Бозандешии забони форсӣ (1)

Ashouri-490x285Дориюши Ошурӣ: Омӯзаи ҳар нивисанда ва мутарҷими ҷиддии форсизабон, дар ҳар заминае, ки саргарми кор бошад, аз адабиёт гирифта, то ъилм ва фалсафа, ин заруратро ҳис мекунад, ки дар бораи забон бияндешад ва дар гузиниши вожаҳо сабк ва писанди огоҳонае дошта бошад ва бавижа дар ҳавзаи донишҳо ба чораандешӣ дар заминаи камбудҳо бипардозад. Аммо ин завқсанҷиҳо ва чораозмоиҳо, дар ъайни ҳол, парокандагии забонҳо ва шеваи баёнҳоро низ дар пай дорад, ки мояи сардаргумӣ аст ва намоёнандаи рӯҳияи замонае, ки бунёне устувор надорад ва бебаҳра аст, аз он мавҳибати ҳамзабонӣ, ки ҳар фарҳанги пухта ва побарҷо аз он бархурдор аст. Вале ин роҳҷӯйиҳо ва роҳгушоиҳои фардӣ, низ рӯйи ҳам, бароянде дорад, ки саранҷом ба ғинои забон меафзояд ва имконоти кашфношудаашро нишон медиҳад ва имрӯза ҳар нивисандае ба нисбати тӯшу тавони худ пешоҳангест пӯянда ва пажӯҳандае, ки аз гашту гузори танҳои хеш ҳамеша тиҳидаст бознамегардад.

Забони форсӣ дар ин шаст соли ахир ҳамроҳ бо уфтухезҳои бузурги иҷтимоъӣ ва сиёсию фарҳангӣ дигаргуниҳои жарфро гузарондааст, чунонки форсии мудерн ҳанӯз забонест дар ҳоли «шудан» ва шакл гирифтан ва метавон гуфт, ки то замоне ки ба навъе қарори фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ нарасидаем, ба қарори забонӣ ҳам нахоҳем расид ва забни мо ҳамроҳ бо ҳамаи зиндагии иҷтимоъӣ ва торихамон зеруболоҳо хоҳад дошт.

Забони форсӣ дар ин шаст соли ахир ҳамроҳ бо уфтухезҳои бузурги иҷтимоъӣ ва сиёсию фарҳангӣ дигаргуниҳои жарфро гузарондааст, чунонки форсии мудерн ҳанӯз забонест дар ҳоли «шудан» ва шакл гирифтан ва метавон гуфт, ки то замоне ки ба навъе қарори фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ нарасидаем, ба қарори забонӣ ҳам нахоҳем расид ва забни мо ҳамроҳ бо ҳамаи зиндагии иҷтимоъӣ ва торихамон зеруболоҳо хоҳад дошт. Мутолеъаи мақолаҳои устодони насли гузашта, ҳамчун Баҳор ва Тақизода ва Қазвиниву Иқбол ва Пурдовуд ва дигарон нишон медиҳад, ки ҳассосият ба забон ва масоили он шаст-ҳафтод сол аст, ки даргир аст ва кашокашҳо бар сари ин забон ва сохту сарнивишти он на танҳо фурӯкаш накарда, балки дар даҳаҳои баъдӣ пуршӯртар низ шудааст. Масоили кунунии забони форсӣ яке аз он ҷиҳат аст, ки мо дар бархурд бо тамаддуни ҷадид, чи аз ҷанбаи модӣ, чи маънавӣ, бо чизҳое бархурд кардаем, ки дар ҳавзаи таҷрубаи торихӣ-фарҳангии мо қарор надошта ва дар натиҷа, забони мо дар бораи онҳо сокит будааст.

В-онгоҳ, ҳангоме ки мекӯшем ин чизҳоро ба забони худ баён кунем, мебинем, ки забони мо дар баёни ингуна чизҳо лангиҳо ва гунгиҳои бисёр дорад ва дар ин кашишу кӯшиш дар бисёре ҷоҳо торупудаш аз ҳам мегусалад. Бахше аз ин масъала марбут ба ъолами маъноест, ки мо дар он ба сар мебурдаем ва бо ъолами маънои тамаддуни ҷадид бегона ва балки аз синхи дигаре будааст, ва дар натиҷа, ҳамсинхӣ ва ҳамзабонӣ миёни ин ду бегона коре будааст душвор ва чи басо номумкин. Ва аммо, бахше дигар аз ин баҳс, ки марбут ба масоили фаннӣ ва сохтании забон аст, ба ҷои худ тарҳ карданист ва дар ин баҳс бо торихи забони форсӣ дар назму наср ва гуфтор сарукор дорем ва ҳамчунин бо чандучуни ин мероси торихӣ ва гирифториҳо ва ъодатҳои забонии мо, ва ҳамчунин бархурд бо масоили тозае, ки забон бо онҳо рӯбарӯст. Ин баҳс ҳам аз ин ҷиҳат дорои аҳаммият аст, ки то замоне ки мо асбоби забонӣ ва андешагии ҳамсинхе бо тамаддуни ҷадидро, чунончи бояд, фароҳам накардаем, ва ончиро ки бояд, бадурустӣ ҷазб накардаем, чи дар заминаи фалсафа, чи дар заминаи ъилм ва дигар заминаҳо, аз даври ботили «ҷаҳони севум» раҳоӣ натавонем дошт.

Ҳар кас таъаллуқи зотӣ ва ҳақиқӣ ба забони хеш дорад ва забони ӯ “ҷаҳони” ӯст ва дарозову паҳнову жарфои “ҷаҳони” ӯ баробар бо дарозову паҳнову жарфои забони ӯст ва ҳар дасткориву дигаргунӣ дар забон ҷаҳони ӯро дасткорӣ ва дигаргун мекунад.

Бархурд бо забон ва масоили он ҳамеша ҳаяҷонангез аст, ва ин ҳаяҷон аз онҷост, ки ҳар кас таъаллуқи зотӣ ва ҳақиқӣ ба забони хеш дорад ва забони ӯ “ҷаҳони” ӯст ва дарозову паҳнову жарфои “ҷаҳони” ӯ баробар бо дарозову паҳнову жарфои забони ӯст ва ҳар дасткориву дигаргунӣ дар забон ҷаҳони ӯро дасткорӣ ва дигаргун мекунад. Робитаи мо бо забонамон дар зиндагии рӯзмарра мисли робитаи мо бо дасту пойи хеш аст. То замоне ки дастҳо ва поҳои мо кори табиъии хешро анҷом медиҳанд, вуҷудашонро ҳис намекунем, балки онҳо бевосита моро бо ҷаҳони берунӣ марбут мекунанд ва ончиро ки мехоҳем, мекунанд, бе онки ба коркардшон таваҷҷуҳе дошта бошем ва ҳангоме мутаваҷҷеҳи вуҷудашон мешавем, ки даст аз кор ва по аз рафтор бимонад.

Онгоҳ ба фикри чора меуфтем ва тоза мутаваҷҷеҳи вуҷуду ҳузур ва аҳаммияташон мешавем. Забон низ ҳамин гуна аст. Забон ҳангоме ба сурати масъала матраҳ мешавад ва ба худ “огоҳӣ” меёбад, ки аз “рафтор” бимонад, онҷо ки дигар ба кори табиъии хеш идома натвонад дод. Забони мо дар ъайни ҳол, ойинаи ҷаҳони ошнои фародасти мост, ҷаҳоне, ки бо ъодатҳои хеш дар он баосудагӣ инсӯву онсӯ меравем ва мегардем, ҷаҳоне ки аз шиддати ошноӣ бо ҳар зеруболо ва чамухами он метавонем ҳамчун хобгардон дар он омадушуд кунем (ва дарвоқеъ, зиндагии рӯзмарра, зиндагӣ ба сабили ъодатҳо, навъе хобгардӣ аст).

Парешонии “ҷаҳони” мо сабаби парешонии забони мо шудааст ва бозсозӣ ва чи басо зерузабар шудани ин ҷаҳон ва уфтухезҳои сахти ин дигаргуниҳо ногузир уфтухезҳои сахт дар забон падид меоварад. Муроди мо як асли ҳастишиносӣ аст, ки инсон ва забон ва ҷаҳон се чиз ва як чизанд ва ҳар яке дар робита бо он дуи дигар маънодор аст.

Мо на танҳо дар “ҷаҳони” хеш бо ъодатҳои хеш мегардем ва меконисми ъодатҳо зиндагиро барои мо содаву осон ва ъамалӣ мекунад, балки забони мо низ ҳамчун ойинаи дарунии ин “ҷаҳон” бо меконисми ъодатҳо ъамал мекунад ва ҷаҳонро барои мо сода ва зиндагиро осон мекунад. Ва ба ҳамин далел, ҳар забоне бо ҳамаи душвориҳо ва печидагиҳои дастурӣ ва истилоҳӣ ва вожагонии худ барои аҳли забон сода ва осон аст, зеро такрори бениҳояти рафторҳои забонӣ созукори ъодатҳоро чунон сохтаю пардохта ва табиъию равону осон мекунад, ки ҳеч аҳли забоне дар рафтор бо забони худ эҳсоси ҳеч фишор ё душворӣ намекунад ва, ба ъиборати дигар, ҳаргиз вуҷуди забонро ҳис намекунад, ҳамон гуна ки вуҷуди дасту пойи худро дар ҳолати ъодӣ ҳис намекунад. По ҳангоме бори гароне бар тан мешавад, ки шикаста бошад ва ин шикастагист, ки беш аз ҳар замони дигар ба мо вуҷуди поямонро ёдовар мешавад. Шикастагии забон низ ҳамингуна аст. Мо ҳангоме вуҷуди забонро беш аз ҳар замони дигар ҳис мекунем, ки “шикастазабон” шуда бошем.

Ин ҳама худогоҳӣ, ки мо имрӯз ба забон дорем ва ин ҳама кӯшише, ки дар роҳи он мешавад, ҷуз ин нест, ки пойи забони мо дар ҷое ба санг хӯрда ва аз ҳаракат бозмондааст, вагарна то шаст-ҳафтод сол пеш падарони мо дар ъолами ъодатҳои забонии худ ва дар ҷаҳони ошнои худ зиндагӣ мекарданд ва дар онҷо забонашон аз гуфтор бознамемонд. Ба ъиборати дигар, парешонии “ҷаҳони” мо сабаби парешонии забони мо шудааст ва бозсозӣ ва чи басо зерузабар шудани ин ҷаҳон ва уфтухезҳои сахти ин дигаргуниҳо ногузир уфтухезҳои сахт дар забон падид меоварад. Аз ин гуфтори кӯтоҳ муроди мо як асли ҳастишиносик (онтулужик) аст, ки инсон ва забон ва ҷаҳон се чиз ва як чизанд ва ҳар яке дар робита бо он дуи дигар маънодор аст. Вале аз ин сухан бигзарем ва бипардозем ба ҳамон масъалаи фаннӣ ва маҳдуд дар боби мероси торихии забони форсӣ ва арзёбии он дар робита бо ниёзҳои имрӯзини мо.

Дунбола дорад….

Ин бахш баргирифта аз ҷустори «Бозандешии забони форсӣ» аст, ки дар нибеги “Бозандешии забони форсӣ” (даҳ мақола); Теҳрон: Нашри Марказ омадааст.

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

***

Дигар ҷусторҳои Дориюши Ошурӣ дар Порсӣ Анҷуман

Рӯёрӯии забони форсӣ бо дунёи мудерн дар гуфтугӯи Масъуди Луқмон бо Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 1 (ба хатти порсӣ)

Текникҳои густариши вожагон: гуфтугӯи Меҳдии Ҷомӣ бо Дориюши Ошурӣ 2 (ба хатти порсӣ)
Омехтагии форсӣ ва ъарабӣ аз забони Дориюши Ошурӣ (ба хатти порсӣ)
Форсӣ шакар аст (ба хатти порсӣ)
Фарҳанги ъулуми инсонӣ (ба хатти порсӣ)
Достони танвин (ба хатти порсӣ)
Дигаргунии вожагони форсӣ (пириллик)

Перомуни насри форсӣ ва вожасозӣ

Форсии дарӣ ва форсии дарӣ-варӣ (1) (пириллик)
Ҷунбиши Машрутият ва дигаргунии насри форсӣ (2) (пириллик)
Пероиш ва бозсозии забон (3) (пириллик)
Масъалаи вожасозӣ (4) (пириллик)
Ду гунаи бархӯрд бо забон (5) (пириллик)
Масоили вожасозӣ (6) (пириллик)
Вожасозӣ дар чанд марҳила (7) (пириллик)
Фарҳангистони забон ва сиёсати он (8) (порсӣ)

Забони форсӣ ва коркардҳои тозаи он

Сиришти забони форсӣ (1) (порсӣ)
Имконоти вожасозӣ дар забони форсӣ (2) (порсӣ)
Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3) (порсӣ)

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

ҷусторҳои вобаста

0

1 Trackbacks & Pingbacks

  1. Бозандешии забони форсӣ 2 – Порсӣ анҷуман

Бифирист

.


*