Кудоме саҳеҳтар аст: панҷара, тиреза ё килкин?

Аз торихи корбурди ин вожаҳо (панҷара, тиреза ва килкин) дар осори порсии дарӣ чунин бармеояд, ки аз ин гурӯҳ танҳо вожаи «панҷара» бино бар осори гузашта аз луғоти бунёдии забони порсии дарӣ ба шумор меравад, ки шуъарои Хуросон ҳам онро ба кор бурдаанд ва дар ин маъно дар забони форсии имрӯз (дар Эрон) низ роиҷ аст.

Нигоҳе ба нақши Фирдавсӣ дар боландагии забони порсӣ

Ду қарн пас аз Фирдавсӣ Зиёуддин ибн-ал-Асир мегӯяд: ‘Эрониён дар шеър бар ъарабҳо пешӣ гирифтаанд. Шоъири эронӣ бо шӯру балоғати бисёр ин ҳама достон ва саргузаштро ба шеър даровардааст. Шоҳномаи Фирдавсӣ Қуръони форсӣ ва балеғтарин асар дар забони форсӣ аст. Монанди Шоҳнома дар ъарабӣ падид наёмадааст.’

Агар аз хоб бедор шавад, бигӯям…

Ҳоло агар имрӯз ҷавоне дар Тоҷикистон аз хоб бедор шаваду бигӯяд, ки ҳувийяти иҷтимоъии ман чист? Ман аз назари иҷтимоъӣ кистам? Бигӯям, ту тоҷик ҳастӣ, пас мегӯяд, ки тоҷик кист? Бигӯяд, тоҷик яъне дар Тоҷикистон аст? Пас тоҷиконе, ки дар кишвари Узбакистонанд, киянд? Ва ононе, ки дар Афғонистонанд, киянд?