Форсӣ дар Покистон: Аз суруди миллӣ то шарофати фарҳангӣ

Pakistan 1♦ Бар пояи шавоҳиди торихӣ пайдоиш ва густариши забон ва адаби форсӣ дар шибҳиқорра (нимҷазира)-и Ҳинд аз Лоҳур, пойтахти Маҳмуди Ғазнавӣ, дар садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ оғоз шуд.

♦ Ғолибан мардуми Покистон дар ҷараёни гуфтугӯ ба забони урду барои устувор кардани гуфтори худ шеър ё зарбулмасале форсиро шоҳид меоваранд.

♦ Имрӯза нивиштаҳои форсии зиёде бар девори шаҳрҳои гуногуни Покистон дида мешавад.

♦ Телевизиюни ҳукуматии Покистон шабҳои одина базми ғазалхонии форсиро ба намоиш мегузорад.

Абдулҳайи Саҳар*: Забони форсӣ дар шибҳиқорраи Ҷануби Осиё дастикам ҳашт то нуҳ сада пешина дорад. Дар Покистон ҳам, ки дар рӯзгори густариши фарҳанги исломӣ дар шибҳиқорра ба вуҷуд омад, то садаи сездаҳуми ҳиҷрӣ забони форсӣ ба дарозои ҳафт сада дорои пешинаи расмӣ, илмӣ, адабӣ ва идорӣ будааст.

Акнун, ки беш аз ним сада аз эҷоди Покистон мегузарад, забони форсӣ мавқеъияти худро дар идороти давлатӣ ва ҳамчунин дар низоми омӯзишӣ каму беш нигаҳ доштааст:

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд,
Сияҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.

Пеш аз он ки забони инглисӣ дар Покистон роҳ ёбад, дар дарозои садаҳои мутамодӣ садҳо забон ва гӯиш дар шибҳиқорра буд, ки дар ин миён форсӣ забони омӯзишӣ, илмӣ ва идорӣ будааст, аммо пас аз чирагии бегона дар садаи сездаҳуми ҳиҷрӣ ин вазъ ба суди забони инглисӣ дигаргун шуд ва ҳамчунон идома дорад.

Ҳамакнун садҳо донишкада дар шаҳрҳо, шаҳристонҳо, бахшҳо ва блукҳои Покистон ҳаст, ки клосҳое то сатҳи коршиносии адабиёт, улуми инсонӣ, табиъӣ ва риёзӣ доранд. Агар ҳамаи муассисаҳои омӯзишӣ дар сатҳи донишкадаҳо маъмури омӯзиши форсӣ шаванд, ҳазорон дониҷӯ дар бисёре аз донишкадаҳо дар шаҳрҳои гуногуни Покистон забони форсиро ба унвони як моддаи дарсӣ бархоҳанд гузид.

Муҳаммад Юсуф Ҳусайн, устоди забони форсӣ дар бахши форсии Донишгоҳи Пешовар, дар мавриди аҳаммияти забони форсӣ мегӯяд: “То (замони) режими низомии ҷенерол Зиёулҳақ дар Покистон забони форсӣ дар (тӯли) соли (таҳсилӣ) дар тамоми мадориси давлатии ин кишвар то клоси ҳаштум тадрис мешуд. Вале мутаассифона, то ҷое ки мебинем, на танҳо тадриси забони форсӣ коҳиши ҷиддӣ ёфта, балки забони урду низ дорад ба дасти фаромушӣ супурда мешавад.”

Юсуф Ҳусайн мегӯяд, ки забони урдуе, ки акнун мардуми Покистон ба он такаллум мекунанд, беш аз пеш бо забони инглисӣ гиреҳ хӯрдааст.

Суруди миллии Покистон ба забони форсӣ сохта шудааст ва ин забон модари забони урдуст.

Оқои Ҳусайн мегӯяд, ки забони форсиро метавон дар шибҳиқорраи Ҳинд забони аввали ислом донист, зеро яке аз муҳиммтарин расонаҳои тамаддуни исломӣ дар шибҳиқорраи Ҳинд будааст.

Забони порсӣ решаи бас куҳан дар Покистон ва Ҳиндустон дорад ва имрӯза низ дар бархе иёлот ҳамчун Пешовар, Порочинор, шаҳри Квета форсигӯёни зиёде зиндагӣ мекунанд.

Шеър ва хатти форсӣ ба зебоиҳои Тоҷмаҳал, яке аз шигифтиҳои ҷаҳон, дар шаҳри Огрои Ҳиндустон афзудааст.

Дар гӯшаву канори шаҳрҳои мухталифи Покистон катибаҳо ва сангнибиштаҳо ва лавҳаҳое ба забони форсӣ ба чашм мехӯрад. Шеърхонӣ ва форсисароӣ ва бакоргирии зарбулмасалҳои форсӣ аз вижагиҳои барҷастаи мардуми Покистон аст.

Ғолибан мардуми Покистон дар ҷараёни гуфтугӯ ба забони урду барои устувор кардани гуфтори худ шеър ё зарбулмасали форсиро шоҳид меоваранд.

Дар ҳоли ҳозир дар анҷуманҳои адабӣ аз шаҳрҳои гуногуни Покистон нишастҳои суханронӣ ва шеърхонии форсӣ ба таври ҳафтагӣ ё моҳона баргузор мешавад ва дар он аз шахсиятҳои кишварҳои форсизабон даъват мешавад.

Телевизиюни ҳукуматии Покистон шабҳои одина базми ғазалхонии форсиро ба намоиш мегузорад ва ҳунармандон оҳангҳои форсӣ ва ғазалиёти форсӣ мехонанд.

Тадовули забони форсӣ ва шумори донишомӯхтагони покистонӣ дар риштаи забон ва адабиёти форсӣ бештар аз ҳамаи кишварҳост. То ду даҳа пеш омӯзиши забони форсӣ дар Покистон аз нимаи давраи дабиристон оғоз мешуд ва то давраи донишгоҳ идома дошт.

Афзун бар шоъирону нивисандагони форсии покистонӣ, дар ҳоли ҳозир, шумори зиёде аз сиёсатдонон ва сиёсатмадорон ва ҳунармандони овозхон дар Покистон ҳастанд, ки ба забони форсӣ сухан мегӯянд.

Қозӣ Ҳусайн Аҳмад Собиқ, раҳбари Ҷамоъати исломии Покистон, Мавлоно Фазлурраҳмон, раҳбари Ҷамъияти исломии Покистон, Ҷовид Ҳошимӣ, муъовини ҳизби Муслим Лиг дар Покистон, ва ҳамчунин Афросиёби Хатак, раҳбари Авомӣ Нейшнал Портӣ, ва хонум Бегум Насим Валӣ ва шумори зиёде аз сиёсатдонон, шоъирон ва рӯзноманигорон дар Покистон бахубӣ метавонанд ба забони форсӣ сухан гӯянд.

Ба ҳамин тартиб, овозхонони ғазалсарои машҳури покистоние ҳастанд, ки даҳҳо оҳанги форсӣ иҷро кардаанд, монанди шаҳаншоҳи ғазал Меҳдӣ Ҳасан, Ғулом Алӣ, Иқбол Бону, хонум Фарида Сайидӣ, Нусрат Фатҳъалӣ Хон, Ғулом Фарид Собирӣ, Миён Азиз, хонум Парвин, хонум Моҳҷабин Қизилбош ва даҳҳо овозхони дигар.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки шуҳрати шоъири Машриқ дорад, дар як шеъри форсии худ чунин мегӯяд:

Чун чироғи лола сӯзам дар биёбони шумо,
Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо.
Ҳалқа гирди ман занед, эй рӯшанони обу гил,
Оташе дар сина дорам аз ниёкони шумо.

*Хабарнигор дар Покистон

Баргирифта аз гузорише дар Би-би-сӣ

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*