Боргирии «Кофнома»-и Касравӣ

Касравӣ, Аҳмад (1378); Кофнома; чоп ва пашхи роёторӣ (интернетӣ).
Касравӣ, Аҳмад (1378); Кофнома; чоп ва пашхи роёторӣ (интернетӣ).

Порсӣ Анҷуман: Аҳмади Касравӣ “Кофнома-ро дар солҳои 1314 ва 1315 дар моҳномаҳои Паймон ва Армуғон чоп кард ва бо он ки нуҳ даҳа ст, ки аз чопу пашхи он мегузарад, ҳанӯз резбиниҳои бисёр дар он ҳаст, ки пижӯҳишгарон бениёз аз хондaн ва баррасии ин гуфтор нестанд.

Яҳё Зако, ки пас аз кушта шудани Касравӣ нивиштаҳои эшон, монанди ҳамин Кофнома-ро як-як гирд овард ва чоп кард, дар пешгуфтoри ин нибег (китоб) нивиштааст: «Китобе, ки инак дар дастраси хонандагони гиромӣ ниҳода мешавад, аз нивиштаҳои арзишманд ва донишмандонаи шодравон Аҳмади Касравӣ дар пиромуни яке аз пасвандҳои муҳимми забони форсист. Ин китоб дар заминаи худ барои касоне, ки ба истиқлол ва устуворӣ ва тавоноии забони форсӣ дилбастаанд ва дар ин роҳ мекӯшанд, роҳнамои бузург ва судманде тавонад буд.»

Касравӣ худ дар пешгуфтoри ин нибег нивишта:
«Дар ин ҳангом, ки дар Эрон ҷунбише дар бораи забони форсӣ бархоста ва касоне мехоҳанд ин дарахти куҳанро бори дигар сарсабз ва борвар гардонанд, яке аз беҳтарин роҳҳои ин кор ҳамоно пешвандҳо ва пасвандҳоро, ки ба ҷойи рагҳои он дарахт мебошад, зинда гардондан аст.

Забонҳои ориёӣ, ки форсии мо низ яке аз онҳост, русти онҳо аз ду роҳ аст: яке ба ҳам пайвастани вожаҳо ва дигаре афзуда шудани пешвандҳо ё пасвандҳо ба вожаҳо. Ба сухани дигар, вожаҳои нахустини як забон бисёр андакаанд, вале сипас аз роҳи ба ҳам пайвастани ду ё чанд вожа ва ё ба дастиёрии пешванд ва пасванд шумораи вожаҳо чандин баробар мешавад. Чунон ки дар порсӣ чи басо, ки аз як вожа даҳ вожаи бештар падид меояд. Чунон ки аз роҳ — роҳрав, роҳнамо, роҳшинос, роҳбар, роҳзан, роҳдорхона, роҳвор, шоҳроҳ, ҳамроҳ, гумроҳ, бероҳ, роҳгузар, роҳнамун, роҳӣ, роҳсипор, чорроҳ, сарроҳ, роҳовард ва дигар монандҳои инҳо.

Ҳар забоне, ки рӯй ба мурдан мегузорад, нахуст роҳҳои русташро гум мекунад ва сипас кам-кам рӯй ба нобудӣ мегузорад. Забони Эрон низ дар ин чанд садa, ки гирифтори даромехтагӣ бо вожаҳои арабӣ буда, нерӯи русти он бисёр суст гардида ва аз ҷумла пешвандҳо ва пасвандҳо бархе аз онҳо фаромӯш гардида ва аз миён рафта ва бархе, ки бозмонда, бисёр кам ба кор меравад ва нависандагон ва гӯяндагон кам ба онҳо мепардозанд. Касон, агар дар нигоришҳои имрӯзa борикбин шаванд, хоҳанд дид, ки нависандагон камтар огоҳӣ аз пешвандҳо ва пасвандҳо доранд ва дастури ба кор бурдани онҳоро намешиносанд ва аз инҷост, ки бештари иборати эшон накӯҳида ва зишт аст. Барои намуна, ба ҷойи иборати «ғайри қобили таҳаммул», ки тарҷумаи як иборати урупоист ва имрӯз дар нигоришҳо ва гуфтӯгӯҳо ривоҷ гирифта, агар поси шеваи забони форсиро нигоҳ дорем, бояд ба ҷойи он «барнатофтанӣ» гуфт, ки бисёр сода‌тар ва осонтар аст. Ё ба ҷойи «ғайри қобили иштиъол» «насӯзо» ё «насӯз» метавон гуфт.»

Ба дунболаи ин пешгуфтор, Касравӣ ба 18 гуна корбурди пасванди «коф» дар порсӣ пардохта ва онҳоро як ба як баршумурдааст.

«Кофнома»-и Аҳмади Касравиро аз «ин ҷо» боргиред.
——————————————

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*