Бо дабираи порсӣ…

Порсӣ Анҷуман: Исфандиёри Назар чомасаро, пажӯҳишгар ва рӯзноманигори саршиноси тоҷик аст, ки дар пойизи 1350 дар рустои Дарғи ноҳияи Ъайнии устони Суғди Тоҷикистон зода шуд. Ӯ донишомӯхтаи ховаршиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай пас аз донишомӯхтагӣ дар соли 1375 ба рӯзноманигорӣ рӯй овард ва сардабирии чанд расонаро бар дӯш дошт.

Аз нибегҳои чомаии вай метавон аз “Маро супору бирав”, “Ҳамхуни Девоштич” , “Ёдгори хуну хокистар”, “Дар кӯчаҳои шаб”, “Аз маъбари тӯфон” ном бурд. “Тӯмори хунин” ва “Нахл дар мурдоб” аз нибегҳои нивиштории ваянд. Қорҳои пажӯҳишии Назар низ “Ду ҷашни бузурги миллӣ: Наврӯз ва Меҳргон”, “Торихи мухтасари Дарғи шариф”, “Бо лаҳҷаи дарғӣ”, “Наврӯзи Дарғ” ва “Фоҷеъаи миллати тоҷик бар асоси матолиби рӯзномаи “Овози тоҷик” ном доранд. Ҳамчунин, гуфтанист, ки бо кӯшиши ӯ девони чомаҳои Симини Беҳбаҳонӣ бо номи “Як доман гул” ба дабираи сирилик чоп шудааст.

Исфандиёри Назар соли 2016 ба Олмон рафт ва ҳамонҷо мондагор шуд.

Чомаи зер барои ошноии хонандагони Порсӣ Анҷуман бо корҳои Исфандиёри Назар аз дабираи сириллик ба дабираи порсӣ гардонда шудааст.

Равшан аст аз ман нишони форсӣ (1)

Дар макони ҷон бувад кавну макони порсӣ,
Сад ҷаҳон гунҷидааст андар ҷаҳони порсӣ.
Эй, ки дар маҳдудаи чашмат нишастӣ, о бурун,
То бубинӣ аз карон то бекарони порсӣ!
Ранг мебозӣ ба ин найрангбозӣ, эй ъаду,
Медурухшад бар ту чун рангинкамони порсӣ.
Захми теғи тозӣ андар устухони дасти мо,
Лек теғи ӯ шикаст аз устухони порсӣ.
Худ Расули Кибриё гуфту ниёиш кардааст
Миллати мо эзадашро бо баёни порсӣ (2).
Гавҳару авранги султонон яке барҷо намонд,
Монд аммо махзани гавҳарфишони порсӣ.
Оли Саффор асту торихи сафороии мо,
Оли Сомон асту сомони забони порсӣ.
То, ки номи Рӯдакӣ ҳасту Зарафшон ҷорӣ аст,
Дар Бухоро зар фишонад Зарфишони порсӣ.
Кори Рустам кард, оре, кори Рустам Рӯдакӣ (3),
Кори осон нест гаштан қаҳрамони порсӣ.
Хишт аз кохи забони мо нагун н-афтад яке,
То, ки Пири Тӯс бошад посбони порсӣ.
То силоҳи мо камони Эраҷу Ораш бувад,
Мезанад бар синаи душман камони порсӣ.
Мадҳи дунонро макун бо ин забон, вақте накард
Носири Хисрав чунин, дар Юмгони порсӣ (4).
Сар ба пойи шоҳ мемонӣ, намешармӣ, ки сар
Кард хам ҳар ҷо шаҳе бар остони порсӣ?
Кандманди (5) ин забон аз шеъри маддоҳон бувад,
Шеъри маддоҳӣ бувад қуфли даҳони порсӣ.
Офтоби беғурубе дидаӣ? Инак, бубин,
Шамси Мавлоно бувад дар осмони порсӣ.
Ҳарфи ҷони Саъдии Шероз бошад ин забон,
Порсӣ гӯяд ҷинон дар бустони порсӣ.
Бода аз хуни разон дар соғари Хайём нест,
Ҳаст андар ҷоми ӯ хуни разони порсӣ.
Қанди Қуръон мешавад дар шеъри Ҳофиз қавли Ҳақ,
Шаҳди Қуръон аст дар қанди дукони порсӣ.
Қанди Ҳофиз мекунад Банголаро ширинмақол,
Лаҳни Хусрав мешавад Ҳиндустони порсӣ.
Аз Бадахшон лаъл меҷӯӣ? Биҷӯ, аммо бидон,
Ҳаст он лаъли Бадахшон дурри кони порсӣ.
Рӯи ҳар сангу дару девор ҳарфе, матлаъест,
Бо дабирай порсӣ, ному нишони порсӣ.
Захмҳо хӯрдаст инак, мехӯрад бо дасти хасм,
Боз Симурғи забон дар ошёни порсӣ.
Як забонро медиҳад се ном бо дастури хасм,
Носипоси хӯрда нон аз рӯи хони порсӣ (6).
Каҳкашоне чанд даъвои нубувват мекунанд,
Порсӣ нохонда зери Каҳкашони порсӣ.
Нотавоне чанд кетмони ҳақиқат мекунанд,
Бехабар аз гурду майдону синони порсӣ.
Чанд бо қавли ъадуи хештан бовар кунанд,
Ин гурӯҳи бехабар аз дудмони порсӣ?
Ҳарфашон ҳечу далоил ҳечу бунён ҳечи ҳеч,
Ҳеч бошад зӯрашон пеши тавони порсӣ.
Ҷон равад, аммо куҷо то шеъри тар дорад равад,
Аз тани маҷрӯҳи ин миллат равони порсӣ?!
(27.04.2018, Олмон)

————————————————
Пайнивишт:

1) Ин мисраъ аз дуктур Сайидмуҳаммади Акрамшоҳи Икром аз Покистон аст;
2) Ишора ба қавли “Торихи Бухоро”, асари Наршахист, ки гуфта дар Бухоро дар авоили Ислом мардум ба порсӣ намоз хондандӣ.

3) Ишора ба ин байти Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр:
Рӯдакӣ кори пӯри Дастон кард,
К-ин ҳунар кори пӯри Дастон буд!
4) Ишора ба ин байти Носири Хисрав:
Ман онам, ки дар пои хукон нарезам,
Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро!
5) Ишора ба шеъри машҳури “Самарқанди кандманд…” аст.
6) Ишора ба сиёсати порсиситезӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон дар сад соли пасин то имрӯз.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

این مطلب را به خط فارسی از “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

1+

Бифирист

.


*