Мушкили “ё”-и накара ва адади “як” дар форсии имрӯз

Яке аз нодурустиҳое, ки батозагӣ дар забони гуфторию нивиштории форсӣ ривоҷи ом ёфта, корбурди нодурусту ноҷои вожаи “як” аст. Ба назар мерасад, ки ин нодурустӣ аз роҳи тарҷума вориди забони форсӣ шуда бошад ва касоне ҳам аз рӯи ноогоҳӣ ба дастури забони форсӣ онро дар гуфтору нивиштор ривоҷ додаанд.

Забони паҳлавӣ, адабиёт ва дастури он

“Забони паҳлавӣ, адабиёт ва дастури он” нивиштаи Жолаи Омӯзгор ва зиндаёд Аҳмади Тафаззулӣ аст, ки зиндаёд Эраҷи Вомиқӣ ин модаён (=китоб)-ро дар ҷустори зер баррасида ва банекӣ шиносондааст.

Вожагузинӣ дар даврони сосонӣ ва таъсири он дар форсии дарӣ

Даврони Сосониён даврони пуршукӯҳи шаҳройинии эронӣ аст. Фарҳанг дар рӯзгори Сосониён ба чунон шукуфоӣ расида буд, ки агар бажарфӣ ба андешаҳои андешакорони даврони исломӣ, ки бештари онон эронӣ буданд, бингарем, дармеёбем, ки решаҳои ҳамаи ононе, ки хираде рӯшан ва сухане барои гуфтан доранд, ба ин рӯзгор мерасад.

Боргирии “Вожагони иқтисодӣ”-и дуктур Ҳусейни Ваҳидӣ

Забони порсӣ аз гаронбортарин, равонтарин, гӯётарин, зеботарин ва барои густариш аз тавонотарин забонҳои ҷаҳон аст. Бадбахтона ин забони бузург ва зебо монанди сарзамини бархостгоҳи он дар дарознои замон гирифтори тозиши фаровон гардида ва ба гӯёӣ ва вижагию зебоии он газанди бисёр расидааст ва имрӯза ин забон бо сахттарин ва пургазандтарин тозишҳо рӯбарӯ шуда ва он тозиш забонҳои бохтарӣ аст.