Мушкили “ё”-и накара ва адади “як” дар форсии имрӯз

دکتر مجتبی منشی‌زادهБаҳсе муқобалаӣ дар забони форсӣ ва инглисӣ

Дуктур Муҷтабо Муншизода: Яке аз нодурустиҳое, ки батозагӣ дар забони гуфторию нивиштории форсӣ ривоҷи ом ёфта, корбурди нодурусту ноҷои вожаи “як” аст. Ба назар мерасад, ки ин нодурустӣ аз роҳи тарҷума вориди забони форсӣ шуда бошад ва касоне ҳам аз рӯи ноогоҳӣ ба дастури забони форсӣ онро дар гуфтору нивиштор ривоҷ додаанд. Ба ҷумлаҳои номаънуси зер таваҷҷуҳ кунед:

– Як инсон ду севуми баданаш об аст.
– Мисли як дуктур либос мепӯшад.
– Муҳофизакорҳо мегуфтанд ӯ тақрибан як фромосун аст.
– Як мард аз марг наметарсад.

Баррасии мушкил дар забони инглисӣ

Дар забони инглисӣ нишонаи “a” ё “an” дар ваҳлаи нахуст барои исми накара ва нишонаи “The” барои исми маърифа ба кор меравад ва вазифаи аслии нишонаи пешин дар дастури забони инглисӣ тақобули он бо нишонаи “The” аст. Аз сӯи дигар, нишонаи “a” ё “an” ба лиҳози сайри таҳаввули торихӣ аз сурати “one” муштақ шудааст ва дар порае аз маворид дар маънои “one” ё “як” низ ба кор меравад:

– He has two daughters and a son.
– He can walk forty miles in a day.

Гузашта аз ин, нишонаи “a” ё “an” дар бархе аз ҷумлаҳо бо исми ҷинс (Generic‌ noun) ҳамроҳ мешавад. Ба иборати дигар, яке аз роҳҳои баёни исми ҷинс дар забони инглисӣ овардани “a” ё “an” пеш аз исм аст:

– A cow gives milk.
– Гов шир медиҳад.

Бетаваҷҷуҳӣ ба дастури забони инглисӣ ва надонистани вазифаи дастурии нишонаҳои мазкур аз як сӯ, ва беиттилоъӣ аз имконот ва зарфиятҳои забони форсӣ аз сӯи дигар, мӯҷиб шудааст, то бархе аз нивисандагону мутарҷимон ва гӯяндагон нишонаи “a” ё “an”-ро ҳамвора муъодили вожаи “як” бинвисанд ё бигӯянд ва тарҷума кунанд. Дар ҳоле ки забони форсӣ барои баёни ҳар як аз мафоҳими ёдшуда имконоте дорад, ки шарҳи кӯтоҳи он бад-ин қарор аст:

Баёни исми ҷинс ва навъ

Исми ҷинс ба тамоми афрод ё оҳоди табақаи дастурии худ далолат дорад ва ба кулли маҷмӯъа ишора мекунад. Дарвоқеъ, чунин исме дар табақае қарор мегирад, ки танҳо як узв дорад, яъне дар ин табақа ҳамаи тафовутҳо ва тамоюзҳои аъзои табақа нодида гирифта мешавад ва дар кул узве мунфарид талаққӣ мешавад. Дар мусул:

– Кӯдак шириниро дӯст дорад.
– Гиёҳ ба об ниёз дорад.

Мутаассифона, гоҳе вожаи “як”-ро пеш аз исми ҷинс ба кор мебаранд, ки ё маънои ҷумла дигаргун мешавад ё маъное хилофи назари гӯянда ё нивисанда ба шунаванда ё хонанда мунтақил мешавад:

– Як кӯдак шириниро дӯст дорад.
– Як гиёҳ ба об ниёз дорад. (Ду кӯдак ва ду гиёҳ ба эҳтимол ҳукми дигаре доранд!).

Имконоти баёни исми ҷинс дар забони форсӣ

Барои баёни исми ҷинс ва навъ дар забони форсӣ чаҳор имкон ҳаст:

А) Вожаро ба сурати муфрад ва бидуни нишонае зоҳирӣ меоварем ва чунин исме маърифа аст:

– Гурба ҳайвон аст.
– Кӯдак шириниро дӯст дорад.
– Мард аз марг наметарсад.

Б) Гоҳе барои баёни маърифаи ҷинс вожа ҷамъ баста мешавад:

– Кӯдакон шириниро дӯст доранд.
– Гиёҳон ба об ниёз доранд.
– Бачаҳо бозиро дӯст доранд.

В) Пеш аз исми ҷинс сифати мубҳами “ҳар” меоваранд ва пас аз исм гоҳе “ё”-и накара (артикли “-е”) меояд:

– Ҳар гуле пажмурда мегардад.
– Ҳар кӯдаке шириниро дӯст дорад.
– Ҳар инсоне аз асорат мутанаффир аст.

Г) Ҳар гоҳ феъли ҷумла манфӣ бошад ё ҷумла ба сурати истифҳоми инкорӣ ба кор равад, пеш аз исм сифати мубҳами “ҳеч” ва гоҳе баъд аз исм “ё”-и накара меоваранд:

– Ҳеч роҳе нест, ки поён надошта бошад.
– Ҳеч кас аз дурӯғгӯӣ хушаш намеояд.
– Ҳеч инсоне асоратро дӯст надорад.

Исми накара дар забони форсӣ

Аз назари маъноӣ исми накара ба як ё чанд фарди номушаххас аз инсон ва ҳар чизи моддӣ ва ғайримоддӣ ишора мекунад:

– Китобе харид.
– Ғизое хӯрд.
– Китобҳое харидам.
– Дар атрофи ҷангал хонаҳое сохта шуд.

Нишонаи накараи исм дар забони форсӣ “ё”-е (артикли “-е”) аст, ки ба охири исми муфрад ё ҷамъ афзуда мешавад. Гоҳе вожаи “як” пеш аз исми накара зоҳир мешавад, вале дар форсии имрӯз, бавижа дар гуфтор, ба маънои “чунон” ба кор меравад:

– Як дарсе ба ӯ додам.

Агар “ё”-и накара ба ҳамроҳи исми ғайри қобили шумориш ё мафҳуме, ки бар он далолат кунад, ба кор равад, маънои исмро маҳдуд мекунад:

– Ғизое хӯрд. (= ғизои каму ночиз)
– Пуле дорӣ, ба ман қарз бидиҳӣ? (= андак ва на зиёд)

“Як” дар забони форсӣ

Вожаи “як” аз назари дастури забони форсӣ ҳам исм аст ва ҳам сифат:

– Як бо ду мешавад се.
– Ҳеч дуе нест, ки се нашавад.

Агар “як” пеш аз исм ба кор равад, дар ҳукми сифати пешин аст:

– Як сарбоз маҷрӯҳ шуд.
– Як даст садо надорад.
– Як гунҷишк дар даст беҳтар аз сад гунҷишк дар ҳаво.
– Як китоб рӯи миз буд.

Бино бар ин, “як” танҳо замоне ба кор меравад, ки қасди гӯянда ё нивисанда тасреҳ ба воҳид будани исм бошад. Дар натиҷа, корбурди он ба ҷои “ё”-и накара ё баёни исми ҷинс нодуруст аст. Чунонки аз мисолҳои боло бармеояд, гоҳе “як”-ро бо адади бузургтар ё вожае, ки маънои касрат ё исми ҷамъ дорад, муқобил мекунанд:

– Як бузи гар галлаеро гар мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба ончи гуфта омад, ду ҷумлаи “китобе нивишт” ва “як китоб нивишт” аз назари маъноӣ яксон нестанд. Илова бар ин, корбурди нодурусти “ё”-и накара ва адади “як” дар баёни исми ҷинс ё исми накара аз забонҳои бегона ва ривоҷи нодурусти он аз гунаи нивиштории забон фаротар рафта ва имрӯз ҳатто дар забони гуфтор ағлаби гӯяндагон онҳоро нодуруст ба кор мебаранд. Ба ҷумлаҳои зер таваҷҷуҳ кунед:

– Як сухангӯи Вазорати умури хориҷа эълом дошт. (мабодо иштибоҳ кунед, ки ду нафар будаанд!)
– Теруристи фирорӣ дастгир шуд ва ба як зиндон дар ҷануби… интиқол дода шуд. (агар битавон касеро дар они воҳид дар ду зиндон нигоҳ дошт, ин ҷумла метавонад дуруст бошад!)
– Як раиси ҷумҳур чи хусусиёте дорад? (раиси ҷумҳур чи хусусиёте дорад?)
– Як инсон ду севуми баданаш об аст (ду севуми бадани инсон об аст ё ду севуми бадани ҳар инсоне об аст ё ду севуми бадани инсонҳо об аст.)

Феҳристи манобеъ ва мароҷеъ

  1. Ботинӣ, Муҳаммадризо, Чаҳор гуфтор дар бораи забон, Интишороти Огоҳ, чопи севум.
  2. Хонларӣ, Парвиз, Дастури забони форсӣ, Интишороти Қудс, чопи дувоздаҳум.
  3. Мишкотуддинӣ, Меҳдӣ, Дастури забони форсӣ, Интишороти Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, чопи севум.
  4. Содиқӣ, Алиашраф, Дастури забон барои соли дувуму севум ва чаҳоруми дабиристон, Интишороти омӯзишу парвариш, соли 1358.
  5. Oxford Advanced Dictionary of current English, 1987.
  6. A Comprehensive Grammer of‌ the‌ English language,Longman by; R. Quirk,S. Greenbaum,G. Leech,J. Svartvik, 1985.

 متن فارسی “اینجا” است

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*