Тоҳири Ъабдулҷаббор: ‘Растохез’ ва забони порсӣ
Созмони “Растохез” мехост, ки дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ (порсӣ) ҳамаи вазифаҳои забони давлатиро иҷро кунад, то заминаи рушду такомули забону фарҳанги миллии мо фароҳам ояд. Зоҳиран, ин ҳадаф хилофи Қонуни Асосии кишвар набуд. Мувофиқи он, Тоҷикистон яке аз 15 ҷумҳурии шӯравӣ маҳсуб мешуд, яъне як давлати миллӣ буд. Муҳимтарин нишонаи давлати миллӣ доштани забону фарҳанги миллӣ аст. Пас забони давлатии Тоҷикистон бояд забони тоҷикӣ (порсӣ) бошад.