Сомони Ҳасанӣ*: Забони “савоҳилӣ”, “своҳӣлӣ” ё “кӣ суоҳилӣ”, ки бумиён ба он “саҳилӣ” мегӯянд, фарогиртарин забони қорраи Офриқост. Ин забон, ки аз шохаи забонҳои бонту аст, аз Шохи Офриқо то Музомбик (Угондо, Кениё, Тонзониё, Зангбор, Руондо, Бурундӣ, Молӣ, Зомбиё, бахшҳое аз Сумолӣ, шимоли Музомбик ва ховари Кунгу)-ро дар бар мегирад. Дар ин забон афзун бар вожаҳое аз дигар забонҳои Офриқо, вожаҳои бисёре ҳам аз забонҳое чун порсӣ, арабӣ, пуртуқолӣ ва инглисӣ дида мешавад.
Дар посух ба ин ки вожаҳои порсӣ чигуна ба ин забон роҳ ёфтаанд, гуфта мешавад, ки гурӯҳҳое аз мардуми ҷануби Эрон ба ховари Офриқо кӯчидаанд ва бад-ин гуна вожаҳои порсӣ ба ин забон роҳ ёфтааст. Аммо далели пояии роҳёбии вожаҳои порсӣ ва ҳамчунин кӯчидани гурӯҳҳое аз мардуми Эрон ба ховари Офриқо чизи дигарест.
Ончи шоёни жарфнигарист, ин аст, ки садаҳо халифи Форс маркази бозаргонии ҷаҳонӣ буда ва се шоҳроҳи бозаргонии бузург аз гӯшаву канори ҷаҳон бозаргононро ба онҷо мекашондааст. Як шоҳроҳи дарёӣ бозаргононеро аз каронаҳои уқёнуси Ҳинд, аз Чин ва Ҳинд то Андунезӣ ва Молезӣ ба онҷо мерасонд. Шоҳроҳи дарёии дигаре мардумонро аз саросари каронаи ховарии Офриқо, аз Шохи Офриқо то Офриқои Ҷанубӣ, бад-он ҷо мекашонд ва роҳи севум, ки як роҳи обӣ-хушкӣ аст, нахуст аз роҳи Арвандрӯд ва сипас аз роҳи хушкӣ бозаргононеро аз Миёнрӯдон, Ҳалаб ва Шом, Осиёи Кӯчак ва дигар сарзаминҳо ба халифи Форс мерасонд. Достони “Саъдӣ ва бозаргон” дар ҷазираи Кеш гӯёи ин сухан аст. Онҷо ки бозаргон мегӯяд:
“…Гӯгирди порсӣ хоҳам бурдан ба Чин, ки қимате азим дорад ва аз онҷо косаи чинӣ ба Рум орам ва дебои румӣ ба Ҳинд ва фулоди ҳиндӣ ба Ҳалаб ва обгинаи ҳалабӣ ба Яман ва бурди яманӣ ба Порс ва з-он пас тарки тиҷорат кунам…”
Рафтуомадҳои бозаргонӣ доду ситадҳои фарҳангӣ ва кӯчиданҳоро ҳам ба дунбол дошт. Дар ин миён, гурӯҳҳое аз ҷануби Эрон ба ховари Офриқо кӯчиданд, ки шинохтатарини онҳо гурӯҳе аз мардуми Шероз ҳастанд, ки “офрушерозӣ” номида мешаванд ва бештар дар гурӯҳи ҷазираҳои Зангбор ё Занзибор сокин ҳастанд. Зангбор ҳукумате худгардон дорад ва бахше аз кишвари Тонзониё аст. Пас аз истиқлоли Тонзониё фарде бо номи хонаводагии Шерозӣ нахуствазири ҳукумати худгардони Зангбор мешавад, ки нишон аз нуфузи ин гурӯҳ дар сарзаминест, ки дар он ҷо забони своҳилӣ забони миллӣ аст. Дуруст аст, ки вуҷуди ин гурӯҳ ва дигар гурӯҳҳои эронӣ метавонад далели роҳёбии вожаҳои порсӣ ба ин забон бошад, аммо аз диди ман, ҳамоно рафтуомадҳои бозаргонӣ ба халиҷи Форс пояитарин далели роҳёбии вожаҳои забони порсӣ ба забони своҳилӣ аст. Чунончи вожаҳои бисёре аз забони порсиро метавон дар дигар забонҳо, ҳамчун забонҳои Осиёи Ҷануби Ховарӣ ёфт, ки ниёз ба пижӯҳиш дорад.
Шуморе аз вожаҳои порсӣ дар забони своҳилӣ ба шеваи гӯишҳои ҷануби Эрон, дар поён воки “у” доранд, монанди бобу, дафтару, қаламу ва барфу. Ин ҳам метавонад нишони нуфузи мардуми ҷануби Эрон дар он сарзамин бошад, ҳам метавонад ба равиши вомгирии забони своҳилӣ бастагӣ дошта бошад. Бад-ин гуна ки дар поён бештар вожаҳои своҳилӣ як “воки боово” меояд. Ҳангоме ҳам ки вожаеро вом мегиранд, як “воки оводор” ба поёни вожа меафзояд ва вожаҳои порсии барф ва буз мешаванд “барфу” ва “бузӣ” ва вожаҳои арабии машриқ ва мағриб мешаванд “машриқӣ” ва “мағрибӣ”. Гоҳе ҳам “воки беово” аз поёни вожа меуфтад, то вожа бо “воки оводор” поён бигирад, монанди замон ва пӯлод, ки мешаванд “замо” ва “пӯло”. Дар номаи касон ҳам метавонед номҳое монанди номҳои ҷануби Эрон биёбед, ки ба воки “у” поён мегиранд, монанди: Аҳмаду (Аҳмад) ва Мамду (Муҳаммад). Душвор метавон гуфт, то чи андоза ин гуна номгузориҳо ба нуфузи мардуми ҷануби Эрон бастагӣ дорад, чун ин гуна номҳоро метавон дар бохтари Офриқо ҳам ёфт, дар ҷоҳое, ки забони своҳилӣ равоӣ надорад.
Дигаргунии дигаре, ки ҳангоми пазириши вомвожаҳо метавонад рӯй диҳад, ин аст, ки дар оғози шуморе аз вожаҳо як “воки беовои сокин” чун “м” ва “н” афзуда мешавад ва хониши он бисёр кӯтоҳ ва наздик ба хониши воки “н” дар вожаи порсии “ангур” аст. Дар фарҳангҳо гоҳе ин вокҳоро дар даруни камонак менивисанд. Барои намуна, буз нивишта мешава (м)бузӣ ва пӯлод, панба ва коса(пушт) нивишта мешаванд: (м)пӯло, (м)панба ва (н)коса – косапушт.
(m)bozi, (m)pula, (m)pamba and (n)kasa
Деринагии порае аз вожаҳои порсӣ дар забони своҳилӣ ба замоне бозмегардад, ки дар Эрон забони паҳлавӣ (порсии миёна) равоӣ дошт. Ба чанд намуна аз ин вожаҳо дар донишномаи “Иронико” менигарем:
The few items of general reference at this stage include *(m)pula “steel,” *bwana “man, gentleman,” *(m)pamba “cotton,” and *(n)kasa “turtle,” which correlate with Middle Persian pōlāwad, bān, pambag, and kašawag.
Барои шинохти нуфузи забони форсӣ метавонем барои намуна дар Фарҳанги инглисӣ-своҳилӣ вожаи “замон”-ро ҷустуҷӯ кунем. Аз даҳ баробарниҳоде, ки меёбем, панҷ тои он барои мо ошност: замо (замон), вақтӣ (вақт), умрӣ (умр), нафсӣ (нафс) ва соъа (соъат).
Time: zama, wakati, umri, nafasi, saa (hour)
Ҳамчунин, барои бисёре аз вожаҳо метавон баробари вожаро ба забонҳои гуногун ёфт. Барои намуна, агар вожаи корро ҷустуҷӯ кунем, ба се забони порсӣ, арабӣ ва инглисӣ метавон баробарниҳод ёфт.
Work: kazi, shughuli, jobo
Намунаҳое аз вожаҳои порсӣ дар забони своҳилӣ:
Анба
Бобо
Бобу – падарбузург
Барфу – аз барф, барои ях
Бузӣ – буз
Бустонӣ – боғу бустон
Бандарӣ – бандар, бандаргоҳ
Би-бӣ -модарбузург
Пуфӣ – рия
Панба
Пӯло – пӯлод
Тамошо
Чой
Чангу – гунае моҳӣ
Додо – хоҳар
Дафтару – дафтар
Дарича – панҷара
Девонӣ – Идораи давлат, корманди давлат.
Замо – замон
Зиво – зебо
Рангӣ – ранг
Козӣ – кор
Коса – косапушт, локпушт
Коко – бародар
Кӯса – кӯса
Горӣ- утумубил, мошин
Шаҳҳо – кадхудо
Салворӣ – шалвор
Момо
Маншу – гунае қоиқ
Вахтӣ – вахт (вақт)
Найрузӣ – навруз
Ҳево – ҳаво
Афзун бар вожаҳои порсӣ, бисёре аз вожаҳои арабӣ ё арабишуда, ки дар забони порсӣ равоӣ доранд, дар забони своҳилӣ ёфт мешаванд, ки метавон гуфт дар бисёре аз онҳо аз роҳи забони порсӣ ба он забон роҳ ёфтаанд, монанди
Истилоҳӣ – истилоҳ, нарм
Тасвирӣ – тасвир, акс, нигора
Ҷума – (ҷумъа), ҳафта
Дараҷа
Дунё
Рафиқӣ – рафиқ, дӯст, ёр
Зиёдӣ-зиёд
Шуғлӣ, шуғл, кор,
Сура – сурат (sura),
Табиъа – табиъат (tabia)
Ададӣ – адад, шмора
Қомусӣ – фарҳанг (kamusi)
Қаламу – қалам,
Китобу – китоб
Мағрибӣ – мағриб, бохтарзаман
Машриқӣ – Машриқ, Ховар,
Нисфу – нисф, ним
Ёдоварӣ:
Зангбор номе эронӣ аст ва аз ду вожаи “занг” ба чами (маънои) “сиёҳ” ва “бор” ба чами “ҷо ва сарзамин” аст, ки рӯиҳамрафта чами он мешавад: “Сарзамини мардуми сиёҳпӯст”.
Гурӯҳҳое аз мардуми Балучистон ҳам ба Зангбор ва ховари Офриқо кӯчидаанд. Ин кӯчиданҳо метавонад вожаҳое ҳам аз забони балучӣ ба ин забон бурда бошад, аммо ниёз ба барарсӣ дорад.
Чанд вожа бо алифбои лотин дар даруни камонак нивишта шудаанд, то чигунагии пазириши вомвожаҳо дар забони своҳилӣ беҳтар нишон дода шавад.
Бозбурдҳо:
Фарҳанги инглисӣ-своҳилӣ
Донишномаи Иронико
Гулистони Саъдӣ
*Мардумшинос, дабири пешини Адабиёт ва улуми инсонӣ
متن پارسی را “اینجا” بخوانید
Бифирист