Пешниҳод барои гунаи ваҷҳи шартӣ дар забони порсӣ

Муҳаммади Ҳайдарии Малоирӣ: Дар ин ёддошт ба яке аз гунаҳои тарзи бутории (ваҷҳи шартӣ, conditional mode) нигоҳе меандозем. Порсӣ барои баёни саҳон (ҷумла)-ҳои буторӣ (шартӣ) ҳар гоҳ дарбардорандаи “агар” бошанд, паросае (масъалае) надорад. Намуна:

Агар биёӣ, ба онҷо меравем.
Агар меомадӣ, ба онҷо мерафтем.

Вале туҳист аз бархе улгӯҳои буторӣ, ки дар забонҳои урупоӣ корбурди фаровон доранд ва метавонанд андешаро пурбортар кунанд. Барои намуна, саҳонҳои инглисӣ, фаронса ва олмонии зерро чигуна ба порсӣ дароварем?

I would say that…;  You would see that …
Je dirais que … ;   Vous verriez que …
Ich würde sagen, dass, … ;    Sie würden sehen, dass …

Чунин улгӯе дар порсии имрӯзин дида намешавад ва бино бар ин, тарозабониши (тарҷумаи) он аз забонҳои урупоӣ бе душворӣ нест, тарозабониши ин саҳонҳо бо сохторҳое чун “метавон гуфт, хоҳем дид” ва монанди он анҷом мешавад, ки чандон парсун (дақиқ) ва пӯё нестанд. Ба ҳар рӯй, бояд дар порсии кунунӣ бо афзудани вожагон ва саҳонсозӣ андешаро расонд, ки басо шуданӣ нест.

Дар ин ёддошт мекӯшем бо пешниҳоде ин улгӯи буториро ба порсӣ дароёнем (ворид кунем).

Сохторҳои буторӣ дар порсии клосик

Нахуст, ба чанд намунаи корбурди улгӯҳои буторӣ дар бофа (матн)-ҳои клосики порсӣ нигоҳе бияндозем:

  1. Агар бидонандӣ, ки чунин аст, бигаравандӣ (Тафсири Қуръони пок).
  2. Агар бихоҳемӣ, ишонро нобино кунемӣ (Тафсири Қуръони пок).
  3. Агар донамӣ, ки бознагӯяд, бистонамӣ (Кимиёи саъодат).
  4. Агар шумо муъминедӣ, инчунин накунедӣ (Тафсири Қуръони пок).
  5. Агар хоҳандӣ, ки бигурезандӣ, роҳи гурези худ набинандӣ (Кашшоф-ал-маҳҷуби Ҳаҷвирӣ).
  6. Агар донистамӣ… боре пазируфтамӣ (Сиёсатнома).
  7. Агар ӯ набудӣ, ту акнун дар дасти Қайсар монда будӣ (Доробнома).
  8. Агар наёмадӣ, фасодҳо хостӣ (Шайхи Ҷом, Жандапил).
  9. Агар ишон будандӣ, ишон на дарвешон будандӣ (Ҳолот ва суханони Шайх Абӯсаъиди Абулхайр).

Бино бар ин намунаҳо, нишонаи сухани буторӣ дар порсии клосик вокаи “-ӣ” (дар баъзе гӯишҳо “-е”) аст, ки ба поёни карвоз (феъл) афзуда мешавад. Вале ин улгӯ ҳамаҷо дар бофаҳои куҳан ба кор нарафтааст. Гоҳе низ саҳонҳо сохтори омехтае доранд:

  1. Агар мувофиқ бошед, ҳамаи халқ бо шумо мувофиқ бошанд (Балъамӣ).
  2. Агар вай қарматӣ аст, ман ҳам қарматӣ бошам (Балъамӣ).
  3. Агар касе ҳамаи аҳкоми шариъат ва тафсири Қуръон ба забони туркӣ ва порсӣ ва ё румӣ бидонадӣ ва тозӣ надонад, ӯ олим бошад (Сиёсатнома).

Оё ин вазъ зоидаи даст бурдани котибон аст ё аз дигарсонии гӯишҳои нивисандагоне бармехезад, ки аз ноҳияҳои гуногуни Эрон будаанд?

Пешниҳод

Мо бар онем, ки барои тавонманд кардани порсӣ метавон “-ӣ” (-е)-и бутории поёниро ба кор гирифт барои баёни десае (form), ки дар порсӣ нест. Ба пайравӣ аз ин пешниҳод барои “would say” дар порсӣ хоҳем дошт:

а) Замони кунун:

Гӯямӣ, гӯеӣ (guyei), гӯядӣ
Гӯемӣ, гӯедӣ, гӯяндӣ

б) Замони гузашта:

гуфта бошамӣ, гуфта бошеӣ, гуфта бошадӣ
гуфта бошемӣ, гуфта бошедӣ, гуфта бошандӣ

Намунае дигар:

Дидан:

а) Замони кунун:

бинамӣ, бинеӣ (binei), бинедӣ,
бинемӣ, бинедӣ, бинандӣ

б) Замони гузашта:

дида бошамӣ, дида бошеӣ, дида бошадӣ
дида бошемӣ, дида бошедӣ, дида бошандӣ

Будан:

а) Замони кунун:

бошамӣ, бошеӣ (bâšei) , бошадӣ
бошемӣ, бошедӣ, бошандӣ

б) Замони гузашта:

Буда бошамӣ, буда бошеӣ, буда бошадӣ
Буда бошемӣ, буда бошедӣ, буда бошандӣ

“-Ӣ”-и орзӯ ва рӯъё

Дар порсӣ гунаи дигаре карвоз (феъл) доштаем, ки бо афзудани пасванди “-ӣ” ба замони гузашта сохта мешуда ва барои баёни орзӯ ё тавсифи хобу руъё ба кор мерафтааст:

  1. Эй кошкӣ бимурдамӣ пеш аз ин ва фаромуш будамӣ бар аҳли дунё (Тафсири Насафӣ).
  2. Чунон дид дар хоб к-аз кӯҳи Ҳанд,
    Дурафше барафроштандӣ буланд (фирдавсӣ).
  3. Ишқи ҷонон дар ҷаҳон ҳаргиз набудӣ кошкӣ,
    Ё чу буд, андар дилам камтар фузудӣ кошкӣ (Саъдӣ).

Барои ошноӣ бо намунаҳои дигар аз корбурди “-ӣ”-и орзӯ ва руъё нивиштаи Шаҳрбароз дар ин бораро аз “инҷо” бихонед.

Сухани поёнӣ

Шуданист, ки бархе аз порсизабонон бихоҳанд забони тавонмандтаре дошта бошанд, то беҳтар битавонанд согин (нюонс)-ҳои андешаро баён кунанд. Ин ёддошт пешниҳодест ба онон.

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*