Боргирии «Вожаномаи 67 гӯиши эронӣ»-и Киё

Киё, Содиқ (1390); Вожаномаи 67 гӯиши эронӣ; Пижӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеъоти фарҳангӣ.
Киё, Содиқ (1390); Вожаномаи 67 гӯиши эронӣ; Пижӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолеъоти фарҳангӣ.

 Порсӣ Анҷуман: Ончи дар «Вожаномаи 67 гӯиши эронӣ» омада дастоварди солҳо кори хастагинопазири зиндаёд дастур(дуктур) Содиқи Киё, устоди пешини забони порсиг (паҳлавӣ) дар Донишгоҳи Теҳрон ва фарнишини Фарҳангистони забони Эрон (яке аз ниҳодҳои Бунёди шоҳаншоҳии фарҳангистонҳои Эрон), аст.

 Киё, ки устоди пешгоми пижӯҳишҳои гӯишшиносӣ буд, дар соли 1340, нибеги арзишманди «Роҳнамои гирдоварии гӯишҳо»-ро чоп кард, ки роҳнамои судманде барои пижӯҳишгарони гӯишӣ дар саросари Эрон буд ва ҳанӯз ҳам беҳтарин корест, ки дар ин замина шуда.

 Гуфтанист, Киё ҳангоме ки фарнишини Фарҳангистони забони Эрон буд барои ба сомон расонидани пижӯҳишҳои гӯишшиносии Эрон ду кори бунёдин кард: яке, бо Созмони ҷуғрофиёии артиш паймонномае баст то ба ҳамроҳи ҳар гурӯҳи ин созмон як пижӯҳишгари омӯзишдида ба ҳамроҳи пурсишномаи забонӣ ба рустоҳои дурдаст биравад ва ин пурсишномаро ба ҳамроҳи наворҳои пуршуда аз гӯишварон фароҳам кунад ва ба Фарҳангистони забон бифиристад. Ин наворҳоро гурӯҳе пижӯҳишгари ошно ба овошиносӣ овонигорӣ карданд ва аз ин роҳ мояҳои гӯишии бисёре фароҳам омад. Дувум кори эшон ин буд, ки ёддоштҳои фаровонеро, ки перомуни гӯишҳо дар дарозои солиён гирд оварда буд, фародасти Пижӯҳишкадаи гӯишшиносии Фарҳангистон ниҳод то сарусомон ёбанд ва омодаи чоп шаванд. Ин ёддоштҳо дарбардорандаи вожаҳо, пурсишҳои дастурӣ, гуфтугӯҳои рӯзона, шуморе достон, забонзад, чистон ва ойинҳои бумӣ буд.

 Ин кӯшишҳои устод бо фурӯпошии Фарҳангистони забони Эрон нимакора монд, ки сипастар ин корҳои эшонро касоне дар Пижӯҳишгоҳи улуми инсонӣ, ки мурдарегбари Фарҳангистони забони Эрон буд, пай гирифтанд ва ба рехти кунунӣ чопахш карданд.

 «Вожаномаи 67 гӯиши эронӣ»-и Содиқи Киёро аз «ин ҷой» боргиред.

——————————————————————————————————————

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.org нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар фейсбук ё телегром ё истогром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*