
Порсӣ Анҷуман: “Порсии Паркош” фарҳанги гузидаи сонскрит ба форсӣ аст, ки дар замони подшоҳии Акбаршоҳ, подшоҳи фарҳангдӯсти гурконии Ҳиндустон, фароҳам омадааст.
Ин фарҳанг, ки дар садаи даҳуми исломӣ нивишта шудааст, аз нахустин фарҳангҳои сонскрит ба форсии дарӣ аст ва шояд танҳо аз ин рӯ шоистаи нигариш.
Нивисандаи ин вожанома ҳиндӯест, ки Кришна Дос ном дошта ва дар сояи Акбаршоҳи бузург — шоҳе озода, ки бисёр ба фарҳанг ва ойин ва забони Эрон арҷ мениҳод — нивишта шудааст. Дар замони Акбаршоҳ бар он шуданд, ки барҷастатарин нибегҳои сонскритро ба форсӣ бигардонанд ва дар ин роҳ низ қадамҳои арзишманд бардоштанд ва нибегҳои пуршуморе чун “Размнома”-и Маҳабҳорат ва “Панҷо Киёна”-ро ба форсӣ гардонданд, ки шӯрбахтона бештарашон ҳанӯз дар Эрон чоп нашудаанд.
Гуфтанист, ки Дос дар рӯзгоре мезист, ки забони форсӣ дар авҷи шукуфоии худ дар Ҳиндустон буд, он ҳам дар замоне, ки ин забон дар сарзамини худ — Эрон — зери турктозии Сафавиён, рӯз ба рӯз низортар мешуд.
Порсии Паркош (Фарҳанги сонскрит – форсӣ)-ро аз “ин ҷо” боргиред.
——————————————







Бифирист