Дидгоҳи Энгелс дар бораи забону алифбо ва адаби порсӣ дар номааш ба Моркс

engels_marxГузориш ва гардониш: Бузургмеҳри Луқмон

Фридриш Энгелс (зодаи 1820-и тарсоӣ дар Вупертоли Олмон; даргузаштаи 1895 дар Ландан) фалсафадон, нигарапарози сиёсӣ, анбозгаро[=кумунист] ва аз ҳамкорони наздики Корл Моркс буд ва чандин нибег[=китоб], ки барҷастатарини онҳо «Минушиносии олмонӣ» (1) ва «Хонаводаи сипанд» (2) аст, бо ёрии вай нивишт.

Энгелс дар номае ба Моркс, ки дар 16-и хурдоди 1232-и хуршедӣ (ҳамзамон бо подшоҳии Носируддиншоҳи Қоҷор) нивишта, аз вежагиҳои забон ва адаби порсӣ гуфта, забони порсӣ ва чомаҳои онро сутуда ва, дар баробар, аз алифбо ва насри форсӣ ба накӯҳиш ёд кардааст.

Чаҳор сол пас аз ин номаи Энгелс ба Моркс буд, ки Мирзо Фатҳъалии Охундзода алифбои ҷадид барои «Таҳрироти алсанаи исломия, ки ъиборат аз ъарабию форсӣ ва туркӣ аст (1857т., меҳри 1236х.)-ро нивишт (3). Охундзода низ дар бораи алифбои форсӣ чунон Энгелс меандешид (4).

Шояд ҷойи шигифтӣ бошад, ки бидонем ин нома дар Шӯравии даҳаи севуми садаи бистум коркарде бунёдин доштааст – он замон, ки андак-андак забони адабии порсӣ дар Суғду Хоразм ба баҳонаи «зиддихалқӣ» будан ҷойи худро ба забони сода ва рӯзонаи мардуми кӯчабозор медод ва бо ин ҷойгузинӣ, дар набарде нобаробар, майдонро ба забони русӣ, ки рӯзбаруз бо погирии Шӯравӣ зӯровартар низ мешуд, вомениҳод. Нибегҳои омӯзишӣ ҳам гардониши вожа ба вожа аз русӣ буданд; ончунон, ки суғдиён ва хоразмиёнро забоне ҷуз ин забон гардонишзада набуд. Шакурии Бухороӣ дар ин бора нивиштааст: «Дар нимаи солҳои 30 мукотибаи Корл Моркс ва Фридрик Энгелс аз олмонӣ ба русӣ тарҷума шуд. Аз ҷумла Энгелс дар номае гуфтааст: “Насри форсӣ ҷонкоҳ аст”. Агарчи Фредрик Энгелс дар бораи забони форсӣ ва шеъри Ҳофиз дар ин нома суханҳои неке низ гуфта буд, ин гуфтаи ӯ дар бораи наср пиндорҳои норавое падид овард ва моҳиятан як зарбаи сахт ба забони адабии клосик расонид: забони адабии суннатии моро як забони муғлақи дандоншикан ва зиддихалқӣ эълом намуданд ва аз он дур шуданро салоҳ диданд. Чунин натиҷагириҳо дар мубоҳисаҳои даҳаи бистум ва сиюм мақоми «забони халқӣ» (=забони мардуми кӯчабозор)-ро дар муқобили забони адабӣ хеле тақвият кард» (5).

Баргардони бахше аз номаи Энгелс ба Моркс, ки дар бораи забон ва алифбо ва адаби порсӣ аст, чунин аст:

«Манчестер, шомгоҳи 6 жуан [1853]

Моркси гиромӣ,

…Аз ин бозае чандҳафтаӣ, ки хештанро даргири намоишҳои ховарзаминиён кардаам, барои ёдгирии забони порсӣ баҳра бурдаам. Аз забони ъарабӣ гурезонам, аз рӯи безории зотиям аз забонҳои cомӣ, ва аз он рӯ, ки бе ҳазинаи замонии бисёр пешрафт [дар он] шуданӣ нест, чи забоне бисёр густарда аст — забоне бо чаҳор ҳазор реша, ки ба ду-се ҳазор сол пеш бозмегардад (6).

Дар санҷиш бо он, забони порсӣ бисёр осон аст. Гар ин алифбои шуми ъарабӣ намебуд (7), ки дар он ҳар шаш вот [=ҳарф] ба ҳам мемонад (8) ва вокаҳое [=мусаввитҳои], ки нивишта намешаванд, паймон мебастам, ки дар 48 соъат ҳамаи дастури забони порсиро фарогирам. …[Бо ҳамаи ин], ман барои [ёдгирии] порсӣ бешина се ҳафта замон гузоштаам…

Дареғо Войтлинг (9) порсӣ намедонад, ки агар медонист, забони ҷаҳонии ормонияшро меёфт, чи, то он ҷо ки медонам, порсӣ танҳо забонест, ки дар он носозгорие миёни «ба ман» ва «маро» нест ва дар он «бароӣ» [=мафъули ғайри сареҳ] ва «роӣ» [=мафъули сареҳ] ҳамеша яксон аст (10).

Ростӣ, Ҳофиз, пири риндро, ба забони худаш хондан бисёр хушоянд аст… Аз дигар сӯ, насри форсӣ ҷонкоҳ аст. Барои намуна, Мирхонди номдор дар «Равзат-ус-сафо» размномае форсиро ба забоне адабӣ, лек туҳӣ бозгӯ мекунад (11)».

Сарчашмаҳо

Сарчашмаи бунёдин: MECW Volume 39, p. 335

Сарчашмаи миёнҷӣ: Бойгонии интернетии морксгароён (Marxists.Catbull.com)

Пайнивиштҳо

(1). Die Deutsche Ideologie

(2). Die heilige Familie

(3). Нигоҳ кунед: Одамият, Фаридун (1349); Андешаҳои Мирзо Фатҳъалии Охундзода; Хоразмӣ; Бахши севум.

(4). Охундзода андешасози эронгароии навин, намояндаи андешаи санҷишгаронаи донишӣ, бунёдгузори намоишноманивисӣ ва достонпардозии нав дар Ховарзамин ва аз андешакорони [=равшанфикрони] ҷунбиши Машрутияти Эрон буд ва афзун бар инҳо, нахустин донишманде буд, ки ба гунае сомонманд, дар оғоз, хоҳони вироишҳое дар алифбое шуд, ки банодуруст исломияш мехонд ва сипас андешаи дигаргунии онро дар сар парваронд ва понздаҳ сол аз зиндагии хешро бар сар он ниҳод. Ӯ содаангорона бар ин бовар буд: «Давлати Эрон он қудрат ва қувват ва азаммати қадимаи худро муҳол аст дубора ба даст оварад, магар ба тарбияти миллат, [ва] тарбияти миллат ба суҳулат муяссар нахоҳад шуд, магар бо касби савод, [ва] касби савод барои ъумуми нос ҳосил наметавонад бишавад, магар бо тағйир ва ислоҳи хатти ҳозир». («Мактуботи Камолуддавла»)

(5). Шакурии Бухороӣ, Муҳаммадҷон (1382); Ҷусторҳо дар бораи забон, адаб ва фарҳанги Тоҷикистон; ба кӯшиши Масъуди Миршоҳӣ; Асотир; Рӯяи 62.

(6). Шумори решаҳо беш аз чаҳор ҳазор решаест, ки Энгелс гӯяд. Устод Маҳмуди Ҳисобӣ дар ҷусторе ба номи «Тавоноии забони форсӣ» ба санҷише донишӣ ва сомонманд миёни тавони забонҳои ҳинду-урупоӣ, бавежа порсӣ, бо забонҳои cомӣ, бавежа ъарабӣ, дар вожасозӣ даст ёзидааст. Эшон нишон медиҳад, ки забони ъарабӣ то 25 ҳазор реша дорад ва аз ҳар реша низ то 70 ҷудомад [=муштақ] тавон гирифт ва бад-ин гуна, дар ин забон беш аз ду милюн вожа натавон сохт. Лек забонҳои ҳинду-урупоӣ, ба сони порсӣ, шумори каме реша (наздики 1500) доранд ва низ дорои 250 пешванд ва наздик ба 600 пасванд ҳастанд, ки бо афзудани онҳо ба буни реша метавон беш аз 226 милюн вожа сохт ва агар омехтаҳои дигарро ҳам бихоҳем дар шумор оварем, шумори вожаҳое, ки дар порсӣ метавонад падид ояд, каронае надорад. Аз дигар сӯ низ барои андарёфти милюнҳо вожа дар забонҳои ҳинду-эронӣ танҳо ниёз ба фарогирии 1500 реша ва 850 пешванду пасванд ҳаст; Лек дар забоне cомӣ, ҳамчун ъарабӣ, барои андарёфти ду милюн вожа бояд дастикам 25 ҳазор решаро аз бар дошт ва дастури забони печидаи «Қавоъиди афъол ва иштиқоқ»-ро низ фарогирифт ва дар ёд нигоҳ дошт! Нк: Ҳисобӣ, Маҳмуд (1366); «Тавоноии забони форсӣ»; Кайҳони фарҳангӣ; шумораи 43; рӯяҳои 50 ва 51. Афзуданист, ки Зиёуддини Ҳоҷарӣ дар «Фарҳанги сохтории вожагони порсӣ», ки аз сӯи Порсӣ Анҷуман ва Шӯрофрин чопахш шуда, ин 250 пешванд ва 600 пасванди забони порсиро фаро дасти пажӯҳандагон ниҳодааст.

(7). Гузоранда бар ин бовар аст, ки ин дабира на ъарабӣ, ки форсӣ аст. Ононе, ки андаке бо дабираи порсиг ё паҳлавӣ ва ин дабираи кунунӣ, ки банораво ъарабӣ хонда мешавад, ошно бошанд, ин суханро банекӣ дармеёбанд ва низ агар ин дабираи авестоиро бо дабираи куфӣ бисанҷанд, ошкоро пайвандҳои рехтшиносӣ ва ҳамонандиҳое бисёр миёни ин ду хоҳанд ёфт.

(8). Энгелс шаш воти вежаи забони ъарабӣ (ح، ص، ض، ط، ظ، ع)-ро гӯяд, ки дар забонҳои эронӣ нестанд ва онҳоро метавон ба чандин деса нивишт. Гуфтанист, ки «ث» (کیومرث) ва «ذ» (گذر) миёни порсӣ ва ъарабӣ анбозин [=муштарак] аст ва дар порсии то садаи ҳафтуми исломӣ хонише дигарсон аз «س» ва «ز» доштаанд. «غ» ва «ق» (قباد) низ эрониянд ва рост он ки танҳо забоне, ки кунун дар ҷаҳон «ق» дорад, порсӣ аст. «ق»-и порсии навин бештар зодаи «ک»-и порсиг аст, чунон «Кавод»-и порсиг, ки дар порсӣ «Қубод» шудааст. Дар ин бора нк: Адибсултонӣ, Миршамсуддин (1371); Даромаде бар чигунагии шеваи хатти форсӣ; вирости дувум; Амир-Кабир.

Гуфтанист, ки агар ба ҷои вожаҳои ъарабӣ аз вожаҳои порсӣ баҳра бигирем, дигар ниёзе ба вотҳои ъарабӣ нест. Барои намуна, ба ҷойи ҳамин «حرف»-и ъарабӣ метавон аз «وات» (вот)-и порсӣ суд ҷуст.

(9). Вилҳелм Войтлинг (Wilhelm Christian Weitling) (зодаи 1808т., даргузаштаи 1871), нахустин андешапардози анбозгаро дар Олмон буд. Вай дар нибеге бо номи «Бунёдҳои омӯзаи ҳамагонии андеша ва забон (Grundzüge einer allgemeinen Denk- und Sprachlehre) орзуманди забоне барои ҷаҳониён буд, ки чу порсӣ, кунишпазир[=мафъул]-и роӣ надошта ва дастури забонаш низ ҳамчун порсӣ бошад.

(10). Кунишпазир ё «роӣ» [=мафъули сареҳ] аст ё «бароӣ» [=мафъули ғайрисареҳ]. Дар порсӣ мо танҳо кунишпазири роӣ дорем; монанди «ӯро гуфтам» ё «ба ӯ гуфтам». Дар порсӣ, роӣ (accusative)-ро «мафъули бевосита» ва бароӣ (dative)-ро «мафъули бовосита» низ номидаанд, ки нодуруст менамояд, чӣ роӣ ҳам бовосита метавонад бошад; монанди «хӯрокро хӯрдам», ва ҳам бевосита; монанди «хӯроке хӯрдам». Гузораҳо [=истилоҳот]-и бевосита ва бовосита баргардонҳои нодуруст аз инглисӣ ва фаронсавиянд, зеро дар он забонҳо кунишпазирҳои бевосита (direct), чунонки бояд ва шояд, ҳаст, лек дар забони порсӣ танҳо дар ҳангоми бардоштани «ро» чунин кунишпазирие дида мешавад. Барои огоҳии бештар нк: Фаршедвард, Хусрав (1384); Дастури муфассали имрӯз; Сухан; рӯяҳои 210 ва 211 ва 212.

(11). “Торихи равзат-ус-сафо фӣ сират-ул-анбиё вал-мулук вал-хулафо», нивиштаи Мирхонд (Муҳаммад пури Ховандшоҳ) аз нивиштаҳои давраи Темурӣ аст, ки ба гузориши торихи ҷаҳон аз оғози офариниш то пайдоии ислом ва то рӯзгори худ (Султон Ҳусайни Бойқаро: 1438 то 1506т.) мепардозад. Пасинтар, Ризоқулихони Ҳидоят ба ҳафт бахши ин нибег се бахши дигар, ки дарбардорандаи торихи Сафавиён, Афшориён, Зандиён ва Қоҷориён буд, афзуд ва онро «Равзат-ус-сафои Носирӣ» номид. Равзат-ус-сафо, ба сони бисёре аз нивиштаҳои пас аз тозиши муғулон, ки рӯзгори нишеби порсинигорӣ аст – ҳамон гуна ки Энгелс бадурустӣ мегӯяд – насре печида ва зеваролуд дорад ва туҳӣ аз санҷишгарии торихӣ аст. Барои огоҳии бештар нк: Солеҳӣ, Куруш ва Маҳрамқулизода (1391); «Мирхонд ва асари торихнигории вай Равзат-ус-сафо»; Китоби моҳи торих ва ҷуғрофиё; шумораи 172; рӯяҳои 99 то 107.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифиристед. Ҳамчунин барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдодномаи Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*