Агар аз хоб бедор шавад, бигӯям…

Хайриддини Абдуллоҳ:* Агар бихоҳем масъалаи ҳувийятро бозшиносӣ кунем, бояд бидонем, ки ҳувийят лояҳои гуногуне дорад. Як ҳувийят фардӣ аст. Ҳувийяти фардӣ, яъне ман кистам, падарам кист, модарам кист, бобоям кист, ба чӣ хонаводае нисбат дорам?

Ҳувийяти дигар ҳувийяти динӣ мебошад, ки тибқи он бояд донист, ки ба кадом шаҷоир, ба кадом маносик пайвандам, чӣ дине, чӣ мазҳабу тариқате дошта ва чӣ андешае зеҳну ҷаҳони маро шакл медиҳад.

Ҳувийяти иҷтимоъӣ, ки бояд донист, дар миёни гурӯҳҳои ҷомеъа, дар миёни ақвоми гуногун бо чӣ номе худамро муъаррифӣ мекунам, ки ном бароям ифтихор бошад ва ном маро ҳамчун курсӣ зери пой буланд намоиш диҳад ва ин лояҳои гуногун рӯи ҳам менишинанд ва ҳеҷ таъорузе бо ҳамдигар пайдо намекунанд, чи басо ки ҳамдигарро тақвият ҳам мекунанд.

Дигараш ҳувийяти забонист, ки ман бо чӣ забоне ҳарф мезанам ва бо мардум сару кор дорам ва бо чӣ забоне меандешам, забони модарии ман чист?

Ин ҳувийятҳо чизест, ки дар фазои зеҳни ман, дар фазои зеҳни дигарон маро мешиносонад. Вале мутаассифона насли имрӯз ҳамаро бо ҳам меомезад, на сарзаминашро хуб мешиносад ва на нажоду забону хатташро. Ва бадтар аз ин, имрӯз мутаъассибоне ҳастанд, ки танҳо ҳувийяти динии ғалати ифротияшонро медонанд ва ба ҳувийяти миллияшон нафрат доранд.

Ҳоло агар имрӯз ҷавоне дар Тоҷикистон аз хоб бедор шаваду бигӯяд, ки ҳувийяти иҷтимоъии ман чист? Ман аз назари иҷтимоъӣ кистам? Бигӯям, ту тоҷик ҳастӣ, пас мегӯяд, ки тоҷик кист? Бигӯяд, тоҷик яъне дар Тоҷикистон аст? Пас тоҷиконе, ки дар кишвари Узбакистонанд, киянд? Ва ононе, ки дар Афғонистонанд, киянд? Бигӯям, онҳо ҳам тоҷиканд. Ту тоҷики тоҷикистонӣ ҳастӣ. Пас агар бигӯяд ман сиву панҷ сол ъумр дорам ва ин Тоҷикистоне, ки ту мегӯӣ, биступанҷсола аст. Ва бигӯям, ту аз Тоҷикистоне ҳастӣ, ки дар замони шӯравӣ пайдо шуд. Пас боз қаноъат накарда ва бигӯяд, ин чӣ ҳувийятест, ки бо имзои Истолин ба ман бахшида шуд?

Пас ман кистам? Бигӯям, ки ту табаъаи Самарқанду Бухоро ҳастӣ, ки онҳо дар миёни шиками кишвари дигаре фурӯ уфтодаанд. Ва пеш аз он ки ба шиками он кишвар бираванд, амирнишине буданд, сиёсати рӯзгор инҳоро чархондаву чархонда, ки кунун дар шиками Узбакистон фурӯ уфтодаанд.

Пас агар боз гӯяд, ман кистам? Пас ночорам ӯро ба торих бибарам, аз долонҳои торих ъубур бидиҳам ва бо мошини замон ӯро бо сиёҳии ҷангҳо, кушторҳо, дастгардон шудани сарзаминҳо ва ӯро ба Эрони фарҳангӣ бирасонам. Ва бигӯям, ки ту ҳувийятат, буданат як будани фарҳангист, пеш аз он ки будани ту, ҳувийяти ту як ҳувийяти сиёсӣ ва иҷтимоъӣ бошад.

Ту ба як мақулаи фарҳангии бузурге таъаллуқ дорӣ, ту эронӣ ҳастӣ ва Эрон маҳдуд ба ин сарзамине нест, ки ба номи Эрон ва шабеҳи гурбаи нишастае рӯи нақша пайдо мешавад, на, балки ту ҳамон эронии фарҳангӣ ҳастӣ, ки  марзҳояш аз даруни Ъироқ шакл мегираду то марзҳои Чин меравад ва аз канораҳои Халиҷи Форс сар мешавад, то шиками тоторҳо меояд, ки дар ин маконҳо яке аз нишонаҳояш Наврӯз аст, яке аз мушаххасоташ забон аст, ки беш аз ҳазор сол ба ҳамин забон мардумонаш ҳарф мезаданд ва пеш аз он, ки ъарабҳо Исломро ба ин сарзамин оварданд, эрониҳо порсигӯй буданд ва аз даврони забони порсии миёнаашон гузашта буд.

Хату забони давлатии ин минтақаҳо ҳама порсӣ буд, бо вуҷуди ин ки аз нажоди бегона ба монанди Темури хунхору Маҳмуди меҳансӯз гоҳе бо зулму ситам ҳукуматро дар Бухоро, Шероз то Балх хунхорона забт мекарданду амирӣ мекарданд. Тамоми ҷаҳон гувоҳ аст, ки то замони шӯравӣ забону хатти давлатӣ дар саросари Мовароуннаҳр порсӣ буд.

Пас маҷбурам, ки гӯям, ту кистӣ? Ту ҳувийяте дорӣ, ки мутаъаллиқ ба чунин фарҳанги волост, ҳамон фарҳанги “Маснавӣ”, “Гулистон”-у “Шоҳнома”. Ҳувийяти ту ба Фирдавсӣ вобаста аст, ба Саъдӣ гиреҳ хӯрдааст, бо Рӯдакӣ нишастааст, ба Ҳофиз дил бастааст. Ҳарчанд акнун алифбои ниёконатро бубинӣ, намешиносӣ, ононро хутути каҷу муъавваҷ мебинӣ, вале ҳувийяти ту ба забонат пайваста аст, ба торихат пайваста аст, сарфи назар аз ин, ки номи забонатро аз порсӣ ба тоҷикӣ, ва дабираатро аз порсӣ ба сириллик, ва сарзаминатро аз Бухорову Балху Шероз ба як деҳаи беному нишони дирӯз бунёдшуда бо номи Душанбе ъиваз карданд.

Акнун чунон манқуртат сохтаанд, ки худат худатро намешиносӣ, ҳоло куҷо расад ба нажоду забону дабираву сарзаминат. Ва дониста бош, ки агар худро эронӣ, хатту забонатро порсӣ надонӣ, пас аз имрӯз Фирдавсиву “Шоҳнома”-ашро, Саъдиро бо “Гулистон”, Мавлоноро бо “Маснавии маънавӣ”, Ҳофизро бо “Девон”-аш, Хаём, Низомӣ ва ҳазорон ъорифону шоъирони бузурги эрониро аз худ нашумор ва номашонро бо ифтихори нимшикаста ба даҳон нагир. Зеро ҳеҷ кудоме аз ин бузургон шаҳри Душанберо надида ва Душанбе ҳам он замон вуҷуд надошт, ҷуз як дашти ботлоқзор набуд.

*Хайриддини Абдуллоҳ пажӯҳишгари тоҷики муқими Русия аст.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*