Боргирии «Тавоноии забони порсӣ»-и Ливоӣ

«Тавоноии забони порсӣ» аз зиндаёд Муҳаммадъалии Ливоӣ, жарфои дониши забоншиносии донишомӯхтагони даврони ризошоҳӣ ва низ кӯшиши ин гурӯҳ дар посдориву полоиши донишваронаи забони порсиро аз ҳар он чи рангу бӯи бегона дорад, банекӣ менамоёнад.

Боргирии «Вандҳои порсӣ»-и Муҳаммадъалии Ливоӣ

Зиндаёд Ливоӣ дар «Вандҳои порсӣ» наздики 300 ванд (24 пасванди порсии бостон, 124 ванди авестоӣ, 54 ванди порсиг [=паҳлавӣ] ва 74 ванди порсӣ)-ро баррасида ва дар поён, афзун бар феҳристи вандҳо, вожаномае ба фаронсавӣ ва порсӣ дарандохта, ки вожаҳои дастури забони бакоррафта дар ин нибегро барменамояд.

Боргирии «Фарҳангистони Эрон ва Фарҳангистони забони Эрон»

Фарҳангистони Эрон ва Фарҳангистони забони Эрон намоёнгари бахше аз кӯшишҳои ин ду ниҳод аст, ки ҳарду дар шинохти жарфтари забони порсӣ ва посдорию полоиши он гомҳои устуворе бардоштанд ва корҳои арзишманде низ аз худ барои ояндагон ба ёдгор ниҳоданд.

«Номҳои эроншаҳрӣ»-и наврӯзонаи Порсӣ Анҷуман ба хонандагонаш

Фарҳанг ҳамаи огоҳиҳо ва донишу хиради мардумони як сарзамин ё кишвар аст, ки забон дар дарозои замон гузоришгари чигунаги он аст. Ҳар забон аз гурӯҳи анбӯҳе таквожи решаӣ ва вожагони пояӣ ё ҳастаӣ пайкар ёфта ва дар дарозои замон, баста ба пешрафти фарҳангии гӯишварони он забон, бар гурӯҳи он вожагон афзуда шудааст.