Куруши Ҷаннатӣ: Гоҳ пеш меояд, ки дар бархурд бо наввожае ноошно, дӯстон ва ҳамвандони «Порсӣ Анҷуман», ҳамарз ва баробарниҳодаи ошнотареро пешниҳод мекунанд ва мепурсанд чиро бо доштани ҳамарзи содатар, шумо наввожае дерёбро пешниҳод мекунед; барои намуна пурсида мешавад ё гилоя мешавад, ки бо доштани вожаи «мардум» чӣ ниёзе ба вожаи «миллат» ё баробарниҳодаи порсии он «нафон» дорем? Ё чиро ба осонӣ ба ҷойи вожаи «ғизо» аз «хӯрок» баҳра намебарем? Ин дӯстон бар пояи ин нигариш барои бисёре аз вожаҳои бегона баробарҳои содаи порсӣ пешниҳод мекунанд:
тавсеъа= густариш
суъуд= боло рафтан
ғизо= хӯрок
Бо андаке диранг метавон дарёфт, ки вожаи «густариш» яксара ҳамарзи «тавсеъа» нест ва корбари забон онро дар маъное куллитар аз «тавсеъа» дармеёбад. «Суъуд» бори маъноии вежае дорад ва ҳар болорафтеро ба зеҳн намеоварад. Ё ин ки «хӯрок» имрӯз дар маънои «ғизои мушаххасе» қарордод шуда (тахсиси маъноӣ) ва аз ҳамин рӯ корбари забон, бар пояи чашоии забони худ, аз ба кор бурдани ин вожа ҳам дар маънои навъи хоссе аз ғизо ва ҳам дар маънои куллии ғизо парҳез дорад.
Ба дигар сухан, вуҷуди чунин дигарсониҳо ва ноҳампӯшониҳоест, ки нагзошта ин вожаҳои ошнои порсӣ ҷойи вомвожаҳои арабиро бигиранд. Пурнигарӣ (таваҷҷуҳ) ба густараи маъноӣ ва бори маъноии вожаҳо яке аз муҳимтарин санҷидорҳо (завобит)-и дониши вожагузинист ва дар ҳамаи шеваномаҳои вожагузинӣ ба он пардохта шудааст. Дар бандҳои 6. 7. 2 ва 6٫ 7٫ 3 усул ва завобити вожагузинии Фарҳангистон омадааст:
«Дар муқобили як лафзи бегона дар як ҳавзаи мушаххас фақат бояд як муъодили форсӣ ихтиёр шавад…»
«Ҳар гоҳ як истилоҳи бегона дорои чанд мафҳум бошад, ба манзури баёни дақиқи мақсуд, барои ҳар як аз мафоҳим метавон як муъодили форсӣ ихтиёр кард.»
Алии Кофӣ дар «Мабонии илми вожагузинӣ» зери фарномҳои (унвонҳои) «Зобитаи танозури якбаяк» ва «Зобитаи ҳувийяти истилоҳӣ доштан» овардааст:
«Дар як ҳавзаи маъноӣ бояд ҳатталимкон байни мафоҳим ва вожаҳо танозури якбаяк бошад, яъне ҳар мафҳум як вожаи назир дошта бошад ва ҳар вожа танҳо доли як мафҳум бошад.»
«Вожа бояд ҳувийяти мушаххас ва мумтоз дошта бошад. Аз вожаҳое, ки дар тадовули мардум маънии хосс медиҳад ва ба манзурҳои гуногун ба кор меравад, бояд парҳез кард.»
Муҳаммад Ҳайдарии Малоирӣ низ ба забоне порситар дар санҷидорҳои вожагузинии худ, зери фарноми «Ҳамхонии якбаяк» ва «Шахсият» ба ин нуктаҳо пардохтааст.
Ба дигар сухан, дар забони порсӣ вомвожаҳое вуҷуд доранд, ки дорои борҳои маъноии ҷудосонӣ шудаанд ё дар густараҳои маъноии ҷудосонӣ ба кор мераванд; аз ҳамин рӯ, наметавон эвоз(фақат) бо ангезаи сарагароӣ вожаҳои ошнои порсиро ба осонӣ густариши маъноӣ дод то ҷудоӣ аз маънои равогида (роиҷ)-и худ маъноҳо ва сояҳои маъноии чунин вомвожаҳоеро низ пӯшиш диҳанд. Барои равшантар шудани мавзӯъ ба намунаҳои зер бингаред:
- Вожаи «мардум» дар зеҳни порсизабон намояндаи пармонае(мафҳуме) аст, ки бо пармонаҳои «одам» ва «миллат» ҳамонандиҳое дорад; Вале яксара бо онҳо яке нест. Чунонки наметавон ба ҷой омеғ(таркиб)-и «мардуми Теҳрон», аз «миллати Теҳрон» баҳра бурд; зеро густараи корбурди вожаи «миллат» ва бори маъноии он дар инҷо яксара бо «мардум» дигарсон аст. Корбари забон ба гунае зосторӣ(табиъӣ) ва бар пояи чашоии забонии худ, ин дигарсониҳо ва сояҳои маъноиро дармеёбад ва ҳозир нест бо корбурди як вожа ба ҷойи се вожа, ин пармонаҳоро баҳам биёмезад ва кори худро дар таробурд(интиқол)-и паём сахт кунад.
- Корбари забон ҳозир намешавад «довар»-ро ба ҷойи «қозӣ» ба кор бибарад; зеро «довар» барои густараи маъноии варзиш вежа шуда ва «қозӣ» барои густараи маъноии «додгоҳ» ва чунин ҷудосониҳое бар парсунӣ (диққат)-и забон меафзояд ва паёмро бо гунгӣ ва ибҳоми камтаре ба мухотаб мерасонад.
- Наметавонем аз корбари забон бихоҳем ба ҷойи вомвожаҳои арабии «минтақа», «ноҳия» ва «макон» бигӯяд «ҷойгоҳ»; зеро ҳар кадом аз вомвожаҳои пешгуфта намояндаи пармонае ҷудогона ҳастанд ва корбурди вожаи «ҷойгоҳ» ба ҷойи ҳамаи онҳо мояи гунгӣ ва нопурсунии забонӣ мешавад.
- Ҳамчунин аст, ки наметавон ба ҷой вожаҳои «чупуқ», «қалён», «сигор», «вофур» ва «эгзуз» аз як вожаи порсии «дудкун» баҳра бурд.
Фаротар аз ин фитодҳо(маворид)-и боло, ҳатто борҳои маъноии гунаҳои корбурдии забон низ бояд дар вожагузинӣ дар дида оварда шаванд; барои намуна «арз кардам» пайванддор бо гунаи корбурдии забони расмӣ аст ва пешниҳоди ин ки ба ҷойи он аз «гуфтан» баҳра бибарем, ниёзманди нодида гирифтани ин гунаи корбурдӣ аст. Ё дар намунаи дигар, вожаҳои «зойид» ва «зоймон кард» ҳар ду аз як решаанд; вале яке бори муаддабонатаре аз дигаре дорад. Чунин нуктаҳое бояд дар вожагузинӣ дар дида оварда шаванд.
Як роҳкори сода, ки барои пӯшиш додани санҷидори «доштани ҳувийяти истилоҳӣ» баҳра бурдан аз рехти дигарсон(мутафовит)-и вожаҳост; чунонки метавон рехти куҳантари вожаи «дод», яъне «дота»-ро ба ҷой «қонун» пешниҳод кард, ё ба ҷой он ки бихоҳем вожаи «довар»-ро бо густариши маъноӣ дар маънои «қозӣ» низ ба кор бибарем, рехти ҷудосони «додвар»-ро барои ин маъной пешниҳод кунем ва …
Ҳамаи корбарони забон ин дониши забониро надоранд, ки вожаҳои порсӣ аз нопорсиро ташхис бидиҳанд. Ҳатто бо вуҷуди доштани чунин донише ҳамаи корбарони забон дағдағаи сарагароӣ надоранд, вале ҳамаи корбарон ба думболи он ҳастанд, ки паёми худро ба содатарин равиш ва кӯтоҳтарин роҳ ба мухотаб бирасонанд. Қарор аст сарагароӣ бо афзудан бар парҳун(доира)-и вожаҳои забон аз мояҳо ва доштаҳои худӣ ба пӯёии забон ёрӣ бирасонад, на он ки бо корбасти шеваҳои нодонишик ва пешниҳоди ба кор бурдани як вожа ба ҷойи чанд вомвожа, ки дорои борҳои маъноии дигарсон ҳастанд, аз пурсуни забон бикоҳад ва мояи фақри вожагонӣ шавад.
***
Дар ҳамаи забонҳо вожаҳоеро дорем, ки намояндае чанд маъно ва пармона ҳастанд, вале ин чандмаъноиҳо дар гузари замон ва дар фаргишти зостории забон ба даст омадааст. Дар чунин фитодҳое агарчи як вожа намояндае чанд пармонаи ҷудогона аст, вале порсизабон ба пуштивонаи нохудогоҳи забонии худ ва бофти саҳон, маънои фитоди нигарро дармеёбад.
——————————————————————————————————————————
Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.
Бифирист