Обиди Шакурзода*: Дастандаркорони пешнависи қонуни забон дар Тоҷикистон (дар соли 2010) зарурати бозбинии қонуни марбутаро “ба хотири баланд бардоштани мақом ва мартабаи забони модарии як кишвари мустақил” ташриҳ карданд.
Аммо як баҳси муҳим, ки воқеъан ба ҳайсият ва мартабаи забони модарии мо бастагӣ дорад, ҳам аз ҷониби мураттибони пешнависи қонуни забон ва ҳам аз ҷониби намояндагони порлумони кишвар нодида гирифта шуд.
Аҳли баҳс мебоист ба мавзӯъи номи забони модарии мо дар қонун дахл мекард ва бо баррасии дақиқи илмӣ ҳаққро ба ҳаққдор мерасонд, ки оё воқеъан исми забони расмии мо “тоҷикӣ” бошад ё “форсӣ”. Чиро ки то имрӯз ба баҳсу баррасиҳои матбӯъоту Садову Симо пиромуни ин мавзӯъ дастандаркорони ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон посухи дақиқи илмӣ надодаанд.
Аз ин лиҳоз баррасии ин масъала боз ба ояндае мавқуф гузошта шуд, ки наздикӣ ё дурияш равшан нест.
Аз нигоҳи забоншиносон, гузаштаи забони мо мустақиман ба се давр бахш шудааст: форсии бостон, форсии миёна ва форсии навин. Ва дар ин даврабандӣ исме аз “тоҷикӣ” нест, ё худ ин забон танҳо бо номи “форсӣ” шинохта, омӯхта ва дониста шудааст.
“Ноҷиёни забон”
Ҷиҳати дигари масъала: агар боз ҳам ба даричаи таърих чашм андозем, мебинем, ки замони ҳамлаи аъроб ба сарзамини мо давлати бузурги Эрони Сосонӣ сарнагун шуд, умдатарин шаҳрҳои мо ба боди тороҷ рафтанд, дороиҳои моддиямон ғорат ва осори маънавиямон, аз ҷумла ҳазорон китобу китобхона, нобуд шуданд.
Ҳич кадом аз бузургон нагуфтаанд, ки “мо тоҷикӣ навиштаем”, балки фармудаанд “мо форсӣ ё дарӣ гуфтаем.”
Тақрибан то дусад сол забони сиёсату илм ва ҳатто адабиёти мо арабӣ шуд. Хатаре буруз кард, ки ҳувийяти қавми эронинажоди моро таҳдид мекард.
Таърих дар сарзаминҳое чун Мисру Сурияву Ироқ алакай шоҳиди чунин таҳаввул шуда буд, яъне забони ақвоми ин кишварҳо дар сояи сиёсати мутаҷовизони араб аз байн рафт.
Аммо толеъ баландӣ кард ва ҳукумати Саффориён баҳори наҷоти забони модарии мо гашту дубора онро ба сарсабзӣ расонд. Ҷои зикр аст, ки Саффориён аз диёре буданд, ки ба истилоҳ на қаламрави имрӯзии форсиён, балки аз водиҳои тоҷикнишин, яъне Систону Ҳироту Балху Тахор аст.
Бо омадани Сомониён ба майдони сиёсат Бухоро, маркази ин ҳукумат, конуни илму ирфон шуд. Шаҳриёрони сомонӣ ба гунаи бесобиқае барои пешрафти донишу фарҳанг майдон боз карданд.
Бузургтарин осори адабию таърихию илмӣ аз арабию юнонӣ ба форсӣ баргардон шуд, ҷаҳон аз нубуғи фарзонагони давраи Оли Сомон, ба мисли Синову Беруниву Хоразмӣ ба хурӯш омад ва маҳз аз ҳамин даврон забони форсӣ ҳамчун дувумин забони расмии дунёи ислом мақом пайдо кард, ҳазорон китоби гуногуни илмиву торихиву фиқҳиву адабӣ ба ин забон навишта шуд.
Сомониён аз ҷумла ноҷии (наҷотдиҳандаи) саросари Эрон аз хатари маҳви фарҳанги бумӣ мебошанд ва онҳо низ дар ҷойе “забони тоҷикӣ” нагуфтаанд, балки гуфтаанд “форсӣ”.
Ва ин форсии дарӣ, ки имрӯз дар Мовароуннаҳр, дар Эрону Афғонистону Покистон роиҷ аст, ба таъйиди донишмандони олами эроншиносӣ маҳз дар Бухорову Балх рӯ ба рушд ниҳод ва баъдан тавсеъа ёфт.
“Миллият тоҷик, аммо забон форсӣ“
Бузургтарин осори форсиро бухориёну балхиён ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ, Дақиқии Тусӣ, Кисоии Марвазӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Робиъа ва Шаҳиди Балхӣ, Шавкат ва Шокири Бухороӣ ва даҳҳои дигар, ки дар аҳди Сомониён ба воя расида буданд, навиштаанд.
Ҳич кадом аз инҳо нагуфтаанд, ки “мо тоҷикӣ навиштаем”, балки фармудаанд “мо форсӣ ё дарӣ гуфтаем.” Ҳаким Фирдавсии бузург, ки “Шоҳнома”-ашро орзу дошт ҳадяи Сомониён кунад, ин гуна ифтихор мекунад:
Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!
Низомӣ ё ба гуфтаи Ҳотифӣ он “ганҷфишони мулки маънӣ”, ки аз бузургони адаби ҷаҳон хонда шудааст ва муҳаққиқон гузаштагони вайро аз Варорӯд медонанд, мегӯяд:
Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст,
Дарӣ назм кардан сазовори ӯст!
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, он шамси осмони ҳикмату ирфон, парвардаи маърифати Бухоро буд ва агарчи аз синни чаҳорсолагӣ аз ватани хеш (Балх, деҳистонҳои Вахш) ба Туркия ҳиҷрат кард, аммо забони модарӣ ба ҷонаш пайванд монд ва осори беназири оламшумле бо забони модарӣ, яъне форсӣ навишт, ки имрӯз “Маснавӣ”-и ӯ дар Омрикову Урупо аз маҳбубтарин ва пурхонандатарин китобҳост ва “Девони Шамс”-у “Маснавӣ” ҳама форсӣ хонда шудаанд.
Устодони Мавлоно, Фаридуддини Аттор ва Ҳаким Саноии Ғазнавӣ ва Шамсуддини Табрезӣ, ки аз шайхҳои соҳибноми олами ирфон ҳастанд, яксара осори хешро ба форсӣ сурудаанд. Аз бузургони дигари таърихи мо Саъдии Шерозист, ки зебоӣ дар сухани форсии ӯ зеботару шевотар гаштааст ва Саъдӣ бо ифтихор худро тоҷик мешуморад:
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик!
Ин низ аз ифтихороти нодир аст, ки Саъдии суханвар бо ҳусни калому ҳикмати тамоми ашъор дар айёми зиндагияш шуҳраи сарзаминҳои Араб ва Ҳинду Чин гашта буд. Ӯ дар “Гулистон” фармудааст, ки ҳангоми сафар ба Кошғари Чин писаре аз ӯ зодгоҳашро пурсидааст.
Аз бузургони дигари таърихи мо Саъдии Шерозист, ки зебоӣ дар сухани форсии ӯ зеботару шевотар гаштааст ва Саъдӣ бо ифтихор худро тоҷик мешуморад
Чун фаҳмида, ки аз хоки Шероз аст, бо ихлос аз ӯ хоҳиш мекунад, ки аз суханони Саъдӣ гӯяд. Шайх Саъдӣ бадеҳатан ду байти арабӣ ба забон меорад. Ҷавон пас аз шунидан мегӯяд: “Ғолиби ашъори ӯ дар ин замин ба забони порсист, агар бигӯйӣ, ба фаҳм наздиктар бошад.”
Ин ҳикоят ҳовии он аст, ки Шайхи Шероз аз карон то каронаҳо маҳбуби дилҳо буда ва меваи ин муҳаббатро ниҳоли шакарбори форсӣ ба ӯ расондааст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки Саъдӣ ҳарчанд ба миллият ё қавмияти тоҷикияш ишора мекунад, вале номи забонро “форсӣ” хондааст.
Мо ба дигар бузургвори Шероз, Шамсуддин Муҳаммади Ҳофиз, низ ихлосу иродат дорем, ба ҳадде ки аз гаҳвора бо девони ӯ бузург мешавем. Шеъри Ҳофиз аз умқи дилҳо чун ниҳояти орзую ормони инсонӣ садо дода ва Ҳофизи лисонулғайб низ тоҷикӣ не, балки форсӣ сурудааст:
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни ҳинд,
З-ин қанди порсӣ, ки ба Банғола меравад!
Абдураҳмони Ҷомӣ, бузургворе, ки ӯро аз ҳафтахтарони адабу ҳикмати форсӣ мешуморанд ва осори гаронмояашро то 420 номгӯй (унвон) баршумурдаанд, аз сӯйи Ҷом (маҳалле дар ҳошияи Ҳироти имрӯзии Афғонистон) роҳии Самарқанду Бухоро шуд, то дар ин ду остони бузурги илму адаби форсӣ ҳосиле аз дониш бардорад.
Ҷомиро дар мадориси Самарқанд бо нубуғи истеъдоду донишаш дар шумори “хамсаи мутаҳаййира” ном бурдаанд, ки баъдан Шайхулисломи Хуросон гардид. Ҷомӣ низ тоҷик аст, аммо осори беназираш форсӣ.
Суруди аҳли Бухоро
Пас аз зуҳури Ғазнавиён офтоби порсӣ тақрибан як ҳазору сад сол дар самои маърифати Ҳинд партав фишонд ва аз нури фойизи он нуктапардозони фарзонае ба мисли Амир Хусраву Амир Ҳасани Деҳлавӣ, Масъуди Саъди Салмон, Фонии Кашмирӣ ва Сойибу Бедил ва Зебуннисо ба камол расида, машҳури олам гаштанд.
Иқбол худ зодаи қаламрави Ҳинд (Покистони имрӯзӣ) ва урдузабон аст, аммо аз се ду бахши осорашро ба форсӣ навиштааст
Аҷиб ин ки пажӯҳишгарон ба иттифоқи назар гузаштагони аксари ин бузургонро на аз қаламрави имрӯзи Эрон, балки аз Мовароуннаҳр, ҳамон сарзамини аҷдоди мо – тоҷикон, медонанд ва суханонашонро наздику ҳамсадо ба гӯйиши варорӯдиён мешуморанд ва ононро низ дар ҳама ҷо аз бузургони адаби форсӣ ном мебаранд.
Пажӯҳишгарон бар онанд, ки адабиёти клосики форсӣ бо исми Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба поён расидааст. Воқеъан, Иқбол аз мутафаккирони бузурге дар ҷаҳон аст, ки назмро бо ҳикмату сиёсат пироя зад ва тарзе сухансароӣ кард, ки барои адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсӣ наву тоза буд.
Иқбол худ зодаи қаламрави Ҳинд (Покистони имрӯзӣ) ва урдузабон аст, аммо аз се ду бахши осорашро ба форсӣ навиштааст ва эътироф мекунад, ки
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст!
Аммо боз як масъалаи усулӣ ва ин ҳам он ки ин “порсии ширинтар аз қанд” ва “лабрез аз панд” аз куҷо бар рӯйи китоб омад ва нахустин гуфтаҳои ҳунарӣ ва навиштаҳои катбӣ ба порсӣ аз куҷо мунташир ва ё дар куҷо пайдо шудаанд?
Тибқи сарчашмаҳои адабиву торихӣ, ҳудуди як ҳазору дусад сол пеш, пас аз ташкили дарборҳои миллии исломӣ дар шарқи Эрон ин забон ба сурати расмӣ даромад ва онро бо номҳои дарӣ, порсии дарӣ ва форсӣ ёд кардаанд. Ва сарзаминҳое дар ду каронаи Омӯ – Балху Бухоро аз амокини аслии парвариш ва густариши забони форсии нав ё форсии дарӣ будааст.
Эрони имрӯз дар он рӯзгор аз самти мағриб дар қабзаи истилои шадид ва таҳти нуфузи сиёсиву иҷтимоъии амиқи араб буд. Ин аз як сӯй ва аз сӯйи дигар, донишмандон пайдоиши нахустин намунаҳои катбии форсии навро низ дар хиттаи Балху Бухоро шумурдаанд.
Аз ҷумла, ин ду намунаи дубайтӣ, ки ҳар яке аз ҷиҳати сохту муҳтаво аҷибанд, мисолбандӣ шудааст. Яке навиштаи Абулянбағӣ, шоъири қарни ҳашти милодӣ, аст ва то ҳадде сугнома барои Самарқанд аст, ки аз дасти тозиён тороҷу вайрон гашта буд, бад-ин гуна:
Самарқанди қандманд,
Баз-ин-ат кӣ афганд?
Аз Чоч та беҳӣ,
Ҳамеша та хеҳӣ!
Ва дигаре ҳаҷвнома, ки пас аз нокомии шармандавори сарлашкари тозӣ Асад ибни Абдуллоҳ дар Хуталон ё Хатлон сурудаанд:
Аз Хуталон омазия,
Ба рӯ табоҳ омазия.
Овор боз омазия
Хашнакнизор омазия.
Аммо ахиран бозёфти намунаи дигаре пажӯҳишгаронро водоштааст, ки ба ин хулоса оянд, ки нахустин падидаи матни форсӣ ин ҳикояти “Суруди аҳли Бухоро” будааст. Ин ҳикоят дар “Таърихи Бухоро” бо обу тоби тамом ёдоварӣ мешавад, ки ҳокими Бухоро Хотун буд ва Хотун ба ширинию накӯии бисёр ёд мешавад.
Саркардаи араб Саъид бинни Усмон шайдои Хотун мешавад, аммо нокомона. Ва аз ин лиҳоз бухороиён барои вай суруд хондаанд. Аммо дар “Таърихи Бухоро” аз суруд нишоне нест.
Хушбахтона, бо кӯшиши донишмандони араб чанде пеш намунае аз “Суруди аҳли Бухоро” пайдо шудааст. Дар китобе бо номи “Асмоъу-л-махтолин мина-л-ашроф”, таълифи Абӯ Ҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳабиби Бағдодӣ (садаи 8 милодӣ), ки бо таҳқиқи донишмандони мисрӣ дар Қоҳира ба табъ расидааст, аз ҷумла ба фарҷоми кори саркардаи араб бо қиссаи Хотуни Бухоро низ ишора шудааст.
Дар ин китоб омадааст, ки ӯро бо Хотун дидор уфтод ва аҳли Бухоро ҳар дуро туҳмат ниҳоданд ва бар вай суруд хонданд ба забони хуросонӣ, ё худ форсӣ бад-ин гуна:
Кӯр хамир омад;
Хотун дурӯғ канда… (ё дар Вағи Канда)
Ва ҷуз ҳамин ду порча чизе аз он бознамондааст.
Чунин намунаҳое нобро метавон бештар аз ин силсила кард, ки гувоҳ аз тулӯъи хуршедсифати форсии нав аз сарзаминҳои Варорӯд ҳастанд.
Мухолифат бо номи “форсӣ“
Вақте дар поёни кори Шуравӣ наҳзати миллии мо, тоҷикон, ба таври шигифтангез хурӯшид, маҳз масъалаи арҷ гузоштану дубора минбар додан ба забони мо муҳаррики аслии ин наҳзат буд. Он замон мухолифи сарсахти сарбадорони забони модариямон на Кремлин, балки аслан афроде аз дохили кишвар ва шарикони тоҷики онҳо буданд, ки акнун ҳувияти миллии хешро аз даст дода буданд.
Ва он замон низ баҳси “форсӣ” ё “тоҷикӣ” аз масоили доғи ин ихтилоф буд. Андар зери пардаи ин муборизаи сиёсии шадид доми муҳликеро барои мо гузошта буданд, яъне мухолифат бо забони мо барои он буд, ки бо “форсӣ” хондани забони расмии Тоҷикистон миллати тоҷик молики сарвату сармояи бузургу беназире ба мисли мероси оламшумули донишу фарҳанги форсӣ хоҳад шуд (ки ҳаққи ҳалолу мусаллами ӯ ҳам ҳаст).
Порлумон бо ин нишаст нишон дод, ки ҳануз ба баррасии комили қонуни забони давлатӣ омода нест ва ин қонуни муҳим номукаммал боқӣ монд
Ва баръакс, бо “тоҷикӣ” хондани забони давлатӣ, тоҷик боз ҳамон “ҳичбудагон” хоҳад монд, ки ба ин васила душманон гуфтаҳои хасмонаву таҳқиромези хешро, ки “тоҷикон то Инқилоби октябр ҳич (?!) буданд, на хатте доштанду на алифбое ва саросар бесаводу бемактабу бефарҳанг буданд ва танҳо бо омадани болшевикҳо ин “ҳич”-ҳо “ҳама чиз” шуданд”-ро таҳаққуқ мебахшиданд.
Он замон наҳзати миллии мо муттафиқона то ҷойе пирӯз омад, яъне дар қонуни забони кишвар вожаи “форсӣ” дар қавсайн бошад ҳам, ворид шуд, аммо ин кабки қафас дер напойид, фурсатталабон дар соли 1994 пайте ёфтанду бо ҳирсу ҳасодату нафрати тамом “форсӣ”-ро ҳатто дар қавсайн ҳам нагузоштанд.
Ин тавтеаву сӯиқасд ба яке аз муқаддасоти мо, яъне ба забони модариямон дар порлумони Тоҷикистон тарҳрезӣ ва амалӣ шуд, ки фаромӯш нашудааст. Бо таассуфи амиқ, порлумони кишвар фурсатеро барои ҷуброни ин иштибоҳи фоҳиши соли 1994 дар нишасти 1 октябри соли 2009 аз даст дод ва аслан ин баҳси муҳиммро нодида гирифт.
Порлумон бо ин нишаст нишон дод, ки ҳанӯз ба баррасии комили қонуни забони давлатӣ омода нест ва ин қонуни муҳим номукаммал боқӣ монд.
Ҳол он ки нахуст бо “форсӣ” хондани забони расмии хеш мо ҳақиқат ва адолати илмию торихиро барқарор ва қарзи фарзандии хешро дар баробари рӯҳи гузаштагонамон иҷро хоҳем кард, зеро тайи ҳазорсолаҳо забони расмии мо “форсӣ” буд ва ховаршиносии олам низ имрӯз таъйид дорад, ки дар Эрону Афғонистону Варорӯд беш аз саду панҷоҳ милён нафар форсигӯ зиндагӣ доранд.
Ин сиёсати пешбинишуда ва тадбири аз қабл андешидашудаи истеъморгарон аст, ки ба сарзамини мо аз дари тафриқаву нифоқ ворид шудаанд ва бо тафриқаандозиҳо мехоҳанд ваҳдати забониву равониву фарҳангии як миллати ориёиву эронинажодро дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон аз ҳам бигсаланд ва ба гузаштаи дурахшони миллии тоҷикон хатти бутлон кашанд.
Аммо порлумони Тоҷикистон ин нозукии масъаларо дарк накард ва натавонист, ки дар партави як сиёсату дониши ҷомеъ ба мавзӯъ ҳусни анҷоми оқилонаву одилона бахшад. Агар мурод аз “ҚОНУН” арҷ гузоштан ба иродат ва мароми мардум бошад, қонуни забони мо ҳанӯз чунин бори шарифу шарофатмандонаро дар баробари мардуми хеш натавонистааст кашад.
Мероси муштарак
Аз он ки ҳақиқат қурбони хусумату нафрати шахсӣ шуд, аз ноогоҳӣ нисбат ба забону гузаштаи худ хештанро маснуъӣ “тоҷикизабон” (??) мешуморанду бидуни иродаи умум қонунро тағйир медиҳанд, ҷуз маъюсиву норизоятии мардуми бофаҳму фазл ҳосиле ба бор намеорад.
Охир, чаро давлатҳое дар ҷаҳон, ба мисли Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Конодо, Устролиё ва Зеланди Нав бидуни таъассубу тарсу парҳез забони расмии хешро ба таври воҳид “инглисӣ” мехонанд?
Ҳамчунин бо “тоҷикӣ” хондани забони расмии хеш мо ночорем, ки мудом аз ин суоли басо ҳассос дар азоби руҳӣ бошем.
Ё ки бисту як давлати араб, ки на аз як қавму аз як нажоданд (ниме сомиву ниме мисрӣ ва ниме сурёниву ниме офриқоӣ), қарнҳост, ки бо як забони воҳиди арабӣ гуфтугӯву коргузорӣ кунанду мо форсигӯён дар баробари он ки озодона байни ҳам такаллум мекунему ториху адабиёту фарҳангу суннатҳои муштарак дорем, аммо акнун худро аз ҳамдигар ҷудо созем?
Магар замоне нарасидааст, ки ба худ оему ин қимори хатарнокро аз саҳнаи баҳси хеш дур андозем? Ҳамчунин бо “тоҷикӣ” хондани забони расмии хеш мо ночорем, ки мудом аз ин суоли басо ҳассос дар азоби руҳӣ бошем. Суол ин аст, ки агар забони гуфтори мо “тоҷикӣ” бошад, пас ба мероси оламшумули форсӣ оё ҳаққи ворисӣ дорем?
Оё Рӯдакиву Синову Наршахиву Балъамиву Хоразмиву Беруниву Розиву Форобиву Ғаззолию Мавлавию Суҳравардӣ ва ҳазорону ҳазорони дигар ба забони нестандарҷаҳони “тоҷикӣ” навиштаанд ё ба гуфтори осмонии “форсӣ”? Ин нукта бештар ба порлумон дахл дорад, ки ба намояндагӣ аз мардуми кишвар бояд барои васл кардан омада бошанд, на барои фасл кардан!
Агар ба дурустиву ҳақиқат бо гузаштаи пурғанои фарҳангии хеш нозем, агар барҳақ ин бузургони илму адабу фарҳангро, ки номашон дар сафҳаи торих бо оби зар сабт шудааст, аз ифтихороти таърихи хеш шуморем, бояд номи “форсӣ”-ро низ, ки онон бо ин забон ба аҳли ҷаҳон дарси адабу маърифат додаанд, шоҳкорҳои илмию адабӣ ба ёдгор мондаанд, аз ифтихороти таърихии хеш бишуморем.
Магар намедонем, ки аз Варорӯд то Афғонистону Эрону Ҳинду Арабу Қафқозу Туркияву Балкан мо беш аз 15 ҳазор (!) шоъир дорем соҳибдевон, ки ба форсӣ навиштаанд?
Магар намедонем, ки осори донишмандони мо (мисли Ибни Сино) то ҳафтсад сол дар донишгоҳҳои Урупо сармашқи кори донишҷӯёну пажӯҳандагон буд? Ва ин мусалламан ба он маъност, ки забони форсии мо бо ғановати бемисл, бо имконоти беназири ҳунарӣ, бо тобишҳои ҷаззоби маъноию маънавӣ, бо фурӯғи ҷовидонаи хираду ҳикмати хеш мисли оби равон ҷонбахшову рӯҳбахш аст.
Пас чи ҷои тарс асту таъассуб, ки агар ба асолати хеш баргардему “форсӣ”-ро ба маънии ҳақиқат, на маҷоз, ба маснади фохираи худаш бинишонему он ҳама имконоту тавоноиву ҷаззобияти сеҳрангезияшро, чунонки имрӯз дар Эрону Афғонистон ҳаст, пойдору устувор созем?
Дуктур Иржи Бечко, ховаршиноси номдори Чек, гӯяд: “Таърихи адабиёти форсӣ мустақиман ба мероси фарҳангии муштараки Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва ҳамчунин ба манотиқи фарҳангии дуртаре, минҷумла фарҳанги туркони Усмонӣ, Покистону Ҳиндустон, адабиёти милали туркзабони Осиёи Миёна ва ҳатто Моловиё (Малавӣ) дар Шарқ ва Югусловӣ дар Ғарб таъаллуқ дорад.”
* Обиди Шакурзода, рӯзноманигор ва пажӯҳишгар аз Тоҷикистон аст. Ин мақола дар пойизи соли 2010 мунташир шудааст.
(Баргирифта аз Би-би-сии Форсӣ)
Бифирист