Идеи Эрон: Торихи як мафҳум

Порсӣ Анҷуман: Зиндаёд пруфесур Шопури Шаҳбозӣ дар ин ҷустор нишон медиҳад, ки «идеи Эрон» – чунон як киёни миллӣ ё кишваре бо як ҳувияти забонӣ, сиёсӣ ва қавмӣ ба рӯзгори авестоӣ бозмегардад ва идеи Эрон аз он рӯзгори бисёр куҳан то ба имрӯз зинда ва устувор будааст; ҳам бад-он гаҳ, ки чунин ҳувияти миллиеро юнониёну румиён бисёр дертар шинохтанд ва бад-он даст ёфтанд. Бар ин поя, эрониён нахустин миллати ҷаҳонанд, ки ба худогоҳии миллӣ даст ёфтанд ва бар пояи он давлат пай ниҳоданд.

Ҳувияти эронӣ дар давраи ҳахоманишӣ ва ашконӣ (портӣ)

Нивисанда: Шопури Шаҳбозӣ
Баргардон: Ҳамиди Аҳмадӣ

Ҳадафи ман дар ин пажӯҳиш тарҳи ин истидлол аст, ки идеи Эрон ҳамчун як киёни миллӣ – яъне кишваре бо як ҳувияти забонӣ, сиёсӣ ва қавмӣ – дар давраи авестоӣ шакл гирифт ва ба таври ғайрирасмӣ ба вуҷуди худ идома дод, то Ардашери Бобакон барои тақвияти иддиъои худ бар тоҷу тахти бостонии Эрон, ба он расмият бахшид. Ин дидгоҳи суннатӣ то замоне, ки пруфесур Нюлӣ онро тавонмандона ба чолиш кашид, ривоҷ дошт. (2) Нюлӣ ба ин натиҷа расид, ки поягузори имперотурии Соcонӣ дар қарни севуми мелодӣ, 800 сол пас аз ин ки Ҳеллосу Рум мафоҳими миллӣ пайдо карданд, идеи Эронро ба манзилаи як давлати миллӣ ибдоъ кард, то дар хидмати барномаи мазҳаббунёни ӯ бошад. Ин гумонаи таҷдиди-назар-талабона дар ваҳлаи нахуст бар ин воқеъият устувор аст, ки бар асоси мадорики мавҷуд давлатҳои ҳахоманишӣ ва ашконӣ аз ъунвони расмии «Эрон» бархурдор набуданд, балки батартиб имперотуриҳои «Порсӣ» ва «Портӣ» хонда мешуданд. Дар ин пажӯҳиш нишон хоҳем дод, ки ин истидлоли мубтанӣ бар сукут ё фуқдони мадорик (3), ба ҳеҷ ваҷҳ қобили дифоъ нест ва баррасии дақиқтари манобеъи мо нишон медиҳад, ки идеи Эрон ба манзилаи як давлати миллӣ аз қидмати бисёр бештаре бархурдор аст.

Дар оғоз ба ин ишора мекунам, ки дидгоҳи Нюлӣ, ончунон ки хонандагон мумкин аст натиҷа бигиранд, дидгоҳи бадиъе нест. Асли ин дидгоҳ ба Повлус Косел (4), дар ҳудуди 130 сол пеш, бозмегардад. Донишмандони пешини урупоӣ ба пайравӣ аз суннати туронӣ ва клосик, ба Эрон бо ъунвони ЛоПерсе, Персиян ва Персиё (5) ишора мекарданд. Бо ин ҳама, сайёҳон ва ҷаҳонгардон борҳо ва борҳо гӯшзад мекарданд, ки эрониён худ аз куҳантарин давраҳо кишвари худро «Эрон» мехонанд. (6) Батадриҷ шуморе аз шарқшиносони қарни нуздаҳум мутаваҷҷеҳи ин масъала шуданд ва кишварро «Эрон» ва мардумонашро «эрониён» хонданд. Яке аз ин намунаҳо интишори нахустин ҷилди китоби бузурги Фредриш Ишпигел бо ъунвони “Мутолеъоти бостоншиносии Эрон” (7), дар бораи қидмати «эронӣ» аз давраи авестоӣ то фатҳи аъроб аст. Повлус Косел ба ъунвони китоб интиқод кард ва гуфт номи «Эрон» дар манобеъи клосик ва ъибрӣ ъунвони расмии тамомии бахшҳои имперотурии Ҳахоманишӣ дар назар гирифта намешудааст. Ба гуфтаи ӯ, агар «Эрон» номи расмии давлати модӣ ё порсӣ мебуд, мо «бегумон» дар осори модӣ ё порсӣ ба он бармехурдем. Ҳатто вожаи мавриди назари Истробун, яъне Ориёно (8), ба як устон [дар Эрони шарқӣ] ишора мекард, на тамомии имперотурӣ. (9)

Суннати шифоҳии эрониён ва иддиъои Ардашер, писари Попак, мабнӣ бар эҳёи имперотурии бостонии Эрон, ки ба дасти Искандари Мақдунӣ вайрон шуда буд, (10) назарияи Коселро ба ҳошия бурд, то ин ки ба шакле нав ва бо пуштвонае мустанад ва муассир аз сӯи пруфессур Нюлӣ ироа шуд. (11) Ба нивиштаи Нюлӣ (12), сангнивиштаҳои ҳахоманишӣ «батамомӣ фоқиди ҳар номеанд, ки битавонад ба таъбири ҷуғрофиёӣ ё қавмӣ таърифи давлат ё “подшоҳӣ” ё хшаса (xšaça) дошта бошад». Ба гуфтаи ӯ, ин амре шигифтангез набуд, чиро ки ин вожаҳо густараи иқтидори подшоҳии мавриди иддиъои шоҳи бузургро маҳдуд мекард. Нюлӣ шавоҳиди таъйидкунандаи номи Ория (ariya) дар мутуни ошурӣ (13) ва ҳахоманишӣ (14) ва низ ишораи Ҳерудут ва нивисандагони клосик ба ин вожаро (15) ба манзилаи як мафҳуми қавмӣ ва эҳтимолан мазҳабӣ таъйин мекунад, на сиёсӣ. Ӯ ин нуктаро ҳам, ки Зартушт вожаи ориёро нишонае аз миллият медонист (16), мадрак талаққӣ намекунад. Бо пазириши ин дидгоҳи бисёр муътабар, ки «муғони зартуштӣ» пас аз Зартушт «гароишҳои гуногуни мазҳабӣ»-ро ба худ ҷазб карданд ва дар, баистилоҳ, Яштҳои бузурги Авесто дарҷ карданд, Нюлӣ таъкид кард, ки ин муғон дар фароянди ин кор «устура ва ҳамосаҳои аирё дингҳу» (ariyå daiƞhāvō)-ро ибдоъ карданд. (17) Аз назари Нюлӣ, вожаи “аирё” дар ин мутун дар асоси «дар тавсифи сарзаминҳо ё мардумони аирё» ва хварена (xvarenah)-и онҳо ё бахти худододӣ ба кор рафтааст ва сарзаминҳо ва мардумони зартуштиро аз ғайри зартуштиён мутамойиз мекунад. Аз он ҷо, ки ин муғон мехостанд паёмбари худро дар маркази ҷаҳон қарор диҳанд, мафҳуми як ватани аҷдодиро ба манзилаи гаҳвораи башарият ҷаъл карданд ва онро «аирёнем ваэҷу» airyanem vaējō (Эронвиҷ ё ērān-vēž) номиданд. (18) Бад-ин тартиб, ҳатто дар ин ҷо ҳам вожаи “аирё” дар асос бунёни мазҳабӣ дошт. (19) Ин вожа ба таъбири асили авестоии он, то замони Ардашер, писари Попак, ки онро барои машрӯъият додан ба иддиъои ҷонишинии тоҷу тахт ва фармонравоии дудмони куҳани Каёниён зинда кард, дубора такрор нашуд. Бо ӯ буд, ки саранҷом вожаи “аирё/арё” (airya/arya) таъбири сиёсӣ пайдо кард ва номе расмӣ шуд барои ончи ҳамзамон имперотурии эрониён ва қаламрави зартуштиҳо буд. Ба ъиборати дигар, Ардашер идеи як «имперотурии эронӣ» (Эроншаҳр erānšahr)-ро ба вуҷуд овард, то асоси иддиъои худро, мабнӣ бар ин ки ончиро замоне як давлати миллии маздаясноӣ буда, дубора зинда кардааст, эътибор бибахшд. (20)

Ин гумона аз сӯи бархе аз донишмандони барҷаста ҳамчун як тафсири тоза ва комилан пазируфтанӣ мавриди ситоиш қарор гирифт ва ин назар борҳо ва борҳо шунида шуд, ки бо таваҷҷуҳ ба куҳан набудани идеи Эрон исрор бар корбурди номи Эрон ба ҷои вожаи бештар ошнои Першиё нишонаи ҳамоқат аст. Нависандае муштоқ ҳам ба ҳимоят аз ин фикр пардохт ва муддаъӣ шуд, ки вожаи Эрон дар ин давра ба ҳеҷ ваҷҳ ба маънии вуҷуди як қаламрави сарзамине сиёсӣ ва идорӣ набудааст; (21) ва ин ки (22) бо суқути Соcониён фарҳанги вожагони идеулужике, ки онҳо «худсарона ибдоъ карда буданд» матрук шуд, то ин ки муғулҳо онро дубора зинда карданд. (23) Бадтар ин ки шоъирони роҳатталаб ва нивисандагони омотур аз роҳи нафйи идеи Эрон ба манзилаи ибдоъи донишмандони ғарбӣ ва донишҷӯёни эронии содалавҳи носиюнолисти ифроти онҳо заминаи муносибе барои ночиз шумурдани носиюнолисми эронӣ, ба таври куллӣ, пайдо карданд. Ъунвони яке аз ҳамин китобҳо барномаи сиёсии нивисандаашро ифшо мекунад. Ин китоб, ки дар соли 1993-и мелодӣ аз сӯи интишороти Порогун Ҳоус мунташир шуд, “Эрон ба ъунвони як миллати хиёлӣ: барсохтани ҳувияти миллӣ” ном дорад. (24) Ин китоб Эрони муттаҳиди мудернро махлуқе мандаровурдӣ мебинад, ки ақаллиятҳои мазҳабӣ (яҳудиён, буддоиҳо, масеҳиён ва бобиҳо)-ро ба ҳошия бурдааст. Китоб таъкид мекунад, ки торихи тахайюлии Эрон сухангӯёни дигар забонҳои ғайриэрониро нодида гирифтааст. Бо таваҷҷуҳ ба чунин паёмадҳои нохостаи ношӣ аз гумонаи Нюлӣ нақди ҷиддии он на фақат як зарурати ъилмӣ, балки як фаврияти сиёсӣ низ аст.

Бигузоред нахуст асоси тафсири Нюлӣ аз мадорики авестоиро баррасӣ кунем. (25) Ӯ муддаъӣ аст, ки идеи «Эрон» замоне такомул ёфт, ки «муғони зартуштӣ» номи “аирё”-ро ба худ ва қаламраве, ки сокинони онро ба зартуштигарӣ гароиш доданд, маҳдуд карданд. Бо ин ҳама, дар Фарвардиняшт (бандҳои 143-144), яке аз куҳантарин ва асилтарин мутуни авестоӣ, аз фравашӣ ё fravaši (равонҳои поки аҷдод)-и панҷ миллат, яъне аирё, туирё, доҳо, сайримо ва сайну бо эҳтиром ёд мешавад. Рӯшан аст, ки ҳамаи ин миллатҳо зартуштӣ набудаанд, ва боз рӯшан аст, ки «аирё» дар ин ҷо ба маънои «зартуштӣ» нест. Баҳси Нюлӣ дар бораи ҳувияти аирёҳои авестоӣ бо як натиҷагирии қатъӣ оғоз мешавад. Ӯ менивисад: «Мо бояд пеш аз ҳама ин нуктаро рӯшан кунем, ки ин аирёҳои авестоӣ – ҳадди ақал то он ҷо ки метавонем аз чанд манбаъи мавҷуд истинтоҷ кунем – ҳаргиз аз як созмони сиёсии давлатӣ аз навъ “имперотурии” мутамаркизе, ва ҳатто камтар аз он, ки баъдҳо модҳо ва порсиён ба вуҷуд оварданд, бархурдор набуданд. (26)». Бар асоси мадорики авестоӣ (бавижа Меҳряшт, бандҳои 13-14) ва Видевдод (27) (фрагарди якум, бандҳои 8-1) густараи «сарзаминҳои ориёӣ»-ро, ки маъмулан “аирё даингҳу” номида шуда ва гоҳ ба он бо ъунвони “аирйу шаянем” (airyō. šayanem) низ ишора мешавад, метавон ноҳияи ғарби Синд ва шарқи Кирмон донист. (28) Феҳристи сарзаминҳо дар Видевдод ба ин шарҳ аст: Гово (Суғдиё), Муру (Марв), Боксӯӣ (Боктриё – Бохтар, ноҳияи миёни Ҳиндукуш ва Омударё), Нисоё (дар атрофи Ъишқободи кунунӣ), Ҳоруйво (Ҳарот), Воекерето (Қандаҳор), Урво (эҳтимолан ноҳияи Ғазна), Эксанто (Ҷурҷониёи мавриди назари ҷуғрофидонони мусалмон), Ҳороксуитӣ (Арочусиё, устони шарқии Эрон, дарбаргирандаи ҷануби Афғонистони кунунӣ), Ҳоэтумант (ҳавзаи Ҳирманди Систон), Рого (дар шарқи Эрон), Шоксаро (Чарх, байни Ғазна ва Кобул), Ворено (Бунар), Ҳаптоҳинду (Панҷоби шарқӣ), ва Ронгҳо (ноҳияе, ки бо як рӯд обёрӣ мешавад ва эҳтимолан Сирдарё). Аз Хварасмиён (Хоразмиён) дар ин ҷо ном бурда нашудааст ва дар фурсате дигар бояд мадорике ироа диҳам мабнӣ бар ин ки дар ин марҳилаи нахустин хоразмиён ҳанӯз дар сарзамине, ки номи онҳоро бар худ гирифт, сокин набуданд, балки дар ноҳияи ҷанубӣ дар атрофи Нисоё зиндагӣ мекарданд.

Сурудаҳои Авесто дар ситоиши Митро (Меҳряшт, бандҳои 17-18 ва 87) ойинаи тамомнамои созмони панҷлояест, ки на танҳо ҷанбаи қавмӣ, балки ҳамон тур ки Илё Гершевич нишон дод, (29) ҷанбаи иҷтимоъӣ-сиёсӣ низ дорад. Ин созмони панҷлоя ба таври амудӣ аз нмона (ё «хона» ба раҳбарии як падарсолор (нмонупаити nmānō-paiti-)) оғоз шуда ва ба вис (ё «хонадон-тоифа» ба риёсати як «хонадонхудо» (виспаити vīspaiti-)), зонту (ё «қабила» ба риёсати як «раиси қабила» (зонтупаити zantupaiti-)), ва даҳйу (daħyu) ё «кишвар» таҳти фармони як «фармонраво» (даингҳупаити daiƞhupaiti-)) мерасад. Бахши панҷум даингҳусасти daiƞhusasti- номида мешавад. Ҳамонтур, ки Илё Гершевич тавзеҳ додааст, “даингҳу” дар ин таркиб, ҳарчанд ба сурати муфрад, ба маънои як минтақаи васеъ, ҳамонанди вожаи лотинии “imperium” аст. Ба нивиштаи ӯ, «муҳтавои банди 87 баростӣ ба ин ишора дорад, ки даингҳусасти ба маънои “имперотурӣ” ба кор бурда шудааст. (30) Дарвоқеъ, ин бахши иҷтимоъӣ-сиёсии охир таҳти фармони як “даҳйуном фратема зоу” (daħyunam fratema δāō) ё “шӯрои бузургони кишварҳо” ва ба ъиборате як шӯрои давлат қарор дошт». (31)

Ҳамон тур ки Ҷеймз Дормстетер (32) ва Гершевич истидлол кардаанд, ин собит мекунад, ки пештар таъбире аз ба вуҷуд омадани як имперотурӣ вуҷуд доштааст. (33) Эҳсоси ваҳдат ва таъаллуқ ба як миллат, ё ҳамонтур ки мо имрӯза аз носиюнолисм мегӯем – эҳсоси муштараки касоне, ки худро “аирё” медонанд, аз ин воқеъият ношӣ мешавад, ки онҳо хонаи худро “аирё даингҳу” (airyå daiƞhāvō) ё “аирйу шаёнем” (airyō. šayanem-) ва ё «кишварҳои ориёӣ» мехонданд. Ин вожа то ба он андоза инҳисорӣ буд, ки онҳо ба қаламрави мардумони номуртабит бо ъунвони “анаирё даингҳу” (anairya danhāvō) ё «кишварҳои ғайриориёӣ» ишора мекарданд. (35) Бархе аз фармонравоёни ин кишварҳо лақаби кавӣ/kavi (кай/kay) доштанд, ки дар асл ба маънои паёмбар/қаҳрамони илҳомбахш буд. (36) Як хонавода аз кавиҳо бавижа бо ъунвони дудмони Каёнӣ (36) бар торихи суннатии Эрон мусаллат ва ба бартарин намунаи фармонравоӣ, қаҳрамонӣ ва шукӯҳи миллӣ табдил шуданд. Ин ба он далел буд, ки охирин ъузви ин дудмон, яъне Кай Виштосп (Кай Гуштосб) аз Зартушт пуштибонӣ кард ва ин кор ба бузургдошти хонадони ӯ дар сурудаҳои муқаддаси Авесто анҷомид. (38) Машҳуртарин ъузви дудмони Каёнӣ Кавӣ Ҳаусрава/kavi haosrava (Кайхусрав) буд, ки чанд насл пеш аз Зартушт шукуфо шуд. Авесто ӯро “арша аирёнам даингҳунам хшасрои ҳанкеремӯ (arša airiyanąm daiƞhunąm xšaθrāi hankeremō) ба маънои «қаҳрамони кишварҳои ориёӣ ва истеҳкомбахши имперотурӣ» (Яшти 15, банди 32) мехонад. Ҳамаи ин мадорики авестоиро пруфесур Нюлӣ гирдоварӣ карда ва донишварона ба баҳс гузоштааст, аммо шигифт ин ки бо истинод ба як созмони чаҳорлоя (ба нивиштаи ӯ, «улгӯе, ки бояд онро бозсозӣ кунем» (39)) тафсире нодуруст аз онҳо ба даст медиҳад. Бо ин ҳама, ъунвони Кавӣ Ҳаусрава (Кайхусрав) батанҳоӣ далели кофӣ бар вуҷуди як миллат аст; миллате, ки пас аз ба даст омадани иттиҳоди сиёсии бисёре аз «кишварҳо», ки ҳама як мероси муштараки ориёӣ доранд, ба вуҷуд омад. Ин миллат ба раҳбарии як муттаҳидкунанда, мавқеъияти як федеросиюнро ба даст овард, ва ба ъиборати дигар, як имперотурӣ буд. Дар ин ҷо мо бо ҳамон вожае рӯбарӯем, ки эрониён барои давлати худ ба кор гирифтанд, яъне вожаи хшасра/xšaθra; ҳамин вожа буд, ки баъдҳо бо ъунвони Ориёншатра>Эроншаҳр>Эрон (aryānšatra>ērānšahr>iran) ба идеулужии сиёсии Эрон ворид шуд. Ҳатто дар давраи авестоӣ ҳам метавон баосонӣ аз “виспе аире разурая” (vispe aire razuraya) ба маънои «ҷангал понориёии разуро» (Яшти 15, банди 32) сухан гуфт ё аз “нофу аирёнам даҳйунам чисрем аирйанам даҳйунам” (nāfō airyanąm daƞyunąm či θrem airyanąm daƞyunąm) ба маънои «хонаводаи кишварҳои ориёӣ, асолати сарзаминҳои ориёӣ» (ҳамон).

Ҳувияти миллӣ дар ин давра чунон ба таври мушаххас эҳсос ва мафҳумбандӣ мешавад – ҳамчунон ки давлатҳои ҳелинистӣ (юнонӣ) ва румӣ дар давраҳои бисёр баъд ба ин расиданд – ки аз тариқи як неруи мазҳабӣ, яъне бахт ё шукӯҳи ориёӣ (аирёнам хварену > Эрон хурра > хурраи Эроншаҳр > фарри Эрон) (airyanem xvarenō > ērān xurrah, xurra ērānšhar > farr-e iran) (40) ҷанбаи воқеъӣ пайдо мекунад ва ончунон ки Авесто мегӯяд, «ба сарзаминҳои ориёӣ ва бо ба дунёомадагон ва наомадагон таъаллуқ дорад» (ёт асти аирёнам даҳйуном азатанамча [yat asti airyanąm daƞyunąm azatanamča, яъне ба зартуштиҳо маҳдуд набуд!]). Ин ниру Аҳриман ва фиристодагонашро аз миён бармедошт, аз ориёиҳо муҳофизат мекард ва сарват, хирад ва рифоҳи фаровон барояшон ба армуғон меовард. (41) Натоиҷи ин мафҳум ба андозаи кофӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтааст. Бисёр рӯшан аст, ки ин идеи вуҷуди як миллати ориёиро мафрӯз гирифтааст. Чун пеш аз тарҳи мафҳум нируи миллии пуштибони бархурдор аз решаи илоҳӣ – ё «бахти ориёӣ» (худододӣ) – мебоист ваҳдати сиёсии мардум ва сарзаминҳои ориёӣ ба вуҷуд омада бошад. Ба ъиборати дигар, ҳангоме ки ба «бахт/шукӯҳи ориёӣ» ишора шуд, «миллати ориёӣ» ҳамчун воқеъияте бархурдор аз решае муҳкам қобили фаҳм буд. Маънои дуъои Дориюши севум дар остонаи охирин набардаш бо муҳоҷимони мақдунӣ ҳамин буд: «”Эй худоёни нижоду подшоҳии ман!” Беш аз ҳар чиз маро тавоно кунед, то бахти порсиёнро ба ҳамон комёбӣ, ки ёфтам, дубора комёб гардонам» (ба нақл аз Плуторк). (42) Дар ин ҷо манзури Дориюш аз «нижоди ман» ориёӣ ва аз бахти порсиён “аирёнам хварен” (airyanem xvaren) аст. (43)

Акнун ба мавзӯъи фуқдони гувоҳи вуҷуди идеи Эрон дар даврони модӣ ва порсӣ бармегардем. То он ҷо ки ба модҳо марбут аст, Ҳерудут (62.7) гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама дар оғоз онҳоро ориёӣ меномиданд. Ҳангоме ки онҳо давлати бузургро, ки дарбаргирандаи Эрони ғарбӣ, бахшҳое аз Осиёи Кӯчак (сағир) ва шимоли Миёнрӯдон (Байнаннаҳрайн) буд, ба вуҷуд оварданд, табиъӣ буд, ки наметавонистанд онро «ориёӣ» бихонанд. Ҳатто дар он ҳангом низ яке аз иёлоти бузурги онҳо бо ҳифзи номи «ори зонтуи» ё «эли ориёӣ» худро мутамойиз карда буд. (44) Дар бораи порсиён низ вазъ ҳамин тур буд. Ин писаръамуҳои модҳо низ худро “ориё шиса” (arya čiça), ё «асолатан/ба лиҳози нижодӣ ориёӣ» мехонданд. (45) Дар нимаи дувуми қарни шишуми пеш аз мелод онҳо дар тӯлу арз густараи бештаре ёфтанд ва дар бисёре аз сарзаминҳои ғайриориёӣ сокин шуданд ва имперотуриеро «аз сарзамини сакоҳо дар он сӯи Суғдиё то Этиюпӣ ва аз Синд то Сордис» ба вуҷуд оварданд. (46) Ду севуми сокинони ин давлат, ки Ҳойнриш Шедер онро бадурустӣ як «имперотурии ҷаҳонӣ» мехонад, ғайриэронӣ буданд. (47) Ин имперотурӣ “даҳюном виспзаном” (dahyūnām vispazanām) ё «сарзаминҳои ҳамаи миллатҳо» (48) буд ва ҷавоҳири тоҷи имперотури ҳахоманишӣ, яъне Тахти Ҷамшед ё Персепулис ин мафҳумро барӯшанӣ нишон медиҳад. Ҳангоме ки аз пиликони шоҳонаи мунтаҳӣ ба минтақаи кох боло меравем, дар оғоз ба дарвозаи кохи Хашоёршо ворид мешавем. Бар асоси сангнавиштаи сутунҳои сарсаро – сохтмони вурудӣ ба Тахти Ҷамшед – “дуворсим висадаҳюм (duvarθim visadahyum) ё «дарвозаи милал» хонда мешавад. (49) Сиёсати меҳварии ин имперотурӣ бурдборӣ (тасоҳул) буд. (50) Дар ин имперотурии густурда ҳар миллати зердаст метавонист бо доштани мазҳаб, забон, суннатҳо ва шеваи зиндагӣ ҳувияти миллии худро ҳифз кунад. Гарчи эрониён маздопараст (маздаясноӣ) буданд ва шоҳони ҳахоманишӣ шахсан ба Аҳуромаздо таъаҳҳуд доштанд, бар хилофи тамаддунҳои пешини Ховари Наздик мазҳабро амре хусусӣ медонистанд ва маъмулан иҷоза намедоданд мазҳаб дар сиёсат нақш дошта бошад. (51) Дар сурати ниёз, дарбори ҳахоманишӣ аз рӯҳониюни ҳамаи мазҳабҳои бобилӣ (52), ъеломӣ (53), яҳудӣ (54), мисрӣ (55) ва ҳеллинӣ (56) фаъолона пуштибонӣ мекард. Гузашта аз ин, имперотурии Эрон аз назари сиёсӣ ва фарҳангӣ таҳти таъсири миллатҳои бостонии Ховари Наздик буд. Ин имперотурӣ барои идораи дастгоҳи печидаи дарбори худ котибони ъеломӣ, бобилӣ ва оромиро ба кор мегирифт ва асноди худро ба забонҳои онҳо сабт мекард. (57) Ҳамин котибон буданд, ки имперотуриро ба табъи табақаи ҳокими он Персиё хонданд ва яҳудиёну юнониён низ ҳамин ъунвонро ба кор гирифтанд ва ба ҷаҳони ислом ва Ғарб интиқол доданд. Порсиён барои ишора ба имперотурии худ аз вожагони мубҳаме чун «Осиё» (58) ё «ин имперотурӣ» (има хшассам ima xšassam) (59) ба мафҳуми имперотурӣ (60) баҳра мегирифтанд; дуруст ба ҳамон шакл, ки як олмонӣ ба сарзаминҳои таҳти кунтрули давлаташ «дос рояш» мегуфт, як русӣ ба давлати худ бо ъунвони «Иттиҳоди Шӯравӣ» ишора мекард, ё як инглисӣ ҳанӯз ба кишвари худ «подшоҳии муттаҳида» мегӯяд.

Алорағми сиёсати имперотурии порсиён, мафҳуми ҳувияти миллӣ дар миёни порсиён бурузи неруманде дошт. Ҳамон тур ки дидем, онҳо худро «асолатан/ба лиҳози нажодӣ ориёӣ (ориё читра ariya čiça) мехонданд ва дарки онҳо аз ин амр бо таваҷҷуҳ ба ин ҳақоиқ рӯшан аст: онҳо ба Аҳуромаздо бо ъунвони «Худои ориёиҳо» (61) ишора мекарданд, ки ба маънои як худои миллӣ буд. Дориюш эълом кард, ки асолати порсӣ дорад, аммо аз лиҳози ҳувияти қавмӣ ориён аст, ва забони ӯ, ки мо онро порсии куҳан меномем ва бидуни шак модҳо ва бисёре аз соири эрониён онро мефаҳмиданд, «ориён», яъне «эронӣ», ном дорад. (62) Феҳристи молиётбандӣ дар нивиштаи Ҳерудут (63) нишон медиҳад, ки атбоъи воқеъан ориёӣ (эронӣ)-и Ҳахоманишиён молиёти бисёр камтаре нисбат ба атбоъи ғайриэронӣ мепардохтанд. Кандакориҳои Тахти Ҷамшед ва дигар манобеъ нишон медиҳад, ки порсиён дар умури низомӣ барҷаста буданд ва дар ташрифоти дарборӣ ва идорӣ машоғили ифтихорӣ ба онҳо дода мешудааст. Тасодуфе набуд, ки Искандар, бо онки шоҳи бузург ҳанӯз дар қудрат буд, баосонӣ тавонист устонҳои ғайриэронии имперотурии Эронро тобеъи худ кунад. Бо ин ҳама, ҳарчанд ки иқтидори марказӣ фурӯпошида буд, Искандар дар шарқи Эрон бо муқовамате шадид, ва ба навъе, бо ҷанги меҳанпарастона рӯбарӯ шуд. (64) Ба ин шакл, хотираи муҳоҷимон дар сарзаминҳои ғарби Зогрус гиромӣ дошта шуд, аммо дар кишварҳои шарқӣ бо душном ҳамроҳ буд.

Муҳиммтарин гувоҳи идеулужии давлати Ҳахоманишӣ дар намои берунии оромгоҳи Дориюши Бузург дар Нақши Рустам дар Форс худнамоӣ мекунад. (65) Дар онҷо нумоди имперотурияш сӣ ҳамлкунанда‎и тахт ва намояндаи мардумони таҳти фармони ӯ ҳастанд. Сангнивиштаҳои сезабона ҳар чеҳраро муъаррифӣ кардаанд ва ҳамаи мардумони дигар, онтарафтар, дар мутуни тӯлонитари канори сангнивишта, ки баёнгари васиятномаи шоҳанд, шумориш шудаанд. Дар онҷо мехонем, ки ин чеҳраҳо намояндагони порс, мод ва мардумони дигар аст. Номгузорӣ ва тартиби пайкараи мардумони таҳти фармон, аз тақсимбандии ҷуғрофиёии имперотурӣ ба ҳафт ноҳия пайравӣ мекунад. (66) Рӯшан аст, ки чунин имперотурии густардае наметавонист «имперотурии ориёӣ» номида шавад, аммо фуқдони чунин ъунвоне вуҷуд он вожаро дар давраи имперотурии Эрон нафй намекунад. Ин вожа метавонист ъунвони бахши хоссе аз имперотурии Эрон бошад. Акнун агар дақиқтар нигоҳ кунем, мебинем, ки тақсимбандии севуми ин имперотурӣ дарбаргирандаи сарзаминҳо ва мардуми эронии Портиё, Ориё, Бактриё (Бохтар), Суғдиё, Чурасмиё ва Дронҷиёно мешуд. Сокинони «кишварҳои ориёӣ», ҳамчун як воҳид, ҳамонанди намунаи авестоӣ дар як гурӯҳ ниҳода шудаанд ва дар як ноҳияи воҳид байни Синду Кирмон қарор доранд. Аз сангнивиштаи Бесутун ва манобеъи клосик ба ин нукта пай мебарем, ки ноҳияи бузурге дар имперотурӣ, Эрон Хшаса (xšaça, ба авестоӣ хшасра xšaθra) хонда мешудааст. Натиҷаи мантиқӣ ин хоҳад буд, ки тақсимбандии севуми мавриди ишора, як хшаса номида мешуда ва ин ҳамон Орёном Хшаса (aryānām xšaça) будааст. (67)

Ин як фарзияи хиёлӣ нест. Асоси он воқеъиятест, ки Ҳертсфилд дар яке аз натиҷагириҳои маъруфи худ онро ба расмият мешиносад, (68) аммо Нюлӣ ба далоиле бе ҳисобу китоб онро инкор мекунад. (69) Дар даврони нахустини ҳеленӣ (юнонӣ) ин ноҳия дарвоқеъ Ориёна хонда мешуд, (70) ҳамон вожае, ки дар соли 1851 бо интишори китоби Ҳ. Вилсун ба номи “Ориёнаи Қадим” (70) дубора зинда шуд. Маъмулан фаромӯш мешавад, ки тавсифи тӯлонии Эротустенес аз Ориёно, ки Истробун ба нақли он пардохт, бо ин калимот оғоз мешавад: «Пас аз Ҳинд ба Ориёно меоем, ки пас аз Синд (манзур дар ғарб аст), нахустин қисмат аз кишвари таҳти фармони порсиён аст». Бояд гуфт, ки дар давраи Эротустенес, яъне қарни севуми пеш аз мелод, бар ин минтақа ҳеҷ фармонравоии порсӣ вуҷуд надошт. Бидуни шак манзур аз порсиён дар инҷо порсиёни Ҳахоманишӣ аст, на эрониёни давраи ҳеленӣ. Бад-ин тартиб, манбаъи Эротустенес бо фармонравоии порсиён бар Эрони шарқӣ ҳамзамон буд ва Ориёно номи аз пеш шинохташудаи ноҳия ё хшасам (xšaçam)-и шарқи Эрон аст, ки таҳти фармонравоии Ҳахоманишиён буд. Рӯшан аст, ки бидуни вуҷуди як пешинаи эронӣ, юнониёни давраи пасоҳахоманишӣ наметавонистанд ин вожаи ҷуғрофиёиро ибдоъ карда бошанд. Танҳо як Ориёном Хшасрам (aryānām xšaθram)-и эронӣ, ки пеш аз он ки ба таври зимнӣ дар лақаби Кавӣ Ҳаусрава (Кайхусрав) [арша аирёнам даинҳунам хшасрои ҳанкеремӯ/hankeremō arša airiyanąm daiƞhunąm xšaθrāi ба маънои «қаҳрамони кишварҳои ориёӣ ва истеҳкомбахши имперотурӣ» (Яшти 15, банди 32)] вуҷуд дошт, метавонист мафҳуми як ноҳияи воҳид аз қаламрави ориёӣ дар ғарби Синд то бахшҳое аз Порсу Модро падид биёварад.

Шинохташуда будани идеи Эрон барои Ҳахоманишиёнро аз мушоҳидоти дигар низ метавон истинтоҷ кард. Нахуст, ҳамон тур ки Ҳубшмон (72) ва Ҷ. Моркворт (73) муддатҳо пеш ишора кардаанд, шакли портии ориён (ariyān) ва талаффузи порсии миёнаи Аирён (airyān), ки нахуст дар сангнивиштаи сезабонаи Ардашери аввал дар Нақши Рустам омадаанд, ба замоне ишора мекунанд, яъне давраи Ҳахоманишӣ, ки пасванди “ё” (ya) ҳанӯз аз байн нарафта буд. Дарвоқеъ, ҳамонтур ки Кант матраҳ кардааст, дар порсии куҳан ағлаби «вижагии қавмӣ аз номи устон бо пасванди “ё” шакл мегирад» (74). Ба намунаҳои зер метавон басанда кард: (75) Ормино> Орминиё, Асогорто> Осогортиё, Испордо> Испордиё, Ҳиндус> Ҳиндуё, Моко> Макоиё, Бобирус> Бобируё, Уҷо> Уҷиё, Уоразм> Уоразмиё. (76) Дувум ин ки равиши суннатии номидани як ноҳия бар асоси сокинони он, ё номидани мардуме бар асоси манзилгоҳашон ба ин маънӣ аст, ки Ориёнаи ҳеленӣ ва Ориёнуӣ ба як номи қавми эронии дорои пешванди “ё” бармегардад, ки ҳамон ориё (ariya) ва ориёном (ariyānām) ба шакли ҷамъи милкӣ аст. Севум ин ки ҳамонтур ки Ҳубшмон табйин кардааст, (77) забони армании клосик ду вожа дар бораи Эрон дорад. Арманиҳо калимаи ори- (ari-)-ро дар замоне дур ба орият гирифтаанд, яъне ҳангоме ки эрониён ҳанӯз онро ориё (ariya) талаффуз мекарданд ва то авохири давраи соcонӣ низ онро бахубӣ ҳифз карданд; (78) ва ҳангоме ки ҷамъи милкии вожаи порсии куҳани ориёном (ariyānām, баробар бо ориёнун (arianun) дар сангнивиштаи юнонии Ардашери Аввал дар Нақши Рустам) аз ориён, аирён (aryān, airyān) ба Эрон (ērān) таҳаввул ёфт. Ба ҳамин далел аст, ки Лозор (79) ҳанӯз аз дпрпет ореок (dprpet areac) (порсии [миёнаи]: Эрон дибирбад ērān dibīrbaδ, паҳлавӣ: Эрон дипирпат airān dipīrpat), ба маънои муншии Эрон, муншии шоҳӣ сухан мегӯяд. Ҳангоме ки Ардашер дувумин имперотурии порсиро бунён гузорд ва ба таври расмӣ онро Аирёншатра> Эроншаҳр (airyānšatra>ērānšahr) хонд, (80) арманиҳо ба таври мустақим ин вожаро ба орият гирифтанд ва аз он ба сурати Ашкасран ореок (81) ёд карданд. (82)

Акнун метавон ба давраҳои ҳеленӣ ва портӣ пардохт. Ҳангоме ки имперотурии ҷаҳонии Эрон суқут кард, ҳукумати юнонӣ-мақдунӣ аз идомаи корбурди вожае чун Ориёном хшасрам (aryānām xšaθram) ҷилавгирӣ кард, дуруст ба ҳамон сурате ки фатҳи исломи вожаи Эроншаҳр/Эрон (ērānšahr/ērān)-ро аз асноди расмӣ ҳазф кард. Аз ин рӯ, вожаи содаи Ориёном (aryānām), ки то он замон ба эронӣ [порсӣ]-и миёнаи Ориён (ariyān) таҳаввул ёфта буд, ҳамчунон ба кор гирифта мешуд ва ҳангоме ки, ба дунболи фатҳи Искандар, нивисандагони ҳеленӣ бо минтақаи байни Синд ва дарёчаи Ҳомун ошно шуданд, онро Ориёна/Ориёно (ariane/ariana) ва сокинони онро ориёнуи (arianoi) хонданд. Вожаи ҷуғрофиёӣ баёнгари номи эронӣ [порсӣ]-и миёнаи он Ориён аст, ки аз вожаи порсии куҳани Ариёном (ariyānām) ба маънои «ориёиҳо/эрониён» баргирифта шудааст ва ҷамъи милкии он як таркиби қавмиро дар бар дорад. Дарвоқеъ, Эротустенес дар поёни қарни севуми пеш аз мелод батасзил ба тавсифи ориёно мепардозад ва ононро «гурӯҳи қавмии воҳид» (ὡς ἑνὸς ἔθνους) (84) дар ноҳияе воҳид «таъриф мекунад», ки байни Синд ва Кирмон воқеъ шудаанд. (85) Тибқи гузориши ӯ «номи Ориёно то бахше аз Порс ва Мод ва ҳатто ба Бактриё ва Суғдиё низ густариш меёбад, чун ин мардумон тақрибан, ба ҷуз тафовутҳои ночиз, ба як забон сухан мегӯянд». (86) Ин мадрак акнун то ҳадде бо сангнивиштаи тоза кашфшудаи Конишкои Бузург (87) дар Работак ба исбот мерасад, ки мутобиқ бо он Конишко фармоне ба юнонӣ содир кард «ва сипас онро ба ориёӣ баргардонд», ки манзураш Бактриёи (Бохтарӣ) аст. (88) Фаҳми юнониҳо аз Ориёна ба манзалаи вожае сиёсӣ аз гузориши Диюдурус (мубтанӣ бар манобеъи куҳантар) (89) рӯшан мешавад, ки мегӯяд, ки мардуме, ки дар марзи Ҳинд [мӯриёнҳо] сокин буданд, аз шимол ба ҷануб, искитиёнҳо, бактриянҳо (яъне юнонӣ – бохтариҳо) ва ориёнуиҳо буданд. Ба ҳамин таъбир, Эротустенес (ба нақл аз Истробун) (90) аз тақсими суннатии мардумон ба юнониҳо ва барбарҳо интиқод мекунад ва мутазаккир мешавад, ки «на танҳо бисёре аз юнониҳо бад ҳастанд, балки бисёре аз барбарҳо поканд – ва ҳиндиҳо ва ориёнуиҳо аз ин намунаанд, ва ҳамчунинанд румиҳо ва кортожиҳо». Дар ин ҷо ба ориёнуӣ (эрониён) ишора мешавад, ки ҳамтарози румиҳо, кортожиҳо ва ҳиндиҳои мӯриён дар торих ҷойгоҳе доштаанд. Дар инҷо мо ба миллате сару кор дорем, ки барӯшанӣ таъриф шудаанд, на сирфан бо гурӯҳе забоне ва қавмӣ.

Дар бораи давраи портӣ мадорике ҳаст, ки нишон медиҳад портҳо номи Эроншаҳрро барои кишвари аслии худ ва муҳити атрофаш ба кор мебурдаанд, чун устони Нишопур ҳам, ки пойтахти он Абаршаҳр буд, (91) гоҳ Эроншаҳр хонда шудааст. (92) Муқаддасӣ гузориш медиҳад (93), ки бархе ҳатто Систонро бахше аз ин Эроншаҳр медонистанд (94) ва зебоӣ ва шукуфои онро ба гунае тавсиф мекунад (95), ки ёдовари васфи Авесто аз Аирёнам Ваэҷу (ЭронВиҷ) аст; ва тақрибан ҳудуди дувоздаҳ шаҳри Эроншаҳр, аз ҷумла Рованд ва Сабзвворро, бармешуморад. Ёқути Ҳамавӣ ба нақл аз Балозурӣ менивисад, ки «Эроншаҳр Нишопур, Қаҳистон, ду Табас, Ҳарот, Пӯшанг, Бодғис ва Тӯс, ки Тобарон хонда мешавад, аст». (96) Ниёз нест ишора кунам, ки Эроншаҳр шакли дигаргуншудаи вожаи Абаршаҳр (ки бо қатъу яқин гувоҳи шаҳри Нишопур аст) нест ва назари Балозурӣ, ки дар боло нақл шуд, нишон медиҳад, ки ин маҳдуда ба лиҳози ҷуғрофиёӣ бо давлати портӣ пеш аз густариши он ба сӯи Кирмон, Порс ва Мод мутобиқат дорад. Ҳангоме ки ин давлат бо дар бар гирифтани ин устонҳо ва низ Миёнрӯдон (Байнаннаҳрайн) табдил ба имперотурӣ шуд ва бисёре аз ғайриэрониёнро зери фармони худ гирифт, Ашкониён (Портиён) низ ҳамонанди Ҳахоманишиёни пеш аз худ, наметавонистанд ба таври расмӣ давлати худро «имперотурии эрониён» ъунвон кунанд. Бо вуҷуди ин, вожаи Эроншаҳр дар суннати шифоҳӣ ба манзалаи таҳаввули торихии мантиқии вожаи пешини ҳахоманишии ориёном хшасам (aryānām xšaçam) тадовум ёфт ва гарчи ин масъала шояд дар асноди расмии боқимондаи он мавҷуд набошад – аммо ҳамонгуна, ки Ҳубшмон мутазаккир шуда, ин нукта, ки арманиҳо калимаи ари (ari)-ро дар як давраи бисёр дур, ки эрониён ҳанӯз онро ориё талаффуз мекарданд, ба ъорият гирифтанд, ин масъаларо ба исбот мерасонад.

Саранҷом ба Эроншаҳри Ардашери Попакон мерасем. Шарҳи даврони подшоҳии ин бунёнгузори дудмони соcонӣ аз сиккаҳое, ки ба номи ӯ зада шудааст, рӯшан мешавад. (97) Аввалин сиккаҳо ӯро фармонравое маҳаллӣ муъаррифӣ мекунанд, ки фақат «шоҳ Ардашер, писари шоҳ Попак» номида мешавад ва нақши падараш низ дар пушти сикка зарб шудааст. Ардашер бо нома нивиштан ба «хурдашоҳони» устонҳои гуногуни имперотурии портӣ, муддаъӣ шуд, ки барои муттаҳид кардани кишварҳое (билод), ки замоне ба ниёкони шоҳи ӯ, подшоҳони «порсиён» (яъне ҳахоманишиён) таъаллуқ доштаанд, ба по хостааст. (98) Ӯ давлати худро нахуст ба сӯи шарқ густариш дод. Сиккаҳои ӯ нишон медиҳанд, ки ӯ нақши эҳёгари имперотурии куҳани Эрон (имперотуриҳои Дориюш ва Меҳрдоди дувум)-ро ба уҳда гирифта буд, чун оташи шоҳӣ (суннати ҳахоманишӣ, ки ба ҳангоми ба қудрат расидани шоҳони бузург барпо мешуд)-ро барафрӯхта буд. Оташ дохили як меҳроб ва рӯи тахте гузошта шуд, ки мисли тахти Дориюши Бузург дар намои берунии оромгоҳи ӯ буд. Ӯ тоҷи шоҳии Меҳрдоди дувумро ба сар гузошта ва худро «подшоҳи Эрон» (малик ярон mlk” yr”n) хонд. Пас аз куштани Ардавон, охирин шоҳаншоҳи порт, Ардашер ъунвони «шоҳаншоҳи эрониён» (маликун малик ярон mlk”n mlk”yr”n)-ро ба худ дод. Гузина равшан буд. Ардашер ниёзманди ин буд, ки номи Паҳлавро, ки ъунвони ошнои имперотурии портӣ шуда буд, бо номе ъиваз кунад, ки битавонад дар ъайни ишора ба иддиъои ӯ нисбат ба имперотурии ниёконаш, муттаҳидкунандаи эрониён бошад. Порса/Порс наметавонист ин муҳиммро анҷом диҳад, аммо Эроншаҳр метавонист. Ин як баҳрагирии сиёсӣ аз яксонии «зартуштиҳо» бо «эрониён» набуд, балки бакоргирии огоҳонаи дубораи нишонгони қавмӣ буд, ки ҷанбаи сиёсӣ ҳам дошт ва ғурури миллии портиён, порсиён, сакастониён, отрупоткониён (озарбойҷониҳо), ҳаротиён ва дигар эрониён ва ҳатто бисёре арманиёнро бароварда мекард. Модом, ки имперотурии Соcониён умдатан эронӣ боқӣ мемонад, ъунвони «шоҳаншоҳи эрониён» ба ҷои худ боқӣ буд, аммо ҳангоме ки футӯҳоти Шопур теъдоди бисёр зиёде аз ғайриэрониёнро таҳти фармон худ даровард, он ъунвон мебоист ба “шоҳаншоҳи эрониён ва ғайриэронён” тағйир пайдо мекард.

Бояд ба баёни воқеъияте нодир ба касоне, ки бар асоси фуқдони додаҳо натиҷагирӣ мекунанд, ҳушдор дод. Номи расмии соcонии Эроншаҳр наметавонист корбурди вожаи «Персиё»-ро аз сӯи девонсолорони пайрави суннати шифоҳӣ аз байн бибарад. Монавиҳо, ки аз босаводтарини ҷомеъаи Эрони пеш аз ислом буданд, ба хубии хуб медонистанд, ки ъунвони расмии имперотурии соcонӣ Эроншаҳр буд. Бо ин ҳама, ҳамчунон, ки Дейвид Никел Макензӣ мутазаккир шудааст, «вожаи Эроншаҳр дар ҳеҷ [матни] монавӣ, портӣ ё порсӣ наёмадааст». (99) Пас агар фақат мадорики монавиро доштем, бархе аз мо исрор мекардем, ки Соcониён ҳаргиз давлати худро Эроншаҳр намехондаанд!

Бо як ҳушдори дигар баҳсро ба поён мебарем: набояд ин воқеъиятро нодида бигирем, ки як ҳувияти миллӣ пас аз истиқрор, мафҳуми идеулужики худро ҳифз мекунад; ҳатто агар ном бо як ъунвони расмӣ дигар аз дидагон пинҳон шавад. «Номҳои расмии» имперотуриҳо ағлаб номҳои дилбихоҳ ва муваққатиянд, ки бар асоси маслиҳати сиёсӣ вазъ шудаанд ва маъмулан ба андозае мубҳаманд, то теъдоди зиёде аз мардумони таҳти инқиёдро хушнуд созанд. Онҳо дӯш ба дӯши номҳои куҳани миллӣ, ки талош мекунанд онҳоро аз байн бибаранд, ҳузур доранд. Ҳангоме ки «имперотурии Биритониё» ҳамчун давлати ҷаҳоншмул сар баровард, Инглистон ҳанӯз ба таври ғайрирасмӣ номи кишвар буд ва инглисӣ забон он. «Иттиҳоди Шӯравӣ» ҳамчун номе расмӣ «Русия»-ро аз миён набурд, ва ҳангоме ки он имперотурии ҷаҳонӣ дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар хатар қарор гирифт, барои ба роҳ андохтани «ҷанги бузурги меҳанӣ» аз ъиборати Модар-Русия кумак гирифт. Ба ҳамин шакл, суқути Эроншаҳри соcонӣ дар соли 650 пас аз мелод ба идеи миллии эрониён поён надод. Номи «Эрон» аз асноди расмии Саффориён, Сомониён, Оли Бӯя, Салҷуқиён ва ҷонишинони онҳо нопадид шуд, аммо номи Эрон, Эроншаҳр ва ъунвонҳои мушобеҳи миллӣ, бавежа мамолики Эрон ё «сарзаминҳои эронӣ», ки дақиқан баргардони вожаи куҳани авестоии “аирёнам даиҳюнам” (airyanąm daihunąm) буд, ҳамчунон ба таври ғайрирасмӣ ба кор гирифта мешуд. Аз сӯи дигар, ҳангоме ки Сафавиён (ва на Ризошоҳ, чунонки ъумум меангоранд) давлати миллиро, ки расман ба номи Эрон шинохта мешуд, дубора зинда карданд, боз ҳам девонсолорони имперотурии Ъусмонӣ ва ҳатто дар худи Эрон ба он давлат бо асомии тавсифӣ ва суннатии дигар ишора мекарданд.

Пайнивиштҳо

1. Ин нивиштор баргардоне аз асари зер аст:
А. Shapur Shahbazi, “The History of the Idea of Iran”, in Birth of the Persian Empire, vol. 1. ed. by Vesta Sarkhosh Curtis and Sarah Stewart (London: I. B. Tauris, 2005), pp. 100-112.
2. Gerardo Gnoli, The Idea of Iran: An Essay on Its Origins (Rome, 1989).
Гарчи пруфесур Нюлӣ аз авохири даҳаи 1960 борҳо дар ин бора нивиштааст (барои намуна бингаред ба: Ibid, 196-197), китоби “Идеи Эрон” муфассалтарин шарҳи дидгоҳи ӯст ва мо ҳамин китобро мадди назар қарор медиҳем.
3. Argumentum ex silentio
4. Paulus Cassel
5. Le Perse, Persien and Persian
6. М. Тонкуине (M. Tancoigne), ъузви сафорати Нопулеун дар Теҳрон дар номае ба торихи жонвиеи 1808 таъкид кард, ки: «Номи воқеъии Першиё дар миёни шарқиҳо Эрон аст ва номидани он бо ъунвони Першиё барои онҳо ғайримаҳсус ва номафҳум хоҳад буд». Сипас тавзеҳ дод, ки «Першиёи мавриди назари урупоиҳо танҳо номи устони Форс [ё Персиси бостонӣ] аст».
Бингаред ба:
M. Tancoigne, A Narative of a Journey into Persia and Residence at Tehran (London, 1820), p. 147.
Дар бораи дигар сайёҳоне, ки ба номи Эрон ишора кардаанд, бингаред ба:
J. M. Kinneir, A Geographical Memoire of the Persian Empire (London, 1813), p. 2; William Ouseley, Travels in Various Countries of the East, More particularly Persia in 1810, 1811, 1812, II, (London, 1819-1823), p. xii; Frederick shoberel, Persia: Containing a Description of the Country (London: 1828), p. 136, and Th. Noldke, “Über die Namen Persian und Irān”, in Aufsätze zur Persischen Geschichte (Leipzig, 1887), pp. 147-149.
7. Friedrich Spiegel, Eranische Altertumskunde (Leipzig: w. Engelmann, 1871-1878),
8. Ariana
9. Paulus Cassel, Zoroaster: Seien Name und Seine zeit Berliner Studien für calssischen Philologie und Archeologie IV/I, (Berlin, 1886), pp. 147-149.
10. Барои тавзеҳоти муфассал дар ин бора бингаред ба:
A.Shapur Shahbazi, “Early Sasanians”, claim to Achaemenid heritage, International Journal of Ancient Iranian Studies I/I (spring and Summer), 2001.
11. Нюлӣ, ки аз гумонаи Косел огоҳӣ надошт, ошкоро таҳти таъсири «натиҷагирии мунсаҷим ва мантиқии» Климо қарор дошт, ки мегуфт: «Гарчи ба зоҳир ғайримумкин ба назар мерасад, аммо имперотурии Ҳахоманишӣ он тур ки давлатҳои мудерни имрӯзӣ аз ъунвонҳои расмӣ истифода мекунанд, аз ҳеҷ номи расмӣ бархурдор набуд…». Бингаред ба:
Gnoli, op. cit., p. 6.
ба нақл аз:
O. Klima, “The official name of the pre- Islamic Iranian state”, in Sir JJ. zarthoshti Madressa Centenary Volume, (Bombay, 1967), pp. 146-147, esp. p. 144f.
12. Gnoli, op. cit., p. 6.
13. Ibid, 8-11.
14. Ibid, 7-8, 13-25.
15. Ibid, 11-3, 103-118.
16. Ibid, 32ff and passim.
17. Ibid 35 Cf.p. 51 and passim
18. Ibid, 34.Cf. p. 40ff.
19. Ibid, 68ff.
20. Ibid, 129ff.
21. Bert G. Fragner, “Der politische Begriff Iran in der Neuzeit und seine historischen Wurzeln”, in G. Gnoli and A. Panioano (eds), Proceedings of the First International Conference of Iranian Studies (Rome, 1999), pp. 365-376, esp p. 370.
22. Ibid, 371.
23. Барои огоҳӣ аз радди ин даъвои шиъоргуна бингаред ба: ишораҳои фаровон ба вожаи «Эрон» ҳамчун як мафҳуми сиёсӣ, ки эрониён онро дар даврони Сомонӣ, Ғазнавӣ, Салҷуқ ва Хоразмшоҳиён ба кор мебурданд ва Ҷалоли Матинӣ ҳафт сол пеш аз интишори китоби Фрогнер онҳоро дар асари зер ҷамъоварӣ кард:
Ҷалоли Матинӣ, Эрон дар давраи исломӣ, маҷаллаи Эроншиносӣ, соли чаҳорум, шумораи дувум (тобистони 1392), 68-243 бавижа 61-255.
24. Mostafa Vaziri, Iran as Imagined Nation, the Construction of National Identity (New York: Paragon House, 1993).
25. Чун ин масъала батафсил аз сӯи Нюлӣ (Gnoli, op. cit, pp. 32-70) ба баҳс гузошта шудааст, ниёзе ба ирҷоъот ва мустанадсозим ҷузъӣ дар ин ҷо нест.
26. Ibid, 67-68.
27. Videvdad
28. Ва дар идома бингаред ба:
Ibid, pp. 42-68.
29. Ilia Greshevitch, The Avestan Hymn to Mithra (Cambridge, 1959 ),pp. 296-299.
30. Ibid, 297.
31. Ibid, 298.
32. James Darmesteter, Le Zend-Avesta, I-III, (Paris, 1892 ), I, p. 388, n. 20; II, p. 465.
33. Gershevitch, op. cit, pp. 296-298.
34. Эрнст Ҳертсфилд расман пазируфт, ки матни авестоӣ ба як давлати созмонёфта ишора мекунад, аммо аз онҷо, ки зуҳури Зартуштро ба авохири қарни шишуми пеш аз мелод бармегардонад ва ӯро яке аз мардони дарбори Мод ва Порс медонист, баночор нивишт, ки бахши охир ба маънои: «иттиҳоди бисёре аз сотропиҳо дар як имперотурӣ аст, он ҳам на ба ъунвони як умед, балки навъе аз баёни воқеъиёти инҷаҳонӣ [Имперотуриҳои Мод ва Порс] дар қолаби устура». Бингаред ба:
Ernest Herzfeld, Zoroaster and his world (Princeton, 1948), p. 445; quoted and commented on by Greshevitch, op. cit., p. 298.
35. H. W. Bailey, “Arya” (1987), pp. 681-683.
36. Барои ҷузъиёти бештар бингаред ба:
W. Geiger, ostīrānische Kultur in Altertum (Erlangen: 1882), pp. 425-438;z, Greshevitch, op. cit, pp. 296-299; Mary Boyce, A History of Zoroastrianism, vol. I, (Leiden: 1975), pp. 5, 13; Martin Schwartz, “The old Eastern Iranian world- view according to “the Avesta, CHlr II: (1985), pp. 648-650.
37. Bailey, op. cit., p. 681.
Дар бораи вожаҳо бингвред ба:
Bartholome, AiWb, cols 120, 198.
38. Arthur Christensen, Les kayanides (Copenhagen, 1933); Yarshater, “Iranian National History”, in Cambridge History of Iran III (Cambridge, 1983), pp. 365, 374-377, 436-440, 445-453, 462-470; shahbazi, op.cit.
39. Gnoli, op. cit, p. 16.
40. H. W. Bailey, zoroastrian problems in the Ninth- Century Books (Oxford, 1943), p. 23.
Дар бораи намоиши нумодини он дар ҳунари ҳахоманишӣ ба сурати як доираи болдор, бингаред ба:
Shahbazi, “An Achaemenid symbol”, I, AMI (1974), pp. 135-144; Shahbazi, “An Achaemenid symbol II. Farnah God- given Fortune symbolised”, AMI 13 (1980), PP. 119-147; Peter Calmeyer, “Zur bedingten Göttlichkeit des Grosskönigs”, AMI 14 (1981), pp. 55-60; Peter Calmeyer, “Greek Historiography and Achaemenid Reliefs”, AchHist 2 (1987), pp. 11-26; Gregor Ahn, Religiöse Herrschaftslegitimation im achämenidschen Iran [Alr 31,](Leiden, Louvain, 1992), pp. 99-127.
Раддияи муфассал бар дидгоҳи P. Lecoque, ки фарзияи қадимии марбут ба Аҳуромаздоро «бозгӯӣ» карда, дар дасти чоп аст. Акнун ман бо ин дидгоҳ мувофиқам, ки исми «Хварена» аз ҳавор ба маънои «хуршед» муштақ мешавад. Бингаред ба:
Duchense-Guillemin, “Le Xwarenah”, Annali dell” Istituto Universitario Orientali di Napoli 5 (1963), pp. 19-31.
Ин дидгоҳ аз сӯи Мерӣ Буйс низ пуштибонӣ шудааст. Бингаред ба:
Mary Boyce, A History of Zoroastrianism, vol. II. Under the Achaemenians (Leiden and Cologne, 1982), p. 17, n. 23.
41. Яшти 18, банди 63. Бингаред ба:
Bailey, op. cit, p. 27.
42. Plutarch, Alexander, 30.12.
43. Shahbazi, “An Achaemenid symbol II. Farnah God- given Fortune” symbolized, p. 129.
44. Herodotus, I. 101.
45. Сангнивиштаи Дориюш дар Нақши Рустам. II. 4-8. b.
Ronald G. Kent, old Persian Grammar, Texts, Lexicon (New Haven, 1953), pp. 136-137.
Cангнивиштаи Дориюш дар Шӯш (Kent, op. cit., p. 141). e. Сангнивиштаи h Хашёршо дар Тахти Ҷамшед (Kent, op. cit., p 151) II. 12-13. Браянт баиштибоҳ чунин тафсир кард, ки: «Мо ба ин таъбир мерасем, ки дар инҷо [ъиборати ориё шича] калимаи ориё бештар ба порсҳо ва ё ҳатто ба хонаводаи шоҳӣ ишора дорад»; Бингаред ба:
P. Briant, From Cyrus to Alexander, trans P.T. Daniels (Vinnova Lake, Indiana, 2002), p. 182.
46. Сангнивиштаи Дориюш дар Тахти Ҷамшед. II 4-8, (Kent, op. cit., pp. 136-7)
47. Heinrich Schaeder, Das Persische Welterich (Breslau, 1941).
48. Сангнивиштаи Дориюш дар Нақши Рустам II. 10-11 (Kent. op. cit., p. 137). a. Баҳси муфассал ва мадорики мустанад дар бораи вожаҳои ба кор гирифташуда дар хусуси имперотурии Ҳахоманишӣ дар асари зер омадааст:
Clarisse Herrenschmidt, “Désignation de l”empire et concept politiques de Darius Ier d”après ses inscriptions en vieux-perse”, St Ir 5 (1976), pp. 33-65.
49. Сангнивиштаи Хашёршо I.12. (Kent, po. cit., p. 148) низ бингаред ба:
Eric F. Schmidt, Persepolis I: Structures, Reliefs, Inscriptions, OIP LXVIII, (Chicago, 1953), pp. 65-68.
50. Дар бораи сиёсати бурдбори ҳахоманишӣ бингаред ба:
E. Meyer, Geschichte des Altertums, ed. The phaidan, (Vienna, 1980), vol. 6, pp. 20-26; Schaeder, op. cit., pp. 17-34; Arnold Toynbee, A Study in History, VII, (Oxford, 1954), pp. 178-179, 580ff; w. Hinz, Darius and die Perser, II, (Baden- Baden, 1979), pp. 189-202.
51. Meyer, op. cit. pp. 157-164; Schaeder, op. cit., pp. 22-34.
52. A. L. Oppenheim, “The Babylonian evidence of Achaemenid rule in Mesopotamia”, CHLr II, (1958), pp. 529-587.
53. Richard T. Hallock, “The Evidence of The Persepolis Tablets”, CHIr II, (1985), pp. 588-609.
54. Schaeder, op. cit., p. 25; G widengren, “The Persian period”, in J.H. Hayes and J. Maxwell Miller (eds), Israelite and Judaean History (Philadelphia, 1977), pp. 489-538.
55. G. Posener, La Première domination Perse en Égypte (Cairo, 1963); E. Bresciani, “The persian occupation of Egypt”, CHlr II, (1985), pp. 502-528.
56. Meyer. Op. cit., p. 89; ; Boyce, (1982), pp. 47-48, 255-297.
57. Meyer, op. cit., p. 39ff; Hinz, op. cit., pp. 79-121.
58. Herodotus I, 5, 130; VII, II; IX, 116, 122; Q. Curtius III. 3-4.
Ба нивиштаи Ҳерудут, ин худ идеи модҳо буд; бингаред ба:
Herodotus I. 108.
59. Сангнивиштаи Дориюш ба порсии куҳан дар Бесутун col. i, ii. 25, 26 (Kent. op. cit., p. 117), сангнивиштаи Дориюш дар Тахти Ҷамшед (Kent, op. cit., p. 136).h
60. Дар бораи ин ъунвон ва ъунвонҳои дигар бингаред ба:
Herrenschmidt, op. cit., pp. 37-8.
61. Сангнивиштаи Дориюш дар Бесутун, нусхаи ъеломӣ III. I, 77.
R. Schmitt, “Zu dem “arischen Ahuramazda”, StIr 20/2, pp. 189-192.
62. Сангнbвиштаи Бесутун ба порсии куҳан, Iv, I. 89 бингаред ба:
Kent, op. cit., p. 130; R. Schmitt, The Bisitun Inscriptions of Darius the Great old Persian Text, CII, pt I, vol. I, Texts I (London, 1991), pp. 45, 73; Meyer, op. cit., p, 24.
Тафовут миёни модӣ ва порсӣ дар лаҳҷа буд, дар ҳоле ки Истробун (Eratosthenes geography xv. 2, 8 from) гувоҳӣ медиҳад, ки «номи Ориёно то бахше аз Порс ва Мод ва низ то боктриҳо (Бохтар) ва суғдиҳо дар шимол густариш меёфт, чун инҳо дақиқан ба ҳамон забон, аммо бо тафовутҳое ночиз сухан мегуфтанд».
63. Herodotus, III, 89-118.
64. Дар бораи набардҳои шарқии Искандар, бингаред ба:
Badian, “Alexander in Iran”, CHlr II, pp. 450-461.
65. Eric F. Schmidt, Persepolis, vol. III. The Royal Tombs and other Monments (Chicago, 1970), pp. 79ff.
66. Shahbazi (1983).
Нюлӣ ба ҳангоми баҳс дар бораи мадорик ин нуктаро нодида гирифтааст, бингаред ба:
Gnoli, op.cit., pp. 19-23.
67. Дар ин бора бингаред ба:
Herrenschmidt, op. cit., pp. 52-56; Herrenschmidt, “La permière royauté de Darius avant l”invention de la notion d”empire”, in pad Nam i Yazdan. Etudes d”epigraphie ancien. Travaux de l”Institut d”Etudes Iranienes 9 (paris, 1979), pp. 23-33; see also, calmeyer, “Zur Genese altiranischer Motive. VIII. Die Statistische Landkarte des perserreiches”, I, AMI 15, (1982), XV, pp. 135-139, 164; Calmeyer, “zur Genese altiranischer Motive. VIII. Die “Statistische Landkarte der perserneich II”, AMI 16(1983), XVI, pp. 157-160, 220-221.
68. Herzfeld, op. cit., p. 699.
69. Gnoli, op. cit., p. 2ff.
70. Strabo, Gepgraphy XV, 2, 1-8, frome Eratosthenes.
71. H. H. Wilson, Ariana Antiqua (London, 1851).
Ъунвони фаръии китоб ъиборат аст аз шарҳи тавсифии осори қадимӣ ва сиккаҳои Афғонистон. Вилсун дар фасли севум, саҳ. 119-124, тамомии манобеъи бостониро дар бораи «Ориёнои бостонӣ: кишвари байни Эрону Ҳинд» гирдоварӣ ва таҳлил кардааст. Ин таҳлил ҳанӯз судманд аст. Ҳамин китоб буд, ки як қарн баъд ба афғонҳои «носиюнолист» абзори ҷаъли як гузаштаи бошукӯҳро дод ва ин ки Ҳахоманишиён ва Соcониёнро ғосиб ва мутаҷовиз бидонанд. Дар бораи ин баҳси шибҳи ъилмӣ бингаред ба
Ҷалоли Матинӣ «Эрон дар ойинаи дигарон», маҷаллаи Эроншиносӣ, соли аввал, шумораи 1 (баҳори 1990), с 31-33; Матинӣ «Эрон дар даврон исломӣ», с 247- 248.
72. Hubschmann, “NP Iran”, Indogermanische Forschungen IV, (1894-1895), pp. 119-120.
73. J. Marquart, “Beiträge zur Geschichte und Sage von Ēran”, ZDMG 49 (1895), pp. 628-629.
74. Kent, op. cit., p. 56.
75. Ibid, 56-57.
76. Armina>Arminya, Asagarta> Asagartiya, Sparda,Spardiya, Hinduš> Hinduya, Maka> Mačiya, Bābiruš>Bābirwiya, Uvja> Uvjiya, U^V ārazmiš>U^V ārazmiya.
77. Hubschmann, op. cit.
78. Charles de Lamberterie, “Armenien ari et anari”, Etudes iranoaryennes offertes à Gilbert Lazard (Paris, 1989), pp. 237-246; Schmitt,” Zu dem “arischen Ahuramazda, St Ir 20/2 (1991), pp. 189-192.
79. The History of Lazar p”arpec” I, tr. Robert w. homson (Atlanta, Georgia, 1991), p. 106.
80. Барои ишколи исботшудаи ин ъунвон, бингаред ба:
Philip Huyse, Die dreisprachige Inschrift Šābuhrs 1. an der ka”ba-I zardušt (ŠKZ), 2 vols (Corp. Iscrip Iran. III, vol. I, Text I), (London, 1999), II, pp. 140-141.
82. Asxarhn areac
83. H. Hubschmann, Armenische Grammatik: I. Armenische Etymologie (Leipzig, 1897), p. 26.
84. Strabo II. 1, p. 31.
85. Ibid, XV 2, pp. 1-8.
86. Ibid, XV 2, p. 8.
87. kanishka the Great
88. N. sims-williams and Joe cribb, “A new Bactiran inscription of kanishka the Great”, Silk Road Art and Archaeology 4 (1995-1996), esp. pp. 78-83.
89. Diodorus, I, 94, 2; cf. II. 37, 6.
90. Strabo, Geography, I, 4, 9.
91. Дар ин бора бингаред ба:
H. Gaube, “Abarsahr”, Elr I (1982), p. 67.
92. Теъдоде аз нуҷабои бархоста аз ин устон маъруфанд ва машҳуртарини онҳоро Абурайҳони Берунӣ, донишманди қарни севум қ., чанд бор нақл кардааст. Бингаред ба: Берунӣ, Китоб Қонун-ал-Масъудӣ, ҷ2 (Ҳайдаробод, Ҳинд, 1375), с 632, 870.
93. Муқаддасӣ, Аҳсан-ут-тақосим фи-л-маърифат-ул-ақолим (Лейдан, 1877), с 299.
94. Ҳамон, с 299- 300, 314-316.
95. Ҳамон, с 50, 300
96. Yaqut, Mu “jam al- buldan, ed. F. wustenfeld, 6 vols (Leipzig, 1866-1873), I, p. 418.
97. M. Alram, “The Beginning of Sasanian Coinage”, BAI N. S., 13; (199) PP. 67-76.
98. Tabari, I, p. 813.
99. “Eran, Eransahr”, Enclr VIII, (1998), p. 535.

Баргирифта аз: Гурӯҳе аз нивисандагон (1395); Ҳувияти эронӣ (аз даврони бостон то поёни Паҳлавӣ); Гардониши Ҳамиди Аҳмадӣ; Най; Чопи нахуст.

_____________________________

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*