Нигоҳе ба ‘Фарҳанги вожагони порсӣ‘
Нивиштаи Муҳаммадризо Фаромарзӣ
Чопи нахуст, Шероз: Фароматн, 1387
Манучеҳри Фурӯзандафард: Солҳост, ки порсигароӣ ва саранивисӣ, ки донишест арҷманд ва ҳунаре бемонанд, дар миёни бузургону адабдӯстон равоӣ ёфтааст. Аз сӯе фарҳехтагоне чун Казозӣ, Ҷунайдӣ, Ҳоҷарӣ (нигорандаи Фарҳанги бистҳазор), Розӣ (нигорандаи Фарҳанги вожаҳои форсии сара барои вожаҳои арабӣ дар форсии муъосир), Донишёр (нигорандаи Фарҳангномаи порсии ориё) ва.., ва аз сӯе Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ дар ин замина гомҳои буланде бардошта ва дар шиносондани тавонмандиҳои порсӣ ба ҳамагон кӯшидаанд.
Вале шӯрбахтона дар ин миён касоне ҳам ҳастанд, ки нодониста ва насанҷида, даст ба нигориши фарҳанги порсӣ мезананд ва бо ин кор чизе ҷуз камдонишии худро нишон наметавонанд дод! (Сухани Саъдиро аз ёд набурдаем, ки фармуд: “То мард сухан нагуфта бошад!…”)
Достони “Фарҳанги вожагони порсӣ” ва нигорандаи гиромияш Хоҷа Муҳаммадризо Фаромарзӣ, ки банда на ишонро дидаам ва на мешиносам, чунин аст ва шӯрбахтона ин хоҷаи арҷманд бо ноогоҳӣ аз решашиносӣ, адаби порсӣ, дастур, дурустнивисӣ ва… даст ба килк бурдаанд ва дастовард чунон шудааст, ки хоҳам гуфт ва хоҳед дид!
Чунин менамояд, ки ишон якбор ҳам, ки шуда, ба як фарҳанги порсӣ нангаристаанд ва шигифт он ки фарҳанги ишон виростор ҳам доштааст, он ҳам виросторе, ки пеш аз номаш вожаи “дуктур” омадааст!
Нигоранда сари он дорад, ки дар ин нивиштори кӯтоҳ ба барасии бархе аз нодурустиҳои номаи номбурда бипардозад.
***
1. Ҷои басе шигифтист, ки нивисандаи гиромӣ вожаҳои зерро, ки ҳама порсӣ ҳастанд, бегона дониста ва барои онҳо баробарҳои порсӣ пешниҳод кардааст!
Уфт, хор, фиғон, кафш, кулба, лол, мокиён, моломол, мустаманд, мӯя, муҳр, нокас, настӯҳ, виросторӣ, ҳамзамон!
Ошкор аст, ки агар ишон танҳо нигоҳе ба як фарҳанги порсӣ афканда буданд, порсӣ будани вожагони ёдшударо дармеёфтанд. Гумон намекунам, ки хонандагони гиромӣ дар бораи порсӣ будани ин вожагон дар гумон бошанд (агар чунин аст, метавонанд ба Луғатномаи Деҳхудо, Фарҳанги Муъин, Фарҳанги сухан ва дигар фарҳангҳои дар дастрас нигоҳе бияфкананд).
2. Шигифттар он ки бархе вожагони бегонаро порсӣ пиндоштаанд ва онҳоро баробари порсии вожагони бегонаи дигаре донистаанд!
Феҳристе аз ин вожаҳоро дар зер мебинед. Гуфтанист, ки (1) вожагон ба сомони нивисаҳои порсӣ оварда шудаанд; (2) дар номаи ёдшуда бархе аз ин вожагон батанҳоӣ ва бархе дар омезаҳо омадаанд; (3) ва шумора (ҳо)-е, ки дар баробари вожаҳо омада, нишондиҳандаи рӯяест, ки он вожа дар он ба кор рафтааст:
Одам? 50 ва 131, он (=дам) 62 ва 129 ва 146, утоқ 144, урдӯ 143, армуғон 31 ва 77 ва 138 ва 208, ишора 43 ва 140, иштибоҳ 76 ва 97 ва 122 ва 129, уфтода 42, бидун 33 ва 112 ва 147, барқ 210, буруз 24 ва 111 ва 207, бурҳа 12 ва 183 ва 191 ва 193, бино 103 ва 111 ва 128, баён 127, байн 77 ва 125 ва 152 ва 172 ва 176, парчам 118 ва 148, толор 26, тамошо 63 ва 137 ва 174, ҷаъба 36 ва 105 ва 144, ҷилав 92 ва 187 ва 190, ҷилва 23 ва 42 ва 115, чолиш 34 ва 151, даман 103, давот 15, давр /dowr/ 73, даврон 12 ва 14 ва 31 ва 59 ва 116 ва 178 ва 182 ва 183 ва 191 ва 192 ва 193, давра 178, завқ 134, зиёда 18 ва 23 ва 122 ва 127, соҳил 43, савод 113, сиёсӣ 85, симо 101, шонс 23, шамъ 43, шик 66, софиш! 130, ғизо 81, ғам 49 ва 81 ва 181, ғариъараб 114, фирор 158, фароз 89 ва 202 (à Наҷафӣ, Ғалат нанивисем), фурҷа 126, қафаса 207, қалб 25 ва 138, қаҳва? 139, кумак 26, кунгере 41, лоша 65 ва 66, лукнат 45, матн 188, мадор 8 ва 136, мудоро 13, марҳам 33 ва 41 ва 43, машқ 25, муншӣ 94, мизон 53, нисор 133, нухба 85 ва 174, назар 34, нақш 88, навбат 81 ва 102, нур 42 ва 134, ворид 79, ваҳшат 77, вазн 53 ва 156, вале (= аммо) 26, алёф 130 (ин вожа дар бахши нивисаи “йо” (ی) омадааст! Гӯё “ал”-ро нишонаи шинохтагии (=ҳарфи таъриф)-и тозӣ донистаанд! Чунин менамояд, ки лағзиш аз нармафзори word бошад!), юриш 208
3. Бисёре аз баробарҳо аз дидгоҳи гунаи дастурӣ бо сарвожаҳо яксон нестанд, барои намуна, “ибтило” ном аст, вале баробаре, ки барояш оварда шуда, (дучор) вижагӣ (=сифат) аст! Ошкор аст, ки баробари “ибтило” бояд “дучорӣ” бошад, на “дучор”. Намунаҳое дигар:
Сарвожа (мадхал) | Баробари нодуруст | Баробари дуруст |
Ихтилот | Дарҳам | Дарҳамӣ |
Истикбор | Зӯргӯ | Зӯргӯӣ |
изтирор | Ночор | Ночорӣ |
Амсол | Ҳамонанд | Ҳамонандон |
Талотум | Хурӯшон | Хурӯш, хурӯшонӣ |
Ҷоиз нест | Нораво | Норавост |
Ҷад | Ниёкон | Ниё (“ниё”ро ҷудогона овардаанд, вале “ниёкон” беҷост). |
Ҳусни хитом | Некфарҷом | Некфарҷомӣ |
Савобиқ | Пешина | Пешинаҳо |
Фалоҳ | Растагор | Растагорӣ |
Маъхаз | Баргирифта | Гирифтгоҳ |
Мутабодир | Расидан | Расида |
Мутарҷим | Баргардон | Баргардонанда (тарҷумон) |
Муътариз | Дастдарозӣ | Дастдароз (кунанда) |
Мутаваҷҷеҳ | Рӯйоварӣ | Рӯйоварда |
Мунҷар | Анҷомидан | Анҷомида |
Наҷобат | Нижода | Нижодагӣ |
ва…
4. Бархе аз баробарҳо баростӣ баробари вожаи ёдшуда нестанд:
*Барои вожаи “энержӣ” баробари “нерӯ” оварда шудааст. Ин ду вожа аз дидгоҳи донишӣ яке нестанд!
*Ҷуғрофӣ ва баробари пешниҳодияш “заминшиносӣ” ду дониши гуногунанд! (Ҷунайдӣ “заминпаймоӣ”-ро барои “ҷуғрофӣ” пешниҳод кардааст).
*Рубоъӣ ва баробари пешниҳодияш “чаҳорпора” ду колбади чомаии (=қолаби шеърии) гуногунанд! (“Чаҳоргона”-ро метавон баробари “рубоъӣ” донист).
*Маъмулан ва баробари пешниҳодияш “ҳамвора” яксон нестанд!
*Барои “маҷалла” танҳо баробари “ҳафтанома”-ро овардаанд, вале ҳар маҷаллае “ҳафтанома” нест. Шояд “дуҳафтанома”, “моҳнома”, “гоҳнома” ё чизе дигар бошад!
ва…
5. Бархе аз баробарҳое, ки ишон барои як вожаи бегона овардаанд, дар порсӣ баробари вожаи бегонаи дигарест, барои намуна:
*”Чопгар”-ро баробари “саҳҳоф” овардаанд, ки дар порсӣ баробари “принтер” аст.
*”Раводид”-ро баробари “салоҳдид” овардаанд, ки дар порсӣ онро баробари “визо” ба кор мебарем.
ва…
6. Бо дар чанта доштани ҳамаи баробарҳое, ки барои вожагони бегона пешниҳод кардаанд, дар пешгуфтори фарҳанги худ аз вожагони бегонаи бисёре баҳра бурдаанд. Танҳо дар банди нахусти пешгуфтор ба ин вожаҳо бармехурем:
Бориз, аносир, ташкил, ҳувийят, тамаддун, тамом, шибҳиқорра, ҷанубӣ, халиҷ, расмӣ, истеъмор, таҷзия, ҳавза, табдил, эҷод, маҳаллӣ, ҳазф, амал, натиҷа, маҳдуд, ҳатто, муҳим, марокиз, ҳифз, ҳол, ақаб, таваҷҷуҳ, унвон, сатҳ, матраҳ, ва…!
Афзун бар ин вожаҳо, чандин бор ҳам вожаи “форсӣ”-ро ба ҷои “порсӣ” ба кор бурдаанд.
7. Нодурустиҳои забонӣ
Анҷом 151 (Наҷафӣ, Ғалат нанивисем), перомун 84 (ҳамон), хорубор 13 (ҳамон), гузордан 7 (ҳамон), нишонгар 153 (ҳамон), навин 43 ва 63 ва 166 (ҳамон), ҳамёрӣ 53 ва 174 (ҳамон), яди тӯлонӣ 210 (ҳамон), боварондан 58
***
Ҳамчунин аст ба кор бурдани вожаи дасотирии “Ораш” дар рӯяи 209
8. Нодурустиҳои нивишторӣ:
А) Нивиштани “ҳ” (ه) пеш аз воҷи миёнҷии “г” (گ):
Оростаҳгӣ 51 ва 198 (آراستهگی), барҷастаҳгон 19 ва 174 (برجستهگان), бечораҳгӣ 127 (بیچارهگی), ҷовидонаҳгӣ 7 (جاودانهگی), хафаҳгӣ 11 (خفهگی), деринаҳгӣ 133 (دیرینهگی), риштаҳгон 88 (رشتهگان), корозмудаҳгӣ 194 (کارآزمودهگی), лахтаҳгӣ 29 (لختهگی), ҳамешаҳгӣ 7 ва 79 (همیشهگی), якпорчаҳгӣ 58 (یکپارچهگی).
Б) “Хво” ба ҷои “хо”:
Хвон –> хон 124 ва 168, бар по хвостан –> барпо хостан 137
В) “Гузордан” (گزاردن) ба ҷои “гузоштан” (گذاشتن):
Фурӯгузорӣ (فروگزاری) –> фурӯгузорӣ (فروگذاری) 176, ҳанҷоргузорӣ (هنجارگزاری) –> ҳанҷоргузорӣ (هنجارگذاری) 184
Г) Иншоаллоҳ (انشاء اللـه) à ин шо аллоҳ (ان شاء اللـه) 29
9. Нодурустиҳои чопӣ
Обсткросиюн –> обстроксиюн 7, алон –> алъон 25, побандон –> пояндон 105, хурдашуда –> хӯрдашуда 150, хонда –> хонанда 163, нафҳ –> нафх 200 (шояд нодурустии забонӣ бошад, бингаред ба Ғалат нанивисем), гас –> кас 200
10. Ду нивисаи “О” (آ) ва “А” (ا)-ро ба ҳам омехтаанд. Барои намуна, пас аз “ибоҳа” “обожур” омада ва пас аз он “ибтидо”! Гарчи ин шева дар Доират-ул-маъорифи Мусоҳаб низ ба кор рафта, дар дигар фарҳангҳо равоӣ надорад.
11. Бархе вожаҳо ба сомони нивисаҳои порсӣ нестанд; барои намуна, ба вожаҳои “акс” ва “лоуболӣ” бингаред (дар бораи “алёф” низ пештар сухан гуфтем).
12. Костиҳо:
Шӯрбахтона, бисёре аз вожаҳои бегона, ки имрӯза ба кор мераванд, дар ин фарҳанг ҷое наёфтаанд. Ба чанд намуна басанда мешавад:
Обо, опорот, отлия, оҳод… эътилоф, аимма, ибо, ибдол, аброр, ибтол, абвоб, ибҳом, абҳат, абёт ва…
13. Нодурустиҳои дигар:
Ғалла: гандумгун!
Маҳрия: меҳр! (баробари порсии он “кобин” ё “ковин” аст).
Кунсерт: афшурда! (шояд кунсерв!).
Муъониқа: рӯбӯсӣ (баробари дуруст: даст дар гардани якдигар андохтан, дар оғӯш гирифтан)
***
Ва ҳанӯз гуфтаниҳо бисёр аст, вале агар ҳамин нодурустиҳо низ вироиш шаванд, ёрии бузурге ба забони порсӣ шудааст. Нигоранда бад-он умедвор аст!
متن فارسی اینجا است
Бифирист