қадосати саҷъ ва сипас баҳр дар забони ъарабиро ба дӯш мекашиданд, балки аз пуштвонаҳои маънирасонӣ ва балоғати форсӣ баҳра мегирифтанд. Ҳамаи ин ъавомил Фирдавсиро бар сари завқ барои ба шеър гуфтани торихи шоҳон ва асотири Эрон овард, яъне ҷойгоҳи бартари шеър дар баёни форсӣ, омехта шудани шеър бо қадосати авзони ъарӯзӣ, гирдоварии достонҳо тавассути Абӯмансури Муҳаммад бинни Ъабдурраззоқ ва завқозмоии гӯяндагони пешин чун Масъудии Марвазӣ, Абӯмуайяди Балхӣ, Абӯшакури балхӣ ва Дақиқӣ.

Пешбурди баёни форсӣ

Дар муқоиса бо муъосирони худ забони Фирдавсӣ гӯётар ва аз ҷиҳати баёни маъонии мухталиф пешрафтатар аст. Гӯёии забони Фирдавсӣ то онҷост, ки бархе аз муҳаққиқон ъиллати бақо ва пахши биннисбаи фаврии Шоҳномаро ҳамин равонӣ ва шаффофияти баён донистаанд[21]. Рӯнивисии Шоҳнома дар замоне анҷом шуд, ки ҳанӯз ҷавви номусоъиде перомуни гароиши мазҳабии Фирдавсӣ вуҷуд дошт. Шоҳнома албатта забони ҳамосаро бо забони дили мардум ба ҳам омехта буд. На танҳо аз афсонаҳо ва устураҳо ва торихи мардуми Эрон сухан мегуфт, балки онро бо орзуҳо, шодкомиҳо ва номуродиҳояшон ҳамсоз мекард. Ин ҳамсозӣ албатта дар эҳсоси Фирдавсӣ сурат гирифт. Вале дар қаламрави забон бояд бибинем, ки Фирдавсӣ чигуна як парда болотар ҳарф зад ва ба чи шевае ин “як-парда-болотар”-ро дар забон ба ёдгор гузошт.

Фирдавсӣ дар сароғози Шоҳнома мегӯяд:

Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Худованди ному худованди ҷой,
Худованди рӯзидеҳу раҳнумой.[22]

Расондани маънӣ ба сурати фавқ ибтидо ба назар осон менумояд. Рӯшан аст, ки “ба номи Худо” муъодили “бисмиллоҳ”-и ъарабӣ аст ва Фирдавсӣ ҳарчанд мафоҳими вижае аз ҷону хирад дар зеҳн дошта бошад, ба ҳар ҳол, офаридану рӯҳу ъақл сухани бесобиқае набудааст. Аммо баёни “бартар нагузаштани андеша аз он”, ба сурате, ки дар мисраъи дувум омада, як фазои фикрии густарда пеши назар меоварад, ки андеша дар он ҳарчанд қодир ба фаротар рафтан аз марз нест, бо ин ҳама, дар конуни таваҷҷуҳ қарор дорад. Муҳим дар инҷо чандмаъноӣ ва хушоҳангии таркиби “бартар нагузаштани андеша аз Худо” аст, ки то он замон гуфтанаш ба ин қудрат дар форсӣ наёмада буд.

Ин нуктаро бо таваҷҷуҳ ба шеваи оғози сухан дар китобҳое, ки дар ъасри Фирдавсӣ нивишта шудаанд, метавон дарёфт. Ба ъунвони мисол, дар муқаддимаи “Ҳудуд-ул-ъолам”, ки дар соли 372 нивишта шудааст, чунин омада: “Сипос Худои тавоно(и) ҷовидро, офаринандаи ҷаҳону гушояндаи корҳо ва роҳнумояндаи бандагони хешро ба донишҳои гуногун”[23]. Низ муқаддимаи “Ал-абния ъайни ҳақоиқ-ал-адвия” таълифи Муваффақуддини Абӯмансур Ъалии Ҳаравӣ, ки муъосири Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ (давраи иморат 350-365) будааст, чунин оғоз мешавад: “Ситоиш боз Яздони доно ва тавоноро, ки офаридгори ҷаҳон аст ва донандаи ошкору ниҳон аст ва ронандаи чарху замон аст ва дорандаи ҷонвар асту оварандаи баҳору хазон аст[24]. Ва тарҷумаи форсӣ аз Қуръони кӯфии куҳан, ки ҳамзамон бо ъарси Фирдавсӣ (авохири қарни чаҳорум) нивишта шудааст, низ оғозе чунин дорад: “Ба номи он Худой, ки саргашта гаштанд аз андарёфтани ъазаммати вай, меҳрубон ба тавфиқ додан бар тоъатҳо, бахшоянда ба нигоҳ доштан аз маъсиятҳо[25].

Дар ду матни нахустин нивисандагон рӯи сифоти камолияи Парвардигор такя карданд ва аз сифоти фоъилӣ бо пасванди “-анда” баҳра гирифтанд, ки қавитарин илқокунандаи ҳолати фоъилӣ дар забони форсӣ аст. Вале коркарди ин сифот дар ин матн мунҳасир ба феълест, ки аз он нашъат гирифтаанд ва нисбати дигареро дар зеҳн барнамеангезанд, ҳол он ки баёни Фирдавсӣ нисбати андешаро ба миён меоварад ва аз гузори андешаи башар дар рабт бо Худованди ҷаҳон як маънои нав бозметобад. Ин ҳамон маъное аст, ки ба гуфтаи Ҳойдегер фақат дар забон барафрӯхта мешавад.

Манзури Фирдавсӣ аз “пайвасти” номаи бостон боист ҳамин “бозтофтани калом” дар Шоҳнома буда бошад. Барои анҷоми ин кор Фирдавсӣ албатта аз “баёни шеър” кумак гирифт. Яъне шеър ҳам маҷоли баёни эҳсосии худро ба Фирдавсӣ дод ва ҳам вазну оҳанги шинохташудаеро дар ихтиёри ӯ гузошт, то аз таркиби он ду “эҳсос” ё “ҳузури” дигаре – ба таъбири Дориюши Ошурӣ[26] аз маъно бисозад. Ин бад-он маъно нест, ки тавассул ба шеър ба худии худ маъниофарин аст, балки мурод ин аст, ки таркиби вожаҳо дар вазну оҳанге, ки бархоста аз эҳсоси гӯянда аст, ҳузури бештаре ба маънои (чи басо мукаррар) пеш гуфташуда медиҳад. Бингарем ба гуфтугӯи Дақиқӣ – шоъири муъосири Фирдавсӣ – бо Худояш:

Аё додгар довари бениёз,
Худованди ҷонбахши банданавоз,
Ҷаҳонофаринанда Яздон тӯӣ,
Худованди дину дилу ҷон тӯӣ.

Ин ду байт гарчи зебост, аммо ҳузури бештаре ба маъно намедиҳад, ҳузуре, ки дар баёни Фирдавсӣ ва мукаррар дар шеъри Низомӣ ба чашм мехӯрад. Бо ин ҳама, ин шеъри Дақиқӣ аз насри се китобе, ки дар боло овардем, гӯётар ба назар меояд. Аз як дид вазну қофия метавонад даступогир бошад ва гӯяндаро ба тасаннуъ водорад. Вале дар шеъри форсӣ кор бад-ин гуна пеш нарафт. Мо дар наср беш аз шеър тасаннуъ дорем. Чиро? Посухаш аз маҷоли ин гуфтор берун аст. Аммо бояд бибинем шеър чи чизе ба баёни форсӣ дод, ки наср ба он тавоно набуд. Ташбеҳ, иғроқ, истиъора, тараннум, тарассуъ ва фаротар рафтан аз марзи мутадовил (Ал-шоъиру яҷуза мо лояҷуз лиғайра) аз ҷумлаи маҷолҳое ҳастанд, ки фақат шеър дар ихтиёри гӯянда мегузорад. Фирдавсӣ аз ҳамаи ин ъавомил барои ҳузури бештари маъно дар баён баҳра гирифт. Бавижа зебоии иғроқ ва арзишҳои танинии вазн дар кори Фирдавсӣ чашмгир аст. Бингарем ба як намуна аз қудрати истиъора ва иғроқи Фирдавсӣ:

Яке нома фармуд наздики Сом,
Саросар дуруду навиду хиром,
Нахуст аз Ҷаҳонофарин ёд кард,
Ки ҳам дод фармуду ҳам дод кард.
Чамонандаи диза ҳангоми гард,
Чаронандаи каркас андар набард.
Физояндаи боди овардгоҳ,
Фишонандаи теғ аз абри сиёҳ,
Гиронандаи тоҷу заррин камар,
Нишонандаи шоҳ бар тахти зар.

Қудрати ташбеҳ ва иғроқи Фирдавсӣ ба изофаи танин, балки тантанае, ки Фирдавсӣ аз ҳамин пасванди “-анда” гирифта, нисбатҳои дигаре дар зеҳн бармеангезад, ки иблоғи паёми шоъирро осон мекунад. Паём паёми шукӯҳ ва ҳамоса аст, аммо бо коркарди сирфи вожаҳо баён намешавад, балки таркиби вожаҳо ва танини вазн низ дар матн сухан мегӯянд. Ин ҳамон чизест, ки Низомии Ъарӯзӣ як қарн пас аз Фирдавсӣ онро “фасоҳат” хонд: “Ман дар Ъаҷам сухане бад-ин фасоҳат намебинам ва дар бисёре аз сухани Ъараб ҳам.” “…Ва кудом табъро қудрати ин бошад, ки суханро ба ин дараҷа расонад, ки ӯ расонидааст.”[27].

Фасоҳат дар шеъри Фирдавсӣ изофа бар паёми ҳамоса паёми зебоиро низ дар батни худ ба бор меоварад. Кори аслии Фирдавсӣ ба бор овардани номаи Зол ба Сом буд: “Яке нома фармуд наздики Сом.” Дар дуруде, ки бар Сом мефиристад, истиъора ва иғроқро дар хидмати забон мегирад: “Худованди шамшеру кӯполу хурд.” Аз ин васф роҳии ҳамоса мешавад ва зебоии забонро ба дунбол меоварад. Аз диди паёмрасонӣ Фирдавсӣ балоғати сегонаеро ба анҷом расонидааст. Балоғати аввал (номаи Зол ба Сом) ва балоғати дувум (ҳамоса)-ро мумкин аст аҳли забон дер ё зуд аз ёд бибаранд, вале русуби зебоиро дар ҳофизаи замон (балоғати севум) баосонӣ фаромӯш нахоҳанд кард. Забони форсӣ барои васфи шамшери буррон инак муҷаҳҳаз ба васфи хушоҳанги “физояндаи боди овардгоҳ” шуд. Ин бахши кӯчаке аз ҷаҳони тасвирсозии Фирдавсӣ аст, ки шоҳномахонон онро мешиносанд.

Достоне, ки Низомии ъарӯзӣ аз хондани як байт аз шеъри Фирдавсӣ тавассути хоҷаи бузург (вазир) дар посухи Султон Маҳмуд меоварад, гӯёи ин воқеъият аст, ки ҳофизаи замон корбурди баёнии беҳтаре барои васфи як муъзали размӣ бад-он гуна ки барои султон пеш омада буд, надоштааст.

Агар ҷуз ба коми ман ояд ҷавоб,
Ману гурзу майдони Афросиёб.

Мисраъи аввал бо шеваи “истисно” маъноеро шарт мекунад. Мисраъи дувум бо истиъора аз самбули ҷанги Афросиёб бо танини ҳамосӣ посух медиҳад. Фирдавсӣ бо чунин бурриши баёнӣ ба кумаки вазири форсизабон барои адои мақсудаш дар баробари подшоҳи вақт омад. Таъсири ин баён он буд, ки султон изофа бар пазириши пешниҳоди вазир ба пурсиш дар бораи гӯяндаи баён барангехта мешавад. Ин достонест, ки Низомии Ъарӯзӣ яксаду чанд сол пас аз вуқӯъ онро аз ҳлфизаи замон мегирад ва ба сабт мерасонад. Воқеъӣ ё сохтагӣ будани он тағйире дар талаққии замон аз баёни Фирдавсӣ намедиҳад. Ин ҳофизаи замон қавли дигаре ба Султон Маҳмуд нисбат медиҳад: “…ки ин ҳикоят борҳо шунидаем, аммо ъиборати Фирдавсиро асаре дигар аст дар тақрири разм… далериву таҳаввур меафзояд[28].” “Асаре дигар аст дар тақрири разм” таъбири муқаддиманивисони Шоҳнома дар қарни ҳаштум аз балоғати ношинохтаи забони Фирдавсӣ аст. Ин балоғат гузашта аз қудрати ташбеҳ ва иғроқ аз таъаҳҳуди ъамиқи Фирдавсӣ дар гузордани паёми ҳамоса нашъат мегирад.

Фирдавсӣ худ аз зарурати буриши баён бахубӣ огоҳ буд ва аз он ба ғирриши паём таъбир мекунад.

Яке нома бояд чу бурранда теғ,
Паёме ба кирдори ғаррандамеғ.

Дар оғози саргузашти Кайхусрав Фирдавсӣ чанд каломе дар бораи худ мегӯяд. Ин ки синнаш аз 58 гузашта ва мумкин аст овои шераш ба лаҳни булбул баргашта бошад ва дареғ мехӯрад аз хӯшоби сисолагӣ ва буррандатеғи форсӣ

Сароянда з-овоз баргашт сер,
Ҳамаш лаҳни булбул ҳам овои шер,
Чу пур доштам ҷоми панҷоҳу ҳашт.
Нагирам магар ёди тобуту дашт,
Дареғ он гулу мушку хӯшоби сӣ.
Ҳамон теғи буррандаи форсӣ,
Нагардад ҳаме гирди ансрин тазарв,
Гули норван хоҳаду шохи сарв.

Истиъора азгардиши тазарв даври гули норван ва шохи сарв барои ишора ба рӯзҳои хушзабоноварии ҷавонӣ худ зебоии баёне дорад, ки гузориш аз он агар дар наср мақдур бошад, лиқои эсҳсосеро, ки дар шеър мепарварад, мақдур нест. Маъниофариниҳои Фирдавсӣ дар Шоҳнома ончунон латифу самимӣ аст, ки хонанда ҳис мекунад, ки ӯ солҳо бо ин маъонӣ зиста ва баёни ӯ иртиботи мустақим бо зеҳнаш ёфтааст. Бингарем ба чанд намуна аз баёни фишурдаву кӯтоҳи Фирдавсӣ ҳомили маъонии сангин аст, онҷо ки Пирон, вазири Афросиёб, хостаи Баҳромро дар гирифтани як асб аз дасти ӯ анҷомнопазир мебинад:

Бад-ӯ гуфт Пирон, ки эй номҷӯй,
Надонӣ, ки ин ройро нест рӯй.

“Рӯй доштани рой” аз истилоҳтест, ки агар ҳам бозмонда аз “балоғатҳои забони паҳлавӣ” бошад, боз ниёз ба корбурди дуруст дар бистари забони ҷорӣ дорад, ки Фирдавсӣ бо фишурдатарин калимот онро сари ҷои худ гузоштааст.

Дар ҳамин достони Баҳром Фирдавсӣ мазмуни қадимии “нону намак хӯрдан”-ро базебоӣ бозмепарварад. Пирон ба Баҳром мегӯяд:

Биёмад бад-ӯ гуфт: “Эй номдор,
Пиёда чиро сохтӣ корзор?
Маро бо ту нону намак хӯрдан аст,
Нишастан ҳамон меҳр парвардан аст.”

“Нишастан ҳамон меҳр парвардан аст” таъбири тозаи Фирдавсӣ аст аз ин идеи қадимӣ. Боз дар ҳамин достон Фирдавсӣ дар бораи пофишории беш аз ҳадди Баҳром барои ёфтани тозиёнаи гумшудааш ба таъбири ъамиқи “сари марди беҳуда гирад шитоб” даст мезанад.

Ҳам он гаҳ, ки бахт андар ояд ба хоб,
Сари мард беҳуда гирад шитоб.

Ин ъиборатҳоро Фирдавсӣ бештар вақте меоварад, ки худ ба доварӣ дар рӯйдодҳои достон бармехезад ва таъсири худро аз вақоеъ “чошнии достон мекунад. Ҷаҳонро чунин аст созу ниҳод” гӯёи таассуфи Фирдавсӣ аст аз марги Баҳром. Ин ъиборат мафҳуми куҳнаеро аз муҳосираи ъиборати ъарабии ҳовии замон берун меоварад ва басодагӣ бозмепарварад.

Забоноварии вожаҳо

Фирдавсӣ корбурдҳое аз бархе аз вожаҳо ва таъбирот гирифта, ки пеш аз ӯ бад-ин қудрат собиқа надоштааст. Нахустин корбурде, ки дар Шоҳнома ҷалби назар мекунад, сифоти фоъилии нерӯмандест, ки Фирдавсӣ ҷобаҷо барои тавсифи чеҳраҳои китоби худ меоварад. Сифати нахустин нозир бар офаринандаи ҷаҳон аст, ки Фирдавсӣ аз он ба ъунвони “фурӯзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр” ва “нигорандаи баршуда гавҳар” ёд мекунад. Танини ҳамосии гирое, ки Фирдавсӣ аз пасванди фоъилии “-анда” дар ин ду васф гирифта, сабаб мешавад, ки дар адабиёти баъдӣ ин лаҳнро ҳифз мекунад ва аз “чашм” низ бо коркарди фоъилии он ёд мекунад: Ба бинандагон Офаринандаро, набинӣ, маранҷон ду бинандаро.

Фирдавсӣ ин коркардро дар ҷой-ҷойи Шоҳнома авҷи бештаре медиҳад:

Чамонандаи диза ҳангоми гард,
Чаронандаи каркас андар набард.
Физояндаи боди овардгоҳ,
Фишонандаи теғ аз абри сиёҳ,

Ҳатто дар бораи “модар” Фирдавсӣ аз коркарди фоъилӣ истифода мекунад: “Ки зояндаро бар ту бояд гирист” ё “Бигӯяд туро он-к зоянда буд”, ки муъодили истилоҳи ъарабии “сакалтак уммак” аст. Сифоти ҳолу сабот низ дар забони Фирдавсӣ фаровон ёфт мешавад:

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Чи гуфт он ҳунарманд марди хирад,
Ки доно зи гуфтори ӯ бархурад.
Аз ӯӣ ба ҳарду сарой арҷманд,
Гусаста-хирад пой дорад зи банд.

Усулан Фирдавсӣ дар Шоҳнома бештар бо забони сифот ҳарф мезанад ва феъл нақши дувумро дорад. Дар муқоиса бо забони шуъарое чун Мавлоно Ҷалолуддин, ки ъавотиф дар он аз “феъл” саррез мекунад, Фирдавсӣ сифатсозе чирадаст ба назар мерасад. Сифати дилхоҳаш “-анда”-и фоъилӣ аст, вале сифоти мураххим ва мафъулиро низ ба ҷои худ ба кор мекашад:

Сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд,
Ман аз гуфта хоҳам яке бо ту ронд.
Або жандапилони бо хоста,
Ду хуне ба кина дил ороста.
Зи модар ҳама маргро зодаем,
Гар эдун, ки туркем, ар озодаем.

Сифоти таркибӣ мисли мисли ҷаҳонофарин, ханҷаргузор, покпур, номҷӯй, моҳрӯй, некишинос, гушодадил ва размсоз дар Шоҳнома ба андозаест, ки метавон Фирдавсиро ривоҷдиҳандаи сифоти таркибии буланд донист, аз гунаи: “сарафрозтар кас, тобанда моҳ, яке лашкаре ҷангсозони нав, шигифт аз шигифт, биёроста навгул андар баҳор, ҳамон теғзан чангу кӯполи ту.

Ҳузури сифот ва номҳои васфӣ дар Шоҳнома ба андозае нерӯманд аст, ки гоҳ чандин байтро аз феъл бениёз мекунад. Дар тавсифи Мозандарон мегӯяд:

Ба ҳар кӯю барзан фузун аз ҳазор,
Парастор бо тавқу бо гӯшвор.
Парастанда з-ин бештар бо кулоҳ,
Ба чеҳра ба кирдори тобанда моҳ,
Ба ҳар ҷой ганҷе пароганда зар,
Ба як ҷой динору дигар гуҳар.
Ҳама шаҳр гӯӣ магар бутпараст,
Зи дебои Чин бар гул озин баст.

Ин бад-он маъно нест, ки сирф афъоли пурқудрат дар Шоҳнома набинем, ҳарчанд он созгории сифот бо забони иғроқро надорад. Зол ба Рустам чунин мегӯяд:

Ҳамоно, ки аз баҳри ин рӯзгор,
Туро парваронид Парвардигор.
Нашояд бад-ин кори оҳарманӣ,
Ки осоиш орию гар дам занӣ.
Баратро ба бабри баён сахт кун,
Сар аз хобу андеша пардахт кун.
Ва гар тира рӯзи ту бар дасти дев,
Шавад, ҳам ба фармони кайҳонхидев.
Тавонад касе аз ту ин боздошт,
Чунон чун бибояд бибояд гузошт.

Ва дар достони марги Баҳром мегӯяд:

Ҳам он гаҳ ки бахт андар ояд ба хоб,
Сари марди беҳуда гирад шитоб.

Фирдавсӣ феъли “будан”-ро ба чирагӣ ва зебоӣ ба кор мебарад, бавижа “буд”, “бувад”, “бод” ва “бошад”-ро. “Буд” дар забони Фирдавсӣ мунҳасир ба севум шахс нест, балки барои дувум шахс низ ба кор меравад: Бувӣ дар ду гетӣ зи бад растагор, Накӯкор гардӣ бари кирдигор. Ва дар ҷои дигар: Ҳама некӯӣ бояд оғоз кард, Чу бо некномон бувӣ ҳамнавард. Дарвоқеъ, Фирдавсӣ аз феъли будан дар мавориди бештаре аз форсии нивиштории имрӯзӣ баҳра ҷустааст[29]. Вай аз вожаи “буданӣ” ба ҷои “тақдир” ё “муқаддар” истифода мекунад: “Ки ин буданӣ кор буд.” Низ бо овардани “аст” ба дунболи масдари баёнро қудрати бештаре ба маънӣ мерасонад:

Маро бо ту нону намак хӯрдан аст,
Нишастан ҳамон меҳр парвардан аст.

Дар достони Баҳром:

Шуморо зи рангу нигор аст гуфт,
Маро он ки шуд ном бо нанг ҷуфт.

Фирдавсӣ феълҳоеро, ки имрӯз дар забони форсӣ ниёз ба афзудани феъли муъин дорад, чунин сарф кардааст:

Чу шери жаён ҳарду ошуфтанд,
Аз он захм андомҳо кӯфтанд.
Камон бифкан аз дасту бабри баён,
Бароҳеху бигшой банд аз миён.
Ман акнун ҳаме сӯи Эрон шавам,
Биёсояму як замон биғнавам.

Сарфи феълҳои “ошӯфтанд”, “бароҳех”, “бифкан” ва “биғнавам” бад-ин сурат ниёз ба гӯяндаи тавоное чун Фирдавсӣ дорад, ки эҷобҳои нерӯманд барои истеъмоли сарфҳое, ки маҳҷур ба назар мерасанд, бисозад ва онро дар забон мусталаҳ созад.

Дар коркарди ҳуруфи изофа низ Фирдавсӣ авлавиятро ба арзишҳои танинӣ медиҳад. “Бо”-ро ба сурати “або” ба кор мебарад, аммо зеботар аз ончи Дақиқӣ ва дигар шоъирони пештар аз ӯ ъарза карда буданд:

Ки омад фиристодаи шоҳи Ҳинд,
Або пилу чатру саворони минд.
Або май яке нағзтанбур буд,
Биёбон чунон хонаи сур буд.

Фирдавсӣ барои васфу қайд вожаҳои таркибии кӯтоҳе меоварад, ки агар бихоҳем имрӯз муъодили онҳоро ба форсии мавсум биёбем, ногузир аз ба кор бурдани таркиботи ъарабӣ ҳастем: “ба кирдори” муъодили ба масобаи, ба ҳолати, ба шеваи, ба ъамалкарди:

Ба боло ба кирдори озодсарв,
Ба рух чун баҳору ба рафтан тазарв.

“Баойин” муъодили бақоъида, ъилорасм, тибқи муқаррарот:

Пазира шудаш Золу бинвохташ,
Баойин яке пойгаҳ сохташ.

“Ба сони” муъодили ба мисли, ба монанди:

Ба сони дарахти барӯманд бош,
Падар бош, гоҳе чу фарзанд бош.
Ба сони зиреҳ бар гули арғавон,
Барафганда буд моҳрух гесувон.

Бозтоби таваллуди ҳамоса

Фирдавсӣ кори сурудани Шоҳномаро дар инзиво анҷом дод ва то замоне ки зинда буд, бозтоби шоистае аз мардуми рӯзгораш нагирифт. Он тур, ки аз дебоча ва поёнаи Шоҳнома бармеояд, Фирдавсӣ батанҳоӣ аз инфиҷори сухан дар нивиштораш огоҳ буд. Ӯ медонист, ки гӯяндагони номдоре пеш аз ӯ даст ба назм ё пайванди Шоҳнома (Худойнома) задаанд, вале ҳеч як корро ба поён нарасонидаанд. Аз ин рӯ бадурустӣ нигарони итмоми кори худ дар гузориши торих ва асотири Эронзамин буд. На танҳо вазифа, ки дархӯри ҳимматаш меангошт, ки аз ъазаммати кор наҳаросад. Медонист, ки дар забони ъарабӣ низ коре ҳамосӣ бад-он сутургӣ сурат нагирифтааст, гарчи ъасри ӯ давраи шукуфоии адабиёти ъараб дар замони Ъаббосиён буд. Аз шоъирони хушгузарони Бағдод чунин интизоре намерафт. Чи басо торих ва асотири мушаххасе бад-ин густардагӣ мавҷуд набуд, ки даст ёзидан ба чунин кореро дар забони ъарабӣ биталабад. Фирдавсӣ мехост сахткӯшии рустоии худро дар сарсахтии торихи албурзнишинон нишон диҳад ва фориғ аз қадрнашносии аҳли рӯзгор дар коштани ниҳоли сухан поймардӣ кунад.

Ду қарн пас аз Фирдавсӣ Зиёуддин ибн-ал-Асир (637м, бародари Ъиззуддин ибн ал-Асир соҳиби “Алкомил”) дар китоби “Ал-масал-ал-соир фӣ-адаб-ул-котиб ва-л-шоъир” мегӯяд: “Эрониён дар шеър бар ъарабҳо пешӣ гирифтаанд. Шоъири эронӣ бо шӯру балоғати бисёр ин ҳама достон ва саргузаштро ба шеър даровардааст. Шоҳномаи Фирдавсӣ Қуръони форсӣ ва балеғтарин асар дар забони форсӣ аст. Монанди Шоҳнома дар ъарабӣ падид наёмадааст”[30]. Шабеҳи ҳамин ҳарфро Мутаҳҳар бинни Тоҳири Муқаддасӣ дар китоби “Ал-бадв-ал-торих” задааст[31].

Шоҳнома аз ҳамон оғози шинохта шудан дар нимаи нахусти қарни панҷум кунҷковии аҳли забонро ба ду ъиллат барангехт: яке достонҳои дилошно ва азнавёфтаи он буд, ки ин сон якҷо ҷамъоварӣ нашуда буданд ва дувум шеваи баёни пурмаъно ва босалобати Фирдавсӣ, ки ташбеҳу иғроқи шоъиронаро бо кӯтоҳӣ ва шаффофияти калом меомехт. Ним қарн пас аз таваллуди Шоҳнома Асадии Тусӣ (645м), шоъири вожашинос, ба арзёбӣ ва гартабардорӣ аз он пардохт. Вай дар Гаршоспнома мегӯяд:

Ба Шаҳнома Фирдавсии нағзгӯй,
Ки аз пеши гӯяндагон бурд гӯй.
Басе ёди разми ялон карда буд,
Аз ин достон ёд н-оварда буд.

Ин достони ёдноварда ҳамон саргузашти Гаршосп, қаҳрамони асотирии Хуросон аст, ки Фирдавсӣ аззикри саргузашти ӯ – шояд ба манзури наёмехтани он бо қаҳрамониҳои Рустам – худдорӣ карда буд. Гаршоспнома аз назари лутфу саломат ва табиъӣ будани забон, аз диди соҳибназарон, ба пои Шоҳнома намерасад, бо он ки дар ҷазолат ва баҳра гирифтан аз луғоти тоза (ва маҳҷур) ва риъояти саноеъи лафзӣ чизе фурӯгузор накардааст[32]. Бояд пазируфт, ки густаришу рушди забон баста ба овардани вожаҳои тоза ва санъат кардан бо алфоз нест. Муҳим ёфтани эҷобҳои нерӯманд аз бистари аслии забон барои дарҷо нишондани вожагони тоза ва ҷон додан ба саноеъи судманд барои парвардани маънӣ аст. Асадӣ, савои таълифи Гаршоспнома, даст ба ҷамъоварии вожагони форсӣ зад ва фарҳангномае ба номи Луғати Фурс, ки баъдҳо ба дасти шогирдонаш такмил шуд, аз худ ба ёдгор гузошт. Ин луғатномаро пас аз мусофират ба Озарбойҷон ва Ҷибол ва пай бурдан ба шуҳрати шеъри Хуросон дар онҷо ва ноошноии мардуми он сомон бо истилоҳоти дарӣ нивишт. Асадӣ ва шогирдонаш дар ин ҷунг барои тавзеҳи вожагони форсӣ мукаррар аз Шоҳнома шоҳид овардаанд.

Пас аз Асадии Тусӣ Муҳаммад бинни Ризо бинни Муҳаммади Ъалавии Тусӣ (зиста дар авохири қарни шашум) куҳантарин фарҳангро сирфан бар асоси вожагони Шоҳнома нивишт. Дар дебочаи ин фарҳанг муаллиф чунин мегӯяд:

“Чун ба ҷониби Ъироқ уфтодам, ба шаҳри Исфаҳон расидам. Дар кӯчаҳову мадрасаҳову бозорҳо мегаштам, то ба мадрасаи Тоҷуддин расидам. Чун даррафтам, ҷамоъате дидам нишаста ва дари китобхона боз ниҳода ва ҳар касе чизе менивишт ва чун он ҷамъият дидам, пеш рафтаму салом кардам ва нишастаму гуфтам: Дар ин хазона Шаҳномаи Фирдавсӣ ҳаст? Соҳиби хазона гуфт: Ҳаст. Бархосту муҷаллади аввал аз Шаҳнома ба ман дод. Гуфтам: Чанд муҷаллад аст? Гуфт: Чаҳор ҷилд аст ва дар ҳар муҷалладе понздаҳ ҳазор байт. Чун боз кардам, хатте дидам, ки сифати он боз натавон дод ва ҷадвалеву тазҳибе, ки беҳ аз он набошад… Чун онро мехондаму дар дил тааммул мекардам, ҳар байте, ки дар ӯ лафзи мушкил буд аз забони дарӣ ва паҳлавӣ, маънии он бархе дар зер нивишта буд. Бо худ гуфтам, ки мисли ин нусха кас надидааст. Ва ин алфозро ҷамъ бояд кард, ки бисёр хонандагон ҳастанд, ки ин шеър мехонанду маънии ин алфоз намедонанд.[33].

Дар қарни ҳаштум Фахриддини Мубораки Қаввоси Ғазнавӣ фарҳангномае бар асоси вожагони Асадӣ ва ашъори Шоҳнома ва шуъарои дигар барои подшоҳи Ҳинд, Ъалоуддини Халаҷӣ (695-716) нивишт. Муаллиф дар дебоча сабаби таълифро чунин баён мекунад:

“Андешаи дил дар он пайвастам, то фарҳангномаҳоро боҳам кунам. Нахуст Шоҳномаро, ки шоҳи номаҳост, пеш овардам ва аз сар то по ба хона фурӯ хондам. Ончи аз сухани паҳлавӣ буд, ҳамаро ҷудогона бар коғазе бинвиштам. Фарҳангҳои дигар ҳамаро фурӯ нигаристам”[34].

Бардошти нивисандагони ин ду фарҳангнома нишон медиҳад, ки дар ъасри онон ҳанӯз вожагони паҳлавӣ ва дарӣ ҷудо ангошта мешуд ва алфози Шоҳнома дарбардорандаи ҳардуи онҳо буда ва ниёз ба маънӣ кардан барои мутакаллимони гӯишҳои мухталиф доштааст.

Фарҳангҳои дигар ъиборатанд аз Фарҳангномаи Фирдавсӣ, таълифи авохири қарни ҳаштум ё авоили қарни нуҳум, Фарҳанги луғоти Шоҳнома, муъаррифишуда дар ФарҳангИ Ҷаҳонгирӣ (1017м), Луғати Шоҳнома, ё Луғатномаи туркӣ ба форсӣ аз Ъабдулқодири Гелонӣ (1093м) ва ганҷнома аз Ъалӣ бинни Тайфури Бастомӣ, аз нивисандагони машҳури муъосири Султон Ъабдуллоҳи Қутбшоҳ (1083м).[35].

Аз миёни шуъарои машҳури Эрон Низомии Ганҷавӣ дар ҳудуди як қарн пас аз Фирдавсӣ ба бозпарварии устураҳои бозмонда аз ъаҳди бостон бо забоне сахт гӯё ва сабукрав пардохт. Оҳанги қиссагӯиҳои Низомӣ бо достонсароии Фирдавсӣ фарқ мекунад. Бо ин ҳама, агар нагӯем Низомӣ ба кори Фирдавсӣ назар дошта, мусалламан метавон гуфт, ки бидуни шоҳкори Фирдавсӣ забони Низомӣ бад-ин инъитоф ва равонӣ намебуд. Низомӣ равиши иғроқи Шоҳномаро надорад ва дар истиъора ва ташбеҳ – он туре, ки шафеъии Кадканӣ баровард кардааст – эътидоли кори Фирдавсиро надошта[36]. Бо ин ҳама, дар барқарор кардани кӯтоҳтарин робита байни зеҳну забон Низомӣ беҳтарин идомадиҳандаи роҳи Фирдавсӣ аст. Забонбозии Низомӣ дар базмороии саҳнаҳо ин робитаро ҳатто кӯтоҳтар аз иғроқҳои баҷои Фирдавсӣ дар саҳнаҳои разм мекунад[37].

Иртиботи наздики зеҳну забонро адибони пешин балоғат хонданд ва бар он усулу қавоъид нивиштанд. Мо намедонем шоъироне чун Фирдавсӣ ва Низомӣ то чи андоза аз ин қавоъид огоҳӣ доштаанд. Шояд Хоқонӣ, ки ҳамзамон бо Низомӣ дар Озарбойҷон ва Қафқоз зиста буд, бештар аз ҳардуи онон аз усули балоғат (ва забони ъарабӣ) иттилоъ доштааст. Аммо дастоварди вай – бо ҳамаи арзандагии чандин қасида ва ғазалаш – бо кори Фирдавсӣ ва Низомӣ қобили муқоиса нест. Албатта ъасри Фирдавсӣ ъасри соданивисӣ дар назму наср буд. Вале аз ҳамон замон бархе аз форсинивисони ъарабидон чандлоя печондани ъиборатро ба алфози ъарабӣ фасоҳат, балки балоғат мепиндоштанд. Ҳадафи аслии онон албатта фазлфурӯшӣ буд, на беҳтар расондани матлаб. Фирдавсӣ фориғ аз фазлфурӯшиҳои ҷории замон ба маъниофаринӣ ва забоноварии вожаҳо пардохт.

Ба назари Шафеъии Кадканӣ, чеҳраҳои пиндори Фирдавсӣ ҳама баргирифта аз табиъат ва ъолами маҳсус аст, на аз муҷаррадот ва умури интизоъӣ[38]. Муҳиммтар аз он, ҳавзаи тасвири Шоҳнома ба дур аз тазоҳуми тасвирҳо ва ташбеҳотест, ки ҳатто гиребонгири шуъарое чун Низомӣ шудааст. Фирдавсӣ мутаъаҳҳид ба гузориши торих ва гузордани паёми ҳамоса аст. Ӯ фурсати он ки ташбеҳро ба хотири ташбеҳ биёварад, надорад. Фирдавсӣ баростӣ бовар дошта, ки сарзамини озодагон, Эрон, ҳарфҳои бисёр барои гуфтан дорад, ки боист ба назм пайваста шавад. Гузашта аз завқи салим ва огоҳӣ аз фунуни балоғат, ҳамин таъаҳҳуд ба паёмгузорӣ дар кӯтоҳ кардани робита байни зеҳну забони Фирдавсӣ нақши асосӣ доштааст. Аз раҳгузари чунин таъаҳҳуде буд, ки забони форсӣ паёмрасони устураҳои зебо аз зеҳни торих шуд ва дар бистари рушд уфтод.

* Устоди ҳуқуқ дар Муассисаи андеша ва тамаддуни исломӣ, Куоло-Ломпур, Молезӣ.

Маъхазҳо:

[1] Нигоҳ кунед ба: Martin Heidegger, On the Way to Language, trans. by P. D. Hertz, Harper, San Francisco, 1971, pp.57-110.

[2] Н.к. ба ҳамон, с 60: “Where word breaks off nothing may be”

[3] Old Norse Бар забонҳои искондиновӣ итлоқ дорад ва ин забонҳо шомили исландӣ, нурвежӣ, донморкӣ ва суэдӣ аст.

[4] Ҳамон ҷо, с 93.

[5] Сайид Муҳаммад Ъалии Доъиюлислом, Фарҳанги Низом, 5 ҷилд, Теҳрон, чопи сангӣ, ширкати Дониш, 1363, ҷ 3, с 333.

* Абёте, ки аз Фирдавсӣ дар ин мақола оварда шудааст, аз Шоҳномаи чопи Маскав баргирифта шуда.

[6] Н.к ба: Richard Rorty, Contingency, Irony and Solidarity, Cambridge, Cambridge University Press, 1998, PP. 6-4.

* Огоҳӣ аз лутфи баёни Низомиро мадюни устодам Зайнулъобидини Муътамин ҳастам. Ин нивиштаро ба пешгоҳаш тақдим мекунам, ки ҳеч дарсеро дар клоси адабии дорулфунун дар он солҳо бидуни хондани шеъри Низомӣ оғоз накард.

[7] Н.к ба: Ҷалоли Холиқии Мутлақ, Бадеҳасароии шифоҳӣ ва Шоҳнома, Эроншиносӣ, шумораи 1, соли нуҳум (баҳори 1376), сс 38-50.

[8] Парвиз Нотили Хонларӣ, Вазни шеъри форсӣ, Теҳрон: Интишороти Тус, 1373, сс 52 ва 63.

[9] Халил бинни Аҳмад ал-Фароҳидӣ, Китобулъайн, 9 ҷилд, Эрон: Муассисаи Дорулҳиҷра, 1409/1979.

[10] Ғозӣ Ямут, Буҳур ал-шеър ал-ъарабӣ (Ъарӯз-ал-Халил), Бейрут, Дорулфикр, 1979, с 16.

[11] Нотили Хонларӣ, ҳамон, с 98.

[12] Нотили Хонларӣ, ҳамон, с 14.

[13] Нотили Хонларӣ, ҳамон, с 88.

[14] Абӯрайҳони Берунӣ, Таҳқиқ маал-Ҳинд, чопи Зохоу, с 65; Тарҷума ва нақл аз Нотили Хонларӣ, с 88.

[15] Н.к. ба: Ибни Ҳишом, Ас-сирату-н-набавия. 2 ҷилд, Бишарҳ-ил-вазир-ал-мағрибӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1992, ҷ 1, сс 137-142. Ҳамчунин Ъабдурраҳмон бин Халдун, Муқаддима, тарҷумаи Муҳаммад Парвини Гунободӣ, Теҳрон, Интишороти Ъилмӣ, 1375, ҷ 1. С 184.

[16] Насируддини Тусӣ, Асос-ул-иқтибос, чопи Донишгоҳ, 1326, с 586, дар Нотили Хонларӣ, ҳамон, с 16, дар инҷо истинботи мо аз мафҳум гуфтаи Хоҷа Насир бо ончи зиндаёд Хонларӣ овардааст, тафовут дорад.

[17] Ҳамон, с 14.

[18] Ъунсурулмаъолии Кайковус бинни Искандар, Қобуснома, ба кӯшиши Ғуломҳусейни Юсуфӣ, Теҳрон, Ширкати интишороти ъилмӣ ва фарҳангӣ 1368, с 208.

[19] Нотили Хонларӣ, ҳамон, с 75. Дуктур Хонларӣ ин фарқро ин гуна тавзеҳ медиҳад: “Гузашта аз он ки ҳар як аз се ҷузъи аввали он, яъне се фаъулуни нахустинро дар ъарабӣ мумкин аст ба сурати фаъул ба кор бурд ва ин ҷавоз дар форсӣ мутлақан вуфуд надорад, ҷузъи охирро низ дар ъарабӣ мумкин аст ба сурати солим ё мақсур ё маҳзуф яъне фаъулан ё фаъал истеъмол кард.”

[20] Ҳамон, с 76.

[21] Амини Риёҳӣ, “муқаддима” дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, тасҳеҳи Жул Мел, Теҳрон, Интишороти Сухан, 1369, ҷ 1, с 17.

[22] Дар бораи мафоҳими “ҷон” ва “хирад” дар забони Фирдавсӣ н.к. ба: Шоҳрухи Мискуб, Сӯги Сиёвуш, Теҳрон, Хоразмӣ, 1375.

[23] Муҳаммадтақии Баҳор, ҳамон, ҷ 2, с 17.

[24] Ҳамон, с 25.

[25] Ҳазор соли тафсири форсӣ, бо шарҳу тавзеҳоти дуктур Сайид Ҳасани Содоти Носирӣ ва Манучеҳри Донишпажӯҳ, Теҳрон, нашри Албурз, 1369, с 90.

[26] Дориюши Ошурӣ, Шеър ва андеша, Теҳрон, нашри Марказ, 1377, с 37.

[27] Низомии Ъарӯзӣ, Чаҳор мақола, Тасҳеҳи Муҳаммади Қазвинӣ, шарҳи луғоти Муҳаммади Муъин, Теҳрон, нашри Ҷом, 1375, сс 75 ва 76.

[28] Аз Муқаддимаи Шоҳномаи Бойсунғрӣ, Теҳрон, 1350, дар Ҷалоли Матинӣ, “Фирдавсӣ дар ҳолае аз афсонаҳо”, Шоҳномашиносӣ, Теҳрон, Бунёди Шоҳномашиносӣ, 1357, с 124.

[29] Дар бархе аз лаҳҷаҳои маҳаллии форсӣ бавӣ, бӣ ва биӣ ҳанӯз ба кор бурда мешавад.

[30] Н.к. ба: Djalal Khaleqi Motlaq, “Adab,” Encyclopaedia Iranica, Vol. I, p. 436.

[31] Н.к. ба: Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб, Шоҳномаи Фирдавсӣ, Лус-Онҷелес, Конуни пажӯҳишу омӯзиш, 1358, с 14.

[32] Луғатномаи Деҳхудо, ҷилди панҷум, Теҳрон, чоахонаи Маҷлис, 1330, сс 2265-2276.

[33] Н.к. ба: Абулфазли Хатибӣ, “Нигоҳе ба фарҳангҳои Шоҳнома аз оғоз то имрӯз”, Номаи Фарҳангистон, соли чаҳорум, шумораи севум (пойизи 1377), сс 37-57 ва 40.

[34] Ҳамон, с 39.

[35] Ҳамон, сс 44-46.

[36]  Муҳаммадризо Шафеъии кадканӣ, Чеҳраҳои пиндор ё сувари хиёл дар Шоҳнома, Лус-Онҷелес, Конуни Пажӯҳиш ва омӯзиш, 1358, сс 11, 19 ва 23.

[37] “Искандарнома”-ро Низомӣ ба пайравӣ аз Фирдавсӣ ба сабки ҳамосӣ суруд, ки ба гуфтаи Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷӯб тавфиқи кори Фирдавсиро надоштааст. Н.к. ба: Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб, ҳамон, с 8. Аз шуъарои дигаре, ки зери таъсири забони Фирдавсӣ ба сурудани мазомини ҳамосӣ пардохтанд, метавон Ъатоии Розӣ, Ъусмони Мухторӣ, Хоҷӯи Кирмонӣ ва Фатҳъалихони Саборо ном бурд. Ҳамон ҷо.

[38] Шафеъии Кадканӣ, ҳамон, сс 18-20.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

1+

2 Comments Posted

  1. Як савол пурсем чи: ҷурӯ шикастанаш чи бошад (“Ҷое, ки калом ҷурӯ мешиканад, дигар чизе боқӣ намемонад.”)

    0
    • Бо дуруд,

      Сипос аз назаратон. Инҷо феъли “фурӯ шикастан” ба кор рафта, ки ҳангоми тойп кардан баиштибоҳ “ҷурӯ” шудааст. Бори дигар, сипосгузорем, ки кумак кардед, то ин иштибоҳро ислоҳ кунем.

      Бо арҷ,
      Порсӣ Анҷуман

      1+

Бифирист

.


*