Кайвони Қазвинӣ: То тавонед, дам аз вожаҳои порсӣ занед

kayvan-qazviniПорсӣ Анҷуман: Ъаббоси Кайвони Қазвинӣ (1317-1240) аз донишмандони ъорифи садаи сездаҳум ва чаҳордаҳуми хуршедӣ аст. Вай яке аз пуштибонони порсинивисӣ дар даврони Қоҷор буд, ки нивиштаи зер аз ӯ гувоҳи ин сухан аст.

***

Ин банда дерест, ки побанди зинда шудани чанд искелети пурбаҳои бостони Эронам, ки яке аз онҳо забон аст ва аз пайдоиши боқии искелет‏ҳо чун яксара навмедам, номи онҳоро наме‏барам, ки чистанд, зеро аз ном бурдану набудан доғи дил тоза ме‏шавад. Гарчи дар бораи забон ҳам навмед будам, ки ба ин зуди‏ҳо чеҳра намояд, аммо ин рӯзҳо порае суханони донишмандонаи ширин аз чанд забоновари зиндадили пурҳунар дар «Эрони озод» хондам, басе шукуфтам ва бо худ гуфтам, ки тавон тухми умедро ба ин шевосуханони нағз омодаи коштан намуд ва гардан кашид, гарчи пас аз солиёни дароз бошад, чашм ба бардоштан аз он дӯхт ва дили пажмурдаро навиди тоза шудан дод.

Мо гунгони Эрон ҳеҷ ба забони ниёкони худ ошно нестем, шербачаем, бе он ки чизе аз мо ба шер монад.

… Мо гунгони Эрон ҳеҷ ба забони ниёкони худ ошно нестем, шербачаем, бе он ки чизе аз мо ба шер монад, мо навбовагони дабистоннадидаем ва сабақнахонда, дар омӯзгории мо шуморо забони кӯдакӣ бояд гушӯд ва ба ҳеҷнадонии мо бахшуд. Чашмдошти нахусти мо аз шумо забономӯзон ду чиз аст:

1- Он ки дар суханони нағзи худ, то тавонед, дам аз вожа‏ҳои порсӣ занед ва дигаронро ҳам водоред, ки то дониш ва кирдор ҳаст, ъилму ъамал нагӯянд ва то пайкари зебо ва ҷону андешаи тавоно ва равони равшан ҳаст, бадану рӯҳ ва фикру қодир ва замири мунир нанивисанд. Ин бандаро инҷониб насозанд ва дафтари сухани худро ба алфозу ҳуруфи ъарабӣ, гарчи хуршед бошад, наороянд, балки куҳанҷомаи хешро бипироянд, то(ط)-ро ба ҷои то(ت) бар сари Теҳрон (طهران->تهران) наниҳанд ва сод(ص) ва фо(ف)-ро ба сина ва дили Испаҳон (اصفهان->اسپهان) нагузоранд ва сад (صد) ва шаст (شصت)-ро бо сод (ص) нанигоранд ва ба дивист бингаранд, ки бо син (س) аст, аммо пои онро низ рӯ ба қибла накашанд, балки ба худаш гирд оранд, яъне бо дол (د) нивисанд ва ҳарфи ғайн(غ)-и нармро чунон зибру ғализ нагӯянд, ки қоф(ق)-и ъарабӣ шавад, аммо на ба андозае, ки суханашон навзуҳуру ханда‏овар шавад, ҳамон қадр, ки порсии равоҷро бар ъарабии равоҷ тарҷеҳ диҳанд, то кам-кам бахти хуфтаи забони дерин аз ин паҳлу ба он паҳлу биғалтад, бошад, ки дар он дами дарой корвони дуруфтода роҳи гумкардаро шунида, чашме бимолад, то мо тирабахтон бидонем, ки бахти мо мурда нест, балки хобидааст.

Дар суханони нағзи худ, то тавонед, дам аз вожа‏ҳои порсӣ занед ва дигаронро ҳам водоред … то мо тирабахтон бидонем, ки бахти мо мурда нест, балки хобидааст.

2- Он ки мардвор ҳиммат гуморед, ки ъилми наҳву сарфе барои ҳамин забони шикастабастаи порсӣ, ки боқимонда аз тороҷи ҳаводис (аст), тартиб диҳед, ба се давра, ки нахусташ хеле мухтасар бошад, фақат 14 дарс, ки дар 14 ҳафта дар мадориси ибтидоӣ ба амри вазорати маъориф ҷузъи пругром шавад, ки бихонанд.

Гумон ме‏кунам чунон шогирдони покдил шукуфта шуда, ба эҳтизоз оянд, ки барои соли оянда ба ҳазор забон хостори давраи дувум шаванд, масалан исму феъл ва ҳарфи порсӣ ккдом аст ва исм ба чанд вазн ва то ба чанд ҳарф ме‏ояд ва ҳарфи аслии сода ва фаръӣ ва мазид кудом аст ва муштаққоти нуҳгона кудом ва масдару исми масдар ва ҳосили масдар ва аломати ҷамъ ва авзонаш ва замоир ва мавсулот ва фоъилу мафъул ва ҳолу сифат ва музофилайҳ ва исми ъайну исми маънӣ ва ъилму лақаб ва киноя.

Ҳамин андоза дар давраи нахуст бас аст, аммо ба шарти подорӣ ва истодагӣ, то ъамалӣ шавад ва монанди сухани хобида набошад, ки лафз ҳаст ва маънӣ нест, гуфтор ҳаст ва кирдор нест.

Ҷариданигорон низ ба андешаи худ фишор оранд, ки лафзи возеҳи марсуми равони порсиро ҳамаҷо ба ҷои ъарабӣ гузоранд (ва то кунун баъакс буд), бояд андак-андак корро аз пеш бурд ва бахти хобидаро чунонки бадхоб нашавад, бедор намуд (раҳонандаро чора бояд, на зӯр) ва ба тадриҷу тадбир алфози форсии ғайримарсумро, ки дар қадим фасеҳ шумурда ме‏шуданд, ҳозири зеҳни мардум сохта, ривоҷ диҳанд, монанди устувор ба ҷои амин (Кайвон худ китобе дар тасаввуф нивишта ва номашро «Устувор» ниҳода, яъне бе‏хиёнат ва бедуруғ нивишташуда) ва корсози меҳрубон ба ҷои раҳмонирраҳим ва фарҳангу оҳангу дирангу ованг ба ҷои адабу нияту тааннӣ ва муъаллақ. Ва шигифту шикебу шитоб ба ҷои таъаҷҷубу сабру ъаҷала. Ва суру сӯгу ситабру ситанбаву сарой …(1) ва саҳӣ ба ҷои ъайшу мотаму захиму гиря… ва тағаннӣ… ва мудаввар. Ва вожаву вогусилу вому вожгуну вайрону вежа ба ҷои калима ва фасху қарзу харобу бахусус. Жожу дижу дижхиму дод ба ҷои лағву қалъа ва саффоку ъадл.

(1) … дар инҷо ва пасинтар нишонаи нохоно будан аст.

Баргирифта аз пӯшинаи дувуми «Кайвоннома»

متن پارسی را “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*