Нидои ниёкон: Порсиро пос бидоред!

Вақте ки осори шоъирон ва донишмандони тоҷикро, ки дар Варазруд (Тоҷикистону Узбакистони имрӯзӣ) дар авоили қуруни вусто зистаанд, мутолеъа мекунед, ба як чизи ҷолиб мутаваҷҷеҳ мешавед. Он чиз масъалаи таърифи ҳувият ва худшиносии онҳост. Ҳувияти онҳо аз се ъунсури аслӣ иборат аст, ки ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Ҳамаи онҳо забони худро ПОРСӢ, сарзамини худро ЭРОН ва табори худро ПОРСӢ (муродифи тоҷик, эронӣ ё ъаҷамӣ) медонанд.

Бо дабираи порсӣ…

Дар макони ҷон бувад кавну макони порсӣ,
Сад ҷаҳон гунҷидааст андар ҷаҳони порсӣ.
Эй, ки дар маҳдудаи чашмат нишастӣ, о бурун,
То бубинӣ аз карон то бекарони порсӣ!
То силоҳи мо камони Эраҷу Ораш бувад,
Мезанад бар синаи душман камони порсӣ.