Сиришти забони форсӣ (1)

Бар рӯйи ҳам метавонем гуфт, ки парвариши аслии забони форсӣ дар домони шеър ва забони шоъирона буда ва имконоти дарунии ин забон дар мояи шоъирона парвариш ёфта ва падидор шудааст ва дар тӯли ҳазор сол расонаи аслии андешаи эронӣ шеър буда ва нубуғи қавм дар ин замина беш аз ҳама ҷӯшону зоё будааст. Феҳристи бепоёни номи шоъирони форсизабон ва он чанд нубуғи бузурги шоъирона, ки ҳамеша баҳақ ба номашон менозем, гувоҳи ин гуфта аст.

Посухе ба номаи гурӯҳе аз дабирони зистшиносӣ

Ҳар вожаи ошное рӯзгоре ноошно будааст. Барои намуна, барои Сайидҳасани Тақизода вожаи «вожа» бисёр шигифтовар ва нодуруст менамуда ва ё адиби бузурге чун Муҳаммадъалии Фурӯғӣ ба ҷойгузинии вожаҳои «пешванд» ва «пасванд» ба ҷойи «мазиди муқаддам» ва «мазиди муаххар» интиқод мекунад. Ъаллома Ъаббоси Иқбол мегӯяд имкон надорад, ки «донишкада» ва «донишгоҳ» ҷойи «фокулта» ва «юниверситӣ»-ро бигиранд ва Содиқи Ҳидоят вожаи «бошгоҳ»-ро ришханд мекунад.