
Порсӣ Анҷуман: «Фарҳангҳои форсӣ ба форсӣ ва форсӣ ба забонҳои дигар ва фарҳангҳои мавзӯӣ ва гӯйишҳои маҳаллӣ ва фарҳанги гунаҳо» гирдоварандаи устоди зиндаёд Муҳаммад Дабирсиёқӣ аст.
Феҳристи ин нибег чунин аст:
Сароғоз
Бахши нахуст: Фарҳангҳои форсӣ ба форсӣ (дар се шохаи Эрон, шибҳиқорраи Ҳинд ва Осиёи кӯчак);
Бахши дувум: Фарҳангҳои вижаи вожагонِи маснавиҳо ва бархе китобҳои манзум ва мансур;
Бахши севум: Фарҳангҳои форсӣ ба забонҳои дигар (форсӣ-арабӣ, форсӣ-туркӣ, форсӣ-фаронсавӣ, форсӣ-инглисӣ, форсӣ-олмонӣ, форсӣ-лотинӣ, форсӣ-русӣ, форсӣ-арманӣ, форсӣ-итолиёӣ, форсӣ-испониёӣ, форсӣ-чинӣ, форсӣ-ҷопонӣ);
Бахши чаҳорум: Фарҳангҳои забонҳо ва гӯйишҳои маҳаллӣ;
Бахши панҷум: Фарҳангҳои мавзӯӣ;
Бахши шашум: Фарҳанги гунаҳо (пизишкӣ, хӯрок ва хӯрокпазӣ, ҷомаҳо, ҷавоҳирномаҳо (кониҳо), саноати адабӣ ва як вожаномаи ибтикорӣ).
Феҳристи алифбои номи ҳар яке аз фарҳангҳои бахшҳои шашгона.
Феҳристи алифбоии ҳамаи фарҳангҳо.
Устод Дабирсиёқӣ дар пешгуфтор чунин нивиштаанд:
«Ончи хонандагони гиромӣ пеши рӯ доранд… беҳтарин намудори қаламрави забони форсӣ аз каронаҳои дарёи Чин то савоҳили дарёи Рум аст ва муҳимтар аз он, баёнкунандаи кӯшишҳо ва вобастагиҳои мардуми ин сарзаминҳои густурда ба забони форсӣ ва аҳаммият додан ба ганҷинаи адаб ва шеъри форсӣ ва таваҷҷуҳ ба сарзамини аслии ин ганҷҳо, яъне Эрон, аст. …Пас, хонандагони азиз, савои огоҳӣ бар муҳтаво ва мушаххасоти шуморе фарҳанг дар ин китоб, аз чанд нуқтаи муҳим низ огоҳ мешаванд: яке қаламрави забони форсӣ ва паҳноӣ ва давоми он аст, аз дербоз то ба имрӯз ба нерӯи маънавияти забон; дувум, ъинояти сокинони он қаламравҳо ба забони форсӣ ва арзиши воло доштан ва коргушо буданаш дар ҳамаи сӯяҳои зиндагӣ аз завқӣ ва фикрӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ғайра; ва саранҷом таваҷҷуҳ ёфтан ё таваҷҷуҳ додани насли ҳозир, бавижа авлиёи умури фарҳангӣ, ба ҳақиқат ва воқеияти ин қаламрави васеъи дуртар аз сарнайзаи порсӣ рафта ва дарки боядии нигоҳдошти он ба шеваҳои муассир ва маъқул ва адои дайни виҷдонии худ нисбат ба он ва ҳақшиносӣ нисбат ба густаришдиҳандагони ин сармояи бузург аз хеш ва бегона.»
«Фарҳангҳои форсӣ ба форсӣ»-и Дабирсиёқиро аз «ин ҷо» боргиред.
——————————————







Бифирист