Чироии полоиши порсӣ аз вомвожаҳои арабӣ

Куруши Ҷаннатӣ: Далелҳои бисёре дар пуштибонӣ ва падофанд аз полоиши забони порсӣ аз вожаҳои арабӣ вуҷуд дорад. Дар ин нивиштор мекӯшем ба се далел ва ангезаи барҷаста дар ин замина ишора кунем ва ҳар якро ба кӯтоҳӣ бознамоем.

  1. Шумори болои вомвожаҳои арабӣ дар забони форсӣ

Вомгирии роҳкори иқтисодӣ барои бартараф кардани ниёзҳои вожагонии як забон аст. Забонҳо ба ҳам вожа вом медиҳанд ва аз ҳам вожа вом местонанд. Ин коре зосторӣ (табиъӣ) аст, ки дар дарознои замон рух медиҳад; вале вуруди беш аз андозаи вомвожаҳои арабӣ ба забони порсӣ паёмади додуситади забонӣ набудааст, балки ба миёнҷии тозиши тозиён ба кишвари Эрон ва чирагии сиёсию низомӣ ва фарҳангии онҳо рух додааст. Ба сухани дигар бахше аз вожаҳои арабӣ дар ҳоле ба забони порсӣ роҳ ёфтанд, ки забони порсӣ худ вожаҳои дархуре доштааст ва ниёзе ба вомгирӣ аз забоне дигар набудааст. Барои намуна ҳангоме, ки дар забони порсӣ вожаҳои «корбурд», «падар», «бародар», «андеша», «фурӯтан» ва «вош» ро доштаем дигар кадом ниёзи забонӣ метавонистааст вом гирифтани вожаҳои «истеъмол», «абавӣ», «ахавӣ», «фикр», «мутавозеъ» ва «алаф» ро тавҷеҳ бикунад? Ончи дар ин фитодҳо (мавридҳо) рух дода баёнгари як додуситади зостории вожагонӣ нест; балки таҳмили вожаҳои як забон аст ба забоне дигар ба далелҳои ғайризабонӣ.

  1. Тан додани вомвожаҳои арабӣ ба дастгоҳи сохтвожии забони форсӣ

 Вом гирифтани вожа, он ҳам ба андозаи андак, осебе ба забон намерасонад. Ончи ба вежа дар бораи вомвожаҳои арабӣ осебрасон аст афзӯн бар пуршуморишон, тан надодани ин вожаҳо ба дастури забони порсӣ ва дастгоҳи сохтвожии он аст. Аъроб низ дар раванди додуситади забонӣ, вожаҳои бисёреро аз забони порсӣ вом ситондаанд; бо ин ҳама онҳо ин вожаҳоро чунон дар дастгоҳи вожасозии худ гуворидаанд, ки дигар ҳеч порсизабоне онҳоро бознамешиносад; ба чанд намунаи зер бингаред:

  Вожаи «равог»-и порсӣ дар арабӣ «ривоҷ» шудааст ва сипас бар пояи сохтвожаи арабӣ аз ин вожа ҷудошудаҳое чун «мураввиҷ», «тарвиҷ» сохта шудааст. Аъроб вожаи «бӯстон»-и порсиро вом гирифтаанд; вале ҳангоми ҷамъ бастан, бар пояи қавоъиди сохтвожии забони худ «басотин»-ро ба кор мебаранд, на «бустонҳо/бӯстонҳо». «Андоза» ва «сода»-и порсӣ дар арабӣ ба дисаи «ҳандаса» ва «созаҷ» даромадаанд ва сипас ба осонӣ ва бар пояи дастгоҳи сохтвожии он забон аз ин ду вожа, вожаҳои «муҳандис» ва «сазоҷа» сохта шудааст.

 Дар порсӣ ҷуз дар фитодҳои (маворид)-и андаке, вожаҳои арабӣ тан ба дастгоҳи вожасозии забони порсӣ надодаанд. Ин вожаҳо ағлаб пас аз роҳ ёфтан ба забони форсӣ монанди асби тарово роҳро барои вуруди хӯшаҳои вожагонии худ фароҳам кардаанд. Барои намуна ба ҳамроҳи «дарс» вожаҳои «тадрис», «мударрис», «мадраса» ва «дурус» ва ҳамроҳи масдари «қатл» вожаҳои «қотил», «мақтул», «қитол» ва «қаттола» ба забони порсӣ роҳ ёфтанд. Ин раванд, ки перомуни ҳазор сол ва то оғози барпоии Фарҳангистони нахуст идома дошт, дастгоҳи сохтвожии забони порсиро суст ва нотавон сохта буд. Яке аз паёмадҳои ин офанд ва тозиши вожагонӣ ин будааст, ки эрониён барои фаҳми маънои вожаҳои мавҷуд дар забони порсӣ то андозае ночори баёдгирии дастури забони арабӣ низ шудаанд то барои намуна дарёбанд, ки «олим» донандаи дониш аст ва «маълум» ончи дониста аст.

  1. Дигарсонӣ(тафовут)-и сохтори дастурии забони порсӣ ва арабӣ

 Бархе аз касоне, ки ба ҳар далеле бо полоиши забонӣ подварзанд (мухолифанд), ҳангоме ки сухан аз полоиши вомвожаҳои арабӣ мешавад, баҳси забони инглисиро пеш мекашанд ва шумори болои вомвожаҳои мавҷуд дар забони инглисиро дастовезе қарор медиҳанд то шумори болои вомвожаҳои арабиро дар забони порсӣ тавҷеҳ кунанд. Бидуни ин ки бихоҳем ба дурустӣ ё нодурустии гузорае, ки пояи ин истидлол қарор гирифта ва шумори вомвожаҳои форсӣ ва инглисиро яксон ангошта бипардозем; нуктаҳои бисёре дар ин санҷиш нодида гирифта шудааст, ки ба чанд фитод (маврид) ишора мешавад:

  • Пазириши вомвожаҳо дар забони инглисӣ бар бистаре аз додуситади зостории забонҳо рух додааст.
  • Забони инглисӣ аз забонҳои ҳамхонаводаи худ монанди фаранса ва олмонӣ вожа гирифтааст.
  • Ин вомвожаҳо ба сохтори вожасозии забон инглисӣ тан додаанд.

 Радаи забонии забони арабӣ яксара бо забони порсӣ дигарсон аст. Забони арабӣ аз хонаводаи забонҳои cомӣ аст ва фарояндҳои вожасозии он ҳеч гуна пайванде бо фарояндҳои вожасозӣ дар забони порсӣ надорад. Забони порсӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуурупоист ва барои вожасозӣ ба монанди забонҳои инглисӣ ва олмонӣ аз фарояндҳои чун «таркиб» ва «вандафзоӣ» баҳра мебарад. Омехтагии яксӯя ва дароздоманаи забони порсӣ бо забони арабӣ ошуфтагиҳое ҳатто фаротар аз густараи вожагон ба бор овардааст. Барои равшантар шудани ин сухан, ба се намуна аз ин осебҳо ишора мешавад:

  • Адибони эронӣ кӯшидаанд дастури забони порсиро бо истилоҳоти дастури забони арабӣ тавзеҳ диҳанд. Бархе аз ин истилоҳоти раҳзан ва гумроҳкунанда монанди «тамйиз» ва «муснадунилайҳ» дар чанд даҳаи гузашта полоиш шудаанд ва бархе ҳамчунон ба кор мераванд ва мӯҷиби бадфаҳмии порсизабонон аз дастури забони худ мешаванд; чунонки ба кор бурдани истилоҳи «масдар» барои решаи корвожа ё феъл дар забони порсӣ, яксара бо воқеъияти забони порсӣ бегона аст. Ҳамчунин дар дастури забони порсӣ ба пайравӣ аз забони арабӣ буни гузашта+а-ро сифати мафъулӣ меномем; дар ҳоле ки медонем буни гузашта+а дар масдарҳои ногузаре монанди «рафтан» ва «омадан» маънои фоъилӣ доранд.
  • Вожаҳо ва ҷумлаҳое чун «мамнуъ-ут-тасвир», «қис алоҳозо» «ало ё айюҳол», «мо биҳил-тафовут» дар корхонаи вожасозии забони арабӣ сохта шудаанд ва бо ҳамон вежагиҳои овоӣ ва сохтвожии ноошно ба забони порсӣ роҳ ёфтаанд. Вуҷуди чунин вожаҳое забонро тира ва номафҳум карда ва якдастии вожагонӣ ва дастурии забони порсиро аз миён мебарад.
  • Сояи вожаҳои арабӣ дар забони порсӣ чандон сангин ва доманадор будааст, ки зеҳни эронӣ гоҳ нохудогоҳ дар корбурди вожаҳо ба ҷойи пайравӣ аз қавоъиди дастурии забони худ аз қавоъди дастурии забони арабӣ пайравӣ мекунад; чунонки бисёре аз порсизабонон вожаҳои порсии «устод» ва «фармон»-ро ба гунаи «асотид» ва «фаромин» ҷамъ мебанданд.

 Бар пояи ончи дар боло омадааст, нигоранда бар он аст, ки бидеҳ-бистони вожагонӣ миёни забонҳои арабӣ ва порсӣ то андозаи бисёре яксӯя, нозосторӣ ва чи басо зӯрбунёд будааст; то онҷо ки метавон бисёре аз вожаҳои арабии андаршуда ба забони порсиро ба ҷойи «вомвожа», «зӯрвожа» хонд. Бисёре аз ин вомвожаҳо ба меҳмонони нохондае мемонанд, ки ба зӯр ба хонаи мизбон андар шудаанд ва бо гузари замон мизбононро аз хона берун андохтаанд, сипас хонаро чунон баҳамрехта ва ошуфта кардаанд, ки асарҳои ин ошуфтагӣ ва нобасомониро дар гӯша-гӯшаи хона метавон бозҷуст. Сухан ин нест, ки ҳеч меҳмонеро ба хонаи забони порсӣ роҳ надиҳем; сухан ин аст, ки меҳмон агар мехоҳад раводиди мондан бигирад бояд қонунҳои хонаи мизбонро бипазирад ва дар хона нақше судманд бар дӯш гирад. Сарагароӣ бо ҳар таърифе, ки аз он дошта бошем кӯшишест барои берун рондани меҳмонони худхонда ва носудманди забон порсӣ ба суди мизбонони ростини он; чунонки Саъдӣ гуфтааст:

  Меҳмон гарчи азиз аст, вале ҳамчу нафс

  Хафа месозад, агар ояду берун наравад.

——————————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

2+

Бифирист

.


*