Пайкараи форсии рӯз
“Пайкараи форси рӯз” пайкарае аст дарбардорандаи матнҳои муъосири форсӣ, ки ба сарпарастии нигоранда дар интишороти Тисо таҳия шуда ва дарбардорандаи 127 матни форсӣ аст. Ин пайкара барои таълифи асаре бо унвони эҳтимолии “Фарҳанги форсии рӯз” гирдоварӣ шуда ва бар мабнои он нармафзоре вижаи фарҳангнивисӣ бо унвони Перлекс (1) тарроҳӣ ва омода шудааст. Барои ин ки забони бакоррафта дар пайкара забони форсии зиндаи имрӯз бошад, тамоми матнҳо аз миёни осори мансуре интихоб шудаанд, ки аз соли 1380 то 1394 нивишта шудаанд ё чопи нахусти онҳо дар ин фосилаи замонӣ будааст.