Устод Фравашӣ: Хатти форсӣ шоҳкор аст

fravashi1Порсӣ Анҷуман: Зиндаёд Баҳроми Фравашӣ, устоди забонҳои эронӣ ва фарҳанги Эрони Бостон, ба соли 1304 дар хонаводае фарҳангмадор зода шуд. Вай дар Донишгоҳи Сурбун дуктурои хешро дар динҳо ва забонҳо ва шаҳройинии Эрони Бостон гирифт ва сипас ба Суис рафт ва дар Донишгоҳи Берн бар гӯишҳои эронӣ пажӯҳид. Фравашӣ дар соли 1341 ба Эрон бозгашт ва дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон дастёр ва сипас ҷонишини устоди зиндаёд Иброҳими Пурдовуд шуд ва беш аз бист сол ба омӯзиши забонҳои авестоӣ, порсии бостон, порсиг, устураҳои эронӣ, дабираҳои бостонӣ, гӯишшиносии эронӣ ва шаҳройинии Эрони Бостон пардохт. Устод Фравашӣ саранҷом дар ҳаштуми хурдодмоҳи 1371 дар 66-солагӣ ба ҷаҳони мину шитофт.

Дар зер гуфтугӯи Отифаи Гургин бо дуктур Баҳроми Фравашӣ перомуни дабираи порсиро мехонем, ки дар рӯзномаи “Ояндагон” (30 меҳри 1348) чоп шудааст.

Оқои Фравашӣ, лутфан дар хусуси хатти форсӣ каме ҳарф бизанед. Хатти мо чи эродҳое дорад ва чи мазоёе ва оё хатти мо дар вақти омӯхтан барои навсаводон ва кӯдакон бо хатти лотин фарқе дорад?

Хатти мо яке аз хаттҳои хуби ҷаҳон аст ва агар ба ин хат фақат чанд нишона афзуда шавад, ки бархе аз мушкилҳоро аз миён бардорад, дигар каму косте дар он вуҷуд надорад ва ончиро, ки бархе каму кост мепиндоранд, иттифоқан чизе ҷуз камоли хат нест. Яке аз он мавориди мушкил набудани се “войл” дар даруни хат аст ва инро бо надоштани се /”войл” набояд иштибоҳ кард. Дар хатти мо нишонаҳои пешу зеру забар вуҷуд дорад, вале ин нишонаҳо дар миёни хат нест, балки дар болову пойини он аст ва агар бихоҳем ба кӯдакони худ хаттро бо ҳамаи “войлҳои” он биёмӯзем, хатти мо камбуде аз ин ҷиҳат надорад.

Кӯдак бояд бидонад, ки ин ъаломат ҳам ҷузви ҳарф аст ва ин ҳарф мисли ҳамаи ҳарфҳо баъд аз ҳарфи дигар қарор мегирад ва курсии он дунболаи ҳарфи пешин аст. Ин нуктаи дақиқест ва барои омӯзиш бисёр ҳоизи аҳаммият, ки забар баъд аз ҳарф қарор гирад, на бар фарози ҳарф, зеро вақте бар фарози ҳарф қарор гирифт, як нишони изофӣ барои ҳарфи пешин мешавад, дар сурате ки агар баъд аз ҳарф қарор гирад, худаш ҳувияти савтии хоссе касб мекунад ва ба сурати як “войли” мустақил талаққӣ мегардад. Пас мебинед, ки дар ҳар ҳол хатти мо барои навсаводон ва кӯдакон бо хатти лотин ҳеч фарқе надорад ва ҳоло агар мо танбалӣ мекунем ва сустию коҳилӣ, ва ин се нишонаи зер, забару ва пешро дар китобҳои кӯдакон намегузорем, ин дигар ба ҳеч ваҷҳ тақсири хат нест, тақсир аз мост. Дуруст мисли ин аст, ки бихоҳем “бародар”-ро ба хатти лотин бинивисем ва ба ҷои “BARADAR” бинвисем “BRAR”, чи тур аст, ки ин эҳмолро дар хатти лотин ҷоиз намебинем, вале дар хатти худамон ҷоиз мешуморем?

Пас Шумо муътақид ҳастед, ки гузоштани “эъроб” бар рӯи калимотро бояд риъоят кард, то ҳувияти калимот ошкор шавад ва ҳамаи мушиклоти хатти форсӣ аз миён биравад?

Мо дар нивиштан риъояти эъроби калимотро намекунем, барои он аст, ки як кӯдаки эронӣ пас аз он ки хондану нивиштанро омӯхт, дигар ниёзе ба гузоштани эъроб рӯи калимот эҳсос намекунад ва ин эъробгузориро коре беҳуда медонад. Нигоштани эъроб ба рӯи ҳарфҳо ба хотири камоли хатти мост, зеро хатти форсӣ, ки хушбахтона тобеъи равиши “чаҳоргӯшгароӣ” нашудааст, ҳувияти калимаҳоро ба тарзи бориз ва ошкоре рӯшан месозад.

Мумкин аст дар хусуси “чаҳоргӯшгароӣ” дар хат бештар тавзеҳ бидиҳед?

“Чаҳоргӯшгароӣ” дар хат шеваест, ки дар хатти лотинии нав бло тақлид аз хатти ъибрӣ эҷод шуда ва рафта-рафта алифбои лотини бино бар тамоюлоти мазҳабӣ ба шеваи “мураббаънивисӣ” даромадааст. Дар ин шева саъй мешавад, ки шакли ҳамаи ҳуруф ба сурати доира ё хатти рости зовиядор дарояд ва ин аз хусусиёти давраҳои нахустини хаттнивисӣ дар тамаддуни башарӣ аст ва ҳосили давронест, ки нивиштан ба сурати зарба задан бар гил падид меомад.

Дар ин навъ хаттҳо, ки фаронсавиён ба он равиши “мураббаъ” мегӯянд ва ман онро “чаҳоргӯшгароӣ” меномам, ҳарфҳо бештар ба якдигар шабеҳ мешаванд. Давраи такомул ва инҳитоти ин навъ хат дар хатти гуик аст, ки чун хондани он дучори ишкол шуд, ҷои худро ба хатти маъмулии лотин дод. Аммо хатти лотинии китобӣ ҳам чун то андозае ба равиши чаҳоргӯш гаройида, ҳувияти калимаии худро аз даст дода ва фақат ҳувияти ҳарфии он боқӣ мондааст. Яъне дар як сатри лотин калима шакли хос надорад ва фақат ҳарфҳои дохили калима шакли вижаи худро нигаҳ доштаанд. Як калимаи лотин махсусан вақте аз фосилаи дуртаре ба он нигоҳ шавад, як шакли мустатилро менамоёнад ва фақат ин мустатилҳо аз назари дарозо бо ҳам фарқ доранд. Яъне ҳувияти калима як ҳувияти каммӣ аст ва мустатилҳо барои ин ки калимаи дигареро бинамоёнанд, аз назари тӯл бузургтар ва кӯчактар мешаванд. Ва ба ҳамин ҷиҳат худи калима ба таври куллӣ наметавонад маънои мушаххасеро дар зеҳн бедор кунад, балки бояд бидуни дарёфти мақсуд даруни калимаро шикоф ва онро аз назари овоӣ таҷзия кард ва ба талаффузи муъайяне расид, то аз он талаффуз маъное дар зеҳн зоҳир шавад. Ин ъайби бузурги хаттҳои лотинӣ аст ва ин ъайб дар хатти лотинии таҳрирӣ камтар аст. Бархе аз донишмандон аз назари равоншиносии хат бар онанд, ки хаттҳои “ҳируглифӣ” ва ҳамонанди он, монанди мисрии куҳан ё жопунӣ ва чинӣ дар ҳангоми хондан суҳулати бештаре доранд, яъне як воситаи савтӣ байни зеҳн ва нивишта қарор надорад.

Оқои Фравашӣ, хатти мо ба назари шумо як хатти пешрафта аст?

Бале. Хатти мо ъолӣ ва пешрафта аст ва аз назаре, ки гуфтам, шоҳкоре бузург ба вуҷуд овардааст ва метавон онро таҷзия кард ва вижагиҳои хатти шаклнигориро зам дорад ва ҳар калима бо нуқтаҳо ва саркашҳо ва шакли муъайяну мушаххасе, ки ба худ мегирад, намудори шакли як андеша аст ва ҳеч шакке нест, ки ин навъи хат ҳангоме, ки омӯхта шавад, бисёр осонтар ва зудтар аз хатти фунтикии лотин хонда ва нивишта мешавад.

Лутфан дар хусуси решаи хатти форсӣ ҳарф бизанед ва ин ки оё пеш аз ислом хатти забони форсӣ чунин буда, ки акнун ҳаст ё на?

Пеш аз ислом хатти эронӣ ба ҳамин шева буд, ки имрӯз ҳаст. Аммо аз ҳамон даврони гузашта ҳам ҳамвора мушкилоте дар кор буда ва ин мушкилот барои хондани вожаҳои номаънусе ба вуҷуд меомада, ки камтар дар забони мардум ҷорӣ будааст ва ҷои онҳо бояд дар вожаномаҳо ва фарҳангҳо бошад. Дар даврони куҳан барои хондану нивиштани мутуни фаромушшудаи куҳан хатти авестоиро ихтироъ карда буданд, ки битавонад ҳатто кӯтоҳу буландии вожаҳоро бирасонад, зеро дар даврони ашконӣ ва сосонӣ забони авестоӣ фаромуш шуда буд.

Хатти форсӣ мазоёи бисёре дорад. Яке аз мазоё ин аст, ки калимаҳо кӯтоҳтар нивишта мешавад. Ба тавре, ки агар як сафҳа матлаби форсиро бихоҳем ба хатти лотинӣ бинвисем, тақрибан як сафҳаву ним ҷой мегирад. Дар натиҷа, хатти мо таврест, ки дар муқоиса бо китобҳое, ки бо ҳуруфи лотин дар дунё чоп мешаванд, як севум то як чаҳоруми сафҳа сарфаҷӯӣ дар масрафи коғаз дар бар дорад. Аз ин рӯ, ҳуруфчинии як китоб харҷи камтаре дар бар дорад ва китоб ҳам зудтар аз чоп хориҷ мешавад ва ин сарфаҷӯиро вақте ба як миқёси кишварӣ дар назар бигирем, мебинем, ки аз назари фарҳангӣ ҳоизи камоли аҳаммият аст.

Сарфаҷӯии дигаре, ки дар хатти мо матраҳ аст ва метавон онро “иқтисоди мағзӣ” номид, ин аст, ки як нафар дар хондану нивиштани ин хат ба ҳамон миқёси “як чаҳорум-як севуми” камтаре кӯшиши зеҳнӣ ба кор мебарад. Таҳлил кардани аҷзои савтии калима гарчи ба зоҳир заҳмате барои хонанда надорад, вале дар ҳақиқат мутазаммини кӯшиши зеҳнии хонанда барои ҳар калима аст ва дар ин кӯшиши зеҳнӣ миқдоре нерӯи чашм ва мағз ба кор меравад ва дар хатти мо чун калимот шакли муъайяне доранд, таҳлили савтӣ анҷом намегирад ва ба ҳамин нисбат ба фикру зеҳни хонанда ва нивисанда кӯшиши камтаре таҳмил мешавад.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди “Рӯйдоднома”-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

متن فارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*