Посухе ба номаи гурӯҳе аз дабирони зистшиносӣ

FarhangestanКасе нест аз Фарҳангистон пуштибонӣ кунад?!

Куруши Ҷаннатӣ (дабири Коргурӯҳи пойиши Порсӣ Анҷуман): Батозагӣ Фарҳангистон шуморе аз вожаҳои порсиро дар китобҳои дарсӣ ҷойгузини вожаҳои бегона кардааст. Коре боиста, ки агар мехоҳем забони порсӣ забони дониш бошад, бояд бисёр пештар аз ин ва бо густардагии бештар анҷом мешуд. Мисли ҳамеша бисёре аз сари ноогоҳӣ ва шуморе огоҳона ва аз сари ситез бо забони порсӣ ва эронагӣ ин кори дурустро дастовезе барои тохтан ба Фарҳангистон қарор додаанд. Ончи дар бештари ин нақдҳо ва хӯрдагириҳо ошкор аст, камдонӣ ва ноогоҳии бештари мунтақидон аст. Барои намуна, ҳамвора бахши бузурге аз нақдҳоро чунин суханоне ташкил медиҳад:

«Ин вожаҳо ноошно ҳастанд», «вожаҳо хандадор ҳастанд», «вожаҳои байналмилалиро дар ҳеч куҷои дунё тағйир намедиҳанд» ва…

Шунидани чунин суханон аз забони тудаи мардум, ки баосонӣ зери таъсири суханҳо ва нивиштаҳои расонаҳои гуногун қарор мегиранд, чандон ҷои шигифтӣ надорад, агарчи ҷои пурсиш ҳаст, ки чиро Фарҳангистон ва ниҳодҳои пайванддоре чун Омӯзишу парвариш, он гуна ки шоиста аст, дар бораи боистагӣ ва аҳаммияти вожагузинӣ, бавижа дар заминаҳои донишӣ огоҳирасонӣ ва нигаришсозӣ накардаанд, то бо чунин вокунишҳое аз сӯйи донишомӯхтагон рӯбарӯ нашавем.

Бегумон корҳои Фарҳангистон низ метавонад костиҳо ва нодурустиҳое дошта бошад ва мутахассисон метавонанд бо нақдҳои дуруст ва огоҳона дар ростои беҳдисӣ (ислоҳ)-и ин нодурустиҳо ёрирасон бошанд. Бо ин ҳама, ҷои дареғ инҷост, ки шуморе аз дабирони зистшиносӣ, ки худро донишомӯхтагони мақтаъҳои коршиносӣ, коршиносии аршад ва дуктуро меноманд, дар номае эътирозӣ ба ин иқдоми Фарҳангистон нуктаҳоеро матраҳ кардаанд, ки чандон тафовуте бо суханони тудаи мардум надорад ва ёфтани посухҳои чунин баҳонаҷӯиҳое ҳатто баосонӣ бо ҷустуҷӯҳои интернетӣ ҳам шуданӣ будааст. Дар дунболаи ин нивиштор ба чанд маврид аз ин пурсишҳо посух дода мешавад ва барои касоне, ки баростӣ дар пайи гирифтани посухе барои чароии ҷойгузинии вожаҳои порсӣ ҳастанд, ба нивишторҳое бозбурд (ирҷоъ) дода мешавад.

Дар нома омадааст: “Номаънус будани вожаҳои муъодил мисли “дено” баҷои DNA ва ғайрипорсӣ будани бештари муъодилҳои таъйиншуда.»

Ҳар вожаи ошное рӯзгоре ноошно будааст. Барои намуна, барои Сайидҳасани Тақизода вожаи «вожа» бисёр шигифтовар ва нодуруст менамуда ва ё адиби бузурге чун Муҳаммадъалии Фурӯғӣ ба ҷойгузинии вожаҳои «пешванд» ва «пасванд» ба ҷойи «мазиди муқаддам» ва «мазиди муаххар» интиқод мекунад. Ъаллома Ъаббоси Иқбол мегӯяд имкон надорад, ки «донишкада» ва «донишгоҳ» ҷойи «фокулта» ва «юниверситӣ»-ро бигиранд ва Содиқи Ҳидоят вожаи «бошгоҳ»-ро ришханд мекунад.

Гумон намекунам нивисандагони ин нома худро аз Фурӯғӣ ва Иқболи Оштиёнӣ адибтар ва аз касе чун Ҳидоят рӯшанфикртар бидонанд ва дур медонам, ҳатто медонистанд, ки ин вожаҳои ошно ъумре камтар аз ҳаштод сол доранд.

Дар бораи порсӣ набудани вожаҳо ошкор аст, ки баҳонае беш нест, вале метавонед ба шеваномаи Фарҳангистон бингаред, то таърифашон аз порсӣ будани вожаро дарёбед ва агар ба он таъриф нақде доштед, далелҳои онро бинвисед ва сипас таърифи худатонро ироа диҳед, то дигарон низ битавонанд аз он огоҳ шаванд, ки шеваи нақди ъилмӣ ин гуна аст.

Навиштаед: «Муштарак будани забони ъилмӣ дар ҳамаи кишварҳо ва ғайриъилмӣ будани муъодилсозии онҳо, чиро ки ин ъамал боъиси ноошноӣ ва ъадами тавоноии дарки дурусти донишомӯзон аз таҳқиқоти ҷадид ва ъилми рӯзи дунё аст.”

Ин ҳама гунгнивисӣ ва куллигӯӣ ва қатъият дар вожагон аз нишонаҳои нивишторҳои донишӣ нест. Шевае, ки дар дигар бандҳои нома низ дида мешавад. Манбаъ ва сарчашмаи ин суханатон куҷост? Таърифатон аз ғайриъилмӣ будани муъодилсозӣ чист? Натиҷае, ки гирифтед, бар пояи кудом пажӯҳишҳост?

Барои намуна, аз диди шумо «электрун» ва «прутун» вожаҳои ъилмӣ ҳастанд? Агар на, таърифатон аз вожаҳои ъилмӣ чист? Агар оре, пас чиро жопуниҳо барои онҳо баробарсозӣ кардаанд? «Телевизиюн» ва «витомин» чӣ? Зеро чиниҳо барои ин вожаҳо ҳам баробарсозӣ кардаанд. Дар таърифи шумо вожаи «компютер» ъилмӣ ва байналмилалӣ аст ё на? Агар оре, пас чиро ҳар як аз забонҳои фаронса, итолиёӣ, суэдӣ, донморкӣ ва ъарабӣ баробари ҷудогонае барои он доранд? Оё дуруст нест ба ъунвони коршиносони ин замина онҳоро низ аз хатои худ огоҳ кунед?! Дидгоҳатон дар бораи забони олмонӣ чист, ки бешу кам барои ҳамаи вожаҳои донишӣ баробари олмонӣ мегузорад? Ва ё забони фаронса, ки беш аз сесад сол аст Фарҳангистони забон дорад ва барои вожаҳои донишӣ баробарсозӣ мекунад? Дидгоҳатон дар бораи ҷойгоҳ ва эътибори забон, пайвастагии торихӣ, ваҳдатбахшӣ ва ҳувиятсозӣ ва дигар сӯяҳо ва коркардҳое, ки барномарезиҳои забонӣ бо дар дида доштани онҳо ба кори посдорӣ ва полоиши забонӣ мепардозанд, чист?

Нивишта шудааст: «Ғайрикоршиносона будани муъодилҳои форсии истилоҳоти ъилмӣ, ки баъзан музҳик ва ношиёна ва танҳо бо ҳадафи тарҷумаи таҳтуллафзӣ ҷойгузин шудаанд».

Хоҳишмандем барои мо нокоршиносон бинвисед вожаи музҳик ба чи маъност. То онҷо ки нигоранда медонад, дар забоншиносӣ чизе ба номи музҳик ва номузҳик вуҷуд надорад. Ончи ҳаст, ҳамоҳангӣ бо сохтори овоии забон аст ва ъодати зеҳнӣ. Бигзарем, ки тарҷумаи таҳтуллафзӣ низ ҷойгоҳи вижае дар вожагузинӣ дорад.

Нивиштаед: «Ъадами бакоргирии онҳо дар мутуни донишгоҳӣ ва мутмаиннан ъадами корбурди чунин истилоҳоте тавассути асотиди донишгоҳҳо».

“Мутмаиннан”? Нахуст он ки ин қайд одамиро ба гумон меандозад, ки баростӣ нивисандагони ин нома бо сиришти дониш ошно ҳастанд ё на. Дигар як-бому-ду-ҳавоии нивисандагони ин нома аст. Аз сӯе интиқод мекунанд, ки чиро якбора чунин вожаҳоеро дар китобҳои дарсии яке ду поя гунҷондаанд ва аз сӯи дигар интиқод мекунанд чиро онҳоро якбора дар ҳамаи мақтаъҳо ба кор набурдаанд!

Нивиштаед: “Ғайриъилмӣ ва ғайриахлоқӣ будани тарҷумаи номҳо ва вожагони ъилмӣ, ки аксаран аз асомии хос ва ғайри қобили тағйиранд.”

Ин гузора баростӣ шоҳкор аст. Аксари вожаҳои ъилмӣ номи хос ҳастанд?! Бар пояи кудом омор? Аз ин сухан бигзарем, баростӣ агар ҳар забоне ҳар ихтироъ ва навовариро ба номи забони падидоваранда мехонд чи бар сари забонҳо меомад?

Тафовутҳои овоӣ ва дастурӣ ва наҳвиро чигуна метавон бо ҳар вожаи хориҷӣ созгор кард? Агар вожа дар оянда дорои хушаи вожагонӣ буд, бояд чи кунем? Ҳамаи хӯшаи вожагонии бегонаро ворид кунем? Кудом забоншинос ва забонпажӯҳе аз ин сухани шумо пуштибонӣ мекунад? Хоҳишмандем танҳо як танро ном бибаред.

Барои огоҳиятон ҷойгузин кардани вожаҳои порсӣ, монанди “роёна” ба ҷои “компютер” танҳо ҷогузинии як вожа нест, балки корест бисёр дурандешонатар. Бо ин ҷойгузинӣ ҳам аз вуруди вожаҳои бештар ҷилавгирӣ мешавад ва ҳам аз сохтори забони порсӣ посдорӣ мешавад. Дурандешие, ки гӯё аз чашми нивисандагони ин нома дур мондааст.

to compute – роёнидан
computerize – роёнаӣ кардан
computing – роёниш
computation – роёниш
computational – роёнишӣ
computionalization – роёнишисозӣ
computationalize – роёнишӣ кардан
computationalization – роёнишисозӣ
computerized – роёнаишуда
computer-aided – роёнаёр

Ҳоло дигар барои ҳар вожае, ки то кунун ва то абад аз хонаводаи computer месозанд, муъодил дорем.

Дар ин нома омадааст: «Ин ки вожае, ки дар забони лотин мафҳуми хоссе дорад, илзоман пас аз тарҷумаи таҳтуллафзӣ ҳамон маъноро нахоҳад дошт.”

Ман, ки маънои ин суханро дарнаёфтам. Магар маъно бо вожа пайванди азаливу абадӣ дорад? Забон фаровардаи қарордодии инсонӣ аст. Басанда аст, то таърифе аз як мафҳум дошта бошем ва сипас вожае барои он қарордод шавад. Яъне он вожа ба ҷои он таъриф нишаста ва ҳамон корро мекунад. Ҳамчунин медонем, ки ба далели вижагиҳое, ки забони дониш дорад, вуҷуди вожаҳои ноошно дар ин густара аз корбурди забон бештар аст. Барои намуна, маънои решаии вожаи ошнои “арзон” яъне «ончи бисёр меарзад», акнун ин вожа яксара маъное воруна гирифта ва порсизабон имрӯза онро дар маънои «камбаҳо» қарордод карда. Ҳеч мушкиле ҳам пеш наёмада, акнун чигуна аст, ки қарордоди вожае ноошно барои як мафҳуми мушаххас ва таърифшуда ношуданӣ аст?

Кӯтоҳсухан он ки номаи ин дабирон 25 банд дорад ва дар ин 25 банд ба ҷои нақди донишӣ бештар эҳсосоти касоне дида мешавад, ки аз баҳам хӯрдани ъодатҳои нодурусти зеҳнияшон дар ранҷанд. Агар ин дӯстон баростӣ ба дунболи чироии кори Фарҳангистон ҳастанд, шуморе нивиштор ва китобро дар дунбола хоҳам овард, ки метавонанд бихонанд ва онгоҳ агар нақде доштанд, ба гунае равишманд ва донишӣ бинвисанд, ки ҳамагон аз он баҳра бибарем.

Мансурӣ, Ризо; Вожагузинӣ дар Эрон ва ҷаҳон. Дар ин китоб нивишторҳои судманде дар бораи чироии ниёз ба вожагузинӣ меёбед. Ҳамчунин дар бораи ниҳоде ба номи “Термнет” хоҳед хонд, ки дар ҷаҳон посухдори (масъули) кори вожагузинӣ аст.

Доварии Ардаконӣ, Нигор; Ҷомеъашиносии забон. Дар ин китоб метавонед нивишторҳои судманде дар бораи ҷомеъашиносии забон, барномарезии забонӣ дар Эрон ва кишварҳои дигар, пайванди забон ва ҳувият ва нигаришҳои забонӣ бихонед. Ҳамчунин, дидгоҳи бисёре аз устодон ва коршиносони забон дар бораи вожагузинӣ ба гунае кӯтоҳ дар ин китоб оварда шудааст.

Забони форсӣ, забони ъилм; Маҷмӯъаи суханрониҳои дувумин семинори нигориши форсӣ. Ин китоб гирдояе (маҷмӯъае) аз ҷусторҳое дар бораи забони дониш ва вожасозӣ нивиштаи устодони буландпояе чун Ъалиашрафи Содиқӣ ва Муҳаммади Ҳақшинос аст.

Маҷмӯъаи мақолоти семинори Забони форсӣ ва забони ъилм; Ин китоб низ монанди китоби боло гирдояе аз беш аз сӣ ҷустор дар бораи забони форсӣ ва мавзӯъоти пайванддор бо он аст.

Ошӯрӣ, Дориюш; Бозандешии забони форсӣ.
Ошӯрӣ, Дориюш; Забони боз.
Ҷустори «Вожаҳои тира ва вожаҳои шаффоф» аз Муҳаммадризо Ботинӣ
Ҷустори «Боздесии забони порсӣ» аз Ъалии Порсо ва…

Пайнивишт

1. «Роёна яъне чи ва чиро хуб аст онро ба кор бибарем» аз Ҳумани Ъаббоспур.

Ин ёддошт дар рӯзномаи Мардумсолорӣ (севуми шаҳривари 1395-и хуршедӣ) «инҷо» ва «инҷо» бозчоп шудааст.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*